joomla

04:34, 22nd November 2019
Ноябр 2019
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
free templates joomla

Филиали дар Помирбуда

ИНСТИТУТИ БИОЛОГИИ

ПОМИР БА НОМИ

Х.Ю.ЮСУФБЕКОВИ

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Институти биологии Помири Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонсоли 1969 дар заминаи муассисаҳои илмии мавҷудаи Бахши помирии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боѓи набототи Помир, Пойгоҳи биологии Помир (деҳаи Чечектӣ) ва пойгоҳи селексионии Ишкошим таъсис дода шудааст.

Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии институт инҳо мебошанд: коркарди асосҳои илмӣ ва усулҳои ҳифз, истифодаи оқилона ва мониторинги ҳолати гуногунии биологии олами наботот ва ҳайвоноти Помир, маҳсулнокии чарогоҳҳо, масъалаҳои генетика, селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, коркарди асосҳои илмии интродуксия ва ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳо дар шароити баландкўҳ, таҳқиқи ҷанбаҳои физиологию биохимиявии мутобиқгардонии растаниҳо ба омилҳои шароити баландкўҳи Помир, таҳқиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба ин экосистемаҳо .

 Ба сохтори институт воҳидҳои илмии зерин дохил мебошанд:

     Озмоишгоҳи экологияи таҷрибавии растаниҳо;

     Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо;

     Озмоишгоҳи мевапарварии баландкўҳӣ;

     Боғи набототи Помир ба номи А.В. Гурский;

     Шўъбаи гуногуншаклии биологии наботот ва ҳайвонот.

 Дар озмоишгоҳи экологияи таҷрибавии растаниҳо иттилооти нав оид ба механизми таъсироти мутақобилаи омилҳои экологии баландкўҳ ва фитогормонҳо дар равандҳои расиш, ҳосилнокӣ ва морфогенези растаниҳо ба даст оварда шуд; хусусиятҳои мубодилаи ҳормонҳои танзимгари расиши растанӣ ва боздорандагони расиш вобаста ба таъсири омилҳои экологӣ муайян карда шудааст.

Муқаррар карда шудааст, ки таъсири нурҳои ултрабунафш боиси камшавии миқдор ва андозаи масомаи барги растанӣ, дараҷаи кушодашавии он, ҳамчунин ғафсшавии кутикулҳои эпидермаи болоии ҳуҷайраи растани мегардад. Озмоишгоҳ ҳамчунин ба масъалаи таҳқиқи комплексии гармии обҳои геотермалӣ (зеризаминӣ)-и барои эҳтиёҷоти комплекси агросаноатӣ машғул мебошад. Дар муддати кўтоҳ натиҷаҳои муҳим ба даст оварда шуданд, ки онҳо дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ  инъикос гардидаанд.

Пойгоҳи агроэкологии Ҷелондӣ яке аз пойгоҳҳои ин озмоишгоҳ мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти он таҳияи тавсияҳо оид ба истифодаи комплексии гармии обҳои геотермалӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқ ва тиб мебошанд.

Лабораторияи генетикаю селексияи растаниҳо дар натиҷаи тадқиқоти экспедитсионии киштзорҳои Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон (солҳои 2006-2012), ки дар баландиҳои 2000 – 3250 м воқеанд, коллексияи захираҳои генетикии зироатҳои маҳаллиро бо 31 шакли навъи гандумҳои мулоим, 2 шакли паканаи он, 2 навъи маҳаллии арзан, 1 навъи нахуд ва 2 шакл наск ғанӣ гардониданд. Дар натиҷаи дурага намудани навъҳои маҳаллии гандум бо навъҳои селексионии хориҷии гандум дурагаҳои нав (М.д.65.1., М.д.76.54) ба даст оварда шуданд, ки ҳосилнокии дони онҳо ва муқовиматашон ба касалиҳои гуногун нисбати навъҳои маҳалли баланд аст. Дар натиҷаи омўзиши популятсияҳои гандум аз Бадахшони Афғонистон ду навъи беҳтарин (Садираси сафедхуша ва сурххуша) ҷудо карда шудааст. Дурагаи гандуми М.д.65.1 ва навъҳои номбаршуда аллакай дар истеҳсолоти кишоварзии баъзе ноҳияҳои Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон ҷорӣ шудаанд. Ин озимоишгоҳ дар пойгоҳи тадқиқотии ноҳияи Ишкошим бо усули афзоиши ҷинсӣ соли 2012 3,8 т ва соли 2013 1,5 т тухми беҷирми картошкаро истеҳсол намуда, ба беҳтарин деҳқонони ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнону Роштқалъа пешкаш намудааст.

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-истеҳсолии озмоишгоҳи мевапарварӣ дар шароити Помири Ғарбӣ муқаррар намудани потенсиали биологӣ, истеҳсолӣ ва селексионии навъҳои маҳаллии растаниҳои мевадиҳандаву буттамевагиҳо, коркарди усулҳои истифодабарии самаранокии онҳо барои қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои вилоят, инчунин нигоҳдорӣ ва муҳофизати ҳамаи намудҳои маҳаллии растаниҳои мевадиҳандаро дар бар мегиранд. Ба ғайр аз ин, озмоишгоҳ интродуксияи навъҳо ва намудҳои ғайримаҳаллии растаниҳои мевадиҳандаро омўхта онҳоро ба ҳар як ноҳия мувофиқи ҷойгиршавиашон тавсия медиҳад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мевапарварони институт марзи болоии паҳншавии  зироатҳои мевагиро муқаррар намуданд. Муайян карда шуд, ки чормағзи юнонӣ то баландии 2900 м, бодом то 1700 м, писта то 2000 м, олуболу то 2800 м, гелос то 2400 м, маҳлаб то 2600 м, олуча 2600 м, себ то 2800 м, нок то 2700 м аз сатҳи баҳр сабзида метавонанд

Самтҳои асосии таҳқиқоти Боғи набототи Помир – интродуксия ва акклиматизатсияи растаниҳо,  кабудизоркунии маҳалҳои аҳолинишин, тайёр кардани ниҳоли растаниҳои гулдору ороишӣ ва захираҳои ашёи хоми растаниҳои табобатӣ мебошад.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ фаъолияти Боғи набототии мазкур хеле рушд намуд. Новобаста ба мушкилоти мавҷуда имконият фароҳам омад, ки на танҳо коллексияи нодири Боғ ҳифз карда шавад, балки он аз ҳисоби намудҳои нав пурра гардонида шуд. Дар Боғи набототи Помир 4000 намуд растаниҳои дарахтию буттагӣ ва алафӣ мавҷуданд, ки аз онҳо 1050 намуд дарахтони ороишию буттагӣ, 80 намуд сўзанбаргон, 70 намуд, навъ ва шакли дарахтони мевадиыанда, 90 намуд растаниҳои нодиру камёфт, 44 намуд гиёҳҳои шифобахш ташкил медиҳанд. Барои иҷрои корҳои кабудизоркунӣ ҳамасола 30 ҳазор кўчати растаниҳои гулдори ороишии яксола ва бисёрсола қариб 3000 ниҳоли дарахтони ороишию буттагӣ ва мевадиҳанда омода карда мешаванд.

Ҳашаротшиносони институт гуногунии олами ҳайвонот ва ҳашароти зараррасони кишоварзиро омўхта, дараҷаи зарарнокии онҳоро барои дарахтони боғот, сабзавоту картошка ҳарҷониба таҳлил менамоянд. Онҳо исбот намуданд, ки дар шароити Бадахшон ба дарахтони мевадиҳанда 30 намуди ҳашарот, ба зироатҳои ғалладонагӣ 12 намуд ва ба гиёҳҳои шифобахш 17 намуди ҳашарот зарар мерасонад.

 Падидаи нав дар фаъолияти ҳашаротшиносон ин дар озмоишгоҳи институт, дар ҳамкори бо фабрикаи биологии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ба роҳ мондани афзоиш ва истифодаи се намуд ҳашаротҳои фоидаовар (габрабракон, трихограмма ва тиллочашмак) мебошад.

Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии солҳои охири кормандони институт дар 6 монография, 15 тавсияномаҳои илмию амалӣ ва бештар аз 250 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявию хориҷи наздику дур нашр гардидаанд.

Нишонии мо: 

Ҷумҳурии Тоҷикстон,ш.Хоруғ, к.У.Холдоров,1  Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков

Тел: 83522280-20

Моб:936011048

Вебсайт: www.pamirbio.tj

ХОРУҒ -2014