joomla

04:17, 23rd September 2019
Сентябр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
free templates joomla

Комиссия оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ

Комиссия оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ бо қарори Ҳукумати ҶТ №-54 аз 3-юми феврали соли 2000 бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи илмии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ таъсис додо шудааст.

Комиссия ҳамаи муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро новобаста ба шакли ташкилотиву ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон, ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони илмиро, ки кори асосиашон фаъолияти илмӣ ё илмиву техникӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ буда, тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи илмӣ амал мекунанд, мавриди баррасї қарор медиҳад.

Ҳангоми баррасӣ нуктаҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд: аҳамияти илмӣ ва сатҳи таҳқиқоту коркардҳои анҷомшуда;

тахассуси кормандони муассиса;

ҳамоҳангии тадқиқот ва коркардҳои анҷомшуда бо муассисаҳои дигари илмӣ;

мавҷудияти пойгоҳҳои моддиву техникии мувофиқ.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи муассисаҳои илмии аз аккредитатсия гузаштаро тартиб медиҳад.

Беш аз 40 муассисаи илмии ҶТ аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, шаҳодатнома гирифтанд.

Дар ҷаласаи охирини комиссия 08-10-2013 муассисаҳои зерин аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштанд:

Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ, институти илмиву тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ, институти илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП, институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ.

 

Маълумот барои тамос:

Тел: (992 37) 227 37 17 Нишонаи эл: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.