joomla
free templates joomla

Олимони мо БУНЁДГУЗОРИ БОҒИ НАБОТОТИИ ПОМИР

    Табиати пурасрор ва нотакрори кӯҳистони Бадахшон аз қадимулайём таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳони мамолики оламро ба худ ҷалб   намудааст. Аз давраи ташрифи сайёҳи машҳури  венетсиагӣ Марко Поло сар карда, то ин дам садҳо нафар олимону сайёҳонигуногунмиллату   гуногунзабон аз гӯшаҳои  мухталифи дунё  ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда  релефу иқлим,  пиряхҳо, кӯҳу дарёҳо, набототу ҳайвонот, тарзи зиндагии  мардуми кӯҳистон, забонҳои мардуми маҳаллӣ, урфу одати  сокинони онро мавриди таҳқиқот қарор медиҳанд.  

   Ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар намудани ҳосилнокии чарогоҳҳо аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта бо истифода аз усулҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноки соҳаи  кишоварзӣ  ва мелиоратсияи  заминҳои  баландкӯҳро аз миёни олимони тоҷик нахустин шуда академик Худоёр ЮСУФБЕКОВ ба зимма гирифта буд. Таҳқиқотҳои  бисёрсолаи ин олими шинохта дар рушди минтақаҳои  гуногуни  Помир натиҷаҳои  дилхоҳ доданд.

   Аввалин кори илмии пурарзиш, ки академики маъруф Х. Юсуфбеков  доир ба растанипарварӣ ба  анҷом расонида буд, ин усулҳои  ба марғзор табдил додани чарогоҳҳои биёбони Помири Ғарбӣ бо роҳи кишт намудани  алафҳои бисёрсола ва обмонӣ буд. Ӯ бо роҳбарии профессор А.В. Гурский тақиқотҳо  доир ба мустаҳкамкунӣ, азхудкунии  регзорҳо ва қумзорҳои  кӯчандаи водии Вахон ва Ғундро бо истифода аз 30 намуд алафҳои бисёрсола, буттаю нимбуттаҳо таҷрибаҳои саҳроӣ гузаронида натиҷаҳои муҳими амалӣ ба даст овард, ки  онҳо  дар рушди илми тоҷик аҳамияти  бунёдӣ ва амалии худро доштанд.

    Соли 1962 ӯ ҳамчун директори Пойгоҳи биологии Помир корҳои таҳқиқотӣ доир ба беҳтар намудани маҳсулноки чарогоҳҳо ва алафзорҳоро дар ноҳияҳои ВМКБ ва водии Олойи Қирғизистон бо истифода аз усулҳои муосири таҳқиқот хеле васеъ ва пурзӯр намуда, паҳншавии набототро дар баландиҳои гуногун, нишондиҳандаҳои  ҳосилнокии растаниҳои хӯроки чорворо вобаста ба баландии  макони расиш, усулҳои  беҳтар намудани  ҳосилнокии  чарогоҳҳоро дар шароити  экологии маҳал ҳамаҷониба  таҳлил намуд.

   Натиҷаи ин таҳқиқотҳои бисёрсолаи мавсуф соли 1968 дар рисолаи  калонҳаҷм  дастраси хонандагон гардид. Соли 1969 ин таҳқиқоти пурарзиш аз тарафи  олимони соҳа баланд  арзёбӣ  шуда,  онро ҳамчун  рисолаи докторӣ  барои дифоъ дар Пажӯҳишгоҳи  растаниҳои хӯроки чорвои  ба  номи В. Р. Вилямси шаҳри   Москва пешниҳод  намуданд ва он сазовори  баҳои баланд гардид.

