joomla
free templates joomla

Шеъри Рӯдакӣ: тасҳеҳ ва таҳқиқ

    Алъон дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва истиқбол аз қофиласолори шеъру ҳикмати аҷдодӣ бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи  Рӯдакии АИ ҶТ дар мавзӯи "Шеъри Рӯдакӣ: тасҳеҳ, дарк ва таҳқиқ" Конференсияи илмӣ баргузор гардид. 

1.99.jpg - 108.67 KB
   Конференсияро ноиби президенти АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшида, дар ҷараёни суханронии хеш қайд намуд, ки илми адаби тоҷикро муҳаққиқон бо исми Рӯдакӣ ифтитоҳ намудаанд.
Дар нишасти мазкур ҷиҳати баррасӣ ва таҳқиқи шеъри Рӯдакӣ ҷомеашиносон, адабиётшиносон ва шоирону масъулини муассисаҳои давлатии кишвар музокира намуданд.
   Шоирон Рустами Ваҳҳоб ва Аскар Ҳаким, адабиётшиносон Абдунабӣ Сатторзода ва Сахидод Раҳматуллозода, корманди шуъбаи илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, рӯзноманигор Абдуқодири Рустам ва дигарон ба баррасии шеър, муҳит ва ҳикмати Рӯдакӣ пардохтанд. 
1.97.jpg - 117.80 KB

   Ҷоиз ба тазаккур аст, ки илми адаби мо, тоҷикон 1200 сол муқаддам бо забоне ифшо шудааст, ки дар замони муосир ҳамаи ҳамзабонон новобаста аз сатҳи донишу мафкураашон муҳтавои онро дарк мекунанд, яъне дар давоми 1200 сол забони мо аз ҷониби соҳибонаш ба он ҳадд тағйир нахӯрдааст, ки имрӯз мо мероси илмиву адабии ниёконро бар василаи луғат таҳқиқ намоем. Ин чунин ҳамоҳангии имрӯзу дирӯзи тоҷикон ба шарофати он арбобҳои лоязолии илму адабест, ки саромади онҳоро устод Рӯдакӣ ташкил мекунад. Аз ин хотир, Рӯзи Рӯдакӣ барои Рӯдакӣ нест, балки барои мову шумост, ки устод шеъри оламгиреро бароямон ба мерос гузоштааст ва таҳқиқи он назми ҷаҳонгир моро аз ҷаҳлу торикӣ наҷот  медиҳад.
    Шоир Аскар Ҳаким ҳангоми таҳқиқи назокати шеър иқрор кард, ки феълан дар садаи бистуяк ҳеҷ тоҷике нест, ки аз ашъори безаволи Рӯдакӣ чандин байту рубоиро надонад, яъне шеъри Рӯдакиро мардумон дар лавҳи хотиршон ҳифз намудаанд, ки аз сермутолиа будани осори устоди шеъру адаб гувоҳӣ медиҳад.
Барои кулли ҳаммеҳанон Рӯзи Рӯдакӣ фархунда бод!

1.98.jpg - 131.81 KB

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан