Стратегияи ҶТ дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015

  

joomla

04:02, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

Стратегияи ҶТдар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «___» ___________с.2010

№____тасдиқ шудааст

 

СТРАТЕГИЯИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ИЛМ

ВА ТЕХНОЛОГИЯ БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2015

 (ТАҲРИРИ НАВ) 

 

 

Мундариҷа

 

1.

Тавзеҳи зарурати қабул кардани Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015. Вазъияти ҷорӣ ва масъалаҳо дар соҳаи илм ва

 технология……………………………….........................................

 

 

 

5

2.

Мақсад ва вазифаҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015……...............

 

9

3.

Самтҳои асосии амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015. Тадбирҳое, ки барои муваффақ шудан ба мақсад ва вазифаҳои Стратегия равона шудаанд…………..........................

 

 

10

3.1.

Мақом ва сохтори муассисаҳои илмӣ. Ҳамоҳангсозии корҳои

илмӣ-таҳқиқотӣ..............................................................................

 

10

3.2.

Самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ………………………

12

3.3.

Мутамарказгардонии нерӯи илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат………

 

16

3.3.1.

Сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ……………………………………

16

3.3.2.

Гидроэнергетика ва истифодаи комплексӣ ва оқилонаи захираҳои об, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва техно-

логияҳои сарфаи энергия…………………………..........................

 

 

16

3.3.3.

Комплекси саноатӣ ва ашёи хоми маъданӣ, ба вуҷуд овардани маводҳои нав ва технологияҳои муосир.......................................

 

17

3.3.4.

Кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ……………………………………

17

3.3.5.

Тандурустӣ………………………………………………………........

17

3.3.6.

Устуворӣ ва амнияти экологӣ………………………………………

18

3.3.7.

Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ…………………

18

3.3.8.

Маориф………………………………………………………………..

18

3.4.

Ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ ва дастгирии фаъолияти инноватсионӣ…………………………………….……..

 

19

3.5.

Ҳамгироии бахшҳои академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои олии илм. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва сиёсати иҷтимоӣ дар соҳаи илм……………………………………………………………………...

 

 

20

3.6.

Рушди заминаи моддиву техникии илм……………………………

22

3.7.

Рушди заминаи иттилоотиву коммуникатсионии илм………….

22

3.8.

Рушди ҳамкориҳои байналхалқии илмӣ……………………..........

23

4.

Дастгирии давлатии рушди илм ва технология ва ислоҳоти идораи давлатӣ дар соҳаи илм ва технология……………………

 

24

5.

Таъмини молиявии амалисозии Стратегия……………………….

25

6.

Идоракунии амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015…………..

 

26

7.

Нақшаи чорабиниҳо доир ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015……………………………………………………..

 

 

27

 

Номгӯйи муҳимтарин технологияҳое, ки барои коркард ва татбиқ дар истеҳсолот дар солҳои 2011-2015 ба нақша гирифта мешаванд………………………………………………………………

 

 

31

 


Муқаддима

 

Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 (минбаъд – Стратегия) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006,  №362 тасдиқ шуда буд.

Стратегия санади асосии ислоҳот ва рушди соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар муддати чор соле, ки аз тасдиқи он аз тарафи Ҳукумати мамлакат гузаштааст, муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва мактабҳои таҳсилоти олӣ пайваста татбиқи Нақшаи тадбирҳоро бобати иҷрои Стратегия дар мадди назар доштанд. Тибқи ин Нақша лоиҳаҳои барномаи иҷрои Стратегия омода гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, як қатор  технологияҳои воридшуда ба Номгӯи  технологияҳои муҳиме, ки коркарду татбиқи онҳо дар истеҳсолот дар солҳои 2007-2015 ба нақша гирифта шуда буд, таҳия гардида, дар истеҳсолот татбиқ шудаанд.

Дар солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои зеринро бобати иҷрои Стратегия, ки ба рушди илм ва истифодаи амалии натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ равона шудаанд, тасдиқ намуд: Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015; Тадбирҳо оид ба дастгирии тараққии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015; Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015;  Барномаи татбиқи дастовардҳои илмиву техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2015; Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, математикиву техникӣ барои солҳои 2010-2020; бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010 №167 Номгӯи самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 тасдиқ шудааст. Равшан аст, ки зарурати ба барномаҳои мазкур ва як қатор қарорҳои дигари ҳукумати мамлакат, ки ба рушди илм бо назардошти талаботи муосир ба илм ва нақши афзояндаи он дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар равона шудаанд, мувофиқ намудани Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 ба миён омадааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ соли 2009 дар мулоқот бо намояндагони илму маориф, ки ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ бахшида шуда буд, чунин даъватро ба амал овард.

Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2010 №32 «Дар бораи рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва вазифаҳо дар соли 2010» ба  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуда буд, ки бо ҳамроҳии вазорату идораҳои дахлдор дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015  пешниҳод ироа намояд. Баҳри иҷрои супориши мазкур комиссияи махсуси байниидоравӣ таҳрири нави Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015-ро  омода намуд.

16 сентябри соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд (№459). Нуктаҳои асосии ин санади муҳим дар дастгирии  АИ ҶТ ва илми мамлакат ҳангоми омода кардани таҳрири нави Стратегия ба инобат гирифта шуданд.

 

 1. Тавзеҳи зарурати қабул кардани Стратегияи Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология

барои солҳои 2011-2015

 

Вазъи ҷорӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бӯҳрони ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба асари воқеъаҳои ибтидои солҳои 90-ум ба амал омад, илм дар сатҳи нисбатан баланд мавқеъ дошт. Дар институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои дигари илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ заминаи моддиву техникӣ ба вуҷуд оварда шуда буд. Дар бисёре аз самтҳои илм кадрҳои илмӣ тайёр карда шуда, мактабҳои аслии илмӣ ташаккул ёфта буданд. Таҳқиқот дар ҳамоҳангӣ бо институтҳои Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва марказҳои дигари илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом дода мешуданд.

Пас аз мустақилияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба ҳифз ва дастгирии нерӯи илмӣ, ислоҳоти илм ва ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷумҳурӣ нигаронидани илм равона шуда буд. Дар айни замон раванди ислоҳоти илм идома дорад. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оҳиста-оҳиста ба фаъолият дар шароити нав мутобиқ шуда истодаанд. Давлат дастгирӣ ва таҳкими нерӯи илмиро барои пешрафти бомуваффақияти мамлакат бо роҳи руш­ди устувор яке аз самтҳои стратегӣ донистааст.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун ва қарорҳое қабул гардидаанд, ки сиёсати миллиро дар соҳаи илм муайян намуда, ба дастгирии нерӯи илмӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ нигаронида шудаанд, аз ҷумла:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиё­сати давлатии илмӣ-техникӣ" (с. 1998);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон " (с.2002);

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996 №331 "Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1997 №395 "Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 1999 №87 "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 №54 "Дар бораи тартиби аккредитатсияи давлатии ташкилотҳои илмӣ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002 №482 "Дар бораи Академияи илмҳои педаго­гии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декаб­ри соли 2003 №571 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2004 №385 "Дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва тех­нология барои солҳои 2007-2015 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боло зикр шудаанд, таҳия гардида буд.

Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ака­демияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маркази илмии мамлакат мебошад, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии навтаъсиси (с.2009) назди Вазорати тандурустии ҶТ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва даҳҳо муассисаҳои дигари соҳавии илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати иқтисод ва рушди савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2010 дар соҳаи илм дар Тоҷикистон 5196 нафар корманди илмӣ кор карданд, ки аз онҳо 3880 нафар дараҷаи илмӣ доранд, аз ҷумла 780 нафар - доктори илм ва 3100 нафар - номзади илм ва 1316 нафар кормандон бе дараҷаи илмӣ мебошанд.

Тибқи маълумоти Ангентии давлатии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки дар онҳо аспирантҳо тайёр карда мешавад, миқдори  аспирантҳо 1256 нафарро ташкил медиҳад, аспирантураро 283 нафар хатм карда, 455 нафар ба аспирантура дохил шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 40 шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла 20 шӯрои докторӣ ва 20 шӯрои номзадӣ амал мекунанд. Дар айни замон дар ин шӯроҳо аз рӯи 46 ихтисос рисолаҳои илмӣ дифоъ карда мешаванд, аз ҷумла аз рӯи 25 ихтисос доир ба илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ, аз рӯи 21 ихтисос доир ба илмҳои

 

 

ҷамъиятшиносӣ. Дар соли 2009 дар шӯроҳои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 302 рисола (31 рисолаи докторӣ ва 271 рисолаи ном­задӣ) дифоъ карда шуд.

Масъалаҳои асосӣ. Пешрафти илм ва саҳми он дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз бисёр ҷиҳат ба ҳалли саривақтии як қатор масъалаҳо вобаста мебошад, аз ҷумла:

 

Таъминоти нокифояи молиявӣ ба соҳаи илм

 Илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Хароҷот ба илм ба тав­ри доимӣ меафзояд. Чунончӣ, дар соли 2009 дар қиёс бо соли 2007 ин хароҷот ба қадри 31% афзоиш ёфт. Лекин ба таври умумӣ ҳиссаи хароҷот ба илм дар ҳисоб бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағгузории соҳаи илм дар соли 2009 25 млн. 753 ҳазор сомонӣ, яъне қариб 0,12 % аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дод, дар ҳоле, ки дар давлатҳои пешрафта сатҳи маблағгузории илм дар ҳудуди 1-3 % аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қарор дорад.

