joomla

09:17, 16th September 2019
Сентябр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
free templates joomla

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология

734063, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кӯчаи Айнӣ, 267,

т. (99237) 224-52-31

Институти масъалаҳои об, гидро-энергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 дар заминаи Шӯъбаи масъалаҳои об ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро тайи солҳои 2000-2002 узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ.С.Сафиев роҳбарӣ намуд, таъсис дода шуд. Нахустин директор – ташкилотчии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ академики АИ ҶТ Ӯ.М.Мирсаидов (соли 2002) буд. Дар давраи то ноябри соли 2002 то июни соли 2009 институтро узви вобастаи АИ ҶТ И.Ш.Норматов сарварӣ намуд. Аз соли 2009 директори ин институт доктори илмҳои техникӣ З.В.Кобулиев мебошад. 

Таҳқиқи бентонитҳо ба мақсади ҳосил кардани коагулянтҳои омехта барои тоза кардани об 

Дар айни замон дар институт 6 озмоишгоҳ фаоъолият менамояд:

  • захираҳои об ва равандҳои гидрофизикӣ;
  • экология ва рушди устувор;
  • энергетика, сарфаи захираҳои энергетикӣ;
  • иқлимшиносӣ ва яхбанди-шиносӣ;
  • сифати об гидрохимия ва биохимия;
  • моделсозӣ ва таъминоти итти-лоотӣ ва шӯъбаи технологияҳои инноватсионӣ ва таҳқиқоти илмию таҳсилотӣ, ки ба ҳайати он гурӯҳи лоиҳакашию ҷӯстуҷӯӣ ва сектори таҳририю нашрӣ дохил мебошанд.

Самтҳои асосии таҳқиқоти илмӣ инҳо мебошанд:

  • таҳлили ҳолат ва дурнамои рушди энергетикаи умумӣ ва гидроэнергетикаи Тоҷикистон;
  • омӯзиши захираҳои барқарор-шавандаи энергетикии Тоҷикистон;
  • инвентаризатсияи захираҳо ва баҳодиҳии имкониятҳои истифода аз рӯйи категорияҳо;
  • таҳқиқи гидроэнергетикаи хурди Тоҷикистон;
  • таҳлили захираҳои обию энергетикӣ ва тағйирпазирии онҳо;

Ба таҳқиқоти муҳимтарини  инсти-тут инҳоро мансуб донистан мумкин аст:

  • таҳлили самараи муқоисавии энергетикии дарёҳои калони Тоҷикистон;
  • омӯзиши таъсири иқлим ба захираҳои обию энергетикӣ;
  • коркарди усулҳои мутобиқ-гардонии гидроэнергетикӣ ба тағйироти ҷаҳонии иқлим:
  • коркарди моделҳо ва усулҳои пешгӯии ҷориши об барои гидроэнергетика;
  • коркарди усулҳои мӯътадилгар-донии кори нерӯгоҳи обӣ бо обанборҳо;
  • коркарди усулҳои танзими ҷориши об ба манфиати гидроэнергетика ва обёрӣ;
  • таҳлили қонунгузориҳои бай-налмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи истифодаи муштараки захираҳои обию энергетикии дарёҳои сарҳадгузар;
  • коркарди усулҳои баҳодиҳии арзиши иқтисодии об ҳангоми истифодаи муштараки он ба максадҳои гидроэнергетики ва обёрӣ.

Аз дастовардҳои илмии институт коркардҳои зеринро зикр кардан мумкин аст:

  • коркарди усулҳои пешгӯии фаврӣ ва дарозмуддати ҷориши об барои гидроэнергетика;
  • коркарди усулҳо ва моделҳои математикии мӯътадилгардонии кори Нерӯгоҳҳои обии бузург бо обанборҳо;
  • коркарди модели иқтисодии рушди гидроэнергетика ва обёрӣ ҳангоми истифодаи муштараки захираҳои обу энергетикии дарёҳои сарҳадгузари ҳавзаи Баҳри Арал;
  • баҳодиҳии захираҳои энергети-кии барқароршавандаи Тоҷикистон ва имкониятҳои истифодаи онҳо.

Дар институт шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳо ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи се ихтисос амал мекунад.  

Раванди гузаронидани таҳлили об 

Аз тарафи институт як қатор конференсияву семинарҳои байналми-лалӣ оид ба ҳолат, душвориҳо ва дурнамои истифодаи оқилонаи захираҳои об гузаронида шуданд.

Институт дар иҷрои як қатор лои-ҳаҳои бузурги байналмилалӣ иштирок намуд, аз ҷумла: Маркази илмию таҳқиқотии МКВК дар барномаи «Regional Environmental Programme for Central Asia 2009 (EURECA), Component 4: Environmental Awareness Raising (AWARE)»; лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ «Разработка ТЭО «Срав-нительный анализ эффективности каскадов ГЭС на реках Таджикистана» (2008-2009); лоиҳаи САSA - 1000 «Центральная Азия-Южная Азия. Проект передачи и торговли элек-троэнергией» (2008-2009); лоиҳаи Бон-ки умумиҷаҳонӣ ва Бахши тоҷи-кистонии РЭЦ ЦА (ПРООН) «Инфор-мирование общественности по плани-руемой Всемирным банком Соци-ально-экологической оценке для Рогунской ГЭС» (2009); лоиҳаи  «Tajikistan Montitoring & Warning» (2009); лоиҳаи байналмилалии «Изу-чение гидрологических особенностей бассейна реки Заравшан», финан-сируемый Фондом Фольксваген (Германия) (2008-2011); лоиҳаи аслии ЮНЕП ООН «Развитие национальных регистров  выбросов и переноса загрязнителей в двух странах в переходный период (Таджикистан и Беларусь)» (2001). 

Дар солҳои охир аз тарафи кормандони институт бештар аз 150 кори илмӣ, 20 монография ва брошюра ба нашр расонида шуда, 30 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтироот ба даст оварда шуд.

Дар айни замон дар институт 40 нафар кормандони илмӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 5 нафар доктори илм ва 8 нафар номзади илм мебошанд.