joomla

04:33, 22nd November 2019
Ноябр 2019
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
free templates joomla

Санадҳои ёдбуд, ҷашнҳо, чорабиниҳои тантанавӣ

МАЪЛУМОТНОМА

дар  бораи аъзои  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ки дар солҳои 2013-2014 санаи ҷашнии зодрӯз доранд 

соли 2013 

Овчинников Павел Николаевич

(1903-1979)

 

Донишгоҳи Петроградро хатм кардааст (1925). Доктори илмҳои биологӣ (1946), профессор (1954). Академик (1957, ихтисос – «геоботаника ва систематикаи растаниҳо», узви вобаста, 1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ботаника, геоботаника, флора ва растаниҳо, захираҳои растанӣ.

Директори Институти ботаникаи Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941-1950). директори Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1977), мудири шӯъбаи флора ва систематикаи растаниҳои олии Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1977-1979). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биологии АИ ҶШС Тоҷикистон (1961-1967).

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Бо орденҳои «Ленин», «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1963).

 

Плешко Семён Иванович

 (1903-1957)

 

Институти кишоварзии Полтаваро хатм кардааст (1927). Доктори илми кишоварзӣ (1948). Академик (1951, ихтисос – «ҳосилкунии хӯроки чорво»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: истеҳсоли хӯроки чорво, захираҳои хӯроки чорво.

Директор (1944-1946), мудири бахши омода кардани хӯроки чорвои (1946-1953) Институти ҳайвонотпарварии Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (аз с.1951 АИ ҶШС Тоҷикистон). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои табиатшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1953-1957).

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

 

 

Семёнов Александр Александрович

 (1873-1958)

 

Институти забонҳои шарқии Лазаревро хатм кардааст (Москва, 1900). Доктори илми таърих (1942), профессор (1919). Академик (1951, ихтисос – «шарқшиносӣ»). Узви вобастаи АИ ҶШС Ӯзбекистон (1943).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: шарқшиносӣ. сарчашмашиносӣ. таърихнигорӣ, таърих, бостоншиносӣ, фолклор, мардумшиносӣ, таърихи фарҳанг.

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1958).

Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихор-номаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Ӯзбекистон (1944) ва ҶШС Тоҷикистон (1946).

 

 

Глухов Иван Алексеевич

(1913-2005)

 

Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1956). Доктори илми химия (1966), профессор (1969). Узви вобаста (1981, ихтисос – «химия»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химия ва технологияи хлорноксозии пастҳароратӣ.

Мудири озмоишгоҳи Пойгоҳи осиёимиёнагии «Главпарфюмер» (1944-1946), мудири озмоишгоҳи химияи металлҳои нодири Институти химияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1956-1982), мудири гурӯҳи технологияи хлори Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ (1982-1997).

Бо медали «Барои меҳнати шоиста», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973).

 

Литвинский Борис Анатолевич

(1923-2010)

 

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москваро хатм кардааст (1946). Доктори илми таърих (1970), профессор (1971). Академик (1985,  ихтисос - «таърих, бостоншиносӣ», узви вобаста, 1978, ихтисос – «бостоншиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, бостоншиносӣ, таърихи фарҳанг.

Муовини директори ИТИ санъатшиносии Тошкент (1949-1951), мудири бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1971), ходими калони илмӣ, мудири бахшҳои муносибатҳои таърихӣ ва фарҳангии Шарқи шӯравӣ ва хориҷӣ (1971-1973), даврони қадим ва асрҳои миёнаи ИШ АИ ИҶШС (АИР, 1973-2010), ҳамзамон сардори Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶТ (1973-1991).

Бо ордени Ситораи Сурх, Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).

Ба дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Р.Гиршмани Академияи катибаҳо ва каломи бадеъ (Франсия) ноил гаштааст.

                                     

                                       Неъматов Нӯъмон

 (1923-2011)

 

Институти омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм намудааст (1948). Доктори илми таърих (1969), профессор (1972). Академик (1994, ихтисос-«бостоншиносӣ», узви вобаста, 1978).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, бостоншиносӣ.

Мудири шӯъбаи таърихи фарҳанг ва санъат (1971-1999), сарходими илмии (1991-2011) Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶТ. Роҳбари экспедитсияи комплексии бостоншиносии Тоҷикистони Шимолӣ (1971-2011). Директори Мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990-1993). Роҳбари Маркази илмии таҳқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров (1996-2011).

Бо ордени «Дӯстӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1987).

 

 

 

Юсуфбеков Рустамбек

  (1923-2000)

 

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм кардааст (1950). Доктори илмҳои иќтисодӣ (1972), профессор (1984). Узви вобаста (1975, ихтисос – «иқтисоди сиёсӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: самаранокии бахши кишоварзӣ, рушди беҳбуди моддӣ ва сатҳи фарҳангии мардум, самаранокии иқтисодии маорифи халқ.

Мудири кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956-1959). Муовини мудири шӯъбаи илм ва мактабҳои КМ ПК Тоҷикистон (1959-1962), вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1963-1974), муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1974-1984), вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1981-1984). Профессори кафедраи иқтисоди сиёсии  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон   (1984-2000).

Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).

 

Кудрявтсев Владимир Николаевич

(1923-2007)

 

Академияи ҳарбиву ҳуқуқшиносиро хатм кардааст (1949). Доктори илми ҳуқуқ (1963), профессор, академики АИ ИҶШС (1984, ихтисос «фалсафа ва ҳуқуқ»). Узви хориҷии АИ ҶТ (1997).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, ҳуқуқ, криминология ва ҳуқуқи ҷиноятӣ.

Муаллим, муаллими калон, муовини сардори шӯъбаи илмиву таҳқиқотӣ, котиби илмӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Академияи ҳарбиву ҳуқуқшиносӣ (1952-1956). Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва судии Академияи ҳарбиву сиёсии ба номи В.И.Ленин (1956-1960). Муовини сардор, сардори шӯъбаи ташкиливу назоратии Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС (1960-1963). Ба Прократураи ИҶШС интиқол шудааст (1963-1973). Ноиби президенти АИ ИҶШС (1988-1991), ноиби президенти АИР (аз соли 1992).

Бо ордени Ленин, Инқилоби Октябр, ду ордени «Нишони Фахрӣ», ордени «Барои хизмат баҳри Ватан» дараҷаи 3-юм, медалҳои зиёд тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми РСФСР (1991).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1984).

Соли 2014

 

Доброволский Олег Василевич

 (1914-1989)

 

Донишгоҳи давлатии Киевро хатм кардааст (1937). Доктори илмҳои физикаву математика (1958), профессор (1959). Академик (1966, ихтисос – «астрофизика», узви вобаста, 1962).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физикаи кометаҳо.

Мудири шӯъбаи астрономияи кометаҳои Институти астрофизика (1958-1971; 1977-1989), директори Институти астрофизика (1971-1977), мушовири Институти астрофизикаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1989).

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Сисолагии ғалаба дар  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», се ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977).

Барои саҳми О.В.Доброволский дар илми астрономия МАС ба сайёраи хурди №3013 номи «Доброволева» -ро гузоштааст.

 

 

 

 

Павловский Евгений Никанорович

(1884-1965)

 

Академияи ҳарбиву тиббии Петербургро хатм кардааст (1908). Доктори илми тиб (1913), магистри зоология ва анатомияи муқоисавӣ (1917), доктори илмҳои биологӣ (1934). Академики АИ ИҶШС (1939), академики АИТ ИҶШС (1944). Академики ифтихории АИ ҶШС Тоҷикистон (1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: морфология, систематика, биология, канаҳои гузаронандаи  ангезандаҳои бемориҳои инсон ва ҳайвонот, таълимот дар бораи манбаъҳои табиии бемориҳои гузарандаи инсон ва ҳайвонот.

Мудири Шӯъбаи паразитологияи ЗИН АИ ИҶШС (1930), мудири шӯъбаи паразитологияи Институти умумииттифоқии тибби таҷрибавӣ (1933-1944), мудири бахши паразитологияи шӯъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1933-1951), директори Институти зоологияи АИ ИҶШС (1944-1962), асосгузори Институти зоология ва паразитологияи Шӯъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941).

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1964). Бо 5 ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ситораи сурхи тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ИҶШС (1935). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1943). Бо Медали тиллои бо номи И.И.Мечникови АИ ИҶШС (1949), медали Бузурги Анҷумани ҷуғрофии ИҶШС (1954) сарфароз гардидааст.

Соҳиби Ҷоизаи Ленин (1965), Ҷоизаи Давлатии ИҶШС (1941, 1950).

 

 

Нарзиќулов Муҳаммад Нарзиќулович

 (1914-1985)

 

Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистонро хатм кардааст (1937). Доктори илмҳои биологӣ (1958), профессор (1961). Академик (1966, ихтисос – «энтомология», узви вобаста, 1957).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: энтомология, фаунистика, систематика, зоогеография, усулҳои ҳамгироии мубориза бар зидди зарароварони зироати кишоварзӣ.

Мудири шӯъбаи систематикаи ҳайвоноти бесутунмӯҳра (1996-1974), директори (1948-1967; 1972-1984) Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶШС Тоҷикистон. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биологии АИ ҶШС Тоҷикистон (1967-1984). Саркотиби илмии Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон (1968-1971).

Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои меҳнати шоён», «Бистсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Сисолагии ғалаба дар  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1980).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1984).

Фозилов Муллоҷон Фозилович

 (1914-1978)

 

Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм намудааст (1941). Номзади илми филология (1951). Узви вобаста (1953, ихтисос – «забоншиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: забон ва адабиёти тоҷик, луғатшиносӣ, фразеология, паремиология.

Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1950-1951). Директор (1951-1958), ходими калони илмии (1958-1977) Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ.

Бо ордени Ҷанги ватанӣ, «Нишони Фахрӣ» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).

 

 

Усмонов Муҳаммаднурӣ Усмонович

(т.1924)

 

Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро хатм кардааст (1950). Доктори илми филологӣ (1970), профессор (1987). Узви хориҷии АИ ҶТ (2010).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих ва матншиносии адабиёти тоҷику форс, луғатшиносии тоҷику форс, тарҷума ва тафсири Қуръон ба забони русӣ.

Корманди илмӣ, мудири бахш, сарходими илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1954-1997). Сарходими илмии шӯъбаи шарқшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Маркази илмии Доғистони АИР, сарходими илмӣ ва ҳамзамон профессори кафедраи филологияи эронӣ ва туркӣ, директори Институти исломшиносии  Донишгоҳи давлатии Доғистон (1997- то имрӯз).

Арбоби шоистаи илми ФР (2003).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ФР дар соҳаи илм ва техника (2002).

Узви вобастаи Пажӯҳишгоҳи шоҳии афкори исломии Урдун (1984).

                                                                           

 

 

 

                                                                          Замима

ба қарори Раёсати Академияи

 илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «____» __________с.2012

№________

 

 

Санаҳои ҷашнии аъзои АИ ҶТ

дар солҳои 2013-2014

 

Ному насаб

Соли таваллуд

Сана

Замони ҷашн

Шӯъбаи илмҳои физикаву математика, химия,

геология ва техникии АИ ҶТ

Глухов Иван Алексеевич                                 

 

1913

100

2013

Доброволский Олег Василевич                       

 

1914 

100 

2014

Шӯбаи илмҳои биология ва тибби  АИ ҶТ

 

Овчинников Павел Николаевич                   

 

1903                

110

2013 

Плешко Семён Иванович                                

 

1903       

110

2013

Павловский Евгений Никанорович                   

 

1884-1965

130

2014

Нарзиќулов Муҳаммад Нарзиќулович          

1914  

100

2014

 

Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ

 

Семёнов Александр Александрович                   

 

1873

140

2013

Литвинский Борис Анатолевич                          

 

1923

90

2013

Неъматов Нӯъмон                                                          

 

1923

90

2013

Юсуфбеков Рустамбек 

                                   

1923

90

2013

Фозилов Муллоҷон Фозилович                         

 

1914 

100

2014