joomla

11:01, 24th October 2019
Октябр 2019
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
free templates joomla

МАҶЛИСИ УМУМИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

     Имрӯз дар таърихи 03.07.2019 дар толори Академияи илмҳои ҶТ Маҷлиси умумӣ доир гардид, ки дар он ҳисоботи президенти АИ ҶТ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии АИ ҶТ дар нимсолаи аввали соли 2019 пешкаши аҳли толор шуд.

2.41.jpg - 104.06 KB
      Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар шаш моҳи соли 2019 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ва Нақшаи кори АИ ҶТ барои соли 2019 ба роњ монда, нерўи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иќтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омўзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани мҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиљаҳои назаррас ноил гардид.

2.42.jpg - 126.55 KB

    Дар нимсолаи якуми соли 2019 Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо беш аз 70 қарор ва қариб 300 амр мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Муҳимтарин масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, инҳо мебошанд:
- оид ба Нақшаи чорабиниҳои АИ ҶТ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 зикр гардидаанд; 
- дар бораи Нақшаи кори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019;
- оид ба Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2019;
-дар бораи гузаронидани Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои тањсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019, №39 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019»;
- дар бораи лоиҳаҳои «Консепсияи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ дар соли 2019;
- дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АИ ҶТ оид ба Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҶТ барои солҳои 2019-2021;
- дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»;
- дар бораи Амри Президенти ҶТ «Оид ба ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…»;
- дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АИ ҶТ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ба истифода додани иншооти нав ва таҷлили Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе 15-22 марти соли 2019 баён доштанд;
- оид ба рафти иҷрои стратегияҳо, барномаҳо ва консепсияҳои марбут ба соҳаи илм дар АИ ҶТ дар чор моҳи соли 2019;
- дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АИ ҶТ оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ;
- дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АИ ҶТ аз натиљаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия (16-17 апрели соли 2019, Москва); 
- оид ба рафти иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаҳои чорабиниҳои ҳукуматӣ дар АИ ҶТ дар чор моҳи соли 2019;
- оид ба Нақшаи чорабиниҳои АИ ҶТ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо (10 майи соли 2019) баён доштанд;
- оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои АИ ҶТ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва ғайра.
    Дар шаш моҳи соли 2019 ба АИ ҶТ ҳамагӣ 2260 ҳуҷҷат, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Фармонҳои Президенти ҶТ, фармоиш, протокол, нусха аз протоколи Ҳукумати ҶТ, Амр ва Фармоишҳои Президенти ҶТ, супоришҳои Ҳукумати ҶТ, мактубҳо аз вазорату кумита ва идораҳои ҶТ, аз корхонаҳои гуногуни ҶТ, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аз Академияи илмҳои давлатҳои аъзои ИДМ ва ташкилотҳои гуногуни ИДМ, мактубҳо аз хориҷи дур ва аз муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ барои баррасӣ ва иҷро ворид гардиданд. Аз ин миқдор қариб 909 ҳуҷҷат барои маълумот ва корбарӣ ирсол гардидааст. Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди маълумотнома, шартномаву созишнома, гузоришот, хулосаҳои экспертӣ, лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттилооти дигар беш аз 1351 ҳуҷҷатро дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намуд.
Дар шаш моҳи соли 2019 дар Академияи илмҳо ҳамагӣ 30 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 3 конференсияи байналмилалии илмӣ, 6 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 12 семинар, 6 мизи мудаввар ва 2 мулоқоти расмӣ омода ва баргузор карда шуданд, аз ҷумла: Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Алоқаи байниҳамдигарии об, энергия, озуқаворӣ ва экология: асоси рушди устувор» (Институти масълањои об, гидроэнергетика ва экология 26-28 апрели соли 2019); Конференсияи байналмиллалӣ дар мавзўи "Чангу ғубори Осиёи Марказӣ" (Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров 08-12 апрели соли 2019, дар шаҳри Душанбе бо иштироки 80 нафар олимон аз 18 давлати дунё); Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзўи “Технология ва татбиқи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин” (Маркази илмӣ-тадқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, Душанбе, 22 апрели соли 2019); Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм» (дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 11 феврали соли 2019); Конференсияи илмии «ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ўзбекистон дар шароити муосир (Душанбе, 26 феврали соли 2019); Конференсияи илмии «Наврўзшиносӣ дар Тољикистон» (Душанбе, 19 марти соли 2019) ва ғайра. 
Ҳамчунин, дар ин давра олимони АИ ҶТ дар кори  беш аз 150 чорабинӣ: форум, конференсия, семинар ва мизи мудаввари илмии сатҳи ҷумњуриявӣ ва байналмилалӣ иштироку суханронӣ намуданд.
Сипас, дар ҷаласа академикҳои АИ ҶТ ҳисоботи пешниҳодшудаи президенти Академияро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд ва бо овози аксарият қарори махсус қабул гардид. 
Дар анҷоми ҷаласа беҳтарин олимони ихтироъкор ва саҳмгузор дар соли 2019 бо ҷоизаҳои АИ ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

2.43.jpg - 109.89 KB

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан