joomla

free templates joomla

Саҳм гузоштан дар рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои шаҳрвандии ҳар яки мост

 

 

 

 

     2.75.jpg - 19.93 KB

       Соҳаи сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта,  дар аксари кишварҳои олам ба даромади асосии аҳолӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз ин соҳа дар Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ривоҷу равнақ ва вусъат бахшидан ба рушди сайёҳӣ, соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон гардиданд. Ва инчунин бори нахуст дар Тоҷикистон Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2018-2020  тасдиқ ва ба мавриди иҷро қарор дода шуд. Як ќатор имтиёзҳои андозиву  гумрукӣ, аз ҷумла дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав, ҷорӣ гардидана  низоми раводиди электронӣ ва  низоми соддакардашудаи дастрас намудани раводид, ки  кишвари моро ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид шомил гардонид,  бунёд гардидани “Кохи Наврӯз”,ки ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд, таъсис ёфтани милитсияи сайёҳӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ барои сайёҳон ва меҳмонони кишвар - дастовардҳои  муҳими соҳаи сайёҳӣ шуморида шуда, барои ҷалби бештари сайёҳон ва ташрифи такрории онҳо мусоидат менамоянд.

     Зикр кардан ба маврид аст, ки сирф таҳти роҳбарии бунёдкоронаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар як муддати кутоҳ шаҳри Душанбе симои худро дигар намуда, ба як макони тамошобоби сайёҳӣ мубаддал гаштааст. Ин ба рушди сайёҳии пойтахт мусоидат намуда, боиси он гардид, ки шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб шуда, ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид.

      Дар тули солҳои охир баҳри муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, баимзорасонии созишномаҳо ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа бо ташаббуси Кумитаи Рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон форумҳо ва намоишгоҳҳои сайёҳии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардида истодаанд. Аз ҷумла Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон -2019”, ки аз 8-10 августи соли 2019 дар Душанбе ҷараён гирифт беш аз 40 санади ҳамкорӣ байни ниҳодҳои марбутаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ, мақомоти дахлдори кишварҳои алоҳида ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ дар бахши сайёҳӣ ба имзо расонида шуд. Ин яке аз даҳҳо намоишгоҳҳое мебошад, ки симои Тоҷикистонро ба сифати кишвари саршор аз ғановати сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ менамояд.

         Мавриди қайд аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалигашта натиҷаҳои назаррас ба амал оварда шуданд. Дар соли 2018 тибқи ҳисоботи оморӣ, ба ҷумҳурӣ 1 миллиону 154 ҳазору 478 нафар ба ҳайси сайёҳ сафар намуданд, ки нисбат ба соли 2017 дуюним баробар зиёд мебошад. Ин нишондод кишвари моро   аз рӯи афзоиши шумораи  сайёҳон дар ҷаҳон ба ҷойи аввал бурда расонд. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ соли 2018 теъдоди сайёҳоне, ки аз кишвари мо дидан намуданд, 190 фоиз афзудааст, ки дар руи олам чунин натиҷа беназир мебошад.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ алакай ба ҷумҳурӣ 946.442 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ворид гардидаанд, ки аз ин нишондод 901.096 нафарашон ҳамчун сайёҳ арзёбӣ мегардад.

      Аз натиҷаҳои зикршуда маълум мешавад, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон сол аз сол бештар гардида, рушди соҳаи сайёҳӣ назаррас мебошад. Аммо баяд қайд кард, ки саҳм гузоштан дар рушди сайёҳӣ натанҳо вазифаи мақомотҳои соҳавӣ буда, балки тақозои шаҳрвандии ҳар яки мову шумост. Ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шарт ва зарур аст, ки дар нумуи соҳаи сайёҳӣ “бо таблиғу ташвиқ намудани маконҳои сайёҳии кишвар ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ, талош баҳри ҳифз ва афзоиши набототу ҳайвоноти нодир, арҷгузорӣ ба меросҳои таърихию фарҳангӣ, аҳамияти ҷиддӣ додан ба эгологияи кишвар, истифода бурдани ҳунарҳои худ ҷиҳати зиёд гардонидани армуғонҳои миллӣ, аз худ кардани  забонҳои хориҷӣ барои муошират бо сайёҳон, муносибати хуб бо меҳмонони кишвар” саҳмгузор бошанд. Алалхусус истиқоматкунандагони  деҳотҳо  бояд  ба ин соҳа таваҷҷуҳи хосса диҳанд. Сайёҳ шахсест, ки маблағи муайянеро барои ба ҳадафҳои худ расидан гирифта аз ҳудуди ҷои истиқомати доимии худ баҳри шиносоӣ бо халқ, забон, фарҳанг, таъриху тамаддуни дигар манотиқ ва тамошои маконҳои таърихию манзараҳои зебои онҳо берун мешавад. Сайёҳ ҳар ҷое, ки зиёдтар вақт гузаронад мардуми он минтақа даромади иқтисодии бештар меёбанд. Чунин минтақаҳои кишвари мо деҳотҳо ба шумор мераванд. Сайёҳон баъд аз ду-се рӯзи истироҳат дар шаҳри Душанбе ба деҳотҳо равона мешаванд.  Зеро, ки беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот  зиндагӣ мекунанд ва расму оин ва анъанаҳои қадимае, ки то имрӯз дар онҳо ҳифз шудаанд таърихи тамаддуну фарҳанги кишварро нишон медиҳанд. Табиати тоза, куҳҳои осмонбӯс ва ҷанбаҳои зикршуда боиси ҷолибияти деҳаҳо нисбати сайёҳон мебошанд.

     Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои  гуногуни туризм аз қабили: эгологӣ, куҳгардӣ, аграрӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар намудҳои он мавҷуданд, ки ба ҳар як куҳнавард, забондон, муаррих, табиби халқӣ, ҳунарманди асил имконият медиҳанд, ки аз касбу маҳорату малакаи хеш истифода бурда баҳри рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ ва  иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд.

     Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон сайёҳиро яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, омили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ арзёбӣ карданд.

    Воқеан  ин соҳа арзандаи саҳмгузорист, пас набояд ғофил монд.

      магистри  курси 2-и

Институти омӯзиши масъалаҳои

 давлатҳои Осиё ва Аврупо”-и АИҶТ,

Мунаввари Ғайрат

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан