joomla

09:22, 16th September 2019
Сентябр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
free templates joomla

Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ

734025, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода, 17 А,

 т. (99237) 221-77-91 

Моҳи ноябри соли 2001 Тоҷикистон ба узвияти МАГАТЭ пазируфта шуд ва зарурати таъсиси сохтори миллӣ оид ба илм, танзим дар соҳаи амнияти радиатсионӣ ба вуҷуд омад. 

Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ (ААЯР) соли 2002 дар заминаи агентӣ оид ба  энергияи атомӣ, ки дар назди Раёсати АИ ҶТ фаъолият мекард, ташкил карда шуд. Директор-ташкилотчии агентӣ акаде-мик Ӯ.М.Мирсаидов интихоб гардид, ки то ҳоло онро бомувафаққият сарварӣ менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти ААЯР АИ ҶТ дар баробари вазифаи батанзимдароварӣ, инчунин

• таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;

• мониторинги радионуклидии био-сфераи Тоҷикистон;

• коркарди комплексии маъдани уран ва партовҳои уранӣ  мебошанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ААЯР АИ ҶТ мақоми танзимгари давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ буда, сиёсати ягонаи давлатиро пеш бурда, фаъолияти мақомотҳои дигари ваколатдорро ҳамоҳанг месозад.

 Мувофиқи Қонуни зикргашта ААЯР АИ ҶТ:

- фаъолияти иҷозатномадиҳиро ба ҳамаи намудҳои фаъолияти бо истифодабарии маводҳои радиоактивӣ робитадошта иҷро мекунад;

- меъёр ва қоидаҳои ба бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҷисмонӣ ва нақшагирии зиддисадамавӣ, қайд ва назорати маводҳои ядроӣ ва манбаҳои афканишоти ионофар тааалуқдоштаро  тасдиқ менамояд;

- риояшавии меъёр ва қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ ва шартҳои иҷозатномаро назорат мекунад;

- талаботҳои тахассусиро барои кормандони дар объектҳои истифодаи манбаҳои афканишоти ионофар  фаъолиятдошта муайян менамояд.

Дар айни замон агентӣ инфра-сохтори асосии миллӣ – ҳамоҳангсози миллии МАГАТЭ мебошад, ки фаъолиятҳои бо истифодабарии энергияи атомӣ робитадоштаро танзим менамояд ва барои ба мақсадҳои осоишта истифодашавии энергияи атомӣ мусоидат менамояд.

Дар вазифаи агентӣ ҳамчун ҳамо-ҳангсози миллӣ инҳо дохил мешавнд:

• ҳамоҳангсозии ҳамаи марҳилаҳои Барномаи бозоргонӣ;

•  муошират ва табодули иттилоот бо ҳамшарикон оид ба лоиҳаи минтақавӣ ва миллӣ;

• таъмини расонидани лоиҳаӣ ба МАГАТЭ;

• идоракунии лоиҳаҳои минтақавӣ ва миллӣ;

• расонидани кӯмаки методӣ зимни иҷрои лоиҳаҳои миллӣ ва ғайра.

Ба ҳайати агентӣ 4 шӯъба дохил мешавад:

• шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ;

• шӯъбаи иҷозатномадиҳӣ ва назорат;

• шӯъбаи иттилотию таҳлилӣ;

• шӯъбаи таъминоти илмию техникӣ;

• бахши агентӣ дар шаҳри  Чкаловск (вилояти Суғд).

Шӯъбаи  илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи мониторинги  радиоэкологии биому-ҳити Тоҷикистон  ва коркади маъдани уран ва  партовҳо таҳқиқот мебарад. 

Озмоишгоҳи калибровкакунонӣ

 

Дар шӯъба маълумоти мукаммали бештар оиди характеристикаҳои  тер-микӣ ва термодинамикии кристал-логидратҳо ва уранил-нитратҳою уранил-сулфатҳои камобгардондашуда ба даст оварда шудаанд.

Кинетикаи раванди сорбсионии (ҷаббишии) ҷудокунии уран аз пар-товҳои саноати уранӣ таҳқиқот карда шудааст. Қобилияти баланди сорб-сионии пӯчоқи зардолу нисбати дигар сорбентҳо ошкор карда шудааст.

 Схемаи принсипиалии технологии ҷудокунии уран аз обҳои конӣ ва обҳои техникии партовҳои саноати уранӣ пешниҳод карда шудааст, ки аз зинаҳои  туршкунӣ, ҷаббиш, пӯхтан, ишқоронӣ, такшинкунӣ, полоиш ва хушккунӣ иборат мебошанд.

Харитаи радиологии Тоҷикистони Шимолӣ тартиб дода шудааст.

Барои такшинкунии кеки зард аз маҳлулҳои урандор схемаи технологии такмилдодашуда бо истифодабарии оҳаксанг ва селитраи аммиакӣ дар раванди технологӣ дар зинаи нейтрализатсияи кислотаи сулфури зиёдатӣ баъд аз десорбсияи уран аз сорбенти АМ(п) пешниҳод карда шудааст.

Вазифаи асосии шӯъбаи иҷозат-номадиҳӣ ва назоратии Агентӣ ташаккули базаи меъёрии ҳуқуқӣ  дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, амали-созии талаботҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодабарии энергияи атомӣ» ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Инчунин гузаронидани санҷиши субъектҳои хоҷагидор, ки дар фаъолияти худ манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд ва додани иҷозатнома ба ин фаъолият ба зиммаи ин шӯъба гузошта шудааст.

Аз тарафи шӯъба 15 ҳуҷҷат – низомномаҳо, қоидаҳо, тартибҳо, талаботҳо, ки ба танзим дар соҳаи таъмини амнияти радиатсионӣ мансу-банд, таҳия ва татбиқ карда шуданд.

Вазифаи асосии шӯъбаи иттилотию таҳлилӣ  таъмин намудани кормандони институтҳои илмию тадқиқотӣ бо иттилоот оид ба муҳофизати радио-активӣ ва таъмини иттилоотии чора-биниҳое мебошад, ки ба баланд-бардории сатҳи илмию техникӣ  равона карда шудаанд.

Дар назди шӯъба китобхона ва маркази миллии ИНИС (системаи байналмилалии иттилооти ядроӣ) амал мекунанд. Дар китобхона  қариб ҳамаи маводҳои чопии баъди соли 1970 чопшудаи МАГАТЭ, нашрҳои дар соҳаи технологияи ядроӣ ва радиат-сионии дар кишварҳои аъзои МАГАТЭ чопшуда, инчунин асарҳои ба ҳамин соҳа бахшидашудаи олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда шудаанд.

Агентӣ корҳои зиёди ҳамоҳанг-созиро бо ташкилотҳои байналмилалӣ пеш мебарад. Аз соли 2002 бо мусоидати Агентӣ 13 лоиҳаи байнал-милалӣ амалӣ гардонида шуда, 4 лоиҳа ба МАГАТЭ барои солҳои 2012-2013 пешниҳод карда шуданд.

Хамаи лоиҳаҳои амалигардонида-шуда асосан ба воридсозии таҷҳизоти муосир, омӯзонидани кадрҳо барои баистифодадиҳии ин таҷҳизот тавас-сути мутахассисони омӯзонанда, коромӯзӣ ва сафарҳои илмӣ ба як қатор давлатҳои Аврупо нигаронида шудаанд. Лоиҳаҳо аз тарафи кормандони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи дахлдори МАГАТЭ амалӣ карда мешаванд.

Лоиҳаҳои МАГАТЭ барои татбиқ ва амалисозии лоиҳаҳо тибқи стандарт-ҳои байналмилалӣ имконияти хуб дода, ба иҷрокунандагони лоиҳаҳо имконияти омӯзиш ва шиносоиро бо инфрасохтори худи давлатҳои мута-раққӣ оид ба самти дахлдор фароҳам меоваранд.

Агентӣ оид ба иҷрои лоиҳаҳо бо комиссияи танзим ва Департаменти энергетикаи ИМА, Комиссияи Аврупо, Норвегия, Олмон, Англия, Туркия, Маркази байналмилалии илмию техникӣ ва ПРООН робитаҳои байналмилалӣ дорад.