joomla
free templates joomla

БУНЁДИ РОҒУН АЗ НИГОҲИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ ИГОР ТОМБЕРГ РЕМУАЛЬДОВИЧ

 

 

 

 

   Хидмати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёд ва ба истифода додани НБО Роғун боиси ифтихору сарфарозии миллати тоҷик аст.

  Имрӯз мавзӯи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мӯҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш  менамояд. Нерӯи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли шамси тобон мунаввар гашта, фазои афкори оммаро равшан намуд.

  Халқ зарурияти Роғунро хело хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро ба Ҳукумати кишвар ба таври аниқ нишон дод. Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудратмандии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоии роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури милливу ватандорӣ ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд.

   Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун барои рушди ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Дарки оқилонаи масъала, ки имкон намедиҳад пирони кор хастагиро эҳсос кунанд. Баръакс, парчами номуси миллат фазои фароғати эшонро зиннат медиҳад.

   Дар  маҷмӯъ,  бунёди НБО Роғун барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти  бузург аст, ки чархаи нахустини ин иншооти  бузурги аср моҳи ноябри соли равон, ба кор даромад ва агрегати дуюмаш моҳи апрели соли 2019 ба  истифода дода мешаванд.

   Кишварҳои минтақа сохтмони ин иншооти муҳимро ҷонибдорӣ намуданд, зеро  дар оянда аз он баҳра мебинанд. Бо сохтмони НБО Роғун об захира гардида, барои  обёрии  бахши кишоварзӣ, танзими об ва таъминоти неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус ҳамсоякишварҳо   ва рушди иқтисоди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши калидӣ мебозад.

   Гуфтаҳои болоро натанҳо миллати барӯманди тоҷик ҷонибдорӣ менамояд, балки донишмандону таҳлилгарони хориҷӣ, аз ҷумла мутахассисони русси ҳамин соҳа низ таъйид менамоянд. Яке аз чунин мутахассисон сарходими илмии Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, доктори илмҳои иқтисодӣ Игор Томберг  Ремуальдович андешаҳои воқеъӣ ва ҷолибе нибат НБО Роғун ироа доштааст. Чунончи ӯ дар мусоҳиба бо телевизиони “Мир 24” қайд мекунад: «Баъд аз ба пуррагӣ ба истифода додани НБО Роғун Тоҷикистон http://viagra-onlinetop.com/ метавонад дар ҷаҳон ҷойи 8-умро дар тавлиди қувваи барқ касб кунад.  Давлатҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, монанди Афғонистону Хитой ва Ҳиндустон интизори харидории қувваи барқи Тоҷикистон мебошанд. Имрӯз аксари таҳлилгарон дар масъалаи захираи оби зиёди НБО Роғун чунин андеша доранд, ки захираи об ҳеҷ зарару мушкилоте эҷод намекунад. Дар ин даврон масъалаи норасоии об яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ гардидааст, ки ҳатто дар баъзе кишварҳо арзиши об аз нафт ҳам гаронтар аст». Игор Томберг  дар охири мусоҳаба қайд мекунад, ки «Ман аз рафиқони тоҷик хеле хушҳолам, ки бо вуҷуди мушколоти ҷойдошта ин корро анҷом доданд».

 

Ходимони Маркази  

мероси хаттии АИ ҶТ,

Исроилов Раҳматшо

Холов Аълохоҷа

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан