joomla

09:42, 16th September 2019
Сентябр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
free templates joomla

Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ

734017,  ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Карамов, 27,

т. 224-71-88

Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №32 аз 4-уми феврали соли 2011 дар заминаи муттаҳид намудани Инсти-тути ботаникаи АИ ҶТ ва Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи АИ ҶТ ташкил карда шудааст.

Директори институт  узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, доктори илми биология Ҳ.Ҳ. Ҳисориев  мебошад.

Айни ҳол дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ 57 нафар кормандони илмӣ, 12 нафар док-тори илм (аз он ҷумла, 1 нафар акаде-мики АИ ҶТ, 4 нафар аъзои вобастаи АИ ҶТ), 22 нафар номзади илм фаъолият доранд.

Институти ботаникаи АИ ҶТ-ро дар солҳои гуногун академик, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ П.Н.Овчинников (солҳои 1941-1977), узви вобастаи АИ ҶТ М.Р.Расулова (солҳои 1977-1987), академик А.Н.Махсумов (солҳои 1987-1992), узви вобастаи АИ ҶТ М.И. Исмоилов (солҳои 1992-1996), номзади илмҳои биологӣ А.А.Мадаминов (иҷрокунандаи вазифа  солҳои 1996-1998) ва узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ.Ҳ. Ҳисориев (солҳои 1998-2011) сарварӣ намудаанд.

Сарварии Институти физиология ва генетикаи растаниҳои АИ ҶТ-ро академикҳо Ю.С.Носиров (солҳои 1964-1986) ва Х.Ҳ.Каримов (солҳои 1998-2011) ба зимма доштанд.

Самтҳои асосии тадқиқоти илмии Институт чунин мебошад: омӯзиши таркиби системавии флораи раста-ниҳои дараҷаи олӣ ва паст, омӯзиши захираҳои набототӣ, тадқиқотҳои геоботаникӣ, бахаритадарории раста-ниҳои Тоҷикистон, коркарди асосҳои назариявӣ ва усулҳои истифодабарии дастовардҳои физиология ва биохи-мияи растаниҳо, генетика ва биологияи молекулавӣ барои баланд бардоштани самаранокии фотосинтез, ба вуҷуд овардани навъҳои сермаҳсул, ба таъсири омилҳои номусоид устувори зироатҳои кишоварзӣ ва татбиқ намудани технологияи парвариш, истифодабарии усулҳои биотехнологӣ дар соҳаи растанипарварӣ, физиология ва биохимияи экологии растаниҳо.

Институт аз чунин воҳидҳои илмӣ  иборат мебошад:

шӯъбаи флора ва систематикаи растаниҳо;  озмоишгоҳи экология ва захираи растаниҳо; озмоишгоҳи фото-синтез ва маҳсулнокии растаниҳо; озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнология; озмоишгоҳи биохими-яи фотосинтез; озмоишгоҳи генетикаи растаниҳо; хазинаи гербарияи миллии институт;     қитъаи илмӣ-таҷрибавии назди институт (ш. Душанбе 834 м баланд аз сатҳи баҳр); Пойгоҳи таҷрибавии Ҳисор барои парвариши пахта; Пойгоҳи биологии баландкӯҳи «Сиёҳкӯҳ» (2300 м баланд аз сатҳи баҳр); Пойгоҳи набототи кӯҳии Варзоб «Кондара» (1200-2600 м баланд аз сатҳи баҳр).

Дар назди институт шӯрои диссер-татсионӣ ҷиҳати додани дараҷаи илмии доктор ва номзади илми био-логия оид ба ихтисоси «Физиология ва биохимияи растанӣ» фаъолият меку-над. Дар давоми фаъолияти шӯрои рисолавӣ аз соли 1987 то 2011 дар ҷаласаҳои он 23 рисолаҳои докторӣ ва 92 рисолаҳои номзадӣ дифо карда шудааст. Аз он ҷумла аз ҷониби кормандони институт 12 рисолаҳои докторӣ ва 45 рисолаҳои номзадӣ дифо карда шудааст.

Дар натиҷаи меҳнати пурмашаққати ботаник-флористҳо айни ҳол дар ҳуду-ди Тоҷикистон наздикии 120 оила, 994 ҷинс ва 4513 намуд ошкор карда шуда, зиёда аз 200 намудҳои барои илм нав ва зиёда аз 600 намудҳои эндемикӣ, ки танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон мерӯянд, тавсиф карда шудааст. Саҳми П.Н. Овчинников, В.И.Запрягаева, М.Р. Расулова, А.П.Чукавина, Г.К.Кинзи-каева, Т.Ф.Кочкарева, С.Ю.Юнусов, Л.Н.Абдусалямова, С.Б.Астанова ва дигарон дар тартиб додани асари илмии даҳҷилдаи «Флораи Тоҷикис-тон», ки ҳоло он ба захираи фонди тиллогии адабиётҳои ҷаҳонӣ оид ба гуногунии биологии растанҳо шомил аст, назаррас мебошад.

Дар натиҷаи инвентаризатсияи қатъии олами флораи Тоҷикистон қариб 300 намуди растаниҳо ошкор карда шуданд, ки онҳоро бояд таҳти ҳимоя қарор дод ва номи онҳоро дар нашри дуюми Китоби Сурхи Тоҷикистон бояд қайд намуд.

Дар баробари омӯзиши флораи растаниҳои дараҷаи олӣ, инчунин ба систематика ва флораи растаниҳои дараҷаи паст низ диққати махсус дода шудааст. Тадқиқотҳои аввалин оид ба обсабзҳо дар  Тоҷикистон бо номи олими машҳури биологияи обӣ (гидробиология) И.А.Киселёв (1951), ки як қатор намудҳои нави обсабзҳои обанборҳои кӯҳии ҷумҳуриро тавсиф кардааст, алоқаманд мебошад. Тадқи-қоти ӯ дар монографияҳои як қатор олимон (Мельникова, 1975; Бут, 1975; Базова, 1975; Ҳисориев, 1993) идома ёфтаанд.

Аз солҳои 90-ӯм сар карда самти нави тадқиқоти ботаникӣ -  инвентари-затсия (аз қайд гузаронӣ) ва омӯзиши экологию флористикии обсабзҳои обанборҳои Тоҷикистон оғоз шуд. Инвентаризатсияи пурраи обсабзҳои эвгленофитии Осиёи Марказӣ гузаро-нида шуд. Дар натиҷаи тадқиқоти бисёрсола оид ба растаниҳои споравии Тоҷикистон зиёда аз 2500 намуди об-сабзҳои оби ширин, хокӣ ва харсангӣ, 2000 намуди микро- ва макромисетҳо, зиёда аз 300 намуди гулсангҳо ва 400 намуди ушнаҳои баргӣ ва ҷигарранг ошкор карда шудаанд.

Яке аз дастовардҳои муҳими тадқи-қот оид ба растаниҳои дараҷаи паст, ки дорои аҳамияти амалӣ мебошанд, ин омӯзиши обсабзҳо ва вазифаи онҳо дар тозакунии обҳои ҷоришаванда, дар инкишоф додани базаи хӯрока барои хоҷагиҳои моҳипарварӣ, оид ба исти-фодабарии ушнаҳо, гулсангҳо, обсабз-ҳо ва занбӯруғҳо дар мониторинги ифлосшавии антропогенӣ ва биоин-дикатсияи муҳити зист ба шумор мераванд.

Самти асоси тадқиқоти озмоишгоҳи экология ва захираи растаниҳо омӯзиши таркиби қабати набототии  Тоҷикистон ва қонуниятҳои тақсимоти он вобаста аз амудӣ будани минтақаҳо мебошад.

Аспирант С.Юсупов  дар гузаронидани таҳқиқоти саҳроӣ 

Тадқиқоти доимии экологию биоло-гии маҷмааи растанигии асосии флоро-сенотипҳои Помиру Олой аз рӯи бур-риши амудии кӯҳ гузаронида шудааст. Растаниҳои фоиданок (доругӣ, хӯроки чорво, хӯрданибоб ва ғайра), ки барои флораи Тоҷикистон хосанд, ошкор карда шуда, хусусиятҳои биологию экологии онҳо омӯхта шудааст, захира ва аҳамияти онҳо дар соҳаи кишовар-зии ҷумҳӯрӣ муайян карда шудааст. Усулҳои истифодаи онҳо ва интродук-сияи аввалия коркард шудааст. Таас-сури ҷавобии қариб 200 намудҳои рас-таниҳо ба тағйирёбии дараҷаи ғизо-диҳии маъданӣ муайян карда шудааст. Дараҷаи баланди муттаасирии (ҳассо-сии) қисми зиёди алафҳои ғолибияти чарогоҳ ва алафдаравҳо ба ғизодиҳӣ муқаррар карда шудааст.

Тавассути тадқиқоти ботаникҳо миқдори моддаҳои фаъоли биологии таркиби зиёда аз 800 намуди растаниҳо муайян карда шудааст. Минтақаҳои мақсадноки тайёр намудани ашёи хом ва чорабиниҳо оид ба муҳофизати растаниҳои шифобахши Тоҷикистон коркард карда шудааст.  Захираҳои та-биии растаниҳои шифобахши намуд-ҳои зағоса, унгернияи Виктор, дарма-на,  ширинбия, татуми даббоғӣ, анаба-зиси бебарг, чойкаҳаки дурушт омӯхта шудааст.

Дар озмоишгоҳи биологияи молеку-лӣ аввалин маротиба ба таври таҷри-бавӣ исбот карда шудааст, ки шаклҳои бо мембрана алоқаманди Рубиско дар растаниҳои дараҷаи олӣ вуҷуд дорад. 

Узви вобастаи АН РТ Қ.А.Алиев бо мутахассиони ҷавон ҳангоми омӯзонидани

 усули гирифтани картошкаи бевирус 

Дар  ҳамкорӣ бо Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон систе-маи тухмипарварии картошкаи беҷи-рим дар истеҳсолот татбиқ карда шу-дааст Натиҷаҳои ин корҳо дар як қатор хоҷагиҳои картошкапарвари кӯҳии Тоҷикистон татбиқ карда шудааст.

Дар озмоишгоҳи биохимияи фото-синтез  нишон дода шудааст, ки дар хлоропластҳои С3-растаниҳо имкони-яти амалӣ намудани роҳи то ҳол номаълуми табдилёбии туршии С4 вуҷуд дорад.

Дар озмоишгоҳи фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо нишон дода шудааст, ки дар идоракунии генетикии аломатҳои «миқдори барги растанӣ», «сатҳи умумии баргпӯши растанӣ» таъсири ғолибияти пурра, аммо барои аломати «масоҳати барг» бошад ғолибияти нопурра вазифаи асосиро мебозанд. Аз ҷониби кормандони илмии озмоишгоҳ бо ҳамкории селексионер Ш.Т.Бурнашев навъҳои нави ояндадори пахтаи миёнанахи

Таҷрибаҳои моделӣ оид ба омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба растании гандум

(н.и.б. Б.Б.Fиёсидинов,  н.и.б. Т.П.Усмонов

 ва  н.и.б. И.А.Сабоиев) 

Роҳатӣ, Гулистон, Гулистон-2, Равшан, Сомони ва Шавкат-80 ба вуҷуд оварда шудааст. Навъҳои Гулистон ва Гулистон-2 дар ҷумҳурӣ дар масоҳати зиёда аз 10 ҳазор гектар кошта шудааст.

Дар солҳои охир таҳлили гению молекулавии навъҳои гандуми таҳҷоӣ ва 4 намуди эгилопс дар Тоҷикистон гузаронида шудааст. Формулаҳои глиадинии маводҳои аз минтақаҳои экологии гуногуни Тоҷикистон ва 4 намуди эгилопс, гандумҳои мулоим ва сахти аз мамлакатҳои ҳамсарҳад ҷамъоваришуда ҳосил карда шудааст. Гуногунии морфологии дохилинамудӣ ва тағйирёбии ҷузъҳои алоҳидаи сафедаҳои глиадинӣ вобаста аз омилҳои экологию иқлимии макони зисти намудҳои омӯхташуда муқаррар карда шудааст. 

Намунаҳои растаниҳои  мутантӣ аз коллексияи Arabidopsis thaliana (L.) Heynh. 

Бо истифодаи  генофонди объекти моделии Arabidopsis thaliana (L.) Heynh нигоҳдорӣ, таҷдидкунӣ ва истифода-барии коллексияи беҳамтои генетикии саврак (Arabidopsis thaliana), инчунин намудҳо, ирқҳо ва популятсияҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон мерӯянд, таъсис дода шудааст. Дар асоси маҷ-мӯи хатҳои нишонадори Arabidopsis «тест-системаҳо»-и нави растанигӣ, ки барои осон намудани ташхиси меха-низмҳои генетикӣ ва ошкор намудани омилҳои мутагении табиии муҳит истифода бурда мешавад, ба вуҷуд оварда шудааст. Бо истифодабарии намудҳои мутантии арабидопсис қонуниятҳои  тағйирпазирии генотипи-кии як қатор аломатҳои дастгоҳи фотосинтетикӣ, барои муайян намуда-ни механизмҳои генетикии танзими протсеси фотосинтез бо имкониятҳои идоракунии маҳсулнокӣ ва ҳосилнокии растаниҳо дар асосҳои физиологию генетикӣ омӯхта шудааст. Дар оянда таъсири омилҳои эндогенӣ (дохила) ва экзогеннӣ (беруна) ба дараҷаи зоҳир-шавии аломат (экспрессивность) ва суръати такроршавии аломати генҳои (пенетрантность) аломатҳои дастгоҳи фотосинтетикиро муайянкунанда, мав-риди омӯзиш қарор дода шудааст. Хатҳио мутантии арзишнок ҷудо карда мешаванд, ки аз рӯи қад, инкишоф ва ҳосилбандиашон аз меъёр бартарӣ доранд.                                                              

Дар институт фонди Гербариявии Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ ягона ва беҳамто мебошад, ҷамоварӣ ва таъсис дода шудааст, ки дар он коллексияи бойтарини олами растаниҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз 200 000 намунаҳои гербариявии растаниҳои рагдор, 28 000 намунаҳои ушнашаклон, 15 000 намунаҳои гулсангҳо, зиёда аз 15 000 намунаҳои обсабзҳо ва маводҳое, ки аз ҳудудҳои системаи кӯҳии Помиру Олой (Тоҷикисон, Узбекистон, Қирғизистон) аз соли 1876 сар карда то соли 2010 аз ҷониби олимони гуногун ҷамъоварӣ карда шудааст, маҳфуз мебошад.

Пойгоҳи набототи кӯҳии Варзоб – базаи доимии таҷрибавӣ барои гузаро-нидани корҳои тадқиқоти гуногун-самти институт мебошад.

Дар раванди тадқиқотҳои экспедит-сионии бисёрсола қонуниятҳои тақ-симоти растаниҳои ҷангалӣ дар Тоҷикистон ва ва ноҳияҳои ба он ҳамшафати Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон, ки ба системаи кӯҳии Помиру Олой дохил мешаванд, макони алоҳидаи типҳои он дар сатҳи амудӣ муайян карда шудааст. ҳудуди аниқ байни растаниҳои ёбоӣ ва парва-ришшаванда вуҷуд надорад. Ин имконияти чунин хулоса намуданро дод, ки номгӯи дарахтони парва-ришшаванда дар шароити кӯҳсор асосан дар макони ҷойгиршавии шаклҳои ёбоии он аз ҳисоби маъда-никунии худи онҳо пайдо шудаанд. Аз ин сабаб кӯҳҳои Помиру Олойро яке аз марказҳои ҷаҳонии пайдоиши растани-ҳои маъданӣ, аз он ҷумла дарахтони мевадиҳанда номиданашон ҳам тасодуф нест.

Стансияии кӯҳии ботаникии Варзоб «Кондара» 

Дар солҳои наздик таҳқиқоти экологӣ, флористикӣ ва растани-парварӣ рушд хоҳанд кард, ки ба ҳалли вазифаҳои дар Конвенсияи байнал-милалӣ оиди мубориза бар алайҳи биёбоншавӣ, рушди устувори марзҳои кӯҳӣ ва ҳифзи гуногуншаклии биологӣ, Барномаи давлатии экологии ҶТ то соли 2015, ҳамчунин Барномаи рушди инноватсионии ҶТ барои солҳои 2011-2020 пешбинигардида нигаронида шудаанд.