joomla

07:11, 17th September 2019
Сентябр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
free templates joomla

НИШАСТИ МАТБУОТИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО БО ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА

       Имрӯз,  дар Маркази матбуотии Ҷумҳуриявии  Амит “Ховар” нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, ноибони президенти АИ ҶТ, Муҳаммад Абдураҳмон ва Саидов Абдусаттор  ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд.

     Инчунин, дар нишасти мазкур директорони Институтҳои зертобеи АИ ҶТ, муовинони директорон ва котибони илмӣ иштирок ва ба саволҳои беш аз 20 рӯзноманигор ҷовоб гардониданд.

   Тибқи суханронии Фарҳод Раҳимӣ,  дар давраи ҳисоботӣ, Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14  ҷаласа доир намудааст, ки дар онҳо беш аз 70  қарор ва қариб 300 амр мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

2.44.jpg - 147.02 KB

   Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷӯҳи олимони соҳаи физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, ҳамчунин соҳаи биологӣ ва тиббии  Академияи илмҳо ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рӯйи самтҳои афзалиятноки  барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика; истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об; истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи эко­логӣ тозаи барқароршавандаи энергия; коркарди технологияҳои нав; мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгӯӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншоотҳои гидротехникӣ; мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист; таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон ва  монанди инҳо   равона карда шуд.

   Олимони соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ (таърих, забон, адабиёт, иқтисод ҳуқуқ ва монанди инҳо) таҳияи асари сеҷилдаи «Таърихи Тоҷикистон. Замони истиқлол», омода намудани харитаи бостоншиносии ноҳияҳои  Ҷалолиддини Балхӣ, таҳлили натиҷаи тадқиқоти ёдгориҳои ноҳияҳои Темурмалик,  Муминобод,  Айнӣ, Рашт, Шаҳритус, Фархор, омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва ғайра, таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик аз асрҳои миёна то асри ХХI, роҳҳои инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ ва тафаккури фалсафиву мантиқӣ ва эҷодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, омӯзиши масъалаҳои амнияти миллӣ дар ҷомеаи муосир, пайдоиш ва иншикофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар  минтақаи Осиёи Марказӣ, фолклори тоҷикони дарунмарзӣ ва бурунмарзӣ, таърихи пайдоиш ва таҳаввули забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикӣ, таҳияи “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” (ҷилдҳои 2,3,4), «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ” (ҷилди дуюм), таҳияи Консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои иқтисодӣ - демографии оила ва ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ  ва монанди инҳоро идома доданд.

    Дар ин давра аз тарафи Раёсати АИ ҶТ якҷоя бо олимони муассисаҳои илмӣ ба намуди маълумотнома, аҳднома, созишнома, хулосаҳои экспертӣ, лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иттилоот дар маҷмӯъ қариб 1400 ҳуҷҷат иҷро карда шуд.

    Дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои зерини ҳамкорӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ва мувофиқа бо ҷониби дигар ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ирсол шудаанд: лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Россия (17.04.2019 дар ш. Москва ба имзо расид);      лоиҳаи Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории илмӣ (созишномаи мазкур зимни ташрифи Президенти Хитой ба Тоҷикистон дар ҳузури сарони ду давлат ба имзо расид);     лоиҳаи Созишнома байни Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз номи Институти фаронсавии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC)  ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;      лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Шӯрои таҳқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Ҳиндустон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

   Тавассути Шуъбаи робитаҳои байналмилалии АИ ҶТ 91 нафар корманди АИ ҶТ ба сафари хизматӣ барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба 113 ба давлатҳои хориҷӣ фиристонида шуданд. Бо даъвати АИ ҶТ 104  намоянда аз давлатҳои дуру наздик ба муассисаҳои илмии АИ ҶТ омада, коромӯзӣ намуданд, корҳои муштараки илмӣ анҷом доданд. Аз ин шумора 54-нафарашон бо мақсади иштирок дар Конференсияи “Чангу ғубори Осиёи Марказӣ” ( 8-12 апрели соли 2019 шаҳри Душанбе) ташриф оварданд.

   Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ беш аз 668кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 50  китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 618  мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 65 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур ба табъ расиданд.

  Дар ин давра аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 10 патент ва 1 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд.

   Аз тарафи муассисаҳои АИ ҶТ ҳамагӣ 30 чорабинии илмӣ, аз ҷумла  3 конференсияи байналмилалии илмӣ, 6 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 12  семинар, 6 мизи мудаввар  ва 2 мулоқоти расмӣ омода ва баргузор карда шуданд.

   Дар давраи то 1 июли  соли 2019  шумораи аъзои АИ ҶТ 89 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 35 нафар академик ва 54 нафар узви вобаста мебошанд. Ба ҳайати АИ ҶТ 27 аъзои хориҷӣ шомил мебошанд.

   Аз шумораи умумии кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 593 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 18 доктори илм, 86 номзади илм ва 145  нафар бе дараҷаи илмӣ мебошанд.

   То 1 июли соли 2019 шумораи  умумии аспирантон 246 нафар буда, аз он  128 нафарашон дар шӯъбаи рӯзона ва 118 нафарашон дар шуъбаи ғоибонаи аспирантура таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии аспирантони таҳсили рӯзона ва ғоибона 86 нафарашон занҳо мебошанд.

    Айни замон, дар зинаи докторантураи (PhD), докторантура аз рӯи ихтисос ҳамагӣ 82 нафар докторант таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 23 нафар дар курси якум ва 59 нафар дар курси дуюм машғули корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошанд.

   Дар соли хониши 2018-2019 дар шуъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи илмҳои ҶТ ҳамагӣ 563 нафар магистрантҳо аз рӯи 43 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин 174 нафар ё 30,9%-ро духтарон ташкил медиҳанд. 

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан