Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия,
геология ва техникаи АИ ҶТ
Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази илмӣ ва илмӣ-ташкилӣ мебошад, ки муассисаҳои илмии ҳамсамти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид менамояд.
Дар ҳайати Шӯъба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи АИ ҶТ шомиланд, ки таҳқиқотҳои илмиашон ба соҳаи математика, физика, астрономия, химия, геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ва ғайра мансубанд.
Роҳбарии Шӯъбаро ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шӯъба – академики АИ ҶТ Ҳ.Ҳ.Муминов ба ӯҳда доранд.
Сохтори ташкилии Шӯъба
Сохтори Шӯъба аз Бюро иборат аст, ки дар ҳайати он 6 академики АИ ҶТ ва 3 аъзои вобастаи АИ ҶТ шомиланд.
Аъзои Бюрои Шӯъба
телефонҳо: (992 372) 221-69-91, (992 372) 227-48-06
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шӯъба,
академики АИ ҶТ Муминов Ҳикмат Ҳалимович, тел.(992 372) 221-69-91, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Муовини раиси Шӯъба - узви вобастаи АИ ҶТ Низомов Ҷаҳонгир Низомович, тел. 992 919355734
Котиби илмии Шӯъба Костова Раиса Ивановна, тел.(992 372) 227-48-06, 935816082, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Аъзои Бюрои Шӯъба
академики АИ ҶТ Илолов Мамадшо Илолович, тел.(992 372) 221-83-90, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
академики АИ ҶТ Ғаниев Иззатулло Наврӯзович, тел. (992 372) 225-80-94
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
академики АИ ҶТ Одинаев Саидмуҳамад Одинаевич, тел.(992 372) 225-80-92, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
академики АИ ҶТ Раҳмонов Зарулло Ҳусейнович, тел.(992 372) 2258089, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
академики АИ ҶТ Холиқов Ҷӯрабой Холиқович, тел.(992 372) 935054392, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
узви вобастаи АИ ҶТ Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна, тел.(992 372) 227-46-24, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
узви вобастаи АИ ҶТ Файзиев Абдулҳақ Раҷабович, тел.(992 372) 235-09-97, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Ҳайати шахсии Шӯъбаи илмҳо ( то 01.01.2019 с.)
Аъзои вобаста – академикҳои Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аҳмедов Ҳаким Мунавварович (энергетика) - муовини директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АИ ҶТ;
Бобоҷонов Пӯлод Бобоҷонович (астрофизика) - мушовири Раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири Шӯъбаи астрономияи метеории Институти астрофизикаи АИ ҶТ;
Ғаниев Изатулло Наврӯзович (металлургия) - мудири лабораторияи «Маводҳои ба коррозия устувор»-и Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ;
Илолов Мамадшо Илолович (математика) - директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АИ ҶТ;
Марупов Раҳим Марупович (физика) - сарходими илмии лабораторияи спектроскопияи молекулярии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров АИ ҶТ;
Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (химия) – сарходими илмии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ;
Муминов Ҳикмат Ҳалимович (физика) – ноиби-президенти АИ ҶТ, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АИ ҶТ;
Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология) – сардори Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ»-и АИ ҶТ;
Одинаев Саидмуҳаммад (физика) – сарходими илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ;
Раҳимӣ Фарҳод (физикаи назариявӣ) – президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раҳмонов Зарулло Ҳусейнович (математика) – директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АИ ҶТ;
Раҷабов Нусрат Раҷабович (математика) – профессори кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Сафиев Ҳайдар Сафиевич – (технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ) - директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;
Усмонов Зафар Ҷӯраевич (математика) - мудири Шӯъбаи таҳрезии математикии Институти математикаи ба номи А. Ҷураев АИ ҶТ;
Ҳайдаров Карим Ҳайдарович (химияи дорусозӣ) – мудири лабораторияи фармакологияи Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ;
Холиқов Ҷӯрабой Холиқович (химия) – мудири лабораторияи химияи пайвастаҳои калонмолекулаи Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ;
Шабозов Мирганд (математика) – сарходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АИ ҶТ
Аъзои вобастаи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич (физикаи назариявӣ) – профессори кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Бадалов Абулхайр (химияи ғайриорганикӣ) – профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М. Осимӣ;
Бобоев Тошбой (физикаи ҳолати конденсӣ) – профессори кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Ибодинов Хурсандқул Ибодинович (астрофизика) - мудири Шӯъбаи кометаҳо ва астероидҳои Институти астрофизикаи АИ ҶТ;
Исҳоқов Сулаймон Абунасрович (математика) – заместитель директора по науке и учебной работе Института математики им. акад. А.Джураева АН РТ;
Кобулиев Зайналобудин Валиевич (экологияи муҳити зист) – директори Институти масъадаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи ҶТ;
Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна (астрофизика) – директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ;
Қурбонов Икром Қурбонович (математика) - профессори кафедраи математикаи Донишгоҳи Славянии Руссияю Тоҷикистон;
Мадвалиев Умархон (физикаи эксперименталӣ) – сарходими илмии Маркази омӯзиш ва таҳқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ;
Мансурӣ Дилрабо Сайфулло (мошинсозӣ) – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи «Дизайни либос ва санъати мӯд»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
Низомов Ҷаҳонгир (сейсмология) - мудири лабораторияи назарияи зилзилатобоварӣ ва моделсозии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ;
Норматов Ином Шерович (физика) – мудири кафедраи метеорология ва иқлимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Одинаев Ҳайдар (металлургия) – ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М. Осимӣ;
Раҳимов Исматулло Фатҳуллоевич (химияи дорусозӣ) – мудири лабораторияи дорусозии Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ;
Солиҳов Тағоймурод Ҳаитович (физикаи назариявӣ) – сарходими илмии Шӯъбаи ҳолати конденсии Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Тӯйчиев Шарофиддин (физикаи ҳолатҳои конденсӣ) – сарходими илмии Шӯъбаи ҳолати конденсии Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Файзиев Абдулҳақ Раҷабович (минералогия) - мудири Шӯъбаи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ;
Ҳабибулло Абдулло (математика) – ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ;
Ҳақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович (металлургия) - муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай
Аъзои хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки аз рӯйи самти Шӯъба интихоб шудаанд
Акаев Аскар (механикаи дакиқ ва оптика) – академики Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Қиргизистон, президенти АИМ ҶК (с.1997)*,
Анна Мария Сетто (физика) – муовини якуми директори генералии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) (с.2007),
Журинов Мурат Журинович (химия) – академики АИМ Ҷумҳурии Қазоқистон, президенти АИМ Қазоқистон (с.2010),
Лаверов Николай Павлович (конҳои маъдан) – академики АИ Россия, ноиби президенти АИ Россия (с.1997),
Матвеев Виктор Анатолевич (физика) – академики АИ Россия, директори Ташкилоти байналмилалии байниҳукуматӣ – Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ҳастаӣ, Дубна, Россия (с.2011),
Осипов Юрий Сергеевич (матетатикаи амалӣ ва механика) – академики АИ Россия, президенти АИ Россия, директори Институти математикаи ба номи В.А. Стеклов АИ Россия (с.1997),
Патон Борис Евгеневич (электросварка) – академики АИ Россия, академики Академияи илмҳои миллии Украина, президенти АИМ Украина (с.2001),
Садовничий Виктор Антонович (математика) – академики АИ Россия, ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов (с.2008),
Самойленко Анатолий Михайлович (математика) – академики АИМУ,
директори Институти математикаи АИМ Украина (с.2011),
Бай Чунли (химия, химияи физикӣ, наносохтори молекулявӣ, наномаводҳои нав, нанотаҷҳизотҳои молекулавӣ) – академики АИ ҶҲХ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой (с.2014).
Лихтенштейн Гертс Илиич (химияи физикӣ) – Профессори Ифтихории Донишгоҳи ба номи Бен-Гуриони ш. Беер-Шева, Давлати Исроил (с. 2018)
Лиу Лин Шу - Cарходими илмии Маркази илмӣ-тадқиқотии Минтақаи Шарқии Хадамоти тадқиқотҳои кишоварзии Департаменти кишоварзии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
*- соли интихоб
Аъзои вобаста – академикҳои АИ ҶТ, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд
Почоҷонов Далер Набиҷонович (химия) – ш. Перт, Кишвари Муштарак-ул-манофеъи Австралия;
Соложенкин Пётр Михайлович (химия, металлургияи ранга) – ш. Москва, Федератсияи Россия
Аъзои вобастаи АИ ҶТ, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд
Глазунова Елена Михайловна (органическая химия) – ш. Волосово, вилояти Ленинград, Федератсияи Россия;
Ибодов Субҳонҷон (астрофизика) - ш. Москва, Федератсияи Россия;
Каримов Ҷамшед Ҳилолович (информатика) – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;
Мирзоев Комил Мамедович (сейсмология) – ш. Алметиевск, Федератсияи Россия;
Муҳаммадиев Эргашбой (математика) – ш. Вологда, Федератсияи Россия;
Селезнёв Геннадий Сергеевич (сейсмология) – ш. Звенигород, Федератсияи Россия
Муассисаҳое, ки аз ҷиҳати илмӣ-методӣ
Шӯъба роҳбарӣ менамояд:
- Институти математикаи ба номи А.Ҷураев,
- Институти астрофизика,
- Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров,
- Институти химияи ба номи В.И. Никитин,
- Институти геология, сохтмони ва заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология,
- Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология,
- Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ,
- · Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав,
- Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ,
- Маркази омӯзиши пиряхҳо
- Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ».
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 декабри с. 2014 таҳти рақами №765 Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмӣ, техникӣ ва технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АИ ҶТ инҳоянд:
Самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмӣ
Физикаи назариявӣ ва математикӣ. Истифодаи моделҳои математикӣ;
Назарияи аналитикии ададҳо;
Назарияи наздикшавии функсияҳо;
Муодилаҳои интегралӣ ва дифференсиалӣ;
Лингвистикаи математикӣ;
Физикаи ядроӣ, физикаи нурҳои дорои энергияи фавқулбаланд;
Физикаи ҳолатҳои конденсӣ;
Масъалаҳои физикӣ-техникии энергетикаи алтернативӣ;
Коркард ва ба вуҷуд омадани технологияҳои инноватсионии сарфкунанда ва самараноки энергия;
Физикаи атмосфера ва метеорология;
Физикаи нанобарандаҳо, наномаводҳо ва нанотехнологияҳо;
Автоматикикунонӣ ва робототехникӣ;
Ҷисмҳои хурди системаи Офтоб, объектҳои наздизаминӣ, ситораҳо ва системаҳои ситораҳо;
Мониторинги радиатсионии биомуҳити Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Асосҳои физикавӣ-химиявии коркарди маъданҳои уран;
Коркарди маҷмӯи ашёи хом ва партовҳои саноатӣ;
Металлҳо ва хӯлаҳои дорои хосиятҳои махсус;
Химияи пайвастагиҳои координатсионӣ;
Химияи пайвастҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли органикӣ ва калонмолекулавӣ. Коркарди истифодаи доруҳои нави табобатӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми табиӣ ва маҳсулоти синтези органикӣ;
Геологияи минтақавӣ, канданиҳои фоиданок, маъданҳосилшавӣ ва металлогения;
Палеонтология ва стратиграфия;
Мониторинги сейсмологӣ ва баҳодиҳии хатари сейсмикӣ. Тартиб додани харитаи пешгӯии оқибатҳои заминҷунбиҳои сахт дар марзи Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои муосир;
Назария ва амалияи ба зилзила тобовари биноҳо ва иншоот;
Моделикунонии равандҳои сейсмикӣ;
Технологияҳои сарфаи энергия ва роҳҳои ба муҳити зист зарар нарасонидани онҳо;
Манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия, усулҳои табдили онҳо ва захираи энергия (аккумулятсия);
Мониторинги захираҳои обӣ ва истифодаи комплексии онҳо;
Омӯзиши тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон.
Институтҳои Шӯъба лоиҳаҳои инноватсиониеро таҳқиқ мекунанд, ки дар Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 оварда шудааст.
Маҷаллаҳо: “Ахбори АИ ҶТ. Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника”. Аз моҳи январи соли 1952 таъсис ёфтааст. Даврӣ: - 4 шумора дар як сол. Маҷала дар Рӯйхати нашрияҳои тақризшавандаи илмии Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россия шомил аст.