joomla

12:13, 20th August 2019
Август 2019
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
free templates joomla

Муассисаи илмии “Хадамоти геофизикӣ”

734025, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи  Шевченко, 59,

т. (99237) 227-91-61

Ба қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 феврали соли 2008, №8 Хадамоти геофизикии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Роҳбари Хадамоти геофизикӣ академик С.Ҳ.Неъматул-лоев таъйин гардид.

Мақсади асосии Хадамоти гео-физикӣ гузаронидани мушоҳидаҳои бефосилаи сейсмологӣ, геодинамикӣ, геодезӣ ва навъҳои дигари мушоҳида, ҷамъоварӣ ва ба ҳамаи ташкилотҳои манфиатдор зуд расонидани иттилооти сейсмологӣ оид ба заминҷунбиҳое, ки дар марзи Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд рух медиҳанд, дохил шудани Хадамоти геофизики Тоҷикистон ба Шабакаи глобалии байналмилалӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландих-тисос дар соҳаи сейсмология мебошад.

Ғайр аз ин, ба сабаби ба имзо расидани Шартнома оид ба минтақаи бе ядро дар Осиёи Марказӣ Хадамоти геофизикӣ бояд дар кори назорати полигонҳои ядроии давлатҳои ҳамсоя иштирок намояд ва ба таври фаврӣ оид ба озмоишҳои гузаронидашуда ташки-лот ва муассисаҳои дахлдорро барои саривақт гузаронидани корҳо оид ба мониторинги радиатсионӣ хабардор намояд.

Хадамоти геофизикӣ рушди корҳоро оид ба самтҳои зерин таъмин менамояд: таъсиси системаи маҳаллии мушоҳидаҳо барои гузаронидани кор-ҳои ҷузъӣ дар минтақаҳои зилзилахез, ки ба сохтмони НБО ва объектҳои бузурги саноатӣ алоқаманданд; гуза-ронидани навъҳои бефосила ва навъҳои дигари мушоҳидаҳо дар марзи Тоҷикистон; тартиб додани феҳрист-ҳои заминҷунбиҳо; ҷамъоварӣ ва ҳифз кардани иттилооти геофизикӣ; хабар-дор кардани мақомоти дахлдор оид ба ҳодисаҳои сейсмологии рухдода.

Бо дастгирии Идораи шветсариягӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ корҳои Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «РМР International» аз рӯйи лоиҳаи «Бар-қарорсозии шабакаи мониторинги сейсмикӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд. Ҳукумати Шветсария тавассути ин Идора дастрас ва насб намудани пойгоҳҳои зилзиласанҷии рақамии васеънаворро бо алоқаи радифӣ (спутникӣ) маблағгузорӣ намуд. Ин пойгоҳҳои нав тибқи шартнома бо ҶСК «Барқи Тоҷик» тавре ҷойгир карда шуданд, ки тамоми ноҳияҳои дар онҳо НБО сохташаванда ё лоиҳакашишавандаро фаро гирифта тавонанд.

Бо дастгирии мутахассисони шир-кати канадагии «Nanometrics» (Девид Риийки Мур) ва Институти федералии геофизики Шветсария (Питер Свайфел) шабакаи пойгоҳҳои зилзиласанҷии рақамии васеънавор насб карда шу-данд. Кормандони «РМР International» омӯзиши махсусро барои кор дар ин пойгоҳҳо дар хориҷа гузарониданд. 

Шабакаи пойгоҳхои зилзиласанҷии рақамии васеънавор дар марзи Тоҷикистон дар ҳолати то соли 2011

 

Шабакаҳо аз ҳафт пойгоҳи зилзиласанҷии рақамӣ бо алоқаи радифӣ таъсисдодашуда замина барои таъсис додани шабакаҳои маҳаллӣ дар ноҳияи сохтмони НБО-и Роғун ва НБО-ҳои дигар (НБО-и Даштиҷум, силсилаи НБО-и Зарафшон), ҳамчунин барои гузаронидани мониторинги сейсмологӣ ва табодули маълумоти сейсмикӣ бо Марказҳои сейсмологии давлатҳои ҳамсоя мебошад. 

Дастгоҳ бо системаи радифии алоқа дар пойгоҳи зилзиласанҷии «Шаҳритӯс» 

Дар айни замон системаи сейсмикӣ дар як моҳ аз 500 то 700 ҳодисаро бо синфи энергетикии К ≥ 3 ба қайд мегирад, ки аз онҳо бештар аз 200 ҳодиса дараҷаи энергетикии К ≥ 10 доранд. Бюллетени сейсмологӣ ҳар моҳ ба ташкилотҳои манфиатдор ирсол карда мешавад. Хадамоти геофизикӣ базаи шаклҳои мавҷии ҳодисаҳоро тайи солҳои 2005-2011 бо ҳаҷми бештар аз 300 Гб таъсис додааст. Барои ба таври пурра аз худ кардани таъминоти барномавӣ дар масъалаҳои коркард ва таҳлили маълумотҳои бадастоварда Хадамоти геофизикӣ бо IRIS, ширкати Nanometrics ва Инсти-тути таҳқиқоти геофизикии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Маркази маълумоти ин институт ҳамкорӣ менамояд.

Тавассути ҳамкорӣ бо Маркази таҳқиқоти Замини Олмон (GFZ, Потстам), Институти илмҳои амалӣ оид ба замини Осиёи Марказӣ (CAIAG, Бишкек), Пойгоҳи илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои Россия (Бишкек) ва Институти геологияи АИ ҶТ дар Помир сабти заминҷунбиҳо дар реҷаи интизорӣ бо шабакаи иборат 30 пойгоҳи зилзиласанҷии «Guralp» дар яке аз минтақаҳои зилзилахез-тарини Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Дар натиҷаи таҳқиқоти муштарак маълумоти нодире ба даст омад, ки он ба сохтани мақтаъ (профил)-и Замин то чуқурии 800 км имконият дод, ҳамчу-нин механизми эҳтимолии ташаккули қабати абартавон ва генезиси заминҷунбиҳои мантийии Помир пешниҳод карда шуд.

Барои таъмини назорати зилзила-нокии ноҳияҳое, ки дар онҳо силсилаи НБО сохта мешаванд, таъсис додани шабакаи маҳаллии пойгоҳҳо дар ҳудуди боло ва миёнаи дарёи Вахш ба нақша гирифта шудааст. Барои ин 4-5 пойгоҳи зилзиласанҷии рақамӣ бо алоқаи радифӣ талаб карда мешавад. Пойгоҳи асосӣ дар ҳудуди гидроузели Роғун дар майдончаи Майдони Боло ташкил карда мешавад. Маъмурияти гидроузел ба ин мақсад аллакай биноҳои махсусро барои Маркази мониторинги сейсмогеофизикӣ сохта-аст.

  Таъсиси системаи мониторинги геологӣ, сейсмикӣ ва деформатсионӣ барои силсилаи НБО дар дарёи Вахш яке аз вазифаҳои муҳим дар вақтҳои наздик мебошад. Таваҷҷӯҳи махсусро омӯзиши зилзиланокии барангехта талаб мекунад, ки он ба равандҳои техногенӣ ба сабаби сохтмони обанборҳои бузург алоқаманд аст.

Пур кардани обанбори Норак нишон дод, ки шиддат аз ҳад зиёд ба қабати Замин аз рӯйи системаи тарқишҳо дар масофаҳои калон интиқол дода мешавад. Анҷом додани сохтмони НБО Сангтӯда ва Роғун обанбореро ба вуҷуд меоварад, ки дар минтақаи яке аз тарқишҳои зилзилахез дар марзи Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Вобаста ба ин муҳим аст, ки аллакай имрӯз мушоҳидаҳои сейсмологӣ ҳам дар ҳудуди обанбори ояндаи Роғун ва ҳам дар тамоми ҷориши Вахш оғоз шаванд. Барои ин зарур аст, ки камтар аз 5-6 пойгоҳҳои зилзиласанҷии рақамӣ барои мониторинги реҷаи сейсмики ҳудуд ва интихоби реҷаи мӯътадили пур кардани обанбори сохташаванда насб карда шавад.