joomla
free templates joomla

Истиқбол аз хушнавис ва шоири ширинкалом

    26 - уми октябри соли 2018, соати 10:00 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ ҷиҳати истиқбол аз150 - солагии зодрӯзи шоир ва хушнависи машҳур Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ баргузор гардид.

    Ҳамоишро ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, узви вобаста Муҳамад Абдураҳмон Наврӯз ифтитоҳ намуд. 
Дар ин конференсияи илмӣ уламои адаб ва муҳаққиқони хат ва масъулини муассисоти давлатӣ ширкат варзида, дар базм бахшида ба ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҳамоҳангӣ намуданд. 

1.122.jpg - 85.03 KB
Ҷамоллиддин Саидзода, Низом Қосим, Муҳаммад Абдураҳмон,Сайфиддин Назарзода, Амирхуҷа Абдураҳмон ва дигарон дар таҳқиқи шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайн маърӯзаҳо намуданд.
   Ҳамчунин, қироати намунаҳо аз ашъори шоир аз сӯи шоирон базми бахшида ба хушнависии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро боз ҳам гиромитар ҷилвагар сохт.
Ҳамакнун, маълумотномаеро аз сомонаи КМТ барои мутолеакунандагон пешниҳод менамоем:

   Ў соли 1868 дар деҳаи Қарақамиши Кангурти ноҳияи Темурмалик чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Шоир таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас барои сайқали дониш ва касбу ҳунар ба Бухоро сафар намуда, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашидӣ таҳсили илм намудааст. Ў дар баробари аз худ намудани улуми расмии замонааш инчунин ҳунарҳои гуногуни нафиса, амсоли хушнависӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва муҳрканиро меомўзад. Баъд аз сафарҳои тулонӣ ва касби илму дониш дар Миср, Фаронса ва Арабистон ба зодгоҳаш деҳаи Кангурт баргашта, дар он ҷо ба касби мударрисӣ машғул мешавад. Аз Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайн осоре чун манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб-ул-ахбор фи табақот-ис-салотин», маснавии «Комде ва Мадан» ва рисолаи «Ашколи хутути исломия» боқӣ мондааст. Ҳоҷӣ дар миёни солҳои 1917-1922 вафот намуда, оромгоҳи ӯ дар зодгоҳаш то ҳол побарҷост.

1.123.jpg - 129.59 KB

   Фардо, 27.10.2018 истиқбол аз зодрӯзи Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ноҳияи Темурмалик давом меёбад...

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан