Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар АИ
Имрӯз дар таърихи 24.10.2019 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ таҳти унвони "Ҳолати муосири илми кимиё ва раванди татбиқшавии дастовардҳои он дар истеҳсолот" бахшида ба 100 - солагии академик Эшонқул Нуъмонов баргузор гардид.
Ҳамоишро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, нақши муваффақи академик Нуъмоноро дар рушди кимиёшиносии ватанӣ таъкид кард.
Дар бахши музокираи ҳамоиши илмӣ академикон Улмас Мирсаидов, Карим Ҳайдаров, Ҷӯрабой Холиқов, Иззатулло Ғаниев суханронӣ намуданд.
Инак, донишномаи академик Нуъмоновро барои ҳаводорони илми кимиёшиносӣ ин ҷо вомегузорем:
Нӯъмонов Эшонқул Усмонович (с.т. 5. 11. 1919, Самарканд), химик- органики советӣ доктори илмҳои кимиё (1970), профессор (1971),
аъзо-корреспонденти Академияи Фанҳои РСС ‘Гоҷикистон (1971).
Аъзои КПСС аз соли 1944.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45).
Соли 1947 Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст.
Солҳои 1947—71 аспирант, ҳодими калони илмӣ ва мудири лабораторияи химияи нефти Институти кимиёи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон.
Аз соли 1971 директори ҳамин институт.
Нӯъмонов— муаллифи зиёда аз 200 асари илмӣ ва илмию оммавӣ. Тадқиқоти ӯ ба таркиби компонентҳои ғайри карбогидридии нефтҳои ҷануби Осиёи Миёна (пайвастҳои органикии сулфур, нитрогеи, металлдор ва аналогҳои синтезии онҳо), қатори гомологӣ ва ҳосилаҳои функсионалии тиаинданҳо бахшида шудааст. Нӯъмонов тадкиқоти илмиро ба фаъолияти педагогӣ пайваста, дар мактабҳои олӣ кимиёи органикӣ ва курсҳои махсуси назариявии онро таълим медиҳад. Нӯъмонов раиси правленияи тоҷикистонии Ҷамъияти умумииттифоқии химикҳои ба номи Д. И. Менделеев ва раиси сексияи кимиёи Комитети терминология ва координасияи мавзӯъҳои химия дар республика мебошад. Бо орденҳои Ҷанги ватанӣ (дараҷаҳои 1, 2), Ситораи Сурх ва медальҳо мукофотонида шудааст.