joomla

09:22, 16th September 2019
Сентябр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
free templates joomla

Маркази илмии Хуҷанд

735777, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Сирдарё, 26,

т. (9923422) 5-78-16

Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 ба мақсади ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии илмҳои табиӣ, ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ, ки дар вилояти Суғд дар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ  гузаро-нида мешавад,  гузаронидани корҳои тадқиқоти хусусияти амалидошта, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди маънавиёт нигаронида шудаанд, таъсис дода шудааст.

Ташкилкунанда ва аввалин Раиси Маркази илмии Хуҷанд полеантологи шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои геологӣ, академики АИ ҶТ М.Р.  Ҷалилов мебошад. Академик М.Р. Ҷалилов ба Маркази илмии Хуҷанд аз рӯзи ташкилёбӣ то соли 1994 роҳбарӣ кардааст. Солҳои 1994 то 2004 ба Маркази илмии Хуҷанд доктори илми химия, узви вобастаи АИ ҶТ профес-сор С.Каримов роҳбарӣ намудааст. Минбаъд солҳои 2004 то 2010 ба Маркази илмӣ доктори илмҳои филологӣ, академики АИ ҶТ Н.Ю. Салимов роҳбарӣ кардааст.  Аз соли 2010 инҷониб Раиси Маркази илмӣ ба зиммаи доктори илмҳои физикаю математика, профессор А.Абдуман-нонов вогузошта шудааст.   

Маркази илмии Хуҷанд аз воҳидҳои зерини илмӣ иборат аст: озмоишглҳи физика, озмоишгоҳи биологияи умумӣ ва биотехнология, гурӯҳи интро-дуксияи растаниҳо ва гурӯҳи таҳқиқоти филологӣ. 

Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии Марказ инҳо мебошанд:

- хосиятҳои мустаҳкамии маводи полимерӣ ва маводи дигари композитсионӣ;

- хатҳои инбредии пунбадона ва раванди селексионӣ;

- интродуксия ва ғанигардонии навъҳои растаниҳо;

- таърих ва фарҳанги Тоҷикистон;

- мероси адабии Тоҷикистон. 

Натиҷаҳои асосии  таҳқикоти илмии кормандони марказ инҳо мебошанд:

- маълумотҳои нав оид ба таъсири нурборон, ҳарорат, намнокӣ, шароити сохторҳосилшавӣ ба мустаҳкамии композитҳои полимерӣ ба даст оварда шудаанд;

- системаи муодилаҳои гидродина-мика барои зичии миқдори зарраҳо, бақои импулси энергия, ҳамчунин барои таснифи таҳаввулоти микро-параметрҳо сохта шудаанд;

- шаш навъи пахтаи миёнанах ва нозукнах парвариш карда шуда, ба навъсанҷии давлатӣ супурда шуданд;

- оид ба таърихи этникӣ, ҷойгиршавӣ ва шуғл, маишат ва фарҳанги тоҷикони водии Фарғона маълумоти нав ба даст оварда шуданд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии марказ дар 350 кори илмӣ, аз ҷумла 40 монография, китоб ва брошюра ба нашр расонида шудаанд.

Аз ҳисоби кормандон ва унвонҷӯёни марказ аз соли 1992 то айни замон 18 рисолаи номзадӣ ва 7 рисолаи докторӣ дифоъ карда шудаанд.

Дар айни замон дар марказ 6 доктори илм, аз ҷумлаи онҳо 1 узви вобастаи АИ ҶТ ва 12 номзади илм фаъолият менамоянд.