joomla
free templates joomla

ИН МАСТИИ МАН ЗИ БОДАИ ХУМРО НЕСТ

 

1.104.jpg - 93.49 KB

Бахшида ба  Рӯзи Мавлоно, ки  ҳар  сол 30 сентябр дар  саросари кишвари азизамон таҷлил мегардад.

    Бузургдошт ва  назари амиқ  намудан ба  таърих ва  фарҳангу адабиёти  ғании  ниёкон яке  аз  падидаҳои  нодиртарини  Истиқлолияти  давлатӣ ба  шумор  меравад. Махсусан  баргузор  намудани  ҳамоишҳои  илмӣ дар самти шинохти шахсиятҳои варзидаи миллат аз ҷумлаи  амалҳои  неки  даврони  Истиқлолият аст. Маҳз таҷлили  РӮзи  Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки ҳар  сол   дар   таърихи  30 сентябр дар қаламрави Тоҷикистон баргузор  мегардад, боз як  бор моро ба сӮи баҳри маънии шеъри Мавлоно  мебарад. Шеъре, ки моро  ба  таҳаммулпазирӣ, ваҳдату  ягонагӣ ва инсондӮстиву олиҳимматӣ даъват  мекунад бе восита  шеъри Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аст.

   Мероси илмию адабии донишмандон ва мутафаккирони гузаштаи мо то кунун арзишҳои волои худро нигоҳ дошта, мутобиқи талаботи давру замон зарурати пурра баррасӣ намудани онҳо пеш омадааст, зеро шинохти шахсиятҳои бузург ва омӯзишу таҳқиқи осори онҳо дар эҳёи анъана ва суннатҳои ниёгон, худшиносиву худогоҳии мардум, инчунин боло рафтани сатҳу сифати омӯзишу таълиму тарбия нақши муҳиму калидӣ хоҳад гузошт.

   Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммади Балхӣ (1207-1273) шоир ва  орифи   машҳури тоҷику мебошад.  «Мавлоно» ё   Мавлои мо» тахаллуси Ӯ мебошад. Ӯ дар  Балх (яке аз вилоятҳои  шимоли Афғонистони  ҳозира) дар  оилаи шахси  фозил Муҳаммад  ибни  Ҳусайн  Хатиби  Балхӣ (1148-1231) ба  дунё  омадааст. Падари  Мавлоно  аз  зумраи  фақеҳон  ва  олимони  машҳури замонаш  будааст,  дар баробари фақеҳи машҳури давлати  Хоразмшоҳиён буданаш  аз  ақидаҳои  аҳли  ирфон махсусан таълимоти Шайх Наҷмуддини  Кубро(11451221) огоҳ будааст. Ӯро «Султон-ул-уламо» низ  номидаанд.  Дар шаш  солагӣ ваба  қавле  дар   чаҳордаҳсолагии  Мавлоно  падараш  ё аз   ранҷиши  хотир  аз Хоразмшоҳ  ва  ё   аз  хавфи  истилогарони  муғул  шаҳри  Балхро   тарк  мекунад. Дар   роҳ  дар  Нишопур  бо  Фаридуддини  Аттор  вомехӮрад  ва   Аттор китоби «Асрорнома»- и худро  ба Мавлавии ҷавон  ҳадя   карда   ба  падараш   мегӮяд: «Зуд бошад,  ки   ин  писари  ту, оташ  дар  сӮхтагони олам  занад».

   Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳз бо «Маснавии маънавӣ» дар адабиёту фарҳанги гузаштаи мо нақши босазое гузошт.Таъсири он ба адабиёти хурду бузурги дунё назаррас аст. Ба эҷоди асар соли 1225 шурӮъ намуда, дар тӮли 10 сол онро эҷод кард. Асар аз 26500 байт иборат аст. Он мисли достонҳои маъмули адабиёти пешин дорои ҳикоятҳои  гуногун  дар  мавзӮъҳои мухталиф навишта шудааст. Метавон  гуфт,  ки дар  осори  Мавлоно  ба вижа дар «Маснавии  маънавӣ» мо дучори масъалаҳое мешавем, ки воқеан  дар  ҳар  давру  замон,  аз  ҷумлаи  масъалаҳои  бунёдианд  ва  дар  ҳеҷ  вақт  қуҳна намешаванд. Масалан,  Ӯ  ба  ибрози   масъалаҳое  ба  монанди  дӮстӣ,  ишқу  имон, ихтилофҳо, рафъи  ихтилофҳо,  масъалаи  тарбият  ва  ғайра   мепардозад,  ки   дар   ҳар   давру  замон  ҳамқадами  инсоният  буданд  ва  мебошанд. Осори  гаронбаҳои  Мавлоно Румӣ  саршор  аз  меҳру  муҳаббат,  ваҳдату  дӮстӣ, адолати  иҷтимоӣ  ва  гуманизм  аст. Вале  имрӮз  бисёр  нуктаҳои  осори  Ӯ кашф  нашудааст.

    Дигар   ин  ки  масъалаҳои бунёдии ҷомеа дар  ҳар  давру  замон  аз  ҷумлаи  масъалаҳои  мубрам  ва   асосии  ҷомеа  ба  шумор  мераванд.  Яке  аз  вижагиҳои  осори  Мавлоно  он  аст,  ки  вай  ба  дилҳои  тамоми  инсонҳо,  новобаста  ба  он  ки   онҳо  ба   кадом  оину   дин  таалуқ доранд маъво  гирифтааст. Чунки  ашъори  пур  аз  меҳру  муҳаббат  ва  самимияти  Ӯ саршор  аз  дӮстиву   рафоқат   ва  даъват  ба  сулҳу  маваддат  буд:

«Баъзе  аз  абёти  Ӯ  забон ба забон  мегашт ва  дар  сиҳати  назарот  ва  тасмимгириҳо  нақши  таъйинкунанда  дошт. Маҳатмагандӣ падари бузурги Ҳинд,  муборизи роҳи озодӣ Ҳиндустон,  ки  фалсафаи  адами хушунатро дар маниш ва  куниши  худ татбиқ намуд,  модом ин  байтро дар  мавриди  мухталифи  зиндагии худ  такрор   мекард ва   сахт  бар  он  таваҷҷуҳ дошт:

Мо барои васл  кардан  омадем,

Не барои фасл кардан омадем.[1]

    Албатта  барои  ҷавоб  ба  ин  саволҳо дар  хотири  мо он ҳикояҳои  Маснавӣ меояд,  ки  мисли  афсона  аз насл ба  насли  мо  гузаштааст. Аз  ин рӮ,  моро  лозим  аст, ки ба  ин  ганҷинаи  маърифати  мутафаккирони  худ  бо  диди нав  бо  назари воқеъгароёна  назар  андозем. Мо  бояд  ба  назари  илмӣ ва таҳлилӣ  назар  андозем, то ин  ганҷинаро  дар  зиндагии воқеиямон  корбурд карда  тавонем.

   Ба  ақидаи  Мавлоно, нисбат  ба  ҳақиқати мутлақ  ақли  башарӣ  ва  идроки  он  маҳдуд аст. Аз ин рӮ, одамӣ  наметавонад ҳақиқатро  чи  тавре  ҳаст, ҳамон  тавр бишносад, аз  ин  рӮ  ихтилофҳо амре  табиӣ мегарданд:

Аз назар гаҳ гуфташон шуд мухталиф,

Он яке долаш  лақаб дод, ин алиф,

Дар кафи ҳар касс  агар шамъе будӣ,

Ихтилоф аз гуфташон берун шудӣ.

         Девони Ҷалолиддини Балхиро ва беш аз 50 ҳазор байтро дар бар мегирад. Ӯ дар ғазалҳояш ишқи инсон, дарду ғами инсон ва бузургии инсонро ситоиш кардааст. Ҷалолиддини Балхӣ инсонҳоро ба якдигар баробар, бародар медонист. МавзӮъҳои ғазалиёти Мавлоно хеле рангинанд. Ишқу муҳаббати илоҳӣ ва заминӣ, яъне ишқи поки инсонӣ ҳамсадои дили пуртуғёну меҳрангези ин ошиқу ин ориф будааст. Чуноне дар ин ғазалаш меорад:

 

Эй ошиқон, эй ошиқон, ман хокро гавҳар кунам.

Эй мутрибон, эй мутрибон, даффи шумо пурзар кунам.

Эй ташнагон, эй ташнагон, имрӮз саршор кунам,

В-ин хокдони хушкро ҷаннат кунам, Кавсар кунам.

Эй бекасон, эй бекасон, ҷоъал-фараҷ, ҷоъал-фараҷ,

Ҳар хастаи ғамдидаро султон кунам, Санҷар кунам.

 

    Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ аз ҷумлаи шоир ва  мутафаккирони маъруфи тоҷик аст. Осори Ӯ ба забонҳои  гуногуни дунё тарҷума ва нашр гардидаанд ва аз ҷумлаи хонотарин  китобҳои дунё  ба шумор  мераванд. Чунки Мавлоно  ба  дили  инсонҳо роҳ  ёют,а  афкори ҳамдигарфаҳмӣ ва  дӮстиву  маваддатро  сурудааст. Ӯ ошиқи  ишқи пок ва  масти  шароби  ноб  аст, на  шароби сурх, балки  шароби  маърифат ва нобе, ки  оламу  одамро дигаргун мекунад, мебошад. Чуноне дар  рубоии зерин  мегӮяд:

Ин мастии ман зи бодаи хумро нест,

Ин бода ба ҷуз дар қадаҳи савдо нест.

Ту омадаӣ, ки бодаӣ ман резӣ?

Ман он мастам, ки бодаам пайдо нест.

 

Нусратулло ЗОКИРОВ

Котиби илмии Институти

 фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ,

номзади илмҳои фалсафа

 

 



[1] Ҳошимӣ Аюб. Тарҳи  дидгоҳи  муштараке  аз Мавлавӣ ва Иқбол. http://hablolmatin.dmsonnat.ir/

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан