joomla
free templates joomla

Табъу нашр

   Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба фаъолияти ноширӣ, аз ҷумла интишори нашрияҳои расмии даврӣ, нашри бевоситаи рисолаву дастнависҳои хаттӣ, мубодилаи нашрияҳо бо институтҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, китобхонаву осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ машғул шаванд.

Академияи миллии илмҳо нашрияҳои расмии илмии даврӣ ба табъ мерасонад. Муассисаҳои илмие, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, метавонанд бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар нашрияҳои давриро ҳам ба табъ расонанд. Масалан, ҳамаи муассисаҳои илмии зертобеъи АМИТ маҷалаҳои илмӣ доранд, ки дар натиҷаи назорати густурда нашр мешаванд.
   Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он нашриётҳои худро дошта, нашрияҳои илмӣ ба табъ мерасонанд. Академияи миллии илмҳо ва институтҳои илмию таҳқиқотии он метавонанд озодона маводи нашриявии худро ба фурӯш бароранд ва ҳадя намоянд.
Академияи миллии илмҳо бойгонии махсусро барои аъзои Академияи миллии илмҳо таъсис медиҳад, ки дар он нусхаҳои дипломҳо, мукофотҳо, дастовардҳо, ихтироот ва дигар натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии онҳо нигаҳдорӣ карда мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки маҷаллаҳо, марказҳои табъу нашри маводи илмӣ дар АМИТ роҳандозӣ мешавад. Олимон ҷиҳати нашр намудани монографияҳои илмӣ ба ҶММ "Дониш" муроҷиат намуда, дар ин самт мушкиле надоранд.
   Маҷаллаҳои дар муассисоти илмӣ чопшаванда ба талаботи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ҷавобгӯ буда, эътибори онҳоро соҳиб мебошанд.