joomla
free templates joomla

Институти иқтисодиёт ва демография

734025, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Айнӣ, 44,

т. (99237) 221-67-50)

    Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИваД) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.02.2011 №33 таъсис дода шудаастДар Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар соли 2020 ҳамагӣ 105 нафар корманд фаъолият мекунанд. Аз шумораи умумии кормандони илмӣ 79 нафарро кормандони илмии бастӣ (2 нафар академики АИ ҶТ, 2 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 6 нафар доктори илм, 23 нафар номзади илм, 46 нафар кормандони бе дараҷаҳои илмӣ) ва 26 нафарро кормандони илмии ҳамкор (4 нафар доктори илм, 17 нафар номзади илм ва 9 нафар кормандони бе дараҷаҳои илмӣ) ташкил медиҳанд.

   Дар ИИваД дар баробари дигар сохторҳо 6 шуъба бо бахшҳои дахлдор фаъолият мекунанд:

  1. Шуъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ

– Бахши назарияи иқтисодӣ

– Бахши омори иқтисодӣ ва усулҳои инструменталии таҳқиқот

– Бахши таърихи иқтисодӣ ва афкори иқтисодӣ

  1. Шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти воқеӣ

– Бахши иқтисодиёти саноат

– Бахши комплекси агросаноатӣ

  1. Шуъбаи таҳқиқоти фаъолияти берунии иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои интегратсионӣ

  – Бахши иқтисодиёти рақамӣ

  1. Шуъбаи таҳқиқотҳои институтсионалӣ ва иқтисодиёти бахши иҷтимоӣ

– Бахши таҳқиқоти институтсионалӣ ва иқтисодиёти бахши иҷтимоӣ

– Бахши иқтисодиёти минтақаҳо

  1. Шуъбаи таҳқиқотҳои минтақавӣ ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда

– Бахши иқтисодиёти нақлиёт

– Бахши иқтисодиёти истифодаи захираҳои табиат

– Бахши кластерикунонии иқтисодиёти миллӣ

  1. Шуъбаи демография

– Бахши муҳоҷирати аҳолӣ

– Бахши рушди инсон

– Бахши демографияи оила

   ИИваД АИ ҶТ ҳамчун маркази илмӣ барои мутаммарказ гардонидани нерӯи илмии ҷумҳурӣ оид ба ҳалли мушкилоти фарогири рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, таҳкими ҳамгироии илми иқтисодӣ ва талаботи соҳаҳои иктисодиёт ва тайёр намудани олимони баландихтисоси ватанӣ дар соҳаи илми иқтисодӣ амал мекунад. Муайян намудани асосҳои илмии дурнамои рушди фарогир ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон дар маркази пажӯҳишҳои илмии  Институт қарор дорад.  Кормандони илмии Институт дар таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 иштироки фаъол намудааст.

   ИИваД АИ ҶТ ягона муассисаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ба масъалаҳои назариявию методологии рушди илмҳои иқтисодӣ, таърих, назария ва ислоҳоти бозорӣ  машғул аст. Дар назди Институт семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ амал мекунад, ки кафедраҳои назарияи иқтисодии муассисаҳои илмии кишвар аз зумраи иштирокчиёнаш ба ҳисоб мераванд.

   ИИваД АИ ҶТ ҳамкорӣ ва робитаҳои илмии худро бо Институтҳои академии Руссия, Хитой, Олмон, Литва, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, ва дигар давлатҳо ба роҳ мондааст.

   ИИваД АИ ҶТ муассиси маҷаллаи илмии иқтисодии «Иқтисодиёти Тоҷикистон», ки дар феҳрасти маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ФР ва КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, мебошад. Маҷаллаи илмии номбурда дар қаламравии мамлакат ягона  маҷаллаи илмӣ мебошад, ки доир ба муаммоҳои илмии иқтисодиёти мамлакат ва роҳхои ҳаллӣ он, натиҷаҳои татқиқоту таҳлилҳои бунёдиву амалии  мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷи мунтазам нашр мешавад. Институт ба ҳайси ҳамоҳангсози гурӯҳи «илмҳои иқтисодӣ» дар маҷаллаҳои «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҳисоботҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият мебарад.

   Дар Институт 52 аспирант, аз онҳо 18 нафар дар бахши рӯзона ва 34 нафар дар бахши ғоибона тадқиқоти илмӣ мебаранд. Ҳамзамон, дар Институт 41 нафар унвонҷӯён (номзади илм), 10 нафар унвонҷӯён (докторони илм) таҳсил менамоянд. Дар зинаи магистратура бошад 66 нафар  таҳсил менамоянд. Ҳамаи аспирантон ва магистрҳо ба шуъбаҳои илмии Институт вобаста карда шудаанд. Мавзӯъҳои илмии корҳои дипломии магистрантон ва мавзӯъҳои корҳои диссертатсионии аспирантҳо бо лоиҳаҳои илмии Институт мутобиқат намуда, аз қайди давлатии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд.

   Дар Институт Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои: иқтисодиёти меҳнат; амнияти иқтисодӣ; иқтисодиёти аҳолӣ ва демография; ташкили истеҳсолот (аз рӯи соҳа); идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ фаъолият мекунад.

   Дар давоми 50 сол Институт ҳамчун маркази илмии мамлакат дар тайёр намудани олимон – кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ пазируфта шудааст.

   Дар давоми 5 соли охир аз тарафи ходимони илмии Институт зиёда аз 60 монографияҳои илмӣ ва 300 мақолаҳо дар маҷаллаҳо, ки ба рӯйхати нашрияҳои илмӣ дохил гардидаанд нашр шудаанд.