joomla
free templates joomla

Наҳзати босмачигарӣ тамоили тоҷикӣ надошт

     Имрӯз дар таърихи 05.10.2019 дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ ба ифтихори 90-солагии таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон барпо шуд. Ҳамоишро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ифтитоҳ намуда, зимни баррасии мавзӯъ изҳор дошт, ки пеш аз таъсис ва пас аз он ҷабҳаи аксулинқилобӣ дар ҳудуди имрӯзаи давлати тоҷикон мавсум ба наҳзати босмачигарӣ тамоилӣ тоҷикӣ надошт ва аз зумраи таҳмилоти нерӯҳои понтуркистӣ маҳсуб мешуд.

2.69.JPG - 69.30 KB
     Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ Убайдуллоҳи Насруллоҳ мутазаккир гардид, ки таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон аз руйдодҳои тақдирсоз ва басе ҳалкунанда дар сарнавишти тоҷикон маҳсуб мешавад.
Дар баррасии мавзӯъ олимони таърихшинос ва сиёсатшинос иштирок намуданд.

2.70.jpg - 88.42 KB

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан