joomla

04:55, 22nd November 2019
Ноябр 2019
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
free templates joomla

Аъзои ифтихории АИ ҶТ аз соли 1951




ҲАЙАТИ ШАХСӢ АЗ СОЛИ 1951
 

 

АКАДЕМИКҲОИ ИФТИХОРИИ

 

 АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН



Несмеянов Александр Николаевич (1899-1980)
 

Президенти АИ ИҶШС (1951-1961).

Донишгоҳи Москваро хатм намудааст (1922). Доктори илми химия (1934), профессор (1934). Академики АИ ИҶШС (1943, ихтисос. – «химияи органикӣ», узви вобаста, 1939). Академики ифтихории АИ ҶШС Тоҷикистон (1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи таркибҳои органикии металлӣ ва унсуриву органикӣ.

Мудири озмоишгоҳи химияи Институти тадқиқотии илмии поруҳои маъданӣ ва инсектофунгисидҳо (1930-1934). Директори Институти химияи органикии АИ ИҶШС (1934-1954). Мудири кафедраи химияи органикӣ (1944-1948), декани факултаи химия (1944-1948), ректори (1948-1951) ДДМ ба номи М.В.Ломоносов. Директори Институти таркибҳои унсуриву органикии АИ ИҶШС (1954-1980). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои химияи АИ ИҶШС (1946-1951),  академик-котиби Шӯъбаи химияи умумӣ ва техникии АИ ИҶШС (1961-1975). Раиси Кумитаи Ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ дар солҳои илм ва техника (1947-1961).

Ду карат  Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969, 1979).

Бо ҳафт ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Инқилоби Октябр, медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои мудофиаи Москва», «Ба шарафи 800-солагии Москва», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» сарфароз  гардидааст.

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1943), Ҷоизаи Ленин (1966), Медали калони тиллои ба номи М.В.Ломоносов (1962), медали тиллои ба номи Д.И.Менделеев (1977).

 

Павловский Евгений Никанорович (1884-1965) 

Академияи ҳарбиву тиббии Петербургро хатм кардааст (1908). Доктори илми тиб (1913), магистри зоология ва анатомияи муқоисавӣ (1917), доктори илмҳои биологӣ (1934). Академики АИ ИҶШС (1939), академики АИТ ИҶШС (1944). Академики ифтихории АИ ҶШС Тоҷикистон (1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: морфология, систематика, биология, канаҳои гузаронандаи  ангезандаҳои бемориҳои инсон ва ҳайвонот, таълимот дар бораи манбаъҳои табиии бемориҳои гузарандаи инсон ва ҳайвонот.

Мудири Шӯъбаи паразитологияи ЗИН АИ ИҶШС (1930), мудири шӯъбаи паразитологияи Институти умумииттифоқии тибби таҷрибавӣ (1933-1944), мудири бахши паразитологияи шӯъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1933-1951), директори Институти зоологияи АИ ИҶШС (1944-1962), асосгузори Институти зоология ва паразитологияи Шӯъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941).

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1964). Бо 5 ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ситораи сурхи тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ИҶШС (1935). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1943). Бо Медали тиллои бо номи И.И.Мечникови АИ ИҶШС (1949), медали Бузурги Анҷумани ҷуӣрофии ИҶШС (1954) сарфароз гардидааст.

Соҳиби Ҷоизаи Ленин (1965), Ҷоизаи Давлатии ИҶШС (1941, 1950).

 

 

Сатпаев Каниш Имантаевич (1899-1964) 

Нахустин президенти АИ ҶШС Қазоқистон (1946-1951; 1955-1964).

Институти технологии Томск (1962) ба поён расондааст. Доктори илми геологияву минералогия (1942), профессор (1950). Академики АИ ИҶШС (1946, узви вобастаи АИ ИҶШС, 1943), академики АИ ҶШС Қазоқистон (1946, ихтисос. - «геология»). Академики ифтихории АИ ҶШС Тоҷикистон (1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ҷустуҷӯи маъданҳои фоиданок, геологияи конҳои маъдан ва захираҳои маъдании Қазоқистон.

Директори Институти геология (1941-1964), муовини раиси шӯъбаи Қазоқистонии АИ ИҶШС (1942-1976), узви Раёсати АИ ИҶШС (1961-1964).

Бо чор ордени Ленин ва ордени Ҷанги Бузурги Ватании дараҷаи 2, медалҳо сарфароз гардидааст.

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1942), Ҷоизаи Ленин (1958) шудааст.