joomla

23:46, 9th December 2019
Декабр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
free templates joomla

Мулоқоти Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як гурӯҳ иштирокдорони Симпозиуми байналмилалии илмӣ

Имрӯз дар таърихи 22.10.2019, соати 09:00 дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпоизиуми байналмилалии илмии "Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз" ба кор ҳусни оғоз бахшид.

2.73.jpg - 180.63 KB
      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷикон зимни суханронии табрикии хеш иқрор намуд, ки кадом омил ӯро барои ширкат варзидан дар ҳамоиши илмӣ водор сохтааст:
"Ман пеш аз Президент будан инсон ҳастам ва мисли ҳамаи шумо ба ғизои маънавӣ эҳтиёҷ дорам ва ҷиҳати бардоштҳои маънавӣ тасмим гирифтам дар Симпозиум иштирок кунам".
     Ҳангоми суҳбат бо Масъуди Миршоҳӣ, ки номбурда аз саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар густариши фаъолияти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон "Пайванд" ибрози назар намуд, таваққуф кард ва дар посух бар он, Президенти мамлакат аз эҳёи кори ин анҷуман ибрози андеша намуда, омодагии хешро ҷиҳати баргузории он баён кард.
Ҳангоми баррасии нақши таърихию фарҳангии силсилаи Сомониён, Президенти кишвар бо ваҷд сухан карда, тасмими хешро ҷиҳати истиқбол аз 1100 - солагии Сомониён ва новобаста аз вокунишҳои бархе аз ҳаммеҳанон ба СММ муроҷиат мекунад. Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уламои дохиливу хориҷӣ даъват намуд, ки дар баррасии таърих ва ҷомеашиносии марбут ба ниёкони мо сахткӯш бошанд.
Дар табрикоти Президенти кишвар эҳё намудани ҷашнҳои миллӣ чун Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, пажуҳиши ихтисосӣ дар таърихи сиёсӣ, ва фарҳанги миллӣ, баррасии афроди таърихии интелектуал мисли Ҷамшед, Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва дигарон, эҳёи давлатдории миллӣ ва боз чандин равандҳои таҳқиқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти ҶТ мутазаккир шуд, ки бинобар муаррифии шахсияти таърихӣ чун Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бисёриҳо аз ӯ ва осораш бехабар буданд ва маҳз ҳамин бехабарӣ боис мешавад, ки анбуҳи бузург ба хурофотгароӣ пардозанд, чунки бехабарӣ бесаводист ва камсаводро сӯиистифода кардан айни муддаост.
Дигар масоил, ки дар сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таконбахш буд, аз ориёӣ будани тоҷикон маншаъ мегирад ва маҳз ориётабор будани тоҷикон онҳоро то кунун фарҳангофарин сохтааст.
Масъуди Миршоҳӣ — раиси Анҷумани “Рӯдакӣ”-и Фаронса, Мария Дрожжина — мусиқишинос, корманди Консерваторияи шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия, Ромин Фарҳангӣ — раиси Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ”- и ИМА, Ҳуммер Абрамиён — раиси фарҳангистони “Куруши Бузург”-и Австралиё, профессор Ҳусейн Содиқӣ аз Швейтсариё, Бобур Ҳамидов аз Ӯзбекистон ва шоир Масъуди Сипанд аз ИМА дар тақвияти сухани Президенти кишвар маърӯзаҳо намуданд.
Ҳамоиш имрӯзу фардо идома меёбад...

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан