joomla

08:12, 22nd October 2019
Октябр 2019
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
free templates joomla

Арзиш ва маконати Истиқрори сулҳ ва ҷашни Ваҳдати миллӣ

     Кишварҳо ва миллатҳои дунёро бо ҳифз, арҷгузорӣ ва рушди  забон, фарҳанг, иқтисод ва доштани амнияту ваҳдат эътирофу эҳтиром мегузоранд. Вале мутаассифона имрӯз бештари мардуми сайёра ранҷу вазъияти мушкилсозу пуртазодеро аз сар мегузаронанд, ки яке аз ин чолишҳо набуди амну субот ва оромӣ дар миёни онҳо мебошад. Дарёфт ва ноил шудан ба як сарзамини орому бо субот талошу бедорхобиҳои шабонарӯзиро мехоҳад, то миллат ба мақому мартабаи хубе бирасад. Миллати мо аз замони пайдоишто  ҳоли ҳозир саргӯзаштҳои талху ширинеро паси сар кардааст.Ба монанди дигар кишварҳои олам мо ҳам ба мушкилот ва чолишҳои ҳалокатовар,даҳшаноку ваҳшатнок ва номатлуб рӯ ба рӯ шудем ва ҳанӯз аз он бисёриҳо ранҷ мебаранд. Вале барои раҳои аз чунин вазъи ноустувор халқу миллати мо сари вақт аз зиракӣ ва заковатмандӣ истифода карда,ватан ва мардуми худро наҷот дод. Халосӣ аз чунин вазъияти мураккаби ҷаҳонишавӣ ҳифзи истиқрору истиқлолият давлату миллат ва ваҳдату осоиштагӣ ҳадафу мақсади ягонаи халқи тоҷик ва роҳбарияти бо нангу ори он буд, ки ҳоло мо ба дастовардҳо ноил гардидем ва дар оянда низ хоҳем гашт.

   Бояд эътироф кард, ки дарёфти истиқрору сулҳ,таъмини амният ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ кори саҳлу осон  набуд, ин вазифаи муҳим ва рисолати пурарзишро танҳо он қавму миллате ба ҷо оварда метавонад,ки ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва маърифату андешаҳои дурусту комил дошта бошад. Мавриди зикр аст, миллати мо зуд аз хобу ғафлат сари вақт бедор шуд ва зиракии сиёсиро истифода карда ба созишномаи истиқрори сулҳ расидаданд, ки он сабаби хатми ҷангҳои хонумонсӯзи миллату ватан гашт.

    Бояд хотир расон кард,ки Истиқрору Истиқлол  калима ё  вожае  арабиасл буда,   маъноҳои хосро ифода мекунанд. Ин вожаҳоро бештари забондонон, донишмандону шарқшиносон мавриди истифодаи худ мекунанд,ки мо низ чун аҳли забон мехоҳем оиди ин  калимаҳо барои  хонандагон каме равшанӣ андозем. Зеро истилоҳоти мазкур ба мо мо ва тамоми башарият маъонии хуб ва  хушхабарӣ мерасонанд.

   Қайд кардан ба маврид аст,ки дар забони арабӣ аксар калимаҳое  ки  бо  ист оғоз мешаванд  маънои  талаб кардани чизе ё касеро  мефаҳмонанд, чи тавреки дар аввали вожаҳо дида мешавад.Ин калимаҳо тибқи қоидаи грамматикии забони арабӣ зери боб ё вазни "Истифъол" омада, талаб кардани чизе ё шахсеро ишора мекунанд.

   Ва лиҳозо вожаи Истикрор  ҳамвазни Истифъол омада,маънои  дар ҷое ё маконе талаби  қарор гирифтан ё қарор оварданро ифода мекунад. Ба ҳамин шакл калимаи Истиклол  низ ҳамвазни ҳамин боб буда, маънои талаби озод будан ё шуданро ифода мекунад.

    Боиси ифтихор аст,ки тавассути худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ва шинохти дурусти маъонии вожаҳои  Истикрору Истиқбол ҳамасола дар санаи 27-уми Июн рузномаҳо,нашрияҳо ва мардуми тоҷик такрор ба такрор қадру манзалати онро дониста,ба забон меоранд. Истиқор ё Ваҳдати мо баъди чандин солҳои кашмакашиҳо ва тазодҳои ҳалокатафзо дар сарзамини ҳосилхез сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро  овард,ки бо ин васила миллату халқ равишу роҳи пурамну суботро  интихоб карда, ба чаҳониён  қадру манзалати сулҳофаринӣ ва  фарҳангсолории  худро исбот намуданд,ки дар замони ҳозир намунаи хубе барои кишварҳои сайёра арзёбӣ ва писанд гардидааст.

   Инак  соли 2019 аст, ки мардуми азизи кишварамон дар зери сояи  сулх ва вахдат умр ба сар мебаранд ва аз калима ё вожаи Истикрор муждаи тоза мегиранд.

   Инак зиёда аз бисту як сол мешавад, ки мо зери сояи истиқрору истиқлол умр ба сар мебарем,ки он дар гузашти таърих сонияе беш нест.Аммо дар чунин сония мо тавонистем, Ватанамонро бо ҳифз ва арҷгузории забону фарҳанг, расму русуми миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба минтақа ва ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Буд замонҳое ки  барои шиносоӣ ва эътирофи қавму  миллат  ба хориҷиён  аз Шўравӣ ёд мекардем, вале имрўз шукр аз он мекунем,ки ба забон овардани  вожаи Истиқлол ва Истиқрор кофист, чун як давлати озод,ки аз ҷониби СММ пазируфта шудааст, эътироф ва эҳтиром гаштем. Ҳамаи ин дастовардҳои кишвар метавонад моро ба самти  шукуфоӣ ва пешрафти ҷаҳонӣ роҳнамоӣ кунад, то мактаби сулҳеро ба вуҷуд орем, ки аҳли сайёра аз он ба таври кофӣ истифода ва манфиат бибаранд,зеро сулҳи тоҷикон заминаи муносибе барои кишварҳои минтақа ва дунё шинохта шудааст.Ин ҷо метавон чунин хулоса баровард,ки  калимаҳои  Истиқрор ва Истиқлол  хело пураҳамият ва арзишманд буда, хушхабарӣ  барои мо ва аҳли башарият мебошанд, ки бояд ба дарку манзалати онҳо бирасид.

    Аз фурсат истифода бурда, ҷашни  Ваҳдатро  барои ҳамватанон муборакбод гуфта, ба ташаббускорони сулҳоварӣ  Тоҷикистон иқболи баланду парвози абадӣ хоҳонем ва мулоҳизаҳои ниҳоиро бо зикри шеър аз устод Турсунзода мебахшам, ки чунин тавр омадааст:

 

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рузафзуни дил.

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад ишрмандаи руӣи ҷаҳон.

Мирсаид Раҳмонов

Корманди   

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои  Осиё ва Аврупои  АИ ҶТ

 

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан