joomla

23:34, 9th December 2019
Декабр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
free templates joomla

23.10.2019.

«Дар илм шоҳроҳи васеъ нест ва танҳо ҳамон касе ба қуллаҳои тобони ӯ расида метавонад, ки аз мондагӣ натарсида бо пайроҳаи сангини печдарпечи он чанголтарош часпида мебарояд».

                                                                                                      Карл МАРКС

2.74.jpg - 154.02 KB

БУНЁДГУЗОРИ МАКТАБИ ИЛМИИ КИМИЁИ НАФТӢ

 

        Сухане чанд аз фаъолияти академики шинохта, асосгузори кафедраи  кимиёи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эшонхон НӮЪМОНОВ

 

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Ончунон гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки дар ин дафтари пок,

Рақами хайр кашиду асари нек гузошт

 

      Олими шинохтаи тоҷик, академики маъруф НӮЪМОНОВ Эшонхон Усмонович зодаи деҳаи овозадори Даҳбеди шаҳри Самарқанди бостонӣ буда, расо 100-сол қабл дар таърихи 15-уми июни соли 1919 дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода аст. Овони  кӯдакию наврасии ӯ ба даврони душвори барқарорсозии сохти давлатдорӣ пас аз Инқилоби Кабири  Сотсиалистии Октябр мусодиф омада то таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сипарӣ гардида аст.

    Мавсуф ҳанӯз дар синни 6-солагиаш соли 1924 барои савод омӯхтан ба мактаби куҳна, яъне мактаби усули нави Абдулқодир Шакурӣ шомил шуда, пас аз 7 соли хониш онро соли 1931 бомуваффақият ба итмом расонид.

     Бо мақсади гирифтани маълумоти олӣ соли 1936 ба факултети химияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ дохил шуда, онро соли 1941 хатм карда аст.Ҳангоми таҳсил бори аввал ӯро муаллими фанни химия Воҳидов ӯ ва ҳамсабақонашро ба озмоишгоҳи химиявӣ мебарад. Дар рафти машғулият нохост ба либоси Эшонхон ва ҳамсабақонаш қатраи равғани эфир мечакад.Бӯйи хуши равғани эфир- моддаи обакии зудбухор, ки аз имтизоҷи спиртҳо ва спирту туршиҳо иборат аст, моеи  зудпари равғаннамуди беранг ё зардранги бӯяш тез, ки аз баргу меваи  баъзе растаниҳои хушбӯй ҳосил мекунанд, дар атриёт ва тиб истифода мешавад ба машомаш хеле писанд меафтад.Ҳамин тариқ, донишҷӯи 17-сола Эшонхон Нӯъмонов касби химик шуданро ба худ якумрӣ пеша  менамояд.

     Ҳамзамон номбурда солҳои 1939-1940 рухсатии академӣ гирифта, ба шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) меояд ва дар мактаби миёнаи № 1, ки дар мавзеи Яккачинор воқеъ буд ба толибилмон аз фанҳои кимиё,физика, риёзиёт ва инчунин ба муаллимони ғоибхони курсҳои тайёрӣ аз фанни риёзиёт дарс гуфта аст. Он айём ӯ ҳамчун муаллими ҷавону ояндадори химия ном бароварда буд ва аксар волидайн мехостанд, ки маҳз фанни химияро ба фарзандонашон Эшонхон Нӯъмонов тадрис диҳад.Зеро ӯ қобилияту истеъдоди хонандагонро ба инобат гирифта, асосҳои ин фанро ба онҳо пурра меомӯзонд ва шавқу завқашонро нисбат ба ин фанни дақиқ боз ҳам афзун менамуд.Муаллим зимни тадрис ба шогирдон ибораи маъмули «Химия-нони саноат аст»-ро,ки аслан ба қалами Михаил Василевич Ломоносов мутааллиқ аст, бештар ба забон меовард.

Ҳамин тавр, Эшонхон Нӯъмонов ҳамчун равшангари роҳи маърифат ва хирад  маҳсуб меёфт,ки тамоми умри бобаракати худро баҳри бедории маънавӣ ва худшиносии миллӣ бахшида, чун устоди  сахтгиру серталаб бо ақлу фаросати баланд, дар он солҳои душвор бо меҳрубонию самимияти ба худ хос, дили ҳазорон шогирдонро чун шамъи рӯзгор нуру рӯшноӣ бахшида, эшонро ба шоҳроҳи  зиндагӣ  ҳидоят карда аст.

Аз ин ҷост, ки ҳанӯз аз ҳамон даврони мозӣ ва баъдан мавсуфро аҳли маориф ва илми тоҷик ҳамчун шахси соҳибмаърифату донишманд, инсони некном, омӯзгори болаёқату соҳибтаҷриба мешинохтанд ва арҷ мегузоштанд.

Оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор намуд.Овози ғамгинонаи наттоқи нотакрор Левитан хатари таҳдид ба Ватанро эълон мекард, ҳеҷ як фарди меҳандӯстро бетараф гузошта наметавонист. Вақте,ки фашистони хунхор моҳи ноябри соли 1941 ба дили Ватан-шаҳри дилорои Маскав наздик мешуданд, шиори панфиловчиёни диловар «Отступать некуда, позади Москва» он рӯзҳои хатарзо аз қалби ҳама садо дода буд.Зеро он шабу рӯзҳо дар рафти задухӯрдҳо озод намудани ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватани азизамон бори хеле гарон маҳсуб меёфт.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ,ки дар таърих яке аз тӯлонитарин ҷангҳо ба ҳисоб меравад ва ба ӯ мардум-Ватанӣ, халқӣ ва муқаддас ном ниҳода буданд, фронт ва ақибгоҳро ба майдони набард ва ба як мушти пурзӯре мубаддал гардонида буд.Шиорҳои маъруфи «Ҳама барои фронт-ҳама барои Ғалаба!», «Кори мо ҳақ, мо Ғалаба мекунем!» халқро ба диловарӣ ва қаҳрамонӣ даъват менамуд.Ахбороти хуш дар хусуси пирӯзии аскарони Шӯравӣ, пурра торумор ва озод намудани шаҳру деҳаҳо аз фашистони лаину истилогари олмон барқосо паҳн гардида, мардуми ақибгоҳро рӯҳу илҳоми тоза мебахшид. Хулласи калом-Ғалабаи пурра ва сартосарӣ бар адӯ мақсади ҳамагон буд.

Омӯзгори 22-сола Эшонхон Нӯъмонов низ бетарафӣ зоҳир накарда, ихтиёрӣ ба фронт рафт. Аз моҳи январи соли 1942 то моҳи майи соли 1945 дар майдони ҳарбу зарб ҳамчун лейтенанти ротаи миномиётчиён қаҳрамонона фидокориҳо нишон дода борҳо аз зери обу оташ гузашта, барои мудофиаи ватани ҷоноҷони худ синаро сипар карда борҳо ҷароҳатҳои вазнин бардошта аст.

Баъди бозгашт ба Ватан боз ором нанишаста, меҳри шогирдону баланд бардоштани ихтисосу муҳаббат ба донишомӯзиаш боло гирифта, моҳи июли соли 1945 ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи факултаи табиатшиносии  Институти  давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров супорида, моҳи июни соли 1947 онро муваффақона хатм менамояд.Соли 1948 ӯро ба узвияти Ҳизби Коммунистии Иттифоқи Советӣ қабул менамоянд.

Сипас, фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун лаборанти калони Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида, то соли 1949 дар ин даргоҳи бонуфузи илми тоҷик фаъолият намуд.Соли 1948 бо тавсияи устодаш, директори ҳамонвақтаи институт Василий Иванович Никитин ба аспирантураи Институти химияи органикии Москва ба номи Н.Д. Зелинскийи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуда, соли 1952 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таъсири фишори фавқулбаланд ба хосияти катализаторҳои сахт» таҳти роҳбарии Л.Ф. Верешагин бомуваффақият дифоъ кард.

Фаъолияти худро пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ соли 1952 ба ҳайси мудири лабораторияи кимиёи нефти Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  то соли 1971 ва ҳамзамон ба сифати мудири кафедраи кимиёи умумии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1952-1959) идома мебахшад.Дар давоми ин солҳо (ду даъват) вакили Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Сталинобод (Душанбе) низ интихоб шудааст.

Лозим ба тазаккур аст,ки устод Эшонхон Нӯъмонов яке аз бунёдгузорон ва нахустин мудири кафедраи химияи органикии  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дар солҳои 1959-1965 ба ҳисоб меравад.

    Инчунин ӯ аз соли 1958 тавре,ки зикр гардид вазифаи мудирии озмоишгоҳи (лабораторияи) химияи нефти Институти химияи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошт. Соли 1971 бо тавсияи бевоситаи  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, баъд аз солҳои тӯлонӣ роҳбарӣ кардани нахустин директори Институти химияи АИ ҶТ Никитин В. И. (ки алъон институти мазкур номи ӯро дорад), аз байни тоҷикон директори Институти химия таъин гардида, то соли 1988 таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди илму маърифат (М.С. Осимӣ дар назар аст) пурмаҳсул ифои вазифа намуда аст. Дар давраи фаъолияти назарраси ӯ Институти химияи АИ  ҶТ ба яке аз институтҳои пешқадам табдил ёфта, аз ҷиҳати омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос ҷойи аввалро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва иттифоқ ишғол менамуд. Илова бар ин  дар давраи роҳбарии Эшонхон Нӯъмонов заминаҳои моддию техникии институт хело ҳам мустаҳкам ва олимони тоҷик дар ин муддат ба як идда дастовардҳои зиёди илмӣ ноил гардида, рушду нумӯи илми  химияи ватаниро таҳким бахшида буданд.

Беҳуда нест,ки ҳар сол дар институти мазкур ба хотири гиромидошти хотираи неки директори собиқадори он Эшонхон Нӯъмонов мунтазам «Хонишҳои Нӯъмоновӣ» гузаронида мешаванд. Ин падида гувоҳ аз мавқеи босазо ва обрӯю нуфузи академик Нӯъмонов мебошад Эшонхон Нӯъмонов гарчанде,ки соли 1988 бо хоҳиши худ аз мансаби директори институт сабукдӯш гардида бошад ҳам, аммо бо хоҳиши шогирдон то рӯзи вафоти худ-29-уми ноябри соли 1992 ҳамчун директори ифтихории он ба шумор мерафт.

Фаъолияти илмӣ ва омӯзгории устод Нӯъмонов бисёр густурда ва доманадору шоиста аст. Ӯ соли 1972 дар мавзӯи «Унсурҳои гетероатомии нафти депрессияи Тоҷикистон» рисолаи докториашро ҳимоя намуда аст, ки он аҳамияти ҷаҳонӣ дошт.Ӯ ҳамчун узви фаъоли Шӯрои Умумииттифоқӣ оид ба нафтохимия ва Раиси Раёсати тоҷикистонии Ҷамъияти Умумииттифоқии химияшиносони ба номи Д. И. Менделеев (Москва) дар бисёр симпозиуму конфаронсҳои мамолики Олмон, Венгрия, Чехословакия, шаҳрҳои Москва, Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) Ригаю Таллин, Тифлису Батумӣ, Грозний, Уфа, Гуреву Новосибирск ва ғайраҳо фаъолона  ширкат варзида аст.Академик Э. У. Нӯъмонов инчунин муаллифи беш аз 250 асару мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, аз он ҷумла монографияи «Компонентҳои гетероатомии нафтҳои депрессияи Тоҷикистон» (соли 1974) мебошад.

Ба ҳайати узви Шӯрои илми кимиё ва технологияи пайвастагиҳои органикии сулфури назди Кумитаи давлатии илму техникаи Шӯрои Вазирони ИҶШС, Шӯрои илмӣ оид ба кимиёи нафти назди Шуъбаи умумӣ ва кимиёи техникии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сутсиёлистӣ, Шӯрои минтақавии химияи нафти Қазоқистон ва Осиёи Миёна, раиси бахши кимиёи Кумитаи истилоҳоти назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, раиси Шӯрои минтақавии махсуси дифои рисолаҳои номзадӣ барин  вазифаҳои ҷамъиятиро фаъолона ба иҷро расонида аст.Роҳбари кори илмии номзадиаш олими маъруф  Алексей Баландин ба шумор мерафт. Ва ӯ худро боифтихор шогирди Баландин ном мебурд.

     Эшонхон Нӯъмонов аз майдони набард ҳамчун ҷанговари асил бо ордену медалҳои зиёд баргашта аст. Чунончӣ ӯ дорандаи ду ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаҳои 1 ва 2, инчунин ордени «Ситораи Сурх», медалҳои «Барои Ғалаба бар Олмон», «Барои фатҳи Берлин», «Барои озод кардани Прага», «25-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»,Ифтихорномаи  Фахрии Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва  соли 1978 бо унвони ифтихории «Арбоби шоистаи илми ҶШС  Тоҷикистон» сарфароз гардида аст.

    Шодравон Эшонхон Нӯъмонов шахси фидоии илм ва меҳнатдӯст буда, пайваста бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ заҳмат мекашид.Ӯ то вопасин лаҳзаҳои умри бобаракати хеш, барои рушди маориф ва илми тоҷик хидмати босазо карда, дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо карда буд.Рӯзгор ва осори ӯ барои шогирдон, олимону омӯзгорон ва насли имрӯза намунаи ибрат ба шумор меравад. Хотираи неки ин фарди ватандӯст,олими асил, марди соҳибхираду донишманд ва инсони равшанзамир ҳамеша дар қалбҳо боқӣ хоҳад монд.Ба фармудаи Фаридаддуни Аттор:

                              

Роҳбари ҷонат дар ин торикҷой,

Ҷавҳари илм асту илмат ҷонфизой.

 

Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,

журналист

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан