joomla

03:32, 21st August 2019
Август 2019
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
free templates joomla

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология

734063, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Айнӣ, 267,

т. (99237) 225-77-69

 

 

Омӯзиши мунтазами геология, сарватҳои маъданӣ ва шароити табиии Тоҷикистон аз  солҳои 20-уми асри XX оғоз гардид, ки он ба  фаъолияти экспедитсияи Шӯравию Олмон, экспе-дитсияи Помир, экспедитсияи комп-лексии Тоҷикистон ва экспедитсияи Тоҷикистону Помир алоқаманд буд.

Соли 1941 дар Бахши тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сектори геология ба Институти геология табдил дода шуд. Нахустин директори Институти геология С.Н. Ильин таъйин гардид. Минбаъд ин вазифаро  И.К.Никитин (солҳои 1944-1945), Б.Л.Личков (солҳои 1945-1946), С.Ф.Машковсев (солҳои 1947-1949), И.В.Белов (солҳои 1949-1950), П.А. Панкратов (солҳои 1950-1953) ишғол намуданд. Соли  1941  дар   институт  3 сектор ташкил карда шуд: сектори геологияи умумӣ, сектори канданиҳои фоиданоки маъданӣ ва сектори гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ.

Соли 1951 Институти геология ба ҳайати Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон дохил карда шуд. Дар ин замон дар институт воҳидҳои нави илмӣ: сектори ангишт ва нафт, озмоишгоҳи рентгеноспектралӣ, Осор-хонаи геологӣ ва устохонаи пардозу сайқалдиҳӣ. Дар соли  1953  узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Р.Б.Баротов (академик аз соли 1968) директори институт интихоб гардида, дар ин вазифа 35 сол хизмат намуд. Дар ташаккул ва рушди институт дар солҳои баъд ҳамчунин  академикҳои АИ ҶТ  А.П.Недзветский, П.А.Панкратов, С.А.Захаров, М.Р. Ҷалилов, С.М.Юсупова, аъзои вобас-таи АИ ҶТ М.М.Кухтиков, В.И. Буданов, Г.Х.Салибаев саҳми арзанда гузоштанд. Аз соли 1988 то соли 1994  директори институт академик М.Р. Ҷалилов буд. Тайи  солҳои  1997-2010 институтро узви вобастаи АИ ҶТ А.Р.Файзиев сарварӣ намуд.

Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии институт геологияи минтақавӣ ва тектоника, палеонтология ва стратиг-рафия, магматизм ва конҳосилшавӣ, гидрогеология ва геологияи муҳанди-сӣ, литология ва минералогия буданд, ки дар доираи онҳо таҳқиқот оид ба   неотектоника ва сейсмотектоника, па-леобиология ва палинология, петро-логия ва металлогения, омӯзиши термоминералӣ ва балнеологии обҳои зеризаминӣ, минерологияи конӣ, тер-мобарогеохимия, таҳлили литофасиалӣ ва форматсионии ғафсиҳои таҳни-шастӣ ва канданиҳои фоиданоки ба онҳо алоқаманд гузаронида шуданд. 

Дар муддати кӯтоҳ институт ба маркази эътирофшудаи таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илми замин табдил ёфт. Дар ин муддат олимони соҳаи палеонтология маълумоти навро оид ба систематика, филогения, таҳаввулот (эволюция), тафриқаи стратиграфӣ ва палеобиографии дифференциации гу-рӯҳҳои гуногуни организмҳои қадима ба даст оварда, онҳоро умумӣ гардониданд. Қонуниятҳои муайян-шудаи  паҳншавии амӯдии сангшудаҳо имкон доданд, ки схемаҳои нави стратиграфии минтақавӣ ва маҳаллӣ коркард шуда,  ноҳиябандии биогеог-рафии ҳавзаҳои мезозойии Тоҷикистон гузаронида шуд, ҷойгиршавии мухта-лифи нишони ҳаёт, аз ҷумла нишони нодири динозаврҳо, ҷинс ва намудҳои нави ҳайвоноти қадима тасниф карда шуданд, луғати стратиграфии фане-розойи Тоҷикистон тартиб дода шуд, ки таснифи 130 воҳиди стратиграфиро дар бар мегирад. Аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқоти палеонтологию стратиграфӣ китоби бисёрҷилдаи  “Атлас ископае-мой фауны и флоры Таджикистана”, монографияҳои “Атлас триасовых беспозвоночных Памира” ва  “Страти-графический словарь Памира” нашр карда шуданд. Дар айни замон “Стратиграфический словарь Таджи-кистана” ба чоп омода карда шудааст.

Якчанд асар оид ба геологияи минтақавии Помир ва Тоҷикистони Марказӣ, стратиграфияи палеозойи болои Қарамазор, стратиграфияи мезозойи Помири Ҷанубӣ ва ноҳия-хамҷавори Афғонистон бахшида шудаанд. Таҳнишастаҳои секаратаи рангсурхи Тоҷикистон, хусусиятҳои минерологии зардхокҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ омӯхта шуда,  миқёсҳои стратиграфии гурӯҳ-бандии сурхрангҳои неогении ҷануби ҷумҳурӣ пешниҳод гадидаанд. 

Таҳқиқоти стратиграфию палеонто-логии институт дар ҳамкории қавӣ бо бисёр олимон ва муассисаҳои илмии давлатҳои хориҷи дур ва наздик (Россия, Қазоқистон, Қирғистон, Уз-бекистон, Олмон, Полша, Муғулистон, Австрия, ИМА, Канада ва ғайра) гузаронида шуданд.

Дар мавзӯоти корҳои илмию таҳқиқотии институт мавқеи муҳимро омӯзиши литологии ташкилаҳои гуногунсинни таҳнишастӣ ва вулкании таҳнишастӣ ишғол намуд. Схемаҳои коррелятсионии комплексҳои мезо-кайнозойии литологию фатсиалӣ, харитаҳои палеогеографӣ ва фор-матсионӣ тартиб дода шуда, ғундшавии ба кофтуков ояндадори нафту газ дар таҳнишастаҳои бӯр-палеогеновии Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, қабатҳои сермаҳсули карбон-дори сини юравӣ ва пермӣ дар ҳудудҳои нишеби ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Ҷанубу Ғарби Дарвоз ва Помири Шимолӣ ҷудо карда шуданд, қонуниятҳои ҷойгирифти  маъданша-вии стратиформии мис аниқ карда шуда, музофоти мисдори Афғонистон-Помир-Кунлун муайян ва титандории таҳнишастаҳои триасии минтақаи Истики Помири Шарқӣ исбот карда шуд.

Дар марзи ҷумҳурӣ бештар аз 30 хобидаҳо ва конҳои ашёи хоми бентонитӣ муайян ва самти  татбиқи он дар соҳаҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ ва тиб муқаррар карда шуд.

Бори нахуст тартиби татбиқи конҳои  бентонитҳо вобаста ба соҳаҳои истеҳсолоти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ муайян карда шуд. Тибқи тавсияҳои олимон бентонитҳо дар айни замон дар саноати шароббарорӣ, нассоҷӣ, керам-зитӣ ва кишоварзӣ дар равандҳои гуногуни технологӣ истифода мешаванд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти литологии институт дар шакли монографияҳидаи “Литология и условия образования меловых отложений восточной части Таджикской депрессии”; “Геология и нефтегазоносность осадочных форма-ций мезозоя и кайнозоя Таджи-кистана”; “Литология и стратиграфия нефтегазоносных толщ Таджикской депрессии”; “Верхнепалеозойская фли-шевая формация Гиссаро-Алая”; “Основные этапы и итоги литоло-гических исследований в Таджикистане и перспективы их дальнейшего развития”; “Бентониты Таджикистана, их классификация, генезис и приме-нение их в народном хозяйстве”; “Атлас карбонатных пород и породо-образующих организмов верхнего сенона-палеоцена Таджикской депрес-сии”; “Третичные континентальные отложения Таджикистана” ба нашр расонида шудаанд.

Олимони институт дар омӯзиши сохти тектоникии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд. Харитаҳои неотек-тоника ва сейсмотектоника тартиб дода шудаанд. Асарҳои  “Тектоника Центрального Памира”; “Важнейшие закономерности строения и развития складчатых геосинклинальных комп-лексов Памира”, “Зонный орогенез и сейсмичность”; “Важнейшие разломы Таджикистана и их систематика”; “Важнейшие сейсмогенные разломы Таджикистана и “Оценка сейсмической опасности горных территорий (на примере Таджикистана)”; “Внутри-горные впадины Гиссаро-Алая на новейшем этапе геологического раз-вития” ва ғайра нашр карда шуданд. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти тектоникӣ ва сейсмотектоникӣ харитаҳои неотектоника ва сейсмо-тектоника ва минтақаҳои сейсмогении Тоҷикистон тартиб дода шуда,  барои лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳои бузурги гидроэнергетикӣ тавсия дода шуданд. 

Таҳқиқоти петрологӣ, ки омӯзиши равандҳои магматизм ва метаморфизм, хусусиятҳои зоҳиршавии онҳоро дар минтақа ва ноҳияҳои гуногун ва алоқаҳои онҳо бо равандҳои маъданҳосилшавиро пешбинӣ мекунад, самти афзалиятдоштаи таҳқиқоти олимони институт мебошад.

Схемаи муфассали пайдарпайии синнии ҳосилшавии комплексҳои маг-матикии Тоҷикистон коркард шуда, хусусиятҳои асосии магматизм ва металлогенияи эндогении он муайян карда шуданд. Таҳқиқоте, ки ба муайян кардани ғайриякҷинсагии литералию петрографии комплексҳои интрузивӣ ва соҳаҳои чиндори Ҳисору Олой ва Помир бахшида шудааст, аҳамияти муҳим дорад.

Омӯзиши комплексҳои интрузивии Қарамазор имкон дод, ки схемаи нави хронологии магматизм коркард шуда, геохимия ва хусусияти металлогении ин комплексҳо муайян карда шаванд. Схемаи муфассали таҳаввулоти гео-динамика ва магматизми минтақаи Курамини Тиёншони Марказӣ коркард шуда, петрология ва геохимияи ассосиатсияи шошонит-монсонитоидӣ, ҳамчунин хусусиятҳои петрохимиявӣ ва шароити ҳароратии ташаккули риолитҳои ултракалиевӣ таҳқиқ гадиданд.

Дар ҳалли масъалаи геологияи магматикии Помир саҳми арзанда гузошта шуд: яке аз аввалин схемаҳои хронологии магматизми интрузивии алпии Помири Ғарбӣ коркард шуд, минтақанокии амӯдии интрузивҳои ба таври амиқ пӯшидашудаи Помири Ғарбӣ омӯхта шуд, маъданнокӣ ва қонуниятҳои дар онҳо тақсимшавии маъданҳои аксессорӣ муқаррар карда шуд, хусусиятҳои баъзе массивҳои гранитоидии минтақа тасниф карда шуд, комплексҳои вулканоплутонии Помири Марказӣ таҳқиқ карда шуд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти петрологии олимони институт дар асарҳои бузург, монанди “Петрография Таджикис-тана” (дар ду ҷилд), “Эндогенные формации Памира”; “Метаморфи-ческие формации Таджикистана”; “Расчленение стратифицированных и интрузивных образований Таджи-кистана”; “Петрология и геохимия магматических формаций Таджикис-тана”; “Геодинамика и рудоносность шошонит-латитового магматизма Сре-динного Тянь-Шаня”, “Геологические очерки Памиро-Алая”; “Южно-Тянь-Шаньский пояс алмазоносных щелочных базисов” ва ғайра дарҷ гардидаанд. Дар чаҳорчӯбаи корҳои илмию таҳқиқотии гузаронидашуда олимони институт бо муассисаҳои тахассусии Академияи илмҳои Россия (ИГЕМ, ИФЗ), ҳамчунин академияи кӯҳии Фрайберги Олмон ҳамкорӣ намуда, дар иҷрои лоиҳаи   А-1418 аз рӯйи барномаи Маркази байнал-милалии илмию техникӣ иштирок мекунанд.

Дар солҳои охир натиҷаҳои муҳим оид ба модели петрографихимиявии форматсияи клаукофан –сабзқабати тиллодор дар мисоли тасмаи метаморфии Фон-Қаротегин, қону-ниятҳои ташаккули ҷисмҳои гранитию гнейсовӣ бо минерализатсияи худранг ба даст оварда шуд, ҳамчунин таҳлили тиллодории имконпазири сохтори Кевронӣ-Ҷафрӣ дар Помири Шимолӣ гузаронида шуд.

Дар дастовардҳои институт мавқеи муҳимро таҳқиқоти минерологӣ ва минерагенӣ ишғол менамояд. Аз тарафи олимони институт хусусиятҳои асосӣ ва қонуниятҳои ҷойгирифти фазоии минерализатсияи эндогении марзи Тоҷикистон омӯхта шуда, хусусиятҳои минерология, геохимия ва генезиси конҳои тиллодор, нуқраю полиметаллӣ, флюритовӣ, селестиновӣ, сурмаю симоб ва тораҳои кварсии булӯрдор, Р-Т-параметрҳо ва ташкили онҳо муайян карда шуданд ва меъёрҳои кофтуковӣ, пешгӯйӣ ва баҳодиҳии навъҳои гуногуни минера-лизатсия коркард шуданд. Музофоти нави сангҳои қиматбаҳо дар Помири марказӣ кашф гардида, мавҷудияти тасмаи минерагении Гималой асоснок карда шуд, ки дар ҳудуди он зуҳуроти бузурги сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои нодир ба қайд гирифта шуданд. Бештар аз 20 маъдани  нав дар Тоҷикистон  кашф карда  шуданд, аз ҷумла баратовит, зеравшанит, сурх-обит, таджикит, согдианит, тяньшанит, дусматовит, соколовит, сенкевичит, малеевит, московинит, туркестанит ва ғайра.

Навтарин дастоварди геологияи магматии Тоҷикистон муайян  наму-дани ҳолатҳои геодинамики ташаккули форматсияҳои гранитоидӣ мебошад. Бори нахуст форматсияҳои грани-тиодию магматикии субдиксионӣ, коллизионӣ ва акретсионию колли-зионӣ ба таври муфассал тасниф карда шуданд. Натиҷаҳои таҳқиқоти минера-генӣ дар маҷмааи даврии “Мине-ралогия Таджикистана”; дар  “Асарҳои Институти геология”; ҳамчунин дар намуди монографияҳои “Минералогия, геохимия и условия образования золотосульфидных месторождений в формации магнезиальных скарнов (Центральный Таджикистан)”; “Мине-ралогия, геохимия и генезис некоторых эндогенных месторождений Таджи-кистана”, “Минералогия, генезис и закономерности размещения флюори-товых месторождений Центрального Таджикистана”; “Геолого-генетическая модель флюоритообразования (на примере месторождений Таджикис-тана)”, “Элементы-примеси как индикаторы генезиса флюоритов”; “Минералогия и условия образования многометального месторождения Большой Канимансур” ва ғайра ба нашр расиданд.

Оид ба тектоника натиҷаҳои муҳими илмию амалӣ ба даст оварда шуданд. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот дар Осиёи Марказӣ, хусусан дар Тоҷи-кистон назарияи нави қонуниятҳои ташаккули релефи кӯҳӣ, орогенез, генезиси сохтҳои пӯшадор, таснифи нави генетики сохтҳо таҳия карда шуд. Дар мисоли омӯзиши тектоникаи Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳамҷавор гипотезаи тектогенези минтақавӣ пешниҳод гардид. Қонуниятҳои асосии муайяншудаи рушди тектоникӣ дар ҳудудҳои ҷанубу ғарби Осиё татбиқ карда шуданд.

Коркардҳои назариявӣ имкон доданд, ки оид ба самти корҳои геологии кофтуковӣ ва пармакунӣ ба нафт ва газ дар Тоҷикистони Ҷанубӣ тавсияҳои мушаххас дода шаванд.

Таҳқиқоти муҳандисию геологӣ имкон доданд, ки харитаи ноҳия-бандии муҳандисию геологии ҳудуди Тоҷикистон тартиб дода шавад, ноҳияҳои хатарноктарин нисбат ба ярч ва резиш (фурӯғалтӣ) муайян карда шавад, меъёрҳои пешгӯйии ин ҳодисаҳо муқаррар карда шавад. Ғайр аз ин атласи харитаҳои махсуси муҳандисию геологии Тоҷикистон тартиб дода шуда,  тавсияҳо оид ба истифодаи оқилонаи ҳудудҳои кӯҳсор барои мақсадҳои сохтмонҳои саноатию гражданӣ пешниҳод гардиданд. Натиҷаҳои бадастомада ба нашрияҳои бузурги “Гидрогеологическое обосно-вание ирригационно-мелиоративных мероприятий в Таджикистане”; “Гид-рогеология и инженерная геология Таджикистана”; “Оползни Таджикис-тана”; “Минеральные воды Таджикис-тана”; “Душанбинский артезианский бассейн” ва ғайра дохил карда шуданд.

Вобаста ба шароити Тоҷикистон – минтақаи бархӯрдҳои тахтасангҳо –Гондвандҳо ва Лавразияҳо, соҳаи орогенези ҷавон, аҳамияти махсус ва муҳимиятро таҳқиқот оид ба нео-тектоника ва сейсмотектоника соҳибанд. Дар асоси омӯзиши шароити геологии зоҳиршавии заминҷунбиҳои харобиовар дар Тоҷикистони Ҷанубӣ усули сейсмотектоники ноҳиябандии сейсмикӣ асоснок карда шуд, ки минбаъд дар намуди усули ноҳия-бандии сейсмотектоникӣ Рушд ёфта, хангоми омӯзиши ноҳияҳои сохтмони Нерӯгоҳҳои  обии  Норак ва Роғун истифода шуданд. Муқаррар карда шуд, ки минтақаҳои муҳимтарини зилзилахези Тоҷикистон бо ҳаракатҳои навтарин дар тарқишҳои амиқи заминҳосилшавӣ муайян карда мешаванд, тарқишҳои тартиби якум метавонанд таконҳои сейсмики то 9 балла ва бештар аз он ба вуҷуд оваранд  Таҳқиқот оид ба дисло-катсияҳои палеосейсмикӣ имкон доданд, ки рушди реҷаи сейсмикӣ бо гузашти вақт ва қувваи зиёдтарини имконпазири заминҷунбиҳо дар минтақа баҳодиҳӣ карда шавад.

Институти сейсмология (зилзилаши-носӣ) моҳи марти соли 1951 дар заминаи Сектори геофизики Бахши тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ ва се пойгоҳи сейсмикӣ (зилзиласанҷӣ) таъсис дода шуда буд: пойгоҳи «Душанбе», пойгоҳи «Кӯлоб» ва пойгоҳи «Обигарм». Таъсиси ин институт дар рушди илми сейсмологӣ дар Тоҷикистон нақши асосӣ бозид.

Вобаста ба барномаи васеи пеш-бинигардидаи сохтмони иншооти бузурги гидротехникӣ дар Тоҷикистон ва объектҳои дигари хоҷагии халқ дар Тоҷикистони Ҷанубӣ вазифаи ноҳия-бандии сейсмологии ҳавзаи дарёи Вахш ва водии Ҳисор ба миён омад. Ба ин мақсад дар миёнаи солҳои 50-ум дар ин ҷо шабакаи васеи пойгоҳҳои сейсмикӣ ташкил карда шуд, ки бо асбобу таҷҳизоти баландҳассос таъмин буда, барои дар муддати кӯтоҳ ба даст овардани ҳаҷми зиёди мавод барои таҳқиқоти илмӣ имкон дод. Натиҷаҳои муҳими таҳқиқоти олимони соҳаи сейсмология боис ба коркарди мето-дикаи баҳодиҳии миқдори хатарнокии сейсмикӣ ва такмили назарраси методикаи ноҳиябандии сейсмикӣ гардид, ки он минбаъд дар дигар ноҳияҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ хатар-ноки Иттиҳоди Шӯравӣ низ татбиқи васеъ ёфт.

Соли 1958 Институти сейсмология ба Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар он секторҳои нави илмӣ оид ба омӯзиши иншооти ба заминҷунбӣ тобовар кушода шуданд.

Нахустин директори Институти сейсмология номзади илмҳои техникӣ П.Г.Семенов (солҳои 1952-1953) буд.

Дар солҳои баъд институтро док-тори илмҳои физикаю математика В.Н.Бунэ (солҳои 1953-1954), доктори илмҳои физикаю математика В.Г. Гайский (солҳои 1954-1964), номзади илмҳои техникӣ С.И.Ворожсов (солҳои 1964-1965), академики АИ ҶТ С.Х. Неъматуллоев (солҳои 1965-2004), узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Низомов (солҳои 2004-2011) сарварӣ намуданд.

Институти сейсмология ҳаҷми бузурги мушоҳидаҳоро дар ҳудудҳои сейсмикӣ иҷро кард, усулҳои миқдории баҳодиҳии хатарноки сейсмикиро коркард намуд.

Дар институт бори нахуст корҳо оид ба пешгӯйии заминҷунбиҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ густариш дода шуданд.

Аз тарафи кормандони институт харитаҳо бо нишон додани маҳаллҳои бештар имкондоштаи пайдоиши заминҷунбиҳои қовӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистони Шимолӣ таҳия ва нашр карда шуданд. Дар айни ҳол пешгӯйии заминҷунбиҳо дар маҳаллҳои дар харитаҳо нишондода-шуда тасдиқи амалии худро ёфтаанд.

Дар заминаи институт Маркази минтақавӣ оид ба пешгӯйии замин-ҷунбиҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон фаъолият мекунад, ки нерӯи муассисаҳои сейсмологии минтақаро дар ҳалли масъалаи муҳим муттаҳид месозад.

Дар ибтидои солҳои 80-уми асри 20 дар заминаи институт якҷоя бо Институти физикаи Замини АИ Итти-ҳоди Шӯравӣ, Институти мошинҳои электронии идорашавандаи Минпри-бори Иттиҳоди Шӯравӣ бори нахуст дар Иттиҳоди Шӯравӣ системаи автоматикакардашудаи пешгӯйии заминҷунбиҳо таъсис дода шуд, ки навбати аввали он аллакай соли 1982 дар ш. Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

Методикаи омӯзиши таҷрибавии ба заминҷунбӣ тобовари иншооти баланди такягоҳи дар моделҳо тавассути таъсироти тарконидани сейсмикӣ коркард гардид, ки он дар модели маҳроии сарбанди Нерӯгоҳи обии Норак дар 1/50 қисми бузургии натуралии сарбанд дар полигони махсус дар наздикии сарбанди Норак амалӣ карда шуд. Ин коркард ҳамчунин дар моделҳо дар 1/200 ва 1/300 қисми бузургии натуралӣ дар шароити лабораторӣ дар конструксияи махсуси сейсмоплатформае, ки дар институт сохта шудааст, низ татбиқ карда шуд. Хосиятҳои маводҳои пошхӯранда ва зардхокҳое омӯхта шуданд, ки аз онҳо минбаъд бояд танаи сарбанди нерӯгоҳ сохта мешуд. Корҳое, ки аз тарафи институт иҷро карда шуданд, имкон доданд, ки масъалаи таъмини сейсмоустувории сарбанди баланд ва нодири Нерӯгоҳи обии Норак ҳал карда шавад ва дар оянда комплекси таҳқиқот  оид ба омӯзиши сейсмоустувории сарбандҳои Нерӯгоҳи обии Роғун ва дигар иншооти гидротехникӣ дар дарёҳои Вахш ва Панҷ гузаронида шаванд.

Объектҳо дар бузургии натуралӣ дар полигони таҷрибавии «Лоҳур», ки барои озмоиш кардани биноҳо, иншоот, таҷҳизоти энергетикӣ ва технологӣ тавассути таркишҳои махсуси зилзилаҳосилкунанда таъйин гардидааст, озмоиш карда мешаванд. Дар ин ҷо тафтиши як катор объектҳо гузаронида шуда, амалан ҳамаи асбобҳо барои сабти ҳаракатҳои қавӣ озмоиш карда шуданд. Натиҷаҳои таҳқиқот оид ба муайян кардани саҳм татбиқи усули зилзилаҳосилкунӣ тавассути таркониш имконияти истифодаи ин усули дар институт коркардшударо барои озмоиши иншооти мураккаби муҳандисӣ, аз ҷумла пулҳои дароз нишон доданд.

Институт ҳамкориро бо муассисаҳои илмии Амрико оид ба таҳқиқи зилзиланокии ангехташуда дар ноҳияи обанбори Норак, ҳаракатҳои қовӣ дар тамоми марзи Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Дар шароити лабораторӣ ба воситаи дастгоҳхои дар институт коркардшуда таъсири микроларзишҳои механики муҳити атроф ба ҷаҳишмонандии деформатсияҳои пластики маводи гуногун ошкор карда шуд. Ин имконияти гузаронидани таҷрибаҳои махсуси саҳроиро оид ба таъсири вибратсионӣ ба маркази минтақа ба мақсади кам кардани энергияи сейсмики озодшуда боз намуд. Чунин таҷриба дар ноҳияи Нерӯгоҳи обии Норак низ иҷро карда шуд, ки дар он ба сифати вибратор обпартойи сарбанд истифода карда шуд.

Барои гузаронидани ноҳиябандии сейсмикӣ ва таҳқиқи зилзиланокӣ дар маҷрои миёна ва болооби дарёи Вахш, ки дар он сохтани каскади НБО ба нақша гирифта шудааст, шабакаи пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ фаъолияти густурда дорад. Тавассути шабакаи густурдаи пойгоҳҳои сейсмикӣ, геофизикӣ, деформометрӣ, геомагнитӣ, геохимиявӣ, ки бо асбобҳои муосир муҷаҳхаз гардонида шудааст, ҷӯстуҷӯи нишонаҳои заминҷунбиҳо гузаронида мешаванд. Мушоҳидаҳои бефосилаи нишонаҳои заминҷунбиҳо дар ҳудуди полигонҳои Душанбе ва Ғарм имкон доданд, ки як қатор параметрҳои муайянкунандаи майли назаррас аз фани асосӣ ошкор карда шаванд.

Дар ҷумҳурӣ корҳо на танҳо барои ҷамъоварии маълумоти зарурии  таҷрибавӣ оид ба хусусияти захиравии заминҷунбиҳо, балки оид ба таъсироти онҳо ба биною иншоот низ густариш дода мешавад, ки онҳо барои таҳқиқоти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар муҳиманд. Корҳои иҷро-кардаи институт ҳангоми ҳал кардани масъалаҳои таъмини сейсмоустувории сарбанди Нерӯгоҳи обии Норак истифода шуданд. Комплекси таҳқиқот оид ба омӯхтани сейсмоустувории сарбанди ояндаи Нерӯгоҳи обии Роғун ва дигар иншооти гидротехникӣ дар дарёҳои Вахш ва Ванҷ, корҳо оид ба микроноҳиябандии сейсмики шаҳрҳо ва шаҳракҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин корҳо оид ба ноҳиябандии сейсмики майдонҳои сохтмони объектҳои бузургии хоҷагии халқ бомувафаққият иҷро карда мешаванд. Корҳои мун-тазам оид ба микроноҳиябандии сейсмикӣ ва ноҳиябандии муфассали сейсмикӣ имкон доданд, ки ҳолати муҳандисию сейсмологӣ барои шаҳру шаҳракҳои мамлакат муқаррар карда шаванд ва оид ба таъмини сейсмо-устувории сохтмонҳои объектҳои чун гидроиншоотҳои Норак ва Роғун, Кор-хонаи нуриҳои азотии Вахш, Корхонаи алюминийи Тоҷикистон, Корхонаи электрохимиявии Ёвон, Корхонаи содабарории Конибодом, Корхонаи маъдантозакунии Анзоб ва ғайра тавсияҳо дода шаванд. Барои бештар аз 20 шаҳрҳои ҷумҳурӣ харитаҳои микроноҳиябандии сейсмикӣ тартиб дода шуданд, ки барои пеш бурдани корҳои сохтмонӣ бо дарназардошти хатарнокии сейсмикӣ имкон доданд. Ин харитаҳо барои лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳо аҳамияти муҳими амалӣ доранд.

Аз миёнаи солҳои 2000-ум дар институт таҳқиқотҳои алоқаманд ба рушд ва татбиқи усулҳои ададӣ дар механикаи сохтмонӣ, назарияи сейс-моустуворӣ, сейсмологияи муҳандисӣ, механикаи вайроншавӣ иҷро карда мешаванд. Дар асоси рушд ва татбиқи усулҳои деформатсияҳои мутамарказ ҳисоббарории биноҳо бо дарназар-дошти ғайрихаттияти физикии мавод-ҳо иҷро шуда, натиҷаҳои модели сеченакаи системаи пластикӣ ба даст оварда шуданд. Дар асоси усули муодилаҳои ҳудудӣ моделҳои матема-тикие коркард шуданд, ки ба таҳқиқи ҳолати шиддатноку деформатсионии системаҳои гуногун, аз чумла иншооти зеризаминии Нерӯгоҳи обии Роғун имкон доданд, масъалаҳои мутамар-казгардонии шиддатҳо дар иншооти зеризаминии Нерӯгоҳи обии Роғун бо дарназардошти анизотропияи массави ҷинсҳои кӯҳӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шаванд. Аз мавқеи нав масъалаи таъсири фаъолияти инсон ба тағйирёбии муҳити зист ҳангоми сохтмони обанборҳои бузург таҳқиқ карда мешавад.

Каталогҳои дар институт тартиб-додашуда оид ба заминҷунбиҳо ва тавсифи илмии онҳо барои муайян ва аниқ кардани зилзиланокӣ ва реҷаи сейсмикӣ, ҳамчунин баҳодиҳии хатар-нокии сейсмикӣ дар ҳудуди Тоҷи-кистон истифода шуданд. Таҳқиқоти равандҳои деформатсионӣ ва кон-вергенсияи деворҳо дар иншооти зеризаминии бинои мошинӣ ва дар бинои трансформаторҳои асосии Нерӯгоҳи обии Роғун барои таҳияи тавсияҳо оид ба назорати мӯътадили ҳолати онҳо идома ёфтанд. Усулҳои нави тақвияти хонаҳои истиқоматӣ барои ноҳияҳои кӯҳии зилзилахези Тоҷикистон дар асоси масолеҳҳои сохтмонии махалӣ татбиқ карда шуда, конструксияи навъи «синҷ» такмил дода шуд ва тӯрҳои химчаҳои тутӣ ва қамишӣ барои сохтани хонаҳои лойи тайёр карда шуданд.

Институт ҳамкориҳои илмии бай-налмилалиро оид ба масъалаҳои паст кардани хатари сейсмикӣ сохтмонҳои мавҷудаи маҳалҳои аҳолинишини Тоҷикистон, пеш аз ҳама ш. Душанбе, барқарорсозӣ ва мукаммалсозии шаба-каи пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ ва хадамоти ҳаракатҳои қавӣ, системаи назорат ба иншооти бузурги гидро-техникӣ, пеш аз ҳама гидроузели Норак, Нерӯгоҳи обии Сангтӯда, Нерӯгоҳи обии Роғун идома медиҳад.

Институт бо марказҳои пешбари илмии Россия, Қирғизистон, Қазоқис-тон, Гурҷистон ва муассисаҳои хориҷи дур – Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, ИМА, Олмон, Шветсария, Ҷопон, Фаронса ва давлатҳои дигар ҳамкории қавӣ дорад.

4 феврали соли 2011 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти геологияи АИ ҶТ ва Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ муттаҳид гардида Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ номгузорӣ карда шуд. Ба вазифаи директори институт Ю.Мамадҷонов таъйин гардид.

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ дар айни замон ташкилоти пешбари ҷумҳурӣ оид ба таҳқиқоти илмии сохти геологӣ ва канданиҳои фоиданок, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар буда, ба ҳалли ҳам масъалаҳои бунёдӣ ва ҳам амалӣ машғул аст. Вазифаи асосии институт дар марҳилаи муосир коркарди усулҳо ва тавсияҳо оид ба азхудкунии сарватҳои маъдании Тоҷикистон, паст кардани хатари сейсмикӣ ва таъмини амнияти сейсмикии аҳолӣ мебошад.

Дар айни замон институт аз 10 озмоишгоҳи илмию таҳқиқотӣ иборат аст: палеонтология ва стратиграфия; петрология ва геохимия; литосфера; канданиҳои фоиданок; баҳодиҳии хатарнокиҳои сейсмикӣ ва геоэкологӣ; таҳқиқоти комплексии геофизикӣ; зилзиланокии минтақавӣ; биноҳои сейсмоустувор; иншооти сейсмоусту-вори гидротехникӣ: назарияи сейсмоустуворӣ ва моделсозӣ.

Дар институт ҳамчунин 4 гурӯҳи иловагии кӯмаккунанда фаъолият менамоянд: хадамоти мониторинги сейсмикӣ, қариб 50 пойгоҳҳои сейс-микӣ, сейсмогеохимиявӣ ва муҳан-дисию сейсмометрӣ, ки дар тамоми марзи ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд; гурӯҳи таҳлили усулҳои физикию химиявӣ; гурӯҳи технологияҳои иттилоотии геологӣ; осорхонаи геологӣ.

Самтҳои асосии корҳои илмию таҳқиқотии институт инҳо мебошанд:

дар соҳаи геология:

  • омӯзиши сохти геологӣ, сохтор, таркиби моддӣ, пайдоиш ва ҷойгиршавии канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон;
  • таҳқиқи фауна ва татбиқи он ҳангоми стратификатсияи ҷинсҳои таҳнишастаи Тоҷикистон;
  • таҳқиқоти петрологӣ, геохимия-вӣ, пайдоиш ва форматсияҳои имконпазири магматии маъдандори ҳолатҳои гуногуни геодинамикии Помир ва Тиёншон;
  • коркарди модели петрологӣ-геохимиявии метосфераи соҳаҳои чиндори Помир ва Тиёншон, таҳқиқи нақши мантия ва қабат дар ҳосил-шавии канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон;

Дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар:

  • таҳқиқи хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти саноатӣ (таҳқиқи ҳолати биноҳо ва иншоот ҳангоми замин-ҷунбиҳо ва ҳаракатҳои дигари динамикӣ, баҳодиҳии ҳолати техникӣ ва фарсудашавии биною иншооти мавҷуда, озмоиши биною иншоот ва муайян кардани таркибаҳои онҳо зери деформатсияҳои гуногун);
  • омӯзиши сейсмоустуворӣ ва эътимодияти иншооти гидротехникӣ (баҳодиҳӣ ба ҳолати шиддатноку деформатсионии иншооти гидротехни-ки истифодашаванда, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ барои иншооти лоиҳакашишаванда ва сохташаванда);
  • баҳисобгирӣ ва номнавис кардани биною иншоот, аз ҷумла зеризаминӣ, сохтани конструксияҳои алохидаи сохтмонӣ ҳангоми сарбо-риҳои статикӣ, динамикӣ, сейсмикӣ, шамолӣ ва ғайра.

дар соҳаи сейсмология:

  • мониторинги сейсмикӣ ва баҳодиҳии хатарнокии сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳоли-нишин, ҳудудҳои сохтмони корхонаву иншооти гидротехникии бузург (ноҳиябандии умумии сейсмикӣ, ноҳиябандии муфассали сейсмикӣ ва ноҳиябандии микросейсмикӣ);
  • баҳодиҳии хатарнокии оқибат-ҳои заминҷунбиҳо (ярч, фурӯғалтӣ, резиш, намнокшавии хок ва ғайра);
  • баҳодиҳии хатарнокии сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳои калон.

Дар айни замон дар институт 200 корманд, аз ҷумла 7 доктори илм (аз онҳо 2 академики АИ ҶТ ва 2 аъзои вобастаи АИ ҶТ) ва 22 номзади илм фаъолият менамоянд.