joomla
free templates joomla

Кашфи ду минерол дар Академияи илмҳо

    Дар доираи ҳамкорӣ бо Осорхонаи минерологии ба номи А.Е.Ферсмани Академияи илмҳои Русия олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ ду минерали навро таҳти унвонҳои “Фалғарит” ва “Бадахшонид” кашф намуданд.

     Тибқи маълумоте, ки ходими илмии Институти мазкур Манучеҳр Шодибеков барои мо пешниҳод намуданд, минероли “Фалғарит” дар мавзеи Куҳи Малики соҳили рости дарёи Яғноб ошкор шудааст. Минероли “Бадахшонид” – ро бошад, олимон дар натиҷаи корҳои муштараки илмӣ – тадқиқотии саҳроӣ дар қисмати шарқии ноҳияи Мурғоби ВМКБ кашф карданд.

1.130.jpg - 123.56 KB

     Номгузории минеролҳои нав ба макони ҷойгиршавии онҳо алоқа дошта, бо дар назардошти маҳали ошкоршавии минеролҳои нав номгузорӣ шудаанд. Масалан, “Фалғарит” мансуб аз Фалғар, ки бо ин ном ноҳияи Айниро фаҳм мекунем ва маҳз дар ҳамин мавзеъ минерол ҷойгир шудааст. “Бадахшонид” мансуб ба Бадахшон аст, ки бо сабаби дар ин минтақа ҷойгиршавии минероли мазкур онро чунин номгузорӣ кардаанд.

     Дар кашф гардидани минероли “Фалғарит” олимони зерин пажуҳиш намудаанд: Л.А.Паутов, М.А.Мираков, О.И.Сидра, Е.В.Назарчук, А.Р.Фийзиев, В.Я.Карпенко ва дар таҳқиқи минероли “Бадахшонид”  бошад, инҳо саҳм гузоштанд: Л.А.Паутов, М.А.Мираков, К.А.Фернандо, Е.Соколова, С.Х.Франк, М.А.Шодибеков ва В.Я.Карпенко, яъне олимони мутазаккир аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ ва Осорхонаи минерологии ба номи А.Е.Ферсмани АИР намояндагӣ мекунанд.

     Аммо новобаста аз усули пажуҳиш ва дастрасии олимон ба технологияҳои муосир минеролҳои мазкур дар озмоишгоҳҳои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ мавради баррасӣ қарор гирифта, то ҳадди кашфшавӣ таҳқиқ шудааст.

1.131.jpg - 108.93 KB

     Мутобиқ ба маълумоти Манучеҳр Шодибеков, ки олими ҷавон асту ояндаи нек ӯро интизор, дастгоҳҳои озмоишию рентгенӣ ва заррабинҳои электронӣ барои кашфиёти уламо саҳмгузор мебошанд. Ба ибораи дигар, технологияҳои нави инноватсионӣ ва таҷҳизоти муосир имкони кашфиёти илмиро ба вуҷуд оварда, боиси рушди илми тоҷик мегарданд.

     Узви вобастаи АИ ҶТ, мудири озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Абдулҳақ Файзиев, ки дар кашфи минеролҳои нав ширкат намудааст, ҳангоми суҳбат иқрор кард, ки минеролҳои нав аз рушди илмҳои дақиқ дар кишвар шаҳодат медиҳанд.

1.132.jpg - 114.08 KB

     Комиссияи марбут ба минеролҳои нав ва таснифоти Ассотсиатсияи байналмилалии минерологҳо ду минероли ба тозагӣ кашфгардидаро  18 – уми сентябр ва 8 – уми октябри соли равон тасдиқ намудааст.

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан