joomla
free templates joomla

Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ

 

ДОРАНДАИ  ОРДЕНИ   ДӮСТИИ  ХАЛҚҲО

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ШУЪБАИ ИЛМҲОИ ҶАМЪИЯТШИНОСИИ

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33, тел: (992 372) 227-54-80, 221-32-23

 

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

 

Раиси Шуъба – и.в.ноиби президенти АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз.

Муовини раиси Шуъба – узви вобастаи АИ ҶТ Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич.

Котиби илмии Шуъба - Умарова Шодигул, номзади илми филология.  

                                          Аъзои Бюрои Шуъба

Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз – узви вобастаи АИ ҶТ, и.в.ноиби президенти АИ ҶТ- раиси  Шуъба.  

Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич - узви вобастаи АИ ҶТ, муовини раиси Шуъба.   

Қаюмов Нуриддин Қаюмович – академики  АИ ҶТ.

Олимов Кароматулло – академики  АИ ҶТ.

Салимӣ Носирҷон Юсуфзода – академики  АИ ҶТ.

Яқубов Юсуфшо – академики  АИ ҶТ.

Мухаммадалии Музаффар - узви вобастаи АИ ҶТ.  

Раҳимзода Маҳмад Забир – узви вобастаи АИ ҶТ.

Султон Ҳасан Баротзода   - узви вобастаи АИ ҶТ.

Усмонзода Хайриддин Усмон - узви вобастаи АИ ҶТ.  

Умарова Шодигул – котиби илмии Шуъба, номзади илми филология.

                                           Аъзои Шуъба

Аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Диноршоев Мӯсо – академики АИ ҶТ (фалсафа), мушовири  Раёсати АИ ҶТ.

Имомзода Маҳмадюсуф Сайидалӣ – академики АИ ҶТ (филология), ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Қаюмов Нуриддин Қаюмович - академики АИ ҶТ (иқтисодиёт), мудири шуъбаи бахши воқеии иқтисоди  Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ.

Маҳмудзода Маҳкам Аъзам - академики АИ ҶТ (ҳуқуқшиносӣ), мушовир ва узви  Раёсати АИ ҶТ.

Назаров Талбак Назарович - академики АИ ҶТ (иқтисодиёт), узви Раёсати АИ ҶТ.  

Олимов Кароматулло – академики АИ ҶТ (фалсафа), сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ.

Раҳимов Рашид Каримович - академики АИ ҶТ (иқтисодиёт), мудири шуъбаи таҳқиқоти назарияи таърихи иқтисодӣ ва афкори иқтисодии Институти иқтисодиёт демографияи АИ ҶТ.  

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз - академики АИ ҶТ (филология), ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.

Салимӣ Носирҷон Юсуфзода - академики АИ ҶТ (филология),

Тоҳиров  Фозил Тоҳирович – академики АИ ҶТ (ҳуқуқшиносӣ), сарходими илмии шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ.

Турсунов Акбар  – академики АИ ҶТ (фарҳангшиносӣ), сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси  хаттии  ба номи Рӯдакии АИ ҶТ.

Яқубов Юсуфшо – академики АИ ҶТ (таърих), сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи а.Дониши АИ ҶТ.

          Аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашӯров Ғаффор – узви вобастаи АИ ҶТ (фалсафа), сарходими илмии шуъбаи  таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ.

Додихудоев Хаёлбек – узви вобастаи АИ ҶТ (фалсафа),  сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ.

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддин - узви вобастаи АИ ҶТ (шарқшиносӣ), сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон.

Исломов Саъдулло Ибодович  – узви вобастаи АИ ҶТ (иқтисодиёт), мудири шуъбаи иқтисодиёти аҳолӣ ва демографияи Институти иқтисодиёт демографияи АИ ҶТ. 

Кӯчарзода Аламхон– узви вобастаи АИ ҶТ (адабиётшиносӣ), профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Мирзо Муллоаҳмад  - узви вобастаи АИ ҶТ (шарқшиносӣ), мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши  масъалаҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ.

Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз – узви вобастаи АИ ҶТ (сиёсатшиносӣ), и.в.ноиби президенти АИ ҶТ- раиси  Шуъба.

Муҳаммадалии Музаффар - узви вобастаи АИ ҶТ (антропологияи фалсафа), директори Маркази антропологияи АИ ҶТ.  

Назарзода Сайфиддин - узви вобастаи АИ ҶТ (забоншиносӣ), мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ.

Назриев Ҷӯрабек - узви вобастаи АИ ҶТ (шарқшиносӣ), директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ.

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин - узви вобастаи АИ ҶТ (ҳуқуқшиносӣ), раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пирумшоев Ҳайдаршо- узви вобастаи АИ ҶТ (таърих), сарходими илмии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ.

Раҳимзода Маҳмад Забир- узви вобастаи АИ ҶТ (ҳуқуқшиносӣ),  , сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ.

Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло - узви вобастаи АИ ҶТ (забоншиносӣ), профессори кафедраи забони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.

Саид Нуриддин Саид - узви вобастаи АИ ҶТ (антропологияи фалсафа), вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич - узви вобастаи АИ ҶТ (иқтисодиёт), директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ. 

Султон Ҳасан Баротзода - узви вобастаи АИ ҶТ (забоншиносӣ), сарходими илмии шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти  ба номи Рӯдакии АИ ҶТ.

Усмонзода Хайриддин Усмон - узви вобастаи АИ ҶТ (фалсафаи иҷтимоӣ), ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода.

Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб- узви вобастаи АИ ҶТ (таърих), раиси хадамоти матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шоисматуллоев Шоназар - узви вобастаи АИ ҶТ (сотсиология), мудири шуъбаи сотсиологияи  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ.

Ятимов Саймумин Сатторович - узви вобастаи АИ ҶТ (сиёсатшиносӣ), раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳуриии Тоҷикистон.  

 

 

МУАССИСАҲОИ ЗЕРТОБЕИ ШУЪБА:

 

         1. Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ (директори институт  Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич, доктори илмҳои  иқтисодиёт, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ).

         2. Институти таърих,бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ (директори институт Убайдулло Насрулло Каримзода, доктори илмҳои  таърих,  профессор).

         3. Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АИ ҶТ  (директори институт  Қаландариён Ҳоким Сафар, доктори илмҳои  филологӣ).

 

         4. Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (директори институт  ***).

         5. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ (директори институт Назар Муъмин Абдуҷалол , номзади илмҳои фалсафа).

         6. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои  АИ ҶТ  (директори институт  Ниёзӣ Ёрмуҳаммад Бобо, номзади илмҳои  фалсафа).

 

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАҲҚИҚОТИИ

ШУЪБАИ ИЛМҲОИ ҶАМЪИЯТШИНОСИИ

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

                                          1.  Илмҳои  таърих

        - омӯзиши таърихи мукаммали замони қадими минтақа бо дарназардошти  замина ва раванди ташаккули этногенези тоҷикон;

       - дар асоси сарчашмаҳои муътамад ба роҳ мондани таҳқиқи воқеии мақоми тоҷикон дар замони силсиласулолаҳои бегонатабор дар асрҳои  миёна ва нав;

       - тарҷума ва чопи маъхазҳои таърихии Шарқ (форсӣ, арабӣ ва чинӣ) доир ба таърихи қадим ва давраи аввали асримиёнагии тоҷикон;

      - тарҷума ва ба табъ расонидани асарҳои шарқшиносони рус, ки бевосита ба таърихи тоҷикон иртибот доранд;

      - боздид ва таълифоти воқеъбинонаи таърихи Тоҷикистон замони шӯравӣ; 

      - таълифи таърихи мукаммали Ватан дар замони истиқлолияти комил, бо дарназардошти:

       а) таҳлили воқеии ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997);

       б) дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои асри навин.

 

                                          2.  Илмҳои  фалсафа

      - таҳқиқи ҷанбаҳои асосии таърихи афкори мантиқии халқи тоҷик (аз замонҳои қадим то кунун);

     - таҳқиқи дигаргунсозиҳо ва азнавсозиҳои иҷтимоии ҷомеаи тоҷикистониён;

     - таҳқики тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     - таҳқиқи масъалаҳои мубрами фалсафаи фарҳанги халқи тоҷик.

 

                                         3  Илмҳои сиёсатшиносӣ

     - самтҳои стратегии инкишофи давлат ва ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     - масоили мубрами рушди иҷтимоию сиёсии давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон;   

    - ислом ва равандҳои исломигароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - равандҳои сиёсӣ ва этникӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон;

    - таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират ба ҷомеаи Тоҷикистон;

    - талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаллу фасли масоили энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди босуботи ҷомеа ва баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ;

     - масоили мубрами таъмини амният ва муҳофизати манофеи миллӣ;

     - сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои рушду такомули он дар марҳилаи ҳозира;

     - мақом ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми  байналмилалии муосир: ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ.

 

                                        4. Илмҳои  ҳуқуқшиносӣ

     - такмили усули (методология) –и таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва давлатшиносӣ;

     - таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, истиқлолияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва амният;

    - масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус коррупсия,  терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурӯши одамон ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ;

   - проблемаҳои ҳуқуқи байналмилалии об, ҳуқуқи байналмилалии нақлиёт, ҳуқуқи Аврупо ва ҳуқуқи ислом;

  - масъалаҳои такмили танзими ҳуқуқии молияи давлатӣ, истифодаи мақсадноки сарватҳои табиӣ, ҳифзи рақобати озоди иқтисодӣ, дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

  - аз байн бурдани мухолифатҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои воҳиди қонунгузорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  - проблемаҳои муносибатҳои ҳуқуқии хизматӣ ва меҳнатӣ ва имтиёзҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

 

                                         5.  Илмҳои адабиётшиносӣ

  - такмили методологии таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ;

  - таҳқиқи мероси адабӣ ва афкори назари суханварону мутафаккирони гузашта аз дидгоҳи адабиётшиносии ростин;

 - даврабандии таърихи адабиёти тоҷик вобаста ба рушди адабиёт, таъйини марҳилаҳои такдирсози он барои миллат ва навиштани таърихи адабиёти миллии точик вобаста ба даврабандии нав, таҳқиқи он аз дидгоҳи арзишҳои миллию умумибашарӣ;

  - таҳияи мероси адабиии ниёкон ба хатти кириллӣ;

  - таҳқиқи адабиёти замони Истикдолият;

  - таҳқиқи адабиёти шифохии халк.

 

                              6. Илмҳои  забоншиносӣ

  -    таҳқиқ ва омӯзиши таърихи афкори забоншиносии точиқ;

  - такмили усули таҳқиқоти илмӣ дар бахши забоншиносӣ: компаративастика ва типологияи забонхо;

   - таҳқиқ ва омӯзиши забонхои аз байн рафтаистодаи Точикистон: забонхои помирӣ ва забони яғнобӣ;

   - таҳқиқ ва омӯзиши чанбахои фархангӣ ва кишваршиносии забонхо;

   -   таҳқиқ ва омӯзиши забоншиносии компютерӣ;

   -   тахкик ва омӯзиши равияҳои нави забоншиносии муосир;

   -    истилох ва масоили истилохшиносӣ.

 

                                      7.  Илмҳои  фарҳангшиносӣ

   - такмили усул (методология)-и таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фарҳангшиносӣ;

   - таҳқиқи фарҳангӣ моддӣ ва маънавии миллат;

   - таҳқиқи фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ ва нақши халқи тоҷик дар офариниши он;

   - таҳқиқи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва таъйини накши тоҷикон дар рушду нумуи он;

   - таҳқиқи таъсири мутақобилаи фарҳанг ва тамаддуни тоҷикии форсӣ бо фарҳанг ва тамаддуни башарӣ;

   -     роҳёфтҳои фарҳангпазирии ҷомеа.

 

                              8. Илмҳои иқтисодӣ    

   - дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда;

   - рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ. Идоракунии сармояи инсонӣ;

   - ташаккулёбии сиёсати саноатии тамоюли содиротидошта ва ивазкунандаи воридот;

    - ҷанбаҳои экологӣ-иқтисодӣ, рушди устувори минтақаҳои кишвар;

     -  афкори иқтисодии ватанӣ дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ;

     -  фаъолияти берунииқтисодӣ ва рушди равандҳои интегратсионӣ;

     -  такмили механизми идоракунии иқтисоди миллӣ. Менеҷменти стратегӣ ва иқтисодӣ.