joomla

Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии АМИТ

  Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар сохтори худ дорои шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ буда, дар худ аъзои АМИТ, инчунин муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии тиббиро муттаҳид мекунад. 
  Вазифаҳои асосии шуъбаи мазкур ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотии муассисаҳои илмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТ ва ҲИА ҶТ), татбиқи дастовардҳои илмӣ ва усулҳои нави ташхисию табобатӣ дар амалия мебошад. Дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди илми тиб, ки 24 ноябри соли 2020 таҳия шудааст, ба шуъба 14 муассисаи илмии ВТ ва ҲИА ҶТ шомил карда шуда, оид ба корҳои илмӣ ҳисоботдиҳанда мебошанд.
Рӯйхати онҳо:
Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология;
Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон;
Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй;
Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон;
Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон;
Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг;
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ;
Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона;
Маркази милли илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон;
Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ;
Маркази ҷумҳуриявии илмии хун;
Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ.
Маркази шаҳрии илмии эҳё ва детоксикатсия
   Инчунин Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ва Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ДТБКСТ ҶТ) низ ҳамасола ба Академия оид ба фаъолияти илмиашон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Сохтори Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии аз 2 шӯъба –тибби клиникӣ ва илмҳои назариявӣ ва фарматсия иборат мебошад.
Дар Академия 10 аъзо, аз он ҷумла 4 узви пайваста (академик) ва 6 узви вобаста фаъолият намуда, зери роҳбарии онҳо дар солҳои охир 17 доктор ва 110 номзадони илм омода карда шуданд.
Дар назди шуъба маҷаллаи «Паёми тиббии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба табъ расонида мешавад, ки он аз тарафи Комиссияҳои олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия эътироф гардида, ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшаванда шомил карда шудааст.
Ҳамзамон, шуъбаи мазкур дар шӯъбаи омодасозии кадрҳои илмии соҳаи тиб нақши асосӣ мебозад, ки дар айни замон 8 нафар докторантон аз рӯи ихтисоси PhD таҳсили худро давом дода истодаанд.
Дар ду соли фаъолияти шуъба муассисаҳои илмӣ аз рӯи 21 лоиҳа корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд, ки барои илм ва амалияи тиббӣ аҳамияти муҳим доранд.
Тавссути лоиҳаҳои пештар ба итмом расида бошад, ки шумораи онҳо ба 44 адад мерасад, ба аксарияти муассисаҳо тахнологияҳои муосир ворид карда шуданд, ки бо истифода аз онҳо сифати ташхисию табобати беморон беҳтар гардид. Аз он ҷумла усулҳои табобати дохилишараёнии бемориҳои дилу рагҳои хунгард - стенткунонии шараёнҳои дил ва рагҳои пойҳо, бартараф намудани нуқсонҳои модарзодии дил бе бурриши қафаси сина, манъ кардани хунравӣ аз бачадон бо роҳи эмболизатсия (бе амали ҷарроҳӣ), ивазкунии буғумҳо, пайвандсозии узвҳо (гурда, ҷигар, мағзи устухон), бе амалиёти кушодаи ҷарроҳӣ гирифтани сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб, махсусан дар занони ҳомила, бурида гирифтани омоси ҳипофизи мағзи сар бо усули навтарин тавассути сӯрохии бинӣ бо дастгоҳи эндоҷарроҳӣ ва ғайра.
Инчунин коркард ва татбиқи усули стенткунонии шараёнҳои дар натиҷаи диабети қанд иллатёфта, миқдори ампутатсияи (пурра буридани) пойҳоро то 3 маротиба коҳиш дод. Ба ғайр аз ин бори аввал дар ҷумҳурӣ ҷарроҳии мураккаби дил дар навзодон иҷро гардида, миқдори авориз ва фавти ин гурӯҳи тифлон то 4 маротиба коҳиш ёфт. Усулҳои бе амалиёти ҷарроҳӣ бартараф кардани баъзе нуқсонҳои модарзодии дил ба роҳ монда шуд.