joomla

09:54, 20th August 2019
Август 2019
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
free templates joomla

Муассисаи давлатии илмиву-таҷрибавӣ ва истеҳсолӣ

734063, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Айни, 299,

т. (992337) 225-80-91 

Муассисаи соли 2008 дар заминаи Шӯъбаи маводшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Роҳбари муассиса аз рӯзи ташкили он номзади илмҳои техникӣ Ф.У.Обидов мебошад.

Дар айни замон дар ҳайати муассиса 2 озмоишгоҳ фаъолият мекунад:

  • озмоишгоҳи масъалаҳои мавод-шиносӣ;
  • озмоишгоҳи таҷрибавию истеҳ-солӣ. 

Маҳсулот аз хулаҳои алюминӣ

 

Самтҳои асосии фаъолият муассиса инҳо мебошанд:

  • таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба омӯзиши хосиятҳои физикию химиявии металлҳо ва хӯлаҳои он, ашёи хоми  маъдании маҳаллӣ ва маводи дигар;
  • корҳои таҷрибавӣ-конструкто-рӣ, таҷрибавӣ-технологӣ ва таҷриба-вию истеҳсолӣ оид ба натиҷаҳои корҳои муҳими илмию таҳқиқотии анҷомёфтаи олимони Академияи илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • фаъолияти конструкторӣ, озмои-шӣ, татбиқӣ таҷрибавӣ ва истеҳсолӣ вобаста ба сохтани асбобу дастгоҳҳо, молҳои истеъмоли халқ, маснуот, ҷузъиёт дар асоси металҳои сиёҳ ва рангҳо, хӯлаҳои онҳо ва маводи дигар;
  • истеҳсоли алюминийи махсусан тоза, хӯлаҳои он барои саноати электронӣ ва стамотология, лига-турҳои алюминию странсовии АСт10, АстЗО, Аст45 ва дастгоҳҳои офтобии дуконтураи обгармкунанда дар асоси алюминийи аввалия. 

Сабика аз алюминийи махсус тоза ва хӯлаҳои он 

Аз тарафи кормандони муассиса натиҷаҳои зерин ба даст оварда шудаанд:

  • технологияи мукаммали ҳосил кардани алюминийи махсусан тозаи навъҳои А5N , А6N ва хӯлаҳо дар асоси он бо миқдори камтарини таркибаҳои газшакл ва газмонанд коркард шудааст; 

Маҳсулот дар асоси хӯлаҳои алюминии махсусан тоза

 

  • силсилаи таҷрибавии ҷараён-гиракҳо, паҳлӯҳои латунӣ ва гира (исканҷа)-ҳои дувинтӣ дар асоси алюминийи техникӣ истеҳсол карда шуданд;
  • аз хӯлаҳои алюминийи коркарди дуюм (шикастапораҳои алюминӣ), дастқаппак, дастакҳои дари купейҳо сохта шуда, ба КВД «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон» супурда шуданд; 

Маҳсулот дар асоси хӯлаҳои алюминийи техникӣ

  • монокристалли алюминийи махсусан тоза бо тозагии 99,9999% алюминийи махсусан тозаи навъҳои А6N  ва  A5N, хӯла дар асоси алюми-нийи махсусан тоза бо кремний ва титан ҳосил карда шуд. Нишон дода шудааст, ки металли махсусан тозаи коркардшуда аз рӯйи хосияти зангназанандагӣ аз алюминийи тозаи техникӣ бештар аз 200 маротиба афзалият дорад;
  • дастгоҳи офтобии дуконтураи обгармкунанда сохта шуд, ки 95%-и қисми конструксионии онро алюми-нийи аввалия ташкил медиҳад:
  • хӯлаи алюминийи махсусан тоза бо иловаҳои У,Se, Nd ва унсурҳои дигари нодирзаминӣ ҳосил карда шуд, ки электроноқилияти баланд ва хосиятҳои механикии хуб дорад.

Дар солҳои наздик муассиса ба нақша гирифтааст, ки коркардҳои зерини илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро амалӣ намояд:

  • коркарди хӯлаҳои нав дар асоси сурб ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба истифодаи онҳо дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ;
  • мукаммалгардонӣ ва татбиқи технологияи истеҳсолоти маснуоти сангӣ аз конҳои базалтии ҶТ барои ҳосил кардани ровинг, арматура, маводи гармӣ ва садонагузаронанда ва сохтани контейнерҳо барои нигоҳ доштани партовҳои радиоактивӣ ва химиявӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани истеҳсолоти таҷрибавию саноатӣ;
  • коркарди асосҳои илмии технологияи ҳосил кардани кремний аз кварситҳои Тоҷикистон;
  • мусоидат ба истеҳсолоти саноатии алюминийи махсусан тоза ва хӯлаҳо дар асоси он бо миқдори камтарини таркибаҳои газмонанд ва газҳосилкунанда, ҳамчунин ба роҳ, мондани истеҳсолоти таҷрибавию саноатии дастгоҳхои офтобии обгарм-кунанда бо истифодаи алюминийи аввалия дар Тоҷикистон.

Обгармкунаки офтобии дуконтура дар асоси алюминийи аввалия