   Х.Юсуфбеков ба омӯзиши захираҳои биологии Помир низ  таваҷҷуҳи  хоса зоҳир намуда, маводи таҳқиқотии бисёрсоларо доир ба ҳифз, барқароркунӣ ва азнавсозии наботот гирд овардааст. Ӯ захираҳои  минтақавии мавзеъҳои  алоҳидаро  ҳамаҷониба  таҳлил намуда,  хулосаҳои илмии  худро  дар китоби  «Набототи  Помири Ғарбӣ ва таҷрибаи азнавсозии онҳо» ҳамчун модели нави  комплексии  азнавсозии қумзорҳо, регистонҳо, заминҳои нишеби серсанги кӯҳдоман, селроҳаҳоро  пешниҳод намуд. Усулҳои  аз ҷиҳати  илмӣ  асоснок доир ба растанипарварӣ  дар китобҳои  Х. Юсуфбеков «Усулҳои парвариши растаниҳои  фоиданок дар Помир», «Терескен дар Помир» ва даҳҳо  китобҳо ва тавсияномаҳои  дигар ба нашр  расидаанд.

  Худоёр Юсуфбеков муаллифи  зиёда аз 150 асарҳои  хурду бузурги илмӣ, аз он ҷумла  чор монография  мебошад.  Хизмати мавсуф дар кори ташкил намудани муассисаҳои нави илмӣ дар Помир хеле калон аст.    Ҳангоми директории ӯ дар  Пойгоҳи биологии Помир  се лабораторияи нав; лабораторияи физиология ва биохимияи растаниҳо, лабораторияи интродуксияи растаниҳо ва лабораторияи геоботаникаи  таҷрибавӣ таъсис дода шуданд. Бо ташаббуси Х. Юсуфбеков соли 1969 дар заминаи се муассисаи илмӣ - Пойгоҳи биологии Помир, Боғи набототи Помир ва Бунгоҳи таҳқиқотии Ишкошим Институти биологии Помир ташкил карда шуд, ки ҳоло номи академик Худоёр Юсуфбековро дорад. Дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ташкилотчигии Х. Юсуфбеков ба назар гирифта, ӯро соли 1968 узви вобаста ва соли 1976 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  интихоб намуданд. Ӯ ҳамчун директор сохтори Институти биологии Помирро мувофиқи талаботи замон  муайян намуда,  ғайр аз  самтҳои  пештара  корҳои  илмиро  дар соҳаи  генетика ва селексияи растанӣ, зоология, ҳифзи муҳити зист, гуногуннамудии биологии олами ҳайвонот  ва рушди мевапарварӣ оғоз намуд.  Барои рушди минбаъдаи заминаи илмӣ, ҳудуди Боғи набототи Помир аз ҳисоби заминҳои ғайрикорами  гирду атроф иловатан ба андозаи  600 гектар васеъ  карда шуда ба ҳудуди боз 19 га заминҳои обёришаванда ҳамроҳ карда шуданд. Дар ноҳияи Дарвоз бунгоҳи нави таҳқиқотӣ доир ба омӯзиши интродуксия ва акклиматизатсияи  растаниҳои субтропикӣ ва ситрусӣ дар майдони 8 гектар  ташкил карда шуд.

    Лозим ба тазаккур аст, ки Х. Юсуфбеков ҳамчун олими шинохтаи соҳаи растанипарварӣ дар омӯзиши хусусиятҳои биологии растаниҳои хӯроки чорво саҳми бориз гузошта, инчунин дар пешбурди корҳои ободонии боғи наботот, беҳтар намудани парвариши коллексия низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст.

   Азбаски коллексияи нодири Боғи набототи Помир аз беобӣ танқисӣ мекашид, сохтмони шабакаи обкаши пуриқтидор масъалаи ҳалталаб буд, соли 1972 сохтмони шабакаи обкаш ба охир расид, ки он оби дарёи Шоҳдараро ба баландии 180 м бардошта ҳудуди боғро аз об таъмин намуд. Ин барои зиёд намудани ҳудуди обёришавандаи боғ ва се маротиба зиёд намудани коллексияи нодири он шароити хуб фароҳам овард.

