Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинов
Таърихи таъсис ва фаъолияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ аз нимаи дуюми асри гузашта шурӯъ мешавад. Соли 1951 бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз 8 марти соли 1951, №116) Шӯъбаи фалсафа таъсис ёфта буд, ки пас аз ташкили АИ ҶШС Тоҷикистон (апрели соли 1951) ба сохтори он дохил гардид. Баъдтар дар заминаи шӯъбаи мазкур Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ (соли 1991) ва дар феврали с. 2011 Институти фалсафа, сиёсат-шиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ ташкил шуд.
Дар солҳои 50 асри гузашта сарвари Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷи-кистон донишманди маъруфи тоҷик, академик А.Баҳоваддинов буд. Таҳти роҳбарии илмии А.Баҳоваддинов кормандони Шӯъбаи фалсафа масъа-лаҳои фалсафаи марксистиву ленинӣ, ба хусус материализми диалективу таърихӣ ва таърихи фалсафаро тадқиқ намуданд.
Кормандони Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон аксари осори худро ба таҳқиқи масъалаҳои назарияи маърифат, таҳаввули тасаввурот дар бораи ҳастӣ, ҳаракат, замону макон, ошкорсозии шароити воқеӣ, сабабҳо ва оқибатҳои инқилобҳои илмӣ, баррасии хусусиятҳои тафаккури диалектикӣ дар табиатшиносӣ ва масъалаҳои дигари мубрами назариявӣ бахшиданд.
Дар ин давра дар инкишофи илми фалсафа ва тарбияи кадрҳои баланд-ихтисоси илмӣ академик М.Осимӣ саҳми калон гузошт.
Дар давраи аввали фаъолияти Шӯъбаи фалсафа аксари тадқиқот ба таърихи фалсафа ва афкори иҷтимоиву сиёсии халқи тоҷик ва мардумони кишварҳои ҳамсоя бахшида шуда буданд. Дар ин солҳо ба рушди илми фалсафа тарҷумаи осори навтарини илмӣ ба забони тоҷикӣ, ки аксари онҳоро кормандони Шӯъбаи фалсафа анҷом дода буданд, таъсири мусбат расонд.
Солҳои 1965-1988 сарвари Шӯъбаи фалсафа узви вобаста, номзади илми фалсафа Ғ.Ашӯров буд.
19 марти соли 1991 дар заминаи Шӯъбаи фалсафа ва Шӯъбаи ҳуқуқи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Академик, доктори илми фалсафа М. Диноршоев директори институт интихоб гардид. Дар марҳилаи аввали фаъолияти Институти фалсафа ва ҳуқуқ кормандони он ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафиву ҳуқуқ, ки бо таърихи пайдоиш ва рушди фалсафаи тоҷик робита доранд, машғул буданд; масъалаҳои назариявӣ ва методологии онтология, гносеология ва антро-пология; фалсафаи иҷтимоӣ, таърихи фалсафа ва дин; таҳлили сотсиологии таҳаввулоти сохторӣ дар Тоҷикистон; нашри мероси фалсафӣ ва ҳуқуқӣ.
Аз соли 1990 кормандони шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии институт тадқиқоти муҳимро, ки ба ҷустуҷӯй ва муайян кардани роҳҳои ташкили давлати миллӣ, ҳалли масъалаи мувофиқати манфиатҳои миллии халқи тоҷик бо манфиати халқҳо ва қавмҳои сокини Тоҷикистон равона шудаанд, ба анҷом расонданд.
Соли 2004 бо пешниҳоди Раёсати АИ ҶТ Ҳукумати ҶТ қароре қабул кард, ки тибқи он Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи академик А.Баҳоваддинов гузошта шуд.
Кормандони шӯъбаи давлат ва ҳуқуқ дар давраи Истиқлолияти давлатии ҶТ дар самтҳои зерин таҳқиқоти ҳамаҷониба анҷом доданд: масъалаҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон; таърихи давлатдорӣ ва ҳуқуқи тоҷик; таълимот ва назарияи ҳуқуқ; афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи тоҷик; ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ; ба вуҷуд овардани замимаҳои ҳуқуқӣ барои ба низом овардани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва хоҷагӣ.
Бо мақсади такмил ва татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҶТ, равона кардани фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ба омӯ-зиш ва ҳалли ҳодисаҳову масъалаҳои давлативу ҳуқуқии ҳозира, тарбияи мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи миллӣ ва байналмилаӣ бо Қарори Ҳукумати ҶТ (аз 2 декабри соли 2005, №474) дар заминаи шӯъбаи давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ ташкил карда шуд.
Дар солҳои 2007-2008 Институти фалсафаи АИ ҶТ-ро профессор, узви вобастаи АИ ҶТ К.Олимов сарварӣ намуд.
Солҳои 2009 доктори илми фалсафа А.Шамолов директори Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинов интихоб гардид.
Бо Қарори Ҳукумати ҶТ (аз 4 феврали с. 2011, №35) Институти фалсафаи АИ ҶТ ва Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ муттаҳид карда шуда, дар асоси онҳо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ташкил гардид. Директори институт номзади илми фалсафа Назар Муъмин Абдуҷалол таъйин шуд.
Ҳоло институт дорои 15 шӯъбаи илмиву таҳқиқотӣ мебошад: шӯъбаи онтология ва гносеология; шӯъбаи фалсафаи илм ва мантиқ; шӯъбаи таърихи фалсафа, шӯъбаи фалсафаи иҷтимоӣ; шӯъбаи фалсафаи фарҳанг; шӯъбаи таърих ва фалсафаи дин; шӯъбаи сотсиология, шӯъбаи сиёсат-шиносӣ; шӯъбаи муносибатҳои байнал-милалӣ; шӯъбаи ҳуқуқи давлатӣ; шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ; шӯъбаи ҳуқуқи исломӣ; шӯъбаи назарияи муосири давлат ва ҳуқуқ; шӯъбаи ҳуқуқи муқоисавӣ (компаративӣ). Ғайр аз ин дар институт Маркази синошиносӣ ва китобхонаи илмӣ мавҷуданд.
Самтҳои асосии фаъолияти илмии институт аз инҳо иборатанд: фалсафа, сиёсат, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ, сотсиология, давлат ва ҳуқуқ.
Ҳоло дар институт 145 нафар кор мекунанд, аз ҷумла 1 академики АИ ҶТ, 3 аъзои вобастаи АИ ҶТ, 28 доктор ва 40 номзади илм мебошанд.
Дар аспирантура 82 нафар, докторантура 3 нафар таҳсил мекунанд.
Дар институт ду шӯрои диссертат-сионӣ амал мекунанд, ки аз рӯи панҷ ихтисос рисолаҳоро барои дарёфти дараҷаи илмии доктор ва номзади илми фалсафа қабул менамоянд.