 

Таъминоти нокифояи моддиву техникии илм

 Заминаи моддиву техникӣ барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ беҳад кӯҳнаву фарсуда гардида, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ноустувории иҷтимоиву иқтисодӣ қисман вайрон карда шуданд. Таҷҳизот ва асбобҳои илмӣ ҷисман ва рӯҳан фарсуда шуда, ба талаботи муосири илму техника ҷавобгӯй нестанд.

 

Ақибмонии ташаккули заминаи муосири иттилоотӣ

 дар соҳаи илм

Яке аз сабабҳои рушди сусти илм дар Тоҷикистон, ақибмонӣ дар ташаккули инфрасохтори муосири иттилоотӣ, ки ба истифодаи технологияҳои навтарини иттилоотиву коммуникатсионӣ асос ёфтааст, мебошад. Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои илмии соҳавӣ, кафедраҳо ва озмоишгоҳҳои мактабҳои олӣ бо техникаи компютерӣ ба таври кифоя муҷаҳҳаз гардонида нашудаанд. Суръати ташакку­ли инфрасохтори муосири иттилоотӣ дар ин муассисаҳо беҳбудӣ мехоҳад Таҷрибаи ҷаҳонӣ ба тав­ри эътимоднок шаҳодат медиҳад, ки бе истифодаи технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ илмро қафомонӣ домангир буда, ба вуҷуд овардани технологияҳои қобили рақобат ва истифодаи онҳо дар амал имкон надорад.

Доир ба масъалаҳои муҳими илм шумораи ками монографияҳо, маҷаллаҳои илмӣ, маҷмӯи мақолаҳо ва маводҳои конференсияҳои илмӣ нашр карда мешаванд. Ба ин сабаб натиҷаҳои таҳқиқот кӯҳна мегарданд, коркардҳои олимони Тоҷикистон баромади саривақтиро ба фазои байналхалқии илмиву иттилоотӣ намеёбанд, комёбиҳои илмӣ афзалияти худро гум мекунанд. Ба сабаби нокифоя будани маблағгузорӣ муассисаҳои илмӣ имконияти гирифтани маҷаллаву китоб ва иттилооти дигари илмиро надоранд, ки ин албатта ба сатҳ, сифат ва самаранокии таҳқиқоти анҷомшаванда таъсири манфӣ расонида метавонад.

 

Норасоии кадрҳои илмии тахассуси олӣ

Ин масъала аз бисёр ҷиҳат ба нокифоя будани маблағгузорӣ ба илм алоқаманд мебошад. Ҷиддияти масъала ҳамчунин бо он маънидод карда мешавад, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ноустуворӣ бисёре аз кормандони илмӣ ва мутахассисон аз мамлакат берун рафтанд ва ҳоло пурра кардани норасоӣ дар кадрҳои илмии та­хассуси олӣ, хусусан доир ба ихтисосҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ муяссар намешавад. Норасоии мутахассисон дар чунин самтҳои илм, мисли сейсмология, технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, энерге­тика, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия, экология, вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, онтология ва гноселогия, этика, эстетика, сотсиология, ҳуқуқи байналхалқӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия эҳсос мешавад.

 

Набудани ҳамгироӣ (интегратсия)-и зарурии

 илм ва маориф

Яке аз омилҳои муҳимтарини баланд бардоштани са­маранокии тайёр кардани кадрҳои илмӣ, истифодаи зами­наи илмиву таҷрибавии муассисаҳои академӣ дар раванди таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ дар мактабҳои олӣ ҳамгироии илм ва маориф мебошад. Набудани ҳамгироии зарурии илми академӣ ва сохторҳои таҳсилотӣ нерӯи рушд ва саҳми онҳоро дар ислоҳоти иқтисодиёт ва ҷамъият паст мекунад.

Нерӯи илмии институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои илмии соҳавӣ ва мактабҳои олӣ ҳоло ба мақсади муттаҳид кардани қувва ва захираҳо барои тайёр кардани кадрҳои тахассуси олӣ ва мутахассисон дар соҳаи илмӣ ва илмиву технологӣ, истифодаи муштараки заминаи илмиву таҷрибавии бахшҳои академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои олии илм, дар равандҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ ба қадри зарурӣ муттаҳид карда нашудаанд.

 

Мутамарказгардонии сусти нерӯи илмӣ ба самтҳои афзалият-

доштаи таҳқиқоти илмӣ ва рушди иҷтимоиву

 иқтисодии мамлакат

Таҳқиқоти илмӣ доир ба самтҳои гуногуни илмӣ бурда мешаванд, ки баъзе аз онҳо бо кадрҳои илмӣ ба миқдори кофӣ таъмин нагардидаанд. Банақшагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ эҳтиёҷ ба такмили минбаъда дорад. Нерӯи илмӣ ҳоло ба дараҷаи зарурӣ ба ҳалли масъалаҳои афзалиятдоштаи илм ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мам­лакат мутамарказ гардонида нашудааст, ки дар ин бобат суст будани фаъолият ҷиҳати ташаккул ва таҳияи барномаҳои комплексӣ ва мақсадноки илмӣ ва илмӣ-техникӣ шаҳодат медиҳад.

 

Набудани робитаи зарурии илм бо истеҳсолот

Коркардҳои илмӣ-техникӣ ва тавсияҳои амалӣ на ҳамеша ба сатҳи рушди технологияҳои муосир ҷавобгӯй мебошанд. Ҷустуҷӯи шаклҳои нави таъсири мутақобили илм бо истеҳсолот суст ба роҳ монда шудааст.

Дархост ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ аз тарафи истеҳсолот дар сатҳи паст қарор дорад, гузариши соҳаҳои илм ва технология ба роҳи инноватсионии рушд хеле суст аст.

 

Сатҳи нокифояи ҳамкориҳои илмии байналхалқӣ

Дар солҳои охир робитаҳои илмии олимони Тоҷикистон хеле густариш ёфт. Бо вуҷуди ин, сатҳи ҳамкориҳои илмии байналхалқиро қаноатбахш эътироф кардан мумкин нест. Новобаста ба миқдори зиёди шартномаву созишномаҳои басташуда дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва технология, самаранокии амалишавии онҳо ба қадри назаррас баланд нест ва беҳбудӣ мехоҳад.

Вазъи баамаломада ва масъалаҳои мавҷуда дар соҳаи илм зарурати таҳия ва қабули маҷмӯи чораҳоро доир ба дастгирии давлатӣ ва рушди илм тақозо дорад, ки амалисозии онҳо бояд таъсири нерӯи илмиро ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, рушди маориф ва фарҳанг ба қадри назаррас тақвият дода, барои комёб гардидан ба мақсадҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 мусоидат намояд.

Ғояҳои заминавии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 яке аз афзалиятҳои миллӣ эътироф кардани илм мебошад, ки бе такя ба он муваффақ шудан ба сатҳи баланди нерӯи ақлонии ҷамъият тасаввурнопазир аст, пешрафти мамлакати мо имкон надорад ва беҳтар кардани сифати зиндагонии аҳолӣ душвор аст.

 

2. Мақсад ва вазифаҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015

 

Мақсади Стратегия ба вуҷуд овардани системаи пурсамари дастгирии давлатии рушди илм мебошад, ки он мутамарказгардонии нерӯи илмӣ ба самтҳои ба мамлакати мо афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, суръатбахшии ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ ва истифодаи амалии инноватсияҳо, ба вуҷуд овардани технологияҳои рақобатпазир, талабгории коркардҳои илмӣ аз тарафи истеҳсолот, тиҷорат, корфармоён, нуфузи баланд ва ҷозибияти бештари меҳнати илмӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои тайёр кардани олимон ва мутахассисони ҷавон, рушди маориф ва фарҳангро таъмин менамояд ва дар ниҳояти кор ба болобурди нерӯи ақлонии ҷомеа то чунин сатҳе, ки он ба суръат гирифтани пешрафти мам­лакати мо ва муваффақ шудан ба мақсадҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015-ро боис мегардад.

Барои муваффақ шудан ба мақсадҳои Стратегия ҳал кардани вазифаҳои зерин зарур аст:

-дастгирии давлатии рушди илм ва гузаронидани ислоҳоти идораи давлатӣ дар соҳаи илм;

-ворид кардани тағйирот ва тасҳеҳот дар муқаррар намудани мақоми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мувофиқсозии сохтори онҳо;

-муайян кардани самтҳои афзалиятдоштаи илм, мутамарказ гардонидани қувваҳои илмӣ ва воситаҳои моддиву техникӣ ба ин самтҳо;

-мутамарказ гардонидани нерӯи илмӣ ба самтҳои аф­залиятдоштаи рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ма­ориф ва фарҳанг;

-ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои анҷом до­дани таҳқиқот аз рӯи самтҳои навтарини илм;

-ташаккул додани инфрасохтори инноватсионӣ ва да­стгирии фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи илм ва технологияҳо, фароҳам овардани шароит барои тиҷоратӣ (коммерсализатсия) кардани натиҷаҳои таҳқиқот;

-инкишофи заминаи моддиву техникии илм;

-ҳамгироӣ (интегратсия)-и бахшҳои илмҳои академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои олӣ;

-беҳтар кардани низоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ;

-инкишоф додани инфрасохтори иттилоотии муосир дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафтаи иттилоотиву коммуникатсионӣ;

-инкишоф додани заминаи моддиву техникии нашри асарҳои илмӣ;

-тавсиа бахшидани ҳамкориҳои илмӣ ва технологии байналхалқӣ ва баланд бардоштани самаранокии он.

 

 

3. Самтҳои асосии амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015. Тадбирҳое, ки барои муваффақ шудан ба мақсад ва вазифаҳои Стратегия равона шудаанд

 

3.1.Мақом ва сохтори муассисаҳои илмӣ.

Ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

 

Таҳқиқоти илмӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотие анҷом дода мешавад, ки мақом ва сохтори гуногуни ҳуқуқӣ доранд:

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Академияи илмҳо муассисаи давлатии олии худидорашавандаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки гузаронидан, инкишоф додан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар мамлакат, таҳлили масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин менамояд ва дар ташаккулу амалисозии сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ иштирок мекунад. Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 институти илмӣ-таҳқиқотӣ, бахши Помир, марказҳои илмии Хуҷанд ва Хатлон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ» дохил мешаванд.

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Акаде­мияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муассисаи давлатии худидорашавандаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, инкишофи таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмиро таъмин менамояд. Ба таркиби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 6 институти илмӣ-таҳқиқотӣ, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Корхонаи илмӣ-истеҳсолии «Доруҳои биологӣ», ва Пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии кишоварзии Помир дохил мешаванд.

Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Академия рушди тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро дар соҳаи тиб таъмин менамояд, фаъолияти илмиву тадқиқотии академӣ ва мактаби олии системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамоҳанг месозад. Дар соҳаи фаъолияти илмии Академия 3 институти илмиву тадқиқотӣ ва 9 маркази илмии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Академияи таҳсилот гузаронидан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти илмӣ доир ба педагогикаи умумӣ, назария ва методикаи таълими забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, назария ва методикаи таълим дар самтҳои дигар илми педагогикаро таъмин менамояд. Дар назди Академия Институти илмӣ-таҳқиқотии рушди маориф, Институти такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, Маркази омӯзиши таърихи маориф ва Маркази технологияи иттилоотӣ амал мекунанд.

Бахши илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Таҳқиқот дар марказҳои илмӣ, иттиҳодияҳои илмӣ-истеҳсолӣ ва пойгоҳҳо, парваришгоҳҳо, озмоишгоҳҳо, дар кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд. Таҳқиқоти илмӣ ва тайёр кардани кадрҳо ва мутахассисони илмӣ дар аксар мавридҳо дар ҳамкорӣ бо институтҳои академӣ анҷом дода мешаванд.

Бахши соҳавии илм. Ба бахши соҳавии илм воҳидҳои илмӣ-таҳқиқотии вазорату идораҳо дохил мешаванд, ки онҳо таҳқиқоти амалиро анҷом дода, тавсияҳои амалиро доир ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва татбиқи технологияҳои нав, истифодаи инноватсия дар соҳаи маориф ва фарҳанг таҳия менамоянд.

Манфиатҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи навро нисбат ба илм пеш мегузоранд. Вобаста ба ин масъалаи зарурати ба таври аниқ муайян кардани мақоми ҳуқуқӣ ва вазифаҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳамаи бахшҳои илм дар мамлакат бо назардошти мавқеъ ва нақши онҳо дар илм, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва муваффақ шудан ба мақсадҳои афзалиятдоштаи илмӣ муҳим мебошад. Инро ба назар гирифта, нақшагирӣ мешавад, ки тайи соли 2011 инвентаризатсия ва аккредитатсияи ҳамаи муассиса ва воҳидҳои илмӣ- таҳқиқотии дар мамлакат амалкунанда анҷом дода шавад, ки аз рӯи натиҷаҳои онҳо бозсозии сохтори соҳаи илм гузаронида шуда, Феҳристи давлатии ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо назардошти тағйироти шаклҳои ташкиливу ҳуқуқии онҳо, шаклҳои моликият ва тобеъияти идоравӣ тартиб дода мешавад.

Мураттаб ва мувофиқсозии шабакаи муассиса ва ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ имкон медиҳад, ки захираҳо ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди илм, технология ва техника ва баланд бардоштани самаранокии илм мутамарказ гардонида шаванд.

Дар айни замон таҳқиқоти илмиро дар миқёси тамоми мамлакат Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад, ки он дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996  №331 амал мекунад. Вобаста ба бозсозии банақшагирифташудаи соҳаи илм ва зарурати ба системаи ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ташаккули барномаҳои комплексӣ ва мақсаднок доир ба самтҳои афзалиятдоштаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ додани таваҷҷӯҳи асосӣ пешниҳод мешавад, ки ба Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд. Васеъ гардонидани мақом, аниқ кардани ваколат ва масъулияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи интихоб ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ дар миқёси тамоми мамлакат пешбинӣ гардидааст. Ба он масъулияти на танҳо гузаронидани экспертизаҳо, интихоби лоиҳаву барномаҳо, балки баҳодиҳии аҳамияти  илмии натиҷаҳои таҳқиқот ва самаранокии татбиқи амалиро низ вогузор кардан мебояд.

 

3.2. Самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ

 

Ба махсусияти ташаккули ин самтҳо таърихи пайдоиш ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон, талаботи рушди иқтисодиёт, маориф ва илм, ҳамчунин тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боис гардиданд.

Дар системаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии ҷумҳурӣ мактабҳои илмии эътирофи ҷаҳонӣ пайдокарда дар чунин самтҳои илм, чун математи­ка, астрофизика, физикаи ҳолатҳои конденсӣ, асосҳои химиявиву технологии истифодаи захираҳои ашёи хом, геология, сейсмология, омӯзиши флора, фауна ва захираҳои биологӣ, физиология ва биохимияи растаниҳо, ҷарроҳӣ, гастроэнтерология, психиатрия ва наркология, генетика ва селексияи пахта ва зироатҳои дигари кишоварзӣ, усулҳои интегратсионии мубориза бар зидди зараррасонандаҳои кишоварзӣ, хокшиносӣ ва агрохимия, таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ, фалсафа, забон ва адабиёти тоҷик таъсис дода шуда буданд.

Вале дар айни замон бо сабаби мавҷудияти масъалаҳои ҷиддие, ки ба имкониятҳои маҳдуди маблағгузорӣ ва таҳкими заминаи моддиву техникии илм алоқаманд мебошанд ва ҳамчунин бо назардошти суръати фавқулода баланди рушди илми ҷаҳонӣ рақобати афзоишёбандаи мактабҳои илмӣ ва талаботи воқеии рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакати мо, масъалаи беҳад муҳим муайян кардан ва ҷудо намудани самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар ояндаи наздик, мутамарказ гардонидани нерӯи илмӣ ба ин самтҳо, дастгирии мактабҳои ташаккулёфта ва самаранок фаъолияткунандаи илмӣ ва дар як вақт ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқот доир ба бахшҳои навтарин ва тезрушдкунандаи илм мебошад.

Муайян кардани самтҳои афзалиятдошта, нав ва тез рушд кардаистодаи таҳқиқот имконият медиҳад, ки захираҳои асосӣ ба ин самтҳо равона карда шуда, заминаи моддиву техникии илм ба мақсадҳои муайян таҳким ёбад ва кадрҳои илмӣ тарбия карда шаванд. Ин дар навбати худ, дар сатҳи муосир анҷом додани корҳои илмӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии коркардҳои илмиро таъмин намуда, ниҳоят дар амал татбиқи бештар ёфтани натиҷаҳои таҳқиқотро суръат мебахшад. Яъне, дар асоси самтҳои ояндадори афзалиятдошта ва нави таҳқиқот барномаҳои комплексӣ ва мақсаднок ташаккул меёбанд, ки дар онҳо мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот, иҷрокунандагон, марҳила ва мӯҳлатҳои иҷрои кор, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузорӣ, натиҷаҳои чашмдошт, тавсияҳои амалӣ, самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян карда мешаванд.

Дар асоси фикру андешаҳои зикршуда самтҳои зерини афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ҷудо карда шудаанд, ки онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2010 №167 тасдиқ шудаанд:

 

 Илмҳои физикаву математика, химия,

геология ва техникӣ

 Математика.

Астрофизика: ҷисмҳои хурди Системаи офтобӣ, объектҳои наздизаминӣ, ситораҳо.

Физикаи ядроӣ.

Физикаи нурҳои кайҳонии дорои энергияи фавқулбаланд.

Физикаи ҳолатҳои конденсӣ. 

Амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ.

Масъалаҳои физикаю техникии энергетикаи алтернативӣ.

Коркарди маҷмӯии ашёи хом ва партовҳои саноатӣ.

Металлҳо ва хӯлаҳои дорои хосиятҳои махсус.

Химияи пайвастҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли органикӣ ва баландмолекулавӣ. Коркарди истифодаи доруҳои нави табобатӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми табиӣ ва маҳсулоти синтези органикӣ.

Химияи пайвастҳои координатсионӣ.

Петрология ва геохимия. Палеонтология ва стратиграфия.

Канданиҳои фоиданок. Маъданҳосилшавӣ ва металлогения.

Мониторинги сейсмологӣ ва баҳодиҳии хатари сейсмикӣ. Тартиб додани харитаи пешгӯии оқибатҳои заминҷунбиҳои сахт дар марзи Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои муосир .

Назария ва амалияи ба зилзила тобовари биноҳо ва иншоот. Моделсозии равандҳои сейсмикӣ.

Мониторинги захираҳои обӣ ва истифодаи комплексии онҳо.

Омӯзиш ва мониторинги тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон.

 

Илмҳои биологӣ

 

Омӯзиш, ҳифз ва истифодаи устувори гуногуншаклии биологӣ, генофонди растаниву ҳайвонот ва  захираҳои биологӣ.

Коркарди асосҳои илмии инкишоф додани шабакаи минтақаҳои  махсусҳифзшавандаи табиат.

Таъсири тағйирёбии  иқлим ва омилҳои антропогенӣ ба гуногуншаклии биологӣ, системаҳои  табиӣ ва агроэкологӣ.

Интродуксия  ва ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳо.

Мутобиқгардонӣ (адаптатсия)-и  физиологиву биохимиявӣ ва механизмҳои танзимкунандаи устувории организмҳои зинда  ба таъсири шароити номусоиди муҳит (стрессҳо).

Таъсири маҷмӯи  омилҳои экологӣ ба ҳаётгузаронии  растаниҳо дар шароити баландкӯҳ.

Фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо.

Асосҳои физиологию генетикии селексияи растаниҳои  кишоварзӣ.

Такмили системаи интегратсионии  ҳимояи зироатҳои  кишоварзӣ аз зараррасонандаҳо.

Биотехнологияи  растаниҳо.

 

Илмҳои тиббӣ

 

Таҳия ва татбиқи усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои сироятии иҷтимоии хавфнок (зардпарвин, сил, домана, вараҷа, зуком, ВНМО/БНММ, хеликобактериозҳо, зоонозҳо, табларзаи геморрагӣ ва ғайра).

Татбиқи технологияи муосир дар пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои дилу paг, саратон, бемориҳои узвҳои ҳозима, диабети қанд, фарбеҳӣ.

Омӯзиш ва баҳодиҳии ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, эпидемиологии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Такмили системаи дастрасии кӯмаки фаврии акушерӣ ва перинатологӣ ба аҳолӣ. Татбиқи технологияи навини ҳифз ва беҳдошти солимии репродуктивӣ.

Омӯзиш ва парвариши ҳуҷайраҳои бунёдӣ. Рушди таҳқиқот ва коркарди усулҳои трансплантатсияи узвҳо ва бофтаҳо.

Масъалаҳои солимии рӯҳии аҳолӣ.

Таҳия ва татбиқи технологияҳои нав барои беҳтар намудани ташхис, табобат ва барқароргардонии беморон дар соҳаи микроҷарроҳӣ, генетикаи тиббӣ.

Такмили системаи идороти соҳаи тандурустӣ.

Коркард ва истифодабарии доруҳои нав, пеш аз ҳама аз ашёи хоми ватанӣ.

Илмҳои кишоварзӣ

 

Омӯзиши генофонди миллии растаниву ҳайвоноти кишоварзӣ, коркарди асосҳои илмии ҳифз ва истифодаи онҳо.

Селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзии тезпаз, серҳосил, ба касалиҳо тобовар ва ба шароити гуногуни экологӣ устувор. Коркарди системаи муосири тухмипарварӣ.

Тадқиқот доир ба рушди боғдорӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ.

Коркарди усулҳои мубориза бар зидди зараррасонандаҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ.

Коркарди агротехнологияҳои наву пурсамари аз ҷиҳати экологӣ бехатар.

Коркарди асосҳои илмии аз ҷиҳати экологӣ асоснокшудаи баланд бардоштани ҳосилхезии хок, мубориза бо эрозия, шӯршавии хок, баландшавии обҳои зеризаминӣ, корамкунӣ ва ҳосилхезии такрории замин.

Офаридани зот, ҷинс, кросс, гибридҳои нави ҳайвоноти соҳаи кишоварзӣ, парранда, занбӯри асал, кирмаки пилла ва такмили хосиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои парваришёбанда.

Такмил додани усулҳои биотехнологии афзунгардонӣ, технологияи парвариш ва хӯронидани  ҳайвоноти соҳаи кишоварзӣ.

Коркарди усулҳои мубориза бар зидди касалиҳои ҳайвоноти соҳаи кишоварзӣ. Ба вуҷуд овардани доруҳои нави пурсамари байторӣ.

Тадқиқот доир ба механиконӣ ва иқтисодиёти истеҳсолоти кишоварзӣ.

 

 Илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ

 

Таърихи халқи тоҷик.

Таърихи Тоҷикистони мустақил ва таърихи этникии Осиёи Марказӣ.

Онтологияи фалсафӣ: гносеология ва мантиқ.

Масъалаҳои муосири антропологияи фалсафӣ.

Масъалаҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии рушди ҷомеаи муосири тоҷик.

Масъалаҳои таърихи фалсафа ва дин.

Адабиёти тоҷику форс.                

Адабиёти тоҷик дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Забони тоҷикӣ ва фолклор.

Тадқиқ ва нашри ёдгориҳои хаттии илму фарҳанги тоҷику форс.

Масъалаҳои модернизатсияи иқтисодиёти давраи гузариш дар Тоҷикистон.

Сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Механизмҳои иқтисодии рушди муносибатҳои бозаргонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Асосҳои назариявии ҳуқуқи муосир ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Назария ва методикаи таълиму тарбия (аз рӯи фанҳои алоҳида).

Омӯзиши вазъи таҳсилот дар мактабҳои муосир ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим.

Коркард ва истифодаи технологияи нави таълиму тарбия.

Педагогикаи этникӣ ва муосир.

 

3.3.Мутамарказгардонии нерӯи илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат

 

Ба мақсади пурқувват кардани таъсири илм ба суръати рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат наздик кардани илм ба эҳтиёҷоти амалия, тавсиаи доираи таҳқиқоти амалӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо, ба вуҷуд овардани шароит барои коркард ва истифодаи амалии технологияҳои инноватсионӣ зарур аст.

Нерӯи илм бояд дар чунин самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, истифода шавад:

 

3.3.1. Сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Такмили сохтори идоракунии иқтисодиёти миллӣ ва механизмҳои иқтисодиву ҳуқуқӣ, ки ба принсипҳои иқтисодиёти бозаргонӣ мувофиқ мебошанд.

Ташаккули сиёсати фаъоли сохториву саноатӣ, ки ба инкишоф додани истеҳсолоти содиротӣ ва рақобатпазир ва корхонаҳои аз нуқтаи назари тақсимоти байналхалқии меҳнат ояндадор равона шудааст.

Таҳкими низоми молиявиву бонкӣ.

Такмили сиёсати инноватсионӣ, ки ҷалби маблағҳои асосии хориҷиро ба иқтисодиёт пешбинӣ менамояд.

Такмили низоми давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва сиёсати давлатии демографӣ.

 

3.3.2.Гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва оқилонаи захираҳои об, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва технологияҳои сарфаи энергия

Рушди минбаъдаи гидроэнергетика.

Гузаронидани сиёсати сарфаи энергия дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ.

Истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об.

Истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи эко­логӣ тозаи барқароршавандаи энергия (офтоб, энергияи шамол, энергияи дарёҳои хурд, манбаъҳои геотермалӣ ва биомасса).

 

3.3.3.Комплекси саноатӣ ва ашёи хоми маъданӣ, ба вуҷуд овардани маводи нав ва технологияҳои муосир

Ба вуҷуд овардани маводҳои нав, коркард ва дар саноат истифода кардани технологияҳои муосир.

Коркарди технологияҳои аз нав кор кардани алюминий ва истеҳсоли маснуъоти тайёр.

Коркарди технологияҳои аз нав кор кардани пахта ва навъҳои дигари ашёи хоми кишоварзӣ.

Ба вуҷуд овардан ва истифода кардани технологияҳои сарфаи захираҳои кампартов ва аз нигоҳи экологӣ тозаи коркарди комплексии захираҳои ашёи хоми маъданӣ.

Ба вуҷуд овардан ва аз худ кардани технологияҳои коркарди такрории захираҳои пасмонда.

Коркарди технологияҳои масолеҳи сохтмонӣ.

Тавсиаи заминаи ашёи хоми маъданӣ.

 

3.3.4. Кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ

Татбиқи системаи устувор ва аз нигоҳи экологӣ баробаркардашудаи пешбурди кишоварзӣ мувофиқ ба минтақаҳои табииву хоҷагидории ҷумҳурӣ.

Такмили сохтори истифодаи замин ва об, мувофиқсозии таносубҳои ҳаҷмҳои истеҳсолоти зироатҳои озуқаворӣ ва техникӣ, рушди пахтакорӣ, гандумпарварӣ, ҳайвонпарварӣ, мевапарварӣ ва соҳаҳои дигари кишоварзӣ.

Селексияи навъҳои нави серҳосил, мувофиқ ва гибриди хироатҳои кишоварзӣ.

Ба вуҷуд овардани системаи самараноки тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ.

Истифодаи усулҳои биотехнологӣ дар кишоварзӣ.

Селексия ва парвариши ҷинс, навъ ва зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзӣ.

Такмили усулҳои мубориза бо зараррасонандаҳо ва касалиҳои махсусан хатарноки растанӣ ва ҳайвоноти кишоварзӣ, коркарди усулҳои пешгирӣ ва табобатӣ бо истифодаи доруҳои нав.

Гузориш ба истифодаи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар, захирасарфакунанда ва босуръат пешравандаи кишоварзӣ.

 

3.3.5. Тандурустӣ

Монигоринги иҷтимоиву иқтисодӣ, санитариву гигиенӣ ва экологии сиҳатии аҳолӣ.

Ҳифзи сиҳатии модар ва кӯдак.

Эпидемиология, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунанда.

Эпидемиология, пешгирӣ ва табобати бемориҳои дилу paг, эндокринӣ, онкологӣ, гастроэнтерологӣ ва касбӣ, сил, нашъамандӣ, бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВИЧ/СПИД.

Коркарди доруҳои нави табобатӣ, ҷорӣ кардани технология барои муайян кардани сифати доруҳои воридотӣ.

Ҳифзи саломатии рӯҳии аҳолӣ.

Рушди трансплантологияи ватанӣ.

Тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ.

Тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи хидматрасонӣ ва таъмири техникии тиббӣ. ҷорӣ кардани телетиб.

 

3.3.6. Устуворӣ ва амнияти экологӣ

Мониторинги муҳити зист, таҳияи чорабиниҳо оид ба барқарор ва ҳифзи табиат.

Коркарди технологияҳои тоза кардани обҳои равон, безараргардонии партовҳо ва бетаъсиргардонии партовҳои корхонаҳои саноатӣ.

Таҳлили таъсири антропогенӣ ва техногенӣ ба тағйироти иқлим, мониторинги ҳолати атмосфера ва гидросфе­ра.

Таҳлили тағйироти иқлим, таъсироти антропогенӣ ва техногенӣ ба гуногуншаклии биологӣ, низоми табииву эко­логӣ ва кишти зироатҳои кишоварзӣ.

Мониторинги гуногуншаклии биологӣ ва амнияти биологӣ.

Мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист.

Мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгӯӣ кардани заминларзаҳо, таъмини амнияти сейсмологӣ, истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ барои ба даст даровардани иттилооти бефосила ва зуди сейсмологӣ.

 

3.3.7. Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ

Рушд ва таъмини дастрасии инфрасохтори муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ ба доираи васеъи аҳолӣ, дастгирии рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар марзи мамлакат.

Таъмини самаранокии истифодаи технологияҳои ит­тилоотиву коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳаҳои илм, тандурустӣ, маориф.

 

3.3.8. Маориф

Тарбия ва такмили ихтисоси кадрҳои илмиву омӯзгории тaxaccycи олӣ.

Таҳия намудани стандартҳои давлатии таҳсилот, на­қша ва  барномаҳои таълим барои мактабҳои 12-солаи таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла барои бакалаврӣ ва магистратура.

Омода ва нашр кардани китобҳои дарсии силсилаи нав барои мактабҳои 12- солаи таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва мактабҳои олии касбӣ.

 

Дар назар аст, ки доир ба ҳар яке аз самтҳои дар боло нишондодашудаи афзалиятдори рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат барномаҳои мақсадноки комплексӣ, технологияҳо, тавсияҳои амалӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки ба истифодаи босамари натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нигаронида шудаанд, таҳия карда мешаванд.

Номгӯи муҳимтарин технологияҳои коркардшаванда ва ба истеҳсолот татбиқшаванда ба намуди замима ба бахши мазкури Стратегия оварда шудааст.

 

3.4. Ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ ва дастгирии

фаъолияти инноватсионӣ

 

Аз рӯи сатҳи фаъолияти инноватсионӣ, нуфузи маҳсулоти баландтехнология дар сохтори истеҳсолот ва содирот, рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта хеле қафо мемонад.

Рақобатпазирӣ аз рӯи суръати истифодаи навоварии илмиву техникӣ ва ҳавасмандии истеҳсолоти илмталаб, самаранокии равандҳои инноватсионӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба ин истифодаи захираҳои зеҳнӣ ва ташаккули заминаи илмиву технологӣ яке аз вазифаҳои муҳими умумимиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки қабули тадбирҳои махсусро доир ба рушди инноватсионӣ – ба вуҷуд овардани шароити зарурии ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро талаб мекунад. Бо андозаи фароҳам омадани шароити зарурӣ инфрасохтори инноватсионӣ низ дар шакли марказҳои инноватсионӣ-технологӣ, технопаркҳо, бизнес-инкубаторҳо, марказҳои трансфери технологияҳо ва монанди ин оҳиста-оҳиста ташаккул меёбад.

Ба фаъолгардонӣ ва ҳавасмандии фаъолияти ихтироотӣ кӯшиш ба харҷ додан зарур аст, зеро патентҳо ба ихтироот яке аз омилҳои муайянкунандаи нерӯи инноватсионии мамлакат мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд ба барномаҳои инноватсионии рушди илм ва ба вуҷуд овардани технологияҳо диққати махсус дода шавад, то ки муҳандисон-технологҳо, лоиҳакашон, мутахассисон дар соҳаи менеҷменти инноватсионӣ тайёр карда шаванд ва онҳо тавонанд дар сатҳи баланди касбӣ ба фаъолияти инноватсионии соҳибкорӣ машғул шаванд.

Ба шумори самтҳои афзалиятдоштаи фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакати мо ва ҳамкориҳои байнидавлатии инноватсионӣ, ки дар асоси онҳо лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия шуда метавонистанд, инҳоро номбар кардан мумкин аст: маводи металлии конструксионӣ, маводи по­лимерии композитсионӣ, технологияҳои сарфаи энергия, мувофиқсозии кори гидроузелҳо бо истифодаи усулҳои моделсозии математикӣ, технологияи истеҳсоли пектини камметил, технологияҳо дар соҳаи мониторинги муҳити зист ва пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ ва техногенӣ, инженерия ва биотехнологияи генӣ, истифодаи тестҳои физиологӣ дар селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, технологияҳои истеҳсоли доруҳои нави табобатӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми растаниҳои маҳаллӣ, ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои инсон.

Принсип, мақсад ва вазифаҳои асосии гузориш ба роҳи инноватсионии тараққиёт дар Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 муайян карда мешаванд.

 

3.5. Ҳамгироии бахшҳои илми академӣ, соҳавӣ ва

мактабҳои олӣ. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва сиёсати

 иҷтимоӣ дар соҳаи илм

 

Яке аз вазифаҳои Стратегия аз он иборат аст, ки ҳамгироии институтҳои академӣ ва мактабҳои олӣ тақвият дода шавад. Бо ин мақсад тибқи Нақшаи чорабиниҳо доир ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли с.2009 №371 Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ шудааст. Тадбирҳое омода шудаанд, ки ҷорӣ кардани онҳо боиси муттаҳид кардани нерӯи илмии институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Toҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мактабҳои олӣ мегардад ва системаи тайёр кардани мутахассисони ҷавонро мақсаднок ва самараноктар месозад.

Ин ҷо ҷалби кормандони пешбари илмии академӣ ба кордар асоси ҳамкориҳо дар мактабҳои олӣ барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак, хондани лексияҳо ва роҳбарӣ ба аспирантон, навиштани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар мадди назар аст. Донишчӯён барои ҷалб шудан бакори илмӣ ва гузаронидани таҳқиқот дар институтҳои  академӣ имкониятҳои бештар ба даст меоранд.

Зарур  аст, ки аз шаклҳои гуногуни ҳамгиро кардани бахшҳои академӣ ва таҳсилотии илм – таъсис додани филиалҳои кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар институтҳои академӣ; институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ; маҷмӯа ва марказҳои илмӣ ва илмӣ-таҳсилотӣ, ассосиатсияҳои муттаҳидкунандаи ташкилотҳои таҳсилотӣ илмӣ ва муҳандисиву конструкторӣ; марказҳои инноватсионӣ; марказҳои илмӣ-таҳсилотии технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ва монанди инҳо истифода карда шавад.

Ба мақсади ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва дастгирии вазъи моддии мутахассисони ҷавон - хатмкардагони мактабҳои олӣ дар асоси шартнома ба кор қабул намудани онҳо, аз ҷумла барои иштирок дар иҷрои лоиҳаҳои илмӣ, барномаҳои комплексиву мақсаднок ва шартномаҳо бо хоҷагиҳо бо муқаррар кардани музди меҳнати мувофиқ пешбинӣ мегардад.

Корҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотии кормандони институтҳои академӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ ва мактабҳои олӣ аз рӯи шартномаҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак аз рӯи грантҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ва аз рӯи фармоишҳои вазоратҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо дар асоси бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳо гузаронида мешаванд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба ҳамкории олимон дар иҷрои барномаҳои комплексӣ ва мақсаднок доир ба масъалаҳои муҳими илмӣ ва илмӣ-техникӣ ва чорабиниҳои Барномаи рушди илмҳои табиёту риёзӣ ва техникӣ барои солҳои 2010-2020, Консепсияи сиёсати давлатии демогра­фии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015, Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амалиёт доир ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногуншаклии био­логии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи миллии амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сабук гардонидани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва монанди инҳо дода мешаванд. Ташаббуси баргузор намудани конференсияҳои муштараки илмӣ, симпозиум ва семинарҳо, нашри асарҳои илмӣ ва маҷмӯаи мақолаҳо дастгирӣ карда мешаванд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008 №296 Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 тасдиқ карда шудааст. Дар асоси ин Барнома чорабиниҳои зарурӣ оид ба тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ коркард шудаанд, ки онҳо барои бо мутахассисон, хусусан дар соҳаҳои тезрушдкунандаи илм ва технологияҳо пурра таъмин намудани муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ имкон медиҳанд.

Андешидани чораҳо оид ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои таҳсили аспирантҳо, беҳтар намудани системаи тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ – доктор ва номзадҳои илм ба нақша гирифта мешавад. Корҳо оид ба ташаккул додани шабакаи нави шӯроҳои диссертатсионӣ дар мамлакат, ҳамчунин такмили системаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ ва беҳтар намудани фаъолияти Комиссияи аттестат­сионии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ омода карда мешаванд.

 Бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи илм мебояд, ки як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва меъёриву ҳуқуқӣ омода ва қабул карда шаванд, аз ҷумла: дар бораи такмил додани системаи пардохти меҳнат дар соҳаи илм; дар бораи давра ба давра ҷорӣ намудани системаи шартномавии пардохти меҳнат; дар бораи шароит ва тартиби пардохти меҳнати олимони Академияи илмҳо ва ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ, ки дар асоси ҳамкорӣ дар мактабҳои олӣ кор мекунанд ва ғайра. Дастгирии давлатии кормандони соҳаи илм, хусусан аспирантҳо ва олимони ҷавон ҷиҳати беҳтар кардани шароити зиндагонии онҳо зарур аст.

3.6. Рушди заминаи моддиву техникии илм

 

Натиҷабахшии таҳқиқоти илмӣ ва афзалиятҳои он, рақобатпазирии коркардҳои олимон аз бисёр ҷиҳат ба ҳолат ва модернизатсияи заминаи моддиву техникӣ, таъмини муҳаққиқон бо навтарин асбобу таҷҳизот, мунтазам нав ва пурра кардани маҷмӯи асбобҳои илмӣ, таъминот бо реактиву препаратҳои кимиёӣ ва монанди инҳо вобаста мебошад.

Бар асари воқеаҳои маълум дар Тоҷикистон дар даҳ соли охир модерни­затсияи заминаи моддиву техникии илм ва навсозии маҷмӯи асбобҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ имкон надошт. Бо андозаи беҳтар гардидани ҳолати иҷтимоиву иқтисодӣ дар мамлакат шароити бештари мусоид барои дастгирии молиявии рушди заминаи моддиву тех­никии илм ба вуҷуд омад. Бо назардошти ин, аз ҷумлаи тадбирҳои аввалдараҷа муайян кардани модернизатсия, тармим ва таъмири иншоотҳои бузурги илмӣ-институтҳои Ака­демияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ, марказҳои илмӣ, кафедраҳо ва лабораторияҳои таҷрибавии мактабҳои олӣ, расадхонаҳо, пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ, боғҳои ботаникӣ, пойгоҳҳои биологӣ ва кишоварзӣ, парваришгоҳҳо, осорхонаҳо зарур аст.

Қабули Барномаи рушди заминаи моддиву техникии илм пешбинӣ мешавад, ки тибқи он чорабиниҳо доир ба сохтмон, модернизатсия ва тармими иншоотҳои илм таҳия гардида, номгӯи онҳо, марҳилаҳои иҷро, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузорӣ муайян карда мешаванд.

 

3.7. Рушди заминаи итилоотиву коммуникатсионии илм

 

Бо мақсади ташаккули заминаи иттилоотиву коммуникатсионии илм таҳияи Барномаи махсуси рушди зами­наи иттилоотиву коммуникатсионии илм ва иҷрои як қатор чорабиниҳое, ки ба иҷрои таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи муосир мусоидат мекунанд, пешбинӣ мешавад.

То соли 2012 ташаккул додани шабакаи иттилоотӣ бо пайвастан ва ба шабакаи байналхалқии иттилоот Интер­нет баромадани ҳамаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии мамлакат низ пешбинӣ мегардад. Барои амалӣ кардани ин мақсад бо миқдори кофии компютерҳо ва техникаи дигари иттилоотӣ таъмин намудани институтҳо, лабораторияҳо ва кафедраҳо зарур аст. Дар натиҷа ба гирифтани иттилооти илмӣ аз давлатҳои дигар, марказҳои илмӣ, китобхонаҳо ва монанди инҳо имконият фароҳам меояд. Ҳамчунин таъсиси китобхонаҳои махсусгардонидашудаи электронӣ, маҷаллаҳои электронӣ ва базаҳои иттилоотии маълумот доир ба самтҳои алоҳидаи илм дар назар аст.

Бо мусоидати Ассосиатсияи тоҷикистонии истифодакунандагони шабакаҳои компютерии академӣ, таҳқиқотӣ ва таҳсилотии институтҳои академӣ ва мактабҳои олӣ ба истифодаи системаи алоқаи оптикӣ-нахии муосир гузаронида мешаванд.

Дар амалияи илмӣ татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии насли нав тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро дар мактабҳои олӣ ва ба тартиб даровардани системаи тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ ва мутахассисонро дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ талаб мекунад.

Дар баробари тараққӣ додани коммуникатсия ва тех­нонологияҳои компютерӣ таваҷҷӯҳи зарурӣ ба дастгирӣ ва таҳкими заминаҳои иттилоотии анъанавии илм - китобхонаи илмӣ дода мешавад. Дар солҳои охир, тавре ки маълум аст ба китобхонаҳои илмӣ ворид гардидани адабиёти махсуси илмӣ аз давлатҳои дигар якбора кам гардид. Мубодилаи байналхалқии байни китобхонаҳо дар сатҳи паст қарор дорад, барои бо нашрияҳои нави илмӣ пурра кар­дани китобхонаҳо хеле кам маблағ ҷудо мешавад.

Стратегия дастгирии китобхонаҳои илмӣ ва пурра кар­дани фондҳои адабиёти илмӣ, ба базаи маълумот пайвастани нашриётҳои пешсафи илмӣ ва маҷаллаҳо, дастги­рии нашри асарҳои илмӣ, адабиёти иттилоотиву маълумотӣ, дастурҳои илмиву методиро пешбинӣ мекунад.

Ба мақсади дар сатҳи стандартҳои муосир таъмин на­мудани нашри асарҳои илмӣ барқарор кардани нашриёти "Дониш"-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, модернизатсияи матбааи "Дониш" ва бо таҷҳизоти муосири тех­нологӣ таъмин намудани онро пешбинӣ мекунад.

 

3.8. Рушди ҳамкориҳои байналхалқии илмӣ

 

Ояндаи илми Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки он то чӣ андоза тез ва самаранок ба фазои ҷаҳонии илм ворид шуда метавонад. Бо назардошти ин чораҳое андешида мешаванд, ки ба дастгирӣ ва рушди шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ ва шарикии олимони Тоҷикистон бо олимони давлатҳои дигар равона гардидаанд. Дар Стратегия ба таври назаррас тавсиа бахшидан ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо бо ташкилот ва муассисаҳои илмии давлатҳои ИДМ, давлатҳои дигар, ташкилотҳои байналмилалӣ, фондҳо, ассосиатсияҳо ва монанди инҳо ҳам дар асоси шартномаву созишномаҳои баимзорасондаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва ҳам Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои алоҳидаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин ҷалби олимон ба иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар чаҳорчӯбаи созишномаву шартномаҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо давлатҳои ИДМ, барномаву лоиҳаҳо аз рӯи грантҳо, ки аз тарафи марказҳо, фондҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Маркази байналхалқии илмӣ-техникӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишовар­зии СММ (ФАО), Фонди ҷаҳонии экологӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии СММ доир ба масъалаҳои тандурустӣ, Ташки­лоти СММ доир ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Ташкилоти давлатҳои исломӣ доир ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО), Агентии байналхалқии энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Маркази байналмилалӣ доир ба таҳқиқоти кишоварзӣ дар минтақаҳои хушкида (ИКАРДА), Маркази байналмилалӣ доир ба беҳтар кардани ҷуворимакка ва гандум (СИММИТ), Институти байналмилалии захираҳои генетикӣ (ИПГРИ) низ пешбинӣ гардидаанд. Тавсиаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байналхалқии илмӣ аз рӯи самтҳои Ассосиатсияи байналмилалии академияи илмҳо (МААН), Ассосиатсияи Академяи илмҳои Осиёи Марказӣ (ААНСЦА), Академияи илмҳо барои ҷаҳони рушдкунанда (ТВАС), Кумитаи доимии ҳамкории илмӣ ва технологии Ташкилоти конференсияи исломӣ (КОМСТЕК) дурнамои хуб дорад.

Таваҷҷӯҳи махсус ба тавсиаи имкониятҳои сафари олимон ба марказҳои пешсафи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ барои кори илмӣ ва барои иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои дигари илмӣ равона карда мешавад.

Дастгирӣ ҷиҳати дар мамлакати мо баргузор намудани конференсияҳои байналмилалии илмӣ, симпозиумҳо, спминарҳо ва монанди инҳо доир ба масъалҳои муҳими илм пешбинӣ мешавад.

Дар натиҷаи амалисозии ин чорабиниҳо имконияти иштироки олимони Тоҷикистон дар баргузории таҳқиқоти муштарак бо олимони хориҷа аз рӯи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ, истифодаи базаи муосири таҷрибавӣ ва асбобии марказҳои илмии хориҷӣ, таҳсил ва такмили ихтисоси олимони ҷавон ба таври назаррас тавсиа меёбад. Намояндагии васеъи олимони Тоҷикистон дар конференсияҳо ва чорабиниҳои дигари илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва баргузории онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баромади илмӣ мамлакати мо ба фазои байналмилалии илм, таҳкими афзалиятҳои дастовардҳои олимони тоҷик ва ба даст овардани иттилооти зарурӣ доир ба комёбиҳо ва равишҳои рушди илм дар ҷаҳон мусоидат менамояд.

 

 

4. Дастгирии давлатии рушди илм ва технология ва ислоҳоти

идораи давлатӣ дар соҳаи илм ва технология

 

 

Барои дастгирии нерӯи илмӣ ва тақвияти таъсири он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат шарти асосӣ таъмини маблағгузории босуботи давлатӣ, афзоиши давра ба давраи захираҳои молиявӣ дар соҳаи илм мебошад.

Муҳимтарин ҷузъҳои ислоҳоти системаи идораи соҳаи илм такмили заминаҳои қонунгузорӣ, меъёриву ҳуқуқии илм, механизмҳои маблағгузорӣ, ташкили таҳқиқот, сиёсати андоз ва дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи илм мебошанд, аз ҷумла:

-ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феарали соли 2000 №54 "Дар бораи тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ" ва тартиб додани Феҳристи давлатии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;

-амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 №525 "Дар бораи тасдиқи қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқи маблағгузорӣ ва амалисозии барномаву лоиҳаҳои илмӣ, илмӣ-техникие, ки аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд";

-амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 №661 "Дар бораи тадбирҳои дастгирӣ ва рушди минбаъдаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015»;

-такмили системаи пардохти меҳнат дар соҳаи илм аз ҷумла пардохти меҳнати доктор ва номзадҳои илм барои роҳбарӣ ба аспирантҳо;

-коркард ва амалисозии механизми фармоиши давлатӣ ба таҳқиқоти илмӣ;

-таъмини сершумории манбаъҳои маблағгузории корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ - конструкторӣ аз ҳисоби дастгирии фаъолонаи онҳо бо фондҳои мақсадноки давлатӣ;

-ба вуҷуд овардани шароити мусоид бораи инвеститсияи маблағҳои корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, ташкилотҳои блйналмилалӣ ва соҳибкорон ба илм;

-рушди оғози асосҳои озмунӣ дар тақсимоти маблағҳо ба барномаҳои илмӣ;

-давра ба давра ҷорӣ намудани системаи шартномавии пардохти меҳнат дар соҳаи илм;

-ба вуҷуд овардани шароит ва фароҳам намудани захираҳои зарурӣ барои иштироки олимони Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалӣ;

-фароҳам овардани шароит барои фаъолияти иттиҳодияҳои илмии ҷамъиятӣ.

 

5. Таъмини молиявии амалисозии Стратегия

 

Чораҳои асосии ҳавасмандгардонии давлатии фаъолияти илмӣ, илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ инҳо мебошанд:

-таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷет, ки барои маблағгузории таҳқиқоти илмӣ ва мусоидат ба пешрафти илмӣ-техникӣ ҷудо мешаванд;

-мутамарказ гардонидани захираҳои буҷетӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ва барномаҳои мақсадноку комплексии илмӣ ва илмӣ-техникӣ.

Манбаъи таъминоти захиравии илм маблағгузории буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва дигар манбаъҳо мебошад.

Дар шароити маҳдуд будани маблағҳои буҷетии ба соҳаи илм ҷудошаванда вазифаи беҳад муҳим ҷустуҷӯ ва истифодаи самараноки манбаъҳои ғайрибуҷетӣ барои маблағгузории корҳои амалӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ, ҳамчунин барои ба гардиши хоҷагидорӣ ҷалб намудани коркардҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ мебошад.

Ҳавасманд кардани соҳибкории хурд ва миёнаи илмӣ-техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ бо назардошти рушди инфрасохтори тиҷоратӣ хурд ва миёна, ҳамчунин дар асоси озмун дастгирӣ кардани лоиҳаҳои ояндадори илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ зарур аст. Ба назар гирифтан мебояд, ки дар бисёре аз кишварҳо ҳиссаи зиёди маҳсулоти инноватсиониро ширкатҳои тиҷорати хурд ва миёна ворид месозанд.

Манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ маблағҳои ташкилот ва фондҳои байналмилалӣ, корхонаву ширкатҳои хусусӣ ва маблағҳои хусусии ташкилотҳои илмӣ буда метавонанд.

Нишондиҳандаҳои дурнамои мақсадноки хароҷоти молиявӣ ва манбаъҳои маблағгузорӣ дар соҳаи илм зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои алоҳидаи рушди илм тибқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 (Барномаи комплексӣ ва мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, амсоли энергияи офтоб, дарёҳои хурд, энергияи шамол, биомасса ва обҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015; Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015; Барномаи татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2015; Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015; Барномаи рушди заминаи моддӣ-техникии илм; Барномаи рушди фаъолияти инноватсионӣ; Барномаи рушди заминаи иттилоотиву иртиботии илм) муайян карда мешаванд.

 

6. Идоракунии амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015

 

Стратегия аз тарафи ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

Назорат аз болои амалишавии Стратегия ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта ме­шавад. Рафти амалишавии Стратегия, баҳодиҳии муҳимият ва самаранокии чораҳое, ки ба расидани мақсад ва ҳалли вазифаҳои Стратегия нигаронида шудаанд, пешниҳод доир ба беҳтар шудани корҳои ташкилӣ оид ба назо­рат ҷиҳати амалисозии Стратегияро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва баҳодиҳии маводҳо доир ба иҷрои Стратегия, таҳлили масъалаҳои пайдошуда, омода кардани тавсияҳо доир ба таҳия ва иҷрои барномаву чорабиниҳо роҷеъ ба самтҳои Стратегия аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд,

Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 15 декабр ҳисоботро доир ба рафти иҷрои амали­шавии Стратегия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

 

                     7. Нақшаи чорабиниҳо доир ба амалисозии Стратегияи

                         Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология

                                              барои солҳои 2011-2015

 

Чорабиниҳо

Иҷрокунандагон

Мӯҳ-лат, сол

1

2

3

4

1.

Такмили заминаи қонунгузорӣ ва меъёриву ҳуқуқии илм

 

 

1.1.

Омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод кардани сохтори Академияи илм-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақ-шаи идораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назар-дошти ислоҳоти сохториву маъму-рии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи илмҳои ҶТ

2010

1.2.

 

 

 

 

 

Омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани дархостҳо дар бораи такмили системаи пардохти меҳнат дар соҳаи илм

 

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Академияи илмҳои ҶТ, Академияи илмҳои кишовар-зии Тоҷикистон, Академияи илм-ҳои тиббӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ

2011

2013

2015

 

 

 

1.3

 

 

 

 

 

Омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи механизми фармоиши давлатӣ ба таҳқиқоти илмӣ»

Академияи илмҳои ҶТ, Вазора-ти рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати тандурус-тии ҶТ, Вазорати маорифи ҶТ, Вазорати кишоварзии ҶТ

 

2011

 

 

1.4.

 

 

 

 

 

Анҷом додани инветаризатсия ва аккредитатсияи муассисаву ташки-лотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тартиб додани Феҳристи давлатии муасси-саҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

 

 

Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷи-ис-тон доир ба аккредитатсияи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, Комиссияи байниидоравӣ доир ба гузаронидани инвентаризат-сияи муассиса ва ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

 

2011

 

 

 

 

 

1.5.

Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васеъ кардани салоҳия-ти фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсо-зии корҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, тех-ники, тиббӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Академияи илмҳои ҶТ, Вазора-ти маорифи ҶТ, Вазорати танду-рустии ҶТ, Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

2011

1

2

3

4

 

Омода ва ба вазорату идораҳо, таш-килоту корхонаҳои ҳама шаклҳои моликият пешниҳод намудани ном-гӯи муҳимтарин коркардҳои илмӣ барои татбиқи амалӣ

Академияи илмҳои ҶТ, Акаде-мияи илмҳои кишоварзии Тоҷи-кистон, Академияи  илмҳои тиб-бӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикис-тон, муассисаҳои илмиву тадқи-қотии соҳавӣ, мактабҳои таҳси-лоти олӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати

энергетика ва саноати ҶТ, Вазо-рати тандурустии ҶТ, Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати мао-рифи ҶТ

Ҳар-сола

3.

Омода ва ба вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳои ҳама шакл-ҳои моликият пешниҳод намудани номгӯи лоиҳаҳои  инноватсионӣ

Академияи илмҳои ҶТ, Акаде-мияи илмҳои кишоварзии Тоҷи-кистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ

Ҳар-сола

4.

 

 

Таҳияи Барномаҳо доир ба амали-созии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015

 

 

 

2011

 

 

4.1.

 

Барномаи рушди заминаи итти-лоотӣ-коммуникатсионии илм

 

 

 

Академияи илмҳои ҶТ, Акаде-мияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ,   Вазорати маорифи ҶТ

2011

4.2.

 

 

 

 

 

Барномаи рушди заминаи моддӣ-техникии илм

 

 

 

 

 

Академияи илмҳои ҶТ, Акаде-мияи илмҳои кишоварзии Тоҷи-кистон, Академияи илмҳои тиб-бӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷи-кистон, Донишгоҳи миллии То-ҷикистон, Вазорати маорифи ҶТ, Вазорати тандурустии ҶТ, Вазо-рати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

2011

 

4.3.

Таҳияи барномаҳои рушди соҳаҳои алоҳидаи илм дар чаҳорчӯбаи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва  технология барои солҳои 2007-2015 (илмҳои техникӣ, кишоварзӣ, ҷуғрофӣ ва илмҳои дигар)

Академияи илмҳои ҶТ, Акаде-мияи илмҳои кишоварзии Тоҷи-кистон, Донишгоҳи миллии То-ҷикистон, Вазорати маорифи ҶТ, Вазорати тандурустии ҶТ,  Вазо-рати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ

 

2011-2013

 

 

 

 

5.

Омода кардани пешниҳод доир ба рушди ҳамкориҳои байналхалқии илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Академияи илмҳои ҶТ, Акаде-мияи илмҳои кишоварзии Тоҷи-кистон, Академияи илмҳои тиб-бӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷи-кистон, вазоратҳо ва идораҳо

 

Доимӣ

 

1

2

3

4

6.

Омода кардани пешниҳод доир ба ташаккули шабакаи нави шӯроҳои диссертатсионӣ, аз ҷумла шӯроҳои асосӣ (базавӣ), минтақавӣ ва

байниидоравӣ

Комиссияи аттестатсионии ҶТ

Доимӣ

7.

Омода кардани  пешниҳод доир ба беҳтар кардани фаъолияти Комис-сияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи системаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ

Академияи илмҳои ҶТ, Акаде-мияи илмҳои кишоварзии Тоҷи-кистон, Академияи илмҳои тиб-бӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷи-кистон, Вазорати маорифи ҶТ, Вазорати тандурустии ҶТ, Вазо-рати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

2011

2013

2015

8.

Таҳлили натиҷаҳои иҷрои барно-маи амалисозии Консепсияи сиёса-ти давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 ва омода кардани пешниҳод доир ба рушди минбаъдаи таҳқиқот оид ба масъалаҳои демография ва таҳияи тавсияҳои амалӣ доир ба сиёсати демографӣ

Академияи илмҳои ҶТ,  Вазора-ти рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, Маркази таҳқи-қоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2015

9.

Омода ва амалӣ кардани барнома-ҳои мақсаднок ва комплексии илмӣ ва илмӣ-техникӣ доир ба самтҳои афзалиятдоштаи илм ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат

Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, Академияи илм-ҳои ҶТ, Академияи илмҳои ки-шоварзии Тоҷикистон, Академи-яи таҳсилоти Тоҷикистон, Акаде-мияи илмҳои тиббӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, вазоратҳо ва идораҳо

Доимӣ

 

10.

Таҳлили фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳо ҷиҳати исти-фодаи манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузории таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои амалӣ ва таҳияи тав-сияҳо доир ба таъмини  шароити зарурӣ барои зиёд кардани ҳаҷмҳои маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ

Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, Академияи илм-ҳои ҶТ, Академияи илмҳои ки-шоварзии Тоҷикистон, Академи-яи илмҳои тиббӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Вазорати маорифи ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Ҳар-сола

11.

Таҳлили рафти иҷрои Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар ҶТ барои солҳои 2009-2015, Тад-бирҳо бобати дастгирии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар ҶТ барои солҳои 2009-2015, Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии ҶТ барои солҳои 2010-2015, Барномаи ҷорӣ кардани дастовардҳои илмиву техникӣ дар истеҳсолоти саноатии ҶТ барои солҳои 2010-2015, Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, математи-каву техникӣ барои солҳои 2010-2020, Барномаи комплексии мақсад-ноки истифодаи васеи энергияи барқароршаванда амсоли дарёҳои хурд, энергияи офтоб, энергияи ша-мол, биомасса, энергияи чашмаҳои обҳои гарм барои солҳои 2007-2015

Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, Академияи илм-ҳои ҶТ, Академияи илмҳои ки-шоварзии Тоҷикистон,  Акаде-мияи илмҳои тиббӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати тандурустии ҶТ, Вазорати кишо-варзии ҶТ, Академияи таҳси-лоти Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ

Ҳар-сола

 

 

Замима ба банди 3-и

Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи

илм ва технология барои солҳои 2007-2015

«Мутамарказгардонии нерӯи илмӣ ва техно-

логӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди

 иқтисодиву иҷтимоии мамлакат»

 

НОМГӮИ

муҳимтарин технологияҳое, ки барои коркард ва татбиқ

дар истеҳсолот тайи солҳои 2011-2015 ба нақша гирифта шудаанд

 

Номи технология

Ташкилоти масъул ҷиҳати коркарди технология

Мӯҳ-лати кор-кард, солҳо

Натиҷаҳои чашмдошт, самараи иқтисодӣ

Вазорат, идора, ташкилот ва корхонае, ки технологияро татбиқ карда метавонад

Гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва оқилонаи захираҳои об,  манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва технологияҳои сарфаи энергия

1.

Системаҳои пур-самари пайвандии офтобии фото-электрикӣ ва ҳа-роратӣ барои ба даст овардани гармӣ ва барқ

Институти фи-зикаву техникаи ба номи С.У. Умарови Ака-демияи илмҳои ҶТ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ

2011-2015

Системаҳои пурса-мари пайвандии оф-тобии фотоэлектри-кӣ ва ҳароратӣ омо-да карда мешаванд, ки имкон медиҳанд энергияи офтоб ба энергияи барқ ва ҳа-роратӣ бо самара-нокии 50% табдил дода шавад. Ҷорӣ кардани чунин сис-темаҳо сарфи ма-водро то 20% кам мекунад, истифодаи масоҳатро ду баро-бар коҳиш медиҳад, сарфи сӯзишвории органикӣ ва ихроҷи газҳоро кам месо-зад. Энергияе, ки аз 1 м2 системаҳои пайвандӣ ҳангоми нурафшонии пурзӯ-ри офтоб 1 кВт/м2 дар муддати 4-5 со-ати офтобии рӯзона ҳосил мешавад, 2,0-2,5 кВт/с.-ро ташкил медиҳад

Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Вазорати ки-шоварзии ҶТ, Вазорати тандурустии ҶТ, Ҳукума-ти ш.Душан-бе, хоҷаги-ҳои коммуна-ливу истиқо-матӣ, исти-фодакунан-дагони инфиродӣ

2.

Коркард ва татбиқи моделҳои математикии муносибгардонӣ (оптимизатсия)-и кори неругоҳи барқӣ бо обанбор

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҶТ

2011-2015

Ба вуҷуд овардан ва татбиқи моделҳо ва интерфейс имкон медиҳад, ки чораби-ниҳо доир ба ба-ланд бардоштани самаранокии исти-фодаи иншооти энергетикӣ, иқтидо-ри нерӯгоҳи барқӣ аз обанборҳо, пеш-гӯӣ кардани седи-ментатсия дар об-анборҳо таҳия кар-да шаванд

Вазорати энергетика ва саноати ҶТ

Комплекси саноатӣ ва  ашёи хоми маъданӣ, ба вуҷуд овардани

маводи нав ва технологияҳои муосир

1.

Коркарди техно-логияи ҳосил кар-дани коагулянтҳо барои тоза карда-ни оби нӯшокӣ ва