   Худоёр Юсуфбеков аз соли 1965 то соли 1981 директори илмии Боғи набототи Помир буд. Ӯ нахустин маротиба нақшаи кулли азнавсозӣ ва рушди Боғи набототи Помирро бо истифода аз усулҳои муосири интродуксияи растаниҳо, яъне ба шароити маҳал мутобиқ гардонидан коркард намуда, онро дар Шӯрои  илмии боғҳои набототи Осиёи  Миёна тасдиқ кард. Ин имконият дод, ки минбаъд ҷобаҷокунонии коллексияи нодири боғ бо назардошти хусусиятҳои биоэкологии ҳар як намуди растанӣ амалӣ карда шавад. Дар ҳудуди боғ шуъбаҳои нави наботот ташкил ёфта, теъдоди коллексияи боғ қариб ба чор ҳазор намуд ва зернамуди растаниҳои яксолаю бисёрсолаи растаниҳои алафӣ, буттаҳою нимбуттаҳо дарахтони мевадору сояафкан ва ҳамешасабз расонида шуд.

   Моҳи майи соли 1981 Худоёр Юсуфбеков ректори Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) таъин гардид. Дар ин вазифа ӯ қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорати кории баланд зоҳир намуда, ба беҳтар намудани корҳои таълиму тарбияи донишҷӯён бо ғайрати дучанд машғул шуд.

   Моҳи майи соли 1986 Худоёр Юсуфбеков ба вазифаи академик- котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ фаъолияти шуъбаи номбаршударо тадриҷан ба талаботи замон мувофиқ намуда, барои баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мустаҳкам кардани таъминоти моддӣ-техникии институтҳо тадбирҳои мушаххас андешид. Ӯ барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои  илмии олимон доимо мусоидат  мекард.

   Академик Худоёр Юсуфбеков ҳамчун ходими ҷамъиятӣ  хеле фаъол буд. Ӯро  се маротиба депутати Шӯрои халқии вакилони  ноҳияи Мурғоб ва ВМКБ, аъзои  узви вилоятии КМ ҲК  Тоҷикистон интихоб намуданд. Ӯ дар кори шӯроҳои илмӣ, ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ, аз ҷумла аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии Шуъбаи биологияи умумии АИ ИҶШС, шуъбаҳои илмии Боғҳои ботаникии ИҶШС ва Осиёи  Миёна  ва дигар иттиҳодияҳои  илмӣ фаъолона иштирок менамуд. Барои хизматҳои  бисёрсола дар рушди илми биология,  академик Худоёр Юсуфбеков  бо  якчанд ордену медалҳо, инчунин унвони фахрии «Ходими хизматнишондодаи  илми РСС  Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

   Қобили қайд аст, ки натиҷаи таҳқиқотҳои бисёрсолаи академик Худоёр Юсуфбеков дар соҳаи растанипарварӣ, баланд бардоштани  маҳсулнокии чарогоҳҳои баландкӯҳ, усулҳои барқароркунии  чарогоҳҳои харобгашта, коркарди технологияи растаниҳои алафии  яксолаю бисёрсола ҳоло ҳам арзиши баланди  илмӣ ва амалӣ дошта  дастури муфид барои олимони  соҳа  мебошанд.

    Ҳамин тариқ, дар бораи шахсияти барҷастаи илми биологияи тоҷик метавон суханҳои зиёде гуфт. Аммо, нақши академик Х. Юсуфбеков дар рушди илм, таҳқиқоти гуногунамудии биологии набототи Помир ва соҳаи рустанипарварию самаранок мавриди истифода қарор додани чарогоҳ ва заминҳои бекорхобидаю лалмии ин манотиқи баландкӯҳ коркарди навъҳои мухталифи растаниҳои шифобахшу парвариши дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда басо назаррас аст.

   Агар умр вафо мекард, шодравон Худоёр Юсуфбеков соли равон ба синни мубораки 90-солагӣ қадам мегузошт ва ҷашни мавлудашро дар ҳалқаи пайвандон, шогирдон таҷлил менамуд. Ҳарчанд, ки имрӯз устод дар миёни мо нестанд, аммо ёди некашон дар дилу дидаҳои мову наслҳои имрӯза ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ком ҷуст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.

  

                                                                             Абдусаттор САИДОВ,

                                                          ноиби  президенти  Академияи

                                                     илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

                                                           Оғоназар АҚНАЗАРОВ, академик Қувватбек ОДИЛБЕКОВ,        

                                                                               номзади илмҳои биология

             

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан