joomla

09:53, 16th September 2019
Сентябр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
free templates joomla

Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ҶТбаномиАбӯалӣ ибни Сино

Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули корҳо ба дарёфти ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаро дар соли 2013 эълон менамояд. 1.Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника барои корҳои илмӣ ва техникии зерин дода мешавад: -тадқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарие, ки натиҷаҳои онҳо барои тезонидани рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҳалли вазифаҳои умумиинсонӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда барои ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани илму техникаи ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд; -натиҷаҳои махсусан барҷастае, ки ҳангоми коркарди барномаҳои илмию техникии ҷумҳурӣ ба даст оварда шудаанд; -таҳия ва татбиқи навъҳои нави техника, технологияи пешқадам, масолеҳе, ки оқилона сарф намудани манбаъҳои сухт ва энергия, ашёи хом ва захираҳои меҳнатӣ ва тозагии экологии муҳити зистро таъмин менамояд; -барои беҳтарин китобҳои дарсии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ. 2. Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар ду сол як маротиба супурда мешавад. Се ҷоиза муқаррар карда мешавад: дар соҳаи физикаву математика, химияву геология ва илмҳои техникӣ - 1 ҷоиза; дар соҳои биология, тиб ва кишоварзӣ - 1 ҷоиза; дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ - 1 ҷоиза. Андозаи ҳар ҷоиза ба 3 500 доллари ИМА бо курси ҷории пули миллӣ дар давраи супурдани ҷоиза баробар аст. 3.Асарҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ, ки ба гирифтани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод мешаванд, бояд на камтар аз як сол пеш аз ба мукофот пешниҳод шуданашон дар матбуот ба чоп расида, навъҳои нави техника, технология ва масолеҳ, дар истеҳсолот татбиқ шуда бошанд. 4. Мақомоти зерин ҳуқуқи пешбарии корҳоро барои гирифтани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доранд: Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ, ҳайати мушовираи вазорату идораҳо, шӯроҳои илмӣ ва илмиву техникии муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳо, муассисаҳо, ширкатҳо, компанияҳо, ассосиатсияҳо, мактабҳои олӣ, маҷлисҳои коллективҳои меҳнатии корхонаҳо ва идораву ташкилотҳо. Пешбарии корҳо ба таври овоздихии махфӣ ё кушода гузаронида мешавад. Агар кори барои дарёфти Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника пешниҳодшуда аз озмун нагузашта бошад, пешниҳоди баъдии он ба озмун барои дарёфти ҷоиза иҷозат дода намешавад. 5. Ҳайати довталабоне, ки барои гирифтани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешбарӣ мешавад, набояд аз 6 нафар зиёд ва бояд танҳо муаллифони асосиро дарбар гирад, ки саҳми эҷодии онҳо ҳалкунанда бошад. Қарори ҳайати миқдориву шахсии муаллифонро муассисае (Шӯрои илмие, ҳайати мушовирае ва ғайра), ки ҳамин корро ба озмун пешниҳод кардааст, қабул менамояд. Ба ҳайати довталабон шахсоне, ки аз рӯи нишонаи маъмурӣ, машваратӣ ва ташкилӣ ба кор дахл доранд ва шахсоне, ки аз рӯи ҳамин кор сазовори мукофоти давлатӣ ва ё ҷоизаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, набояд дохил карда шаванд. Ба ҳайати довталабон шахсоне метавонанд дохил шаванд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, аммо корҳоро якҷоя бо созмонҳои ҷумҳурӣ аз рӯи нақшаю барномаҳо иҷро кардаанд ва аз тарафи ин созмонҳо пешбарӣ карда шудаанд. Дар сурати ба даст овардани комёбиҳои нави барҷаста дорандаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино метавонад такроран ба ин ҷоиза мушарраф шавад, аммо пешбарӣ ба озмун барои гирифтани ҷоизаи оянда бояд на пештар аз 5 сол сурат гирад. 6. Корҳое, ки барои гирифтани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешбарӣ мешаванд, аз тарафи Кумитаи Ҷоиизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд «Кумита») то 1 апрели соли мукофотдиҳӣ қабул карда мешавад. Тартиби пешбарии корҳо ва танзими ҳуҷҷатҳо аз рӯи дастуруламале, ки онро Раёсати Кумита тасдиқ намудааст, муайян мешавад. 7.Рӯйхати корҳое, ки Кумита барои баррасӣ қабул кардааст, бо зикри муаллифон ва ташкилотҳои онҳоро пешбарӣ намуда дар моҳи майи соли супоридани ҷоиза дар матбуот чоп мешавад. 8.Корҳое, ки ба озмуни Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешпиҳод мешаванд, бояд дар матбуот, намоишҳои телевизион, барномаҳои радио, ҷаласаву конфронсҳои олимон ва созмонҳои илмию техникӣ, дар маҷлисҳои коллективҳои меҳнатӣ ҳамаҷониба ва ба таври принсипиалӣ муҳокима гарданд. Муҳокимаҳо бояд хислати ҷидди ва мубоҳисавӣ дошта, ба ошкоро баён шудани ақидаву афкор ва баҳои ҳамаҷонибаи аҳли ҷомеа мусоидат кунанд. Муҳокимаи корҳоро ҳайати таҳририяи рӯзномаҳо, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони иттиҳодияю муассисаҳо, консернҳо, ассосиатсияҳо, муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, созмонҳои илмӣ, илмию техникӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил мекунанд. Ҳуҷҷатҳои муҳокима, мулоҳизаҳою тақриз, эрод ва таклифҳо то 1 июли соли мукофотдиҳӣ ба Кумита фиристода мешаванд ва ҳангоми қабули қарор роҷеъ ба додани ҷоиза ба инобат гирифта мешаванд. 9. Қарор дар бораи додани Ҷоиизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби Кумита бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 августи соли мукофотдиҳӣ пешниҳод карда мешавад, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба додани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар матбуот то рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп мегардад. 10. Ба ҳамаи ҳайати муаллифон, ки сазовори ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидаанд, унвони «Дорандаи мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», диплом ва нишони ифтихорӣ дода мешавад. II.Тартиби пешбари ва мураттабсозии ҳуҷҷатҳо 1. Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника корҳоро ба дарёфти Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баъди эълони озмун то 1 апрели соли додани он қабул менамояд. 2. Ба ҳар як коре, ки ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешбарӣ мегардад, пешниҳоднома тартиб дода мешавад, ки дар он: -номи кор, вақти анҷоми он ва баҳои умумӣ, барои кор дар соҳаи техника ва кишоварзӣ - татбиқи он дар истеҳсолот, миқёси амалишавии он ва нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодӣ; -ному насаби ҳар як муаллиф бо зикри роҳбари кор нишон дода шавад. Агар ҳайати муаллифон роҳбари корро пешбарӣ кунад, пас ин бояд махсусан қайд карда шавад. Пешниҳодномаро роҳбари ташкилот ва ё муовини ӯ имзо мекунад, лекин танҳо дар сурате, ки роҳбари ташкилот шомили шумораи довталабон бошад. 3. Ба пешниҳодномаи кор ба дарёфти Ҷоизаи давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд: -нусха аз протоколи ҷаласаҳои Раёсати Академияи илмҳо, ҳайати мушовираи вазоратҳо, шӯрои илмӣ ё илмӣ-техникӣ оид ба пешбарии кор, ва муаллифони он ба дарёфти Ҷоизаи давлатӣ; -протоколи комиссияи ҳисобгирӣ оид ба натиҷаҳои овоздиҳии махфӣ; -маводи муҳокимаи пешакии ҷамъиятӣ (стенограмма, протокол, қарор ва монанди инҳо); -шарҳи мухтасари кор бо нишон додани ҷой, вақт ва миқёси амалишавиии он ва натиҷаҳои техникӣ-иқтисодии татбиқи он. Шарҳи мухтасари кор аз тарафи муаллифони кор имзо карда мешавад. Ғайр аз ин ба таври иловагӣ 5 нусхаи шарҳи мухтасари кор бе имзои муаллифон пешниҳод мегардад; -иҷозат ба нашри маводи кор дар матбуот, ки аз тарафи роҳбари ташкилоти ин корро пешбарикунанда имзо шудааст; -маълумотномаи муфассал оид ба саҳми мушаххаси ҳар як муаллиф дар эҷоди кор. Маълумотнома аз тарафи роҳбари корхона ё муассиса, ки дар он ҷо кори пешбаришаванда иҷро шудааст, имзо гардида, бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад; -маълумот оид ба муаллифон, ки он аз тарафи худи муаллифон навиштаву имзо ва аз тарафи роҳбари муассиса тасдиқ, карда шудааст: 1) ному насаб (аз рӯи шиноснома); 2) соли таваллуд; 3) миллат; 4) тахассус; 5) унвони фахрӣ; 6) дараҷа ва унвони илмӣ; 7) ҷойи кор; 8) вазифа; 9)-телефон ва суроғаи ҷойи кору хона. Дар мавриди баъди вафот пешниҳод гардидани довталаб дар маълумотҳо суроға ва ному насаби меросхӯрони ӯ нишон дода мешавад. 4. Корҳо дар 4 нусха пешниҳод мешаванд: -асарҳои илмӣ (монографияҳо, китобҳо, мақолаҳо ва китобҳои дарсӣ) дар шакли чопии типографӣ пешниҳод мегарданд; -дар соҳаи техника - кор дар шакли чопи компютерӣ пешниҳод мешавад. Мазмуни кор бо расму суратҳои зарурии матн бояд ба таври муфассал баён карда шавад: нақшаву схема, харита, албомҳо, расмҳо ва монанди инҳо як нусхагӣ пешниҳод мегарданд. Хуб мебуд, агар андозаи албом аз фармати кор калон набошад. Корҳо ва маводи пешниҳодшаванда, ки тариқи почта ба таври кушода (нопӯшида) фиристонида шудаанд ва ё бе риояи Дастуруламали Кумита ба тартиб дароварда шудаанд, қабул карда намешаванд. 5. Ба кори ба дарёфти Ҷоизаи давлатӣ пешниҳодшаванда бояд тақризи бо мӯҳри муассиса ва корхона тасдиқкардашуда, хулосаи экспертҳо, нусхаҳои шаҳодатномаҳои муаллифӣ, санадҳои озмоишҳо, қарор ва фармонҳо оид ба татбиқи кор дар истеҳсолот замима карда шаванд. Ҳар як нусхаи кор якҷоя бо ҳуҷҷатҳо бояд муқовабандӣ ва дар ҷузвдон (папка) ҷойгир карда шуда бошад. Дар муқова ё ҷузвдон номи муассисаи пешниҳодкунандаи кор, номи кор ва ному насаби муаллифон нишон дода мешавад. Корҳои махфӣ ва ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимагардида якнусхагӣ на дар шакли муқовабандишуда, балки дар шакли ҷузъбандшуда пешниҳод мешаванд. 6. Варақаи ҳисобу бақайдгирӣ дар ду нусха. Дар он номи кор, ташкилоти корро пешниҳодкунанда, ному насаб ва ҷойи кори довталабон, ном, суроға ва телефони ташкилот нишон дода мешаванд, КИ вобаста ба кор ба он ҷо муроҷиат кардан мумкин аст. Ташкилоти корро пешниҳодкунанда бояд нусхаи тавсифи кор, ҳуҷҷатҳо, маводи пешбарии номзадро дар ҷойҳо дошта бошад ва дар зарурат ба онҳо шинос намудани ташкилот ва шаҳрвандони алоҳидаро бо хоҳиши онҳо таъмин намояд. Кумита ташкилоти пешниҳодкунандаро барои бозпас гирифтани корҳое, ки барои иштироки онҳо дар озмун иҷозат дода нашудааст, дар муддати як моҳ баъди нашр гардидани корҳои озмунӣ дар матбуоти ҷумҳуриявӣ, вале барои бозпас гирифтани маводи корҳое, ки дар озмун иштирок намудаанд, баъди нашр гардидани қарор дар бораи додани ҷоиза - то 31 декабри соли ҷорӣ даъват менамояд. Ҳамаи пешниҳод оид ба додани Ҷоизаи давлатӣ ба суроғаи зерин равона карда шавад: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Телефон барои тамос: 221-50-17, 221-69-91, 221-32-23, 221-61-16.