joomla

04:43, 21st August 2019
Август 2019
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
free templates joomla

Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров

734063, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Айнӣ, 299,

т. (99237) 225-80-92

Нахустин таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илми физика дар системаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили Шӯъбаи физика ва матема-тика бо ташабусси президенти АИ Тоҷикистон С.У.Умаров дар соли 1957 алоқаманд мебошанд.

Дар ин шӯъба корҳо оид ба омӯх-тани маҷмӯъи хосиятҳои физикию химиявӣ ва сохтории пайвастагиҳои полимерии бинарӣ ва мураккаб, таъси-ри мутақобили ионҳои манфӣ ба сатҳи филизҳо (металлҳо), коркарди усулҳои баланд бардоштани ҳиссиёти таҳлилии спектралии эмиссионӣ баъзе масъала-ҳои физикаи ядро гузаронида шуданд.

Аз соли 1957 то 1964 озмоишгоҳҳои физикаи ядро, физикаи нимноқилҳо, физикаи мустаҳкамият, оптика ва спек-троскопия таъсис дода шуданд. Соли 1964 дар заминаи ин озмоишгоҳҳои Шӯъбаи физика ва математика Институти физикаю техника таъсис дода шуд, ки имрӯз номи муассиси худ – С.У.Умаровро дорад. Нахустин директори ин институт академик А.А. Адхамов (солҳои 1964-1992) буд. Мин-баъд институтро Р.М.Марупов (солҳои 1992-1999), академик С.Одинаев (сол-ҳои 1999-2001), номзади илмҳои физи-каю математика А.Абдурасулов (2001-2005) роҳбарӣ намуданд. Аз соли 2006 то айни замон онро узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ.Ҳ.Мӯъминов сарварӣ менамояд.

Дар айни замон дар институт воҳидҳои зерини илмӣ вуҷуд доранд:

• Маркази байналмилалии таҳқиқо-ти ядроӣ-физикӣ; Маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия; сектори физикаи назариявӣ; озмоишгоҳи физикаи кристаллҳо; озмоишгоҳи акустикаи физикӣ; озмоишгоҳи спектроскопияи молекулӣ; озмоишгоҳи физикаи атмосфера; озмоишгоҳи криофизика; озмоишгоҳи электроникаи квантӣ.

Муҳимтарин масъалаҳое, ки дар ин воҳидҳои институт ҳал карда меша-ванд, самтҳои зерини илми физикаи муосирро фаро мегиранд: физикаи ядро, физикаи назариявӣ, физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электро-никаи квантӣ, акустикаи физикӣ ва техникӣ, масъалаҳои физикию техни-кии энергетика ва физикаи атмосфера, татбиқи усулҳои физикии таҳқиқот дар соҳаи тиб.

 Дастгоҳи таҷрибавӣ дар заминаи детектори
мавқеан  ҳассос бо конвертори гадолинӣ

 

Дар соҳаи физикаи ядро таҳқиқоти барои Тоҷикистон фоидадор оид ба ташхиси конҳои канданиҳои фоиданок ба воситаи мю- мезонҳои табиаташон кайҳонӣ рушду равнақ ёфтанд. Оид ба татбиқи усулҳои таҳлили активатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ корҳое анҷом дода шуданд. Дар айни замон оид ба физикаи энергияҳои баланд ва фавқулбаланд таҳқиқоте гузаронида мешаванд, ки хусусияти соф бунёдӣ доранд.

Таҳқиқи механизми таъсироти мута-қобили зарра ва ядроҳо бо ядроҳо дар энергияҳои баланд таҳлили супероилаи бузурги «Таджикистан»-ро дар бар мегирад, ки он дар камераи рентгении эмулсионии таҷрибаи байналмилалии «Помир» тайи солҳои 1988-1998 ба қайд гирифта шудааст. Супероилаи «Гало» дар қисми марказиаш соҳиби энергияи баробар ба 4,8 • 1016  эВ мебошад, ки он аз ҳама энергияҳои то айни замон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бо истифодаи камераҳои рентгении эмул-сионӣ бақайдгирифташуда зиёдтарин энергияи таъсири мутақобил аст.

Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти равандҳои вайроншавии пурраи ядро-ҳои атом дар бархӯрдҳои ғайри-чандири ядро-ядро вобастагии эмпи-рики эҳтимоли вайроншавии пурраи ядроҳои вазнини фотоэмулсия аз вазни атомии ядро-снаряди бархӯрда ва аз буриши арзии он муқаррар карда шуд, ки он барои ҳисоби ҳосили энергӣ дар тарзи электроядроии ҳосил кардани энергия истифода мешавад.

Дастгоҳе барои ошкор сохтан ва таҳқиқи намунаҳои афтишоти радио-активӣ дар таркиби аэрозоли ҳавоӣ сохта, аз озмоиш гузаронида шуд. Дастгоҳ барои ҷӯстуҷӯи минтақаҳои аномалии афтиши радиоизотопи кос-могении Ве-7 ва дар сатҳи хок, растанӣ ва об тавассути селҳои амӯдии массаҳои ҳаво аз қабатҳои болои атмосфера ва тропопауза таъйин гардидааст.

Ба мақсади идома додани таҳқиқот дар чаҳорчӯбаи эксперименти «Помир», ки соли 1971 оғоз гардида буд, соли 2008 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмию таҳқиқотии «Помир-Чакалтой» барои гузаронида-ни таҳқиқоти муштараки ядроӣ-астрономӣ ва ядро-физикии шуоъҳои кайҳонии энергияҳои фавқулбаланд ба имзо расид.

Дар моҳи августи соли 2009 экспедитсияи Помир ташкил карда шуд, ки дар рафти он камераи рентген-эмулсионии дутабақа бо тарқиши ҳавоии 2,5 м ва масоҳати 36 м2 насб карда шуда, гирифтани экспозитсия оғоз гардид.

Дар самти «Физикаи ҳолати конден-сӣ» таҳқиқот дар соҳаи физикаи нимноқилҳо ва сегнетоэлектрикҳо гуза-ронида шуданд. Технология ҳосил кардани нимноқилҳои гурӯҳи А2В5 ва сохторҳои композитӣ дар асоси онҳо коркард шуда, иловакунии омезаҳои беҳтаркунандаи сифати маводҳо, таҳқиқи хосиятҳои физикию химиявии онҳо ва дар асоси онҳо сохтани асбобҳо гузаронида шуданд. Як қатор намудҳои нави монокристаллҳои навъи А3В5 ва фосфатҳои кристаллҳои навъи А3В5 ва фосфатҳои нодир-заминии навъи АВО4 ҳосил карда шуданд, ки онҳо соҳиби хосиятҳои пйезоэлектрикӣ, сегнетоэлектрикӣ ва люминессентӣ ва ғайра мебошанд. Анизатропияи хосиятҳои электрикии нимноқилҳои мураккаб дар соҳаи ноқилияти омезавӣ муқаррар карда шуд; технологияи сохтани термисторҳо дар асоси селениди индий ва теллуридаи таллий коркард карда шуд; диодҳои манбаи шӯъоафкании спонтанӣ сохта шуданд, ки ҳам дар хунуккунии амиқ ва дар ҳам ҳарорати хонагӣ кор мекунанд. Ин диодҳо татбиқи худро дар техникаи электронӣ барои ҷӯрсозии асбобҳои оптикӣ ва рӯшноиқабулкунакҳо ёфтанд. Сӯзонак-ҳои галиевӣ ва нитрогении озмоиш-гоҳи криогенӣ имкон медиҳанд, ки усулҳои физикии таҳқиқи ҷисмҳои сахт дар ҳароратҳои фавқулпаст равнақ дода шаванд.

Тарзи синтези сахтфазавии шихта барои истеҳсоли монокристаллҳои ҳаҷмӣ дар асоси молибдати литий – висмут ва волфрати натрий – висмут коркард гардид. 

Монокристаллҳои ҳаҷмии молибдат (волфрамат)-ҳои натрий – висмут

 Таҳқиқоти бунёдӣ бо назардошти таҷрибаҳои компютерӣ (усули Монте-Карло ва усули динамикаи молекулӣ) имкон доданд, ки як қатор масъалаҳои бунёдии назарияи молекулӣ – кине-тикии газҳо ва моеъҳо, табиати равандҳои релексатсионӣ ва ҳодисоти интиқол дар онҳо, хосиятҳои термо-динамикӣ, динамикӣ ва оптикии кристалҳои нуқсдор, назарияи гузаришҳои фазавӣ ва ҳодисоти бӯҳронӣ дар ҷисмҳои сахт ва крис-талҳои моеъ ҳал карда шуда, таъсири омеза (ғаш)-ҳо ба динамикаи панҷараи кристалӣ муайян карда шавад.

Назарияи молекулии равандҳои релаксатсионӣ, хусусан релаксатсияи сохторӣ, ҳодисоти интиқол, хосиятҳои чандирӣ ва акустикӣ дар моеъҳои классикӣ коркард ва равнақ дода шуд. Як қатор натиҷаҳои нави назариявӣ оид ба хосиятҳои термодинамикӣ ва кинетикии системаҳои конденсӣ ба даст оварда шуданд. Рафтори аномалӣ (ғайриоддӣ)-и суръати паҳншавӣ ва коэффисиенти фурӯбарии мавҷҳои садоӣ дар кристалҳои молекулӣ ва моеъ дар назди нуктаҳои фазовӣ таҳқиқ карда шуданд.

Хосиятҳои физикӣ (акустикӣ, пйезо-электрикӣ, оптикӣ магнеточандирӣ ва сегнеточандирӣ)-и муҳитҳои конденсӣ, ки натиҷаи ангезиш ва динамика квазизарраҳо (экситонҳо, фононҳо, магнонҳо ва монанди ин) ва комп-лексҳои онҳо (поляронҳо, голитонҳои алоқаманд ба солитонҳои магнитии чандир ва ғайра) мебошанд, таҳқиқ карда шуданд. Усули ҳолатҳои коҳерентии умумикардашуда инкишоф дода шуд, ки он хосиятҳои назариявии гурӯҳӣ ва симметрияи гамилтониакҳои асосиро ба эътибор мегирад. Бо усулҳои интеграли функсионалӣ гамил-тонианҳо ва муодилаҳои нимклассикии ҳаракат ҳосил карда шуданд.

Дар самти «Оптика. Электроникаи квантӣ» таҳқиқӣ оид ба коркарди лазерҳои нимноқилии инжексионӣ, терапияи лазерӣ ва биостимулятсияи лазерӣ, омӯзиши фраксияҳои сафеда-гии организмҳои солим ва дардманд бо усули ИК-спектроскопия, ҳамчунин таҳқиқи шуъопошак ва табдилдиҳак-ҳои нимноқилии энергияи офтобӣ дар асоси пайвастагиҳои А2В5, ки аллакай татбиқи худро дар соҳаи тиб ёфта истодаанд, гузаронида мешаванд.

Технологияи ҳосил кардани сохтори ковок дар сатҳи лавҳаҳои фосфиди индий коркард шуд, ки ҳангоми тезобдиҳии электрохимиявӣ ба ҳосил кардани пардаҳои наноковок имкон медиҳанд.

Таҳти роҳбарии илмии  академики АИ ҶТ Р.М.Марупов банизомдарории аломатҳои спектроскопии навъҳои гу-ногуни селексионии нахҳои пахтагӣ ва ду синфи полимерҳои модификатсия-кардашудаи нахҳосилкунанда гузаро-нида шуд, ки барои ба таври васеъ татбиқ намудани усулҳои комплексии спектроскопӣ барои омӯхтани сохтори молекулии полимерҳо, механизми касалшавии бактерии чигит, ҳамчунин механизми рангинкунии полимерҳои модификатсиякардашудаи нахҳосил-кунанда имкон медиҳанд.

Дар соҳаи акустикаи физикӣ усули фотоакустикии назорати сохтвайрон-накунандаи ҷисмҳои сахт ва объектҳои биологӣ, усули акустоэмиссионии назорати равандҳои химики технологӣ дар ҷисмҳои сахт ва тарзи акус-тоэмиссионии муайян кардани дараҷаи табдилёбии ҷисмҳои сахт ҳангоми сохтвайроншавии ҳароратӣ коркард шуданд.

Таҳқиқот дар самти «Масъалаҳои физикию техникии энергетика» ба татбиқи манбаъҳои ғайримаъмулии барқароршавандаи энергия бахшида шуданд, ки афзалияти муҳими онҳо адонашавандагӣ ва тозагии экологии онҳо мебошад.

Самтҳои таҳқиқот ба коркарди ҷузъиёт (элемент)-ҳо, таҷҳизот ва принсипҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баҳодиҳии нерӯи ин манбаъҳо дар Тоҷикистон ва самаранокии энергетикии истифодаи онҳо алоқаманд мебошанд.

Маркази таҳқиқ ва татбиқи ман-баъҳои барқароршавандаи энергияи назди институт иҷрокунандаи асосӣ ва ҳамоҳангсози корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба амалисозии «Барномаи мақ-саднок ва комплексӣ оид ба татбиқи васеи МБЭ дар Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» мебошанд.

Дар се ноҳияи вилояти Хатлон, як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мони-торинг гузаронида шуда, пойгоҳҳои офтобии фотоэлектрикӣ, коллекторҳои офтобӣ барои гарм кардани об ва дастгоҳҳои шамолию биогазҳосилку-нанда сохтаву насб карда шуданд. 

Обгармкунакҳои офтобӣ дар Маркази тиббии ш. Душанбе

 Дар ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳри-нав ва як қатор ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ микроНОБ-ҳои иктидорашон 4,5 кВт, ки якҷоя бо корхонаи «Тоҷикгидроагрегат» коркард ва сохта шудаанд, насб карда шуданд.

Якҷоя бо олимони Ҷопон бори нахуст парда (пленка)-ҳои рӯшно-ҳассоси фталосиании мис дар шароити ҷозибаи баланд аз фазои буғӣ ва аз маҳлул ҳосил карда шуданд, ки онҳои барои сохтани ҷузъиёти офтобии баландҳассос дар асоси нимноқилҳои органикӣ истифода мешаванд.

Дар соҳаи физикаи атмосфера таҳқиқоти аэрозоли атмосферӣ ва озон гузаронида мешаванд. Ба таври мунтазам санҷиши миқдори умумии озон дар сутуни амӯдии атмосфера дар давраҳои гуногуни сол гузаронида мешавад. Таҳқиқи намунаҳои аэрозоли чангӣ бо усули спектроскопияи фотоакустикӣ дар соҳаи ултрабунафшӣ ва аёни спектр ва муқоисаи ин натиҷаҳо бо маълумоти тавассути усули ИК- спектроскопия ва инъикоси диффузионӣ ба дастовардашуда имкон доданд, ки мувофиқатии табиати аэрозолҳои чангии заминӣ ва чангҳои марсиянӣ муқаррар карда шавад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои ҳалли масъалаҳои пешгӯйии иқлим ва обуҳаво, ҳамчунин муайян кардани нақши аэрозолҳо дар тағйирёбии онҳо хеле муҳим аст.

Фотометри офтобии СЕ-318 (CIMEL, Francе) барои
ченгирии нишондиҳандаҳои оптикӣ ва
микрофизикии аэрозол дар атмосфера.

 Истифодаи усулҳои физикӣ дар соҳаи тиб рушду равнақ ёфтанд, аз ҷумла усулҳои маъмулии криотерапия, магнитотерапияи варамиҳо, терапияи лазерӣ ва усулҳои спектроскопияи молекулӣ ба мақсади коркарди тарзҳои нави ташхис ва назорати курсҳои табобат.

Аз тарафи олимони институт крио-асбобҳо, усулҳои табобати беморон бо истифодаи лазери инфрасурхӣ коркард ва татбиқ карда шуданд. 

Институт бо марказҳои илмии Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ҷопон, Фаронса, Олмон, ИМА, Португалия, Австрия, Покистон, Эрон, фаъолона ва сермаҳсул ҳамкорӣ менамояд.

Минбаъд таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъа-лаи истифодаи самараноки манбаъҳои ғайримаъмулии энергия, таҳқиқи таъ-сироти мутақобили зарраҳои энергия-ҳои фавқулбаланд дар таркиби шуоъ-ҳои кайҳонӣ бо ядроҳои атмосфера бо усули камераҳои фотоэмулсионӣ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ, сабзо-ниши монокристалҳои нави сегнето-электрикӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқ ва таҳқиқоти бунёдии хосиятҳои системаҳои конденсӣ равона карда мешавад.