joomla

07:11, 17th September 2019
Сентябр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
free templates joomla

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИХТИРОЪКОРОНУ НАВОВАРОНИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН"

     Имрӯз (28.06.2019) дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон" ҷамъбаст гардид. Дар озмун ихтироъкорон ва навоварон аз муассисаҳои илмии кишвар иштирок намуда, дастовардҳои илмии хешро муаррифӣ намуданд. 

2.38.jpg - 115.49 KB
   Озмунро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҷиҳати рушди илми муосир андеша баён кард ва изҳор дошт, ки татбиқшавии дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ягона мушкилии илми муосир аст, чунки илм бе истеҳсолот рушд намекунад. Номбурда боз таъкид намуд, ки ягона таъмини рушди илм тиҷоратикунонии он маҳсуб мешавад. Имрӯз олимони Академияи илмҳо дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ дар асоси маблағҳои грандӣ дастгоҳи мушаххаси обу ҳавошиносиро бо маблағи 500 000 доллари амрикоӣ мавриди истифода қарор додааст, ки 15 000 киллометрро ба боло муайян месозад. Ҳамчунин, уламои астрофизик маълум намуданд, ки ситораи нав дар фазои Галактика пайдо шудааст ва расадхонаи "Санглох" ин ситораро айни замон мушоҳида менамояд. Бояд иқрор кард, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо номи ӯ дар осмон ситора мавҷуд мебошад. 

2.39.jpg - 181.16 KB
    Сипас, роҳбари Раёсати илму маърифати  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдуқодирзода ҷиҳати муаррифӣ шудани дастовардҳои илмии ихтироъкорону навоварон ибрози андеша намуд. 
   Тибқи баҳогузории ҳайати доварон бо Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ олимон Муҳиддинов, Партоев ва Соҳибов сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, 60 нафари олимон, ки ба озмун роҳхат гирифта буданд, бо дипломҳо ва ҷоизаҳои Академияи илмҳо мушарраф гардонида шуданд. 

2.40.jpg - 114.95 KB
    Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз аз 1 - уми июни соли 2019 маъракаи ҳуҷҷатқабулкунӣ шурӯъ шуда, аз 18 то 28 - уми июни соли 2019 ҳайати доварон ба довталабон баҳогузорӣ намудаанд.


 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан