joomla

23:34, 9th December 2019
Декабр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
free templates joomla

СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ

     Ҷиҳати баргузории Симпозиуми байналмилалии илмии "Пажуҳиши таърих: аз дирӯз то имрӯз" иттилооти муфассал пешниҳод доштем, аммо бархе аз дӯстони маҷозӣ дархост намуданд ин руйдодро шарҳи иловагӣ бинмоем!

Аз ин хотир,

Симпозиум дар таърихи 22.10.2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардида, дар таърихи 23.10.2019 идома меёбад. Дар ҳамоиши байналмилалӣ олимон аз кишварҳои мухталиф иштирок мекунанд. Қабули онҳо рӯзи 21.10.2019 ва гуселашон рӯзи 24.10.2019 барпо хоҳад шуд.

Ҳамоиш субҳи 22.10.2019 бо суханронии табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ гардида, чаҳор бахшро дар бар мегирад:

1.Давлати Сомониён - падидаи беназири таърихӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ;

2.Анъана ва меросбарии фарҳангӣ;

3. Ҷашну оинҳои бостонӣ: авомили муҳими зиндагисоз ва баҳамоии инсонҳо;

4. Куруши Кабир - чеҳраи мондагори таърих...

2.72.jpg - 176.50 KB

Китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ("Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ", "Куруши Кабир - Зулқарнайн") дар ҳамоиш рӯнамоӣ мешаванд.

Ҷоизаи ба номи Манучеҳри Фарҳангӣ тақдим мешавад. Шоми ин рӯз иштирокдорони ҳамоиш спектакли "Фирдавсӣ" - ро аз рӯи асари Сотим Улуғзода дар Театри Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тамошо мекунанд.

Дар таърихи 23.10.2019 сафар ба шаҳри Роғун ва боздид аз НБО -и "Роғун" татбиқ мешавад. Ҳамчунин шоми ҳамин рӯз меҳмонон аз осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал меоранд. Идомаи сайри онҳо боғи фарҳангӣ - фароғатии "Куруши Кабир" мебошад.

2.71.jpg - 146.95 KB

Дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ҷомеашиносони нерӯманди дохиливу хориҷӣ чун

Эраҷ Баширӣ,

Фотима Маҳвон,

Комил Бекзода,

Масъуди Миршоҳӣ,

Фарзод Қоимӣ,

Мансура Ҳайдар,

Ҳайдаршои Пирумшоҳ,

Акбар Турсон,

Куруши Некном,

Алӣ Зиёвуддини Даштакӣ

ва дигарон дар баррасӣ ва пажуҳиши мавзӯъ мушорикат карда, бештаре аз таҳқиқҳои навтаринро ҷиҳати шахсият ва корномаи Куруши Кабир, таъсиргузории шахсиятҳои таърихӣ дар баҳамоварии милалу дувал ва эҳёи анъанаву ҷашнҳои фарҳангии башар бар самъи ҳозирин мерасонанд.

Ширкат дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ миёни муассисаҳои давлатӣ қаблан мувофиқа шудааст....................

.Кутуби таҳқиқии нашршуда дар иртибот ба баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони "Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз",

 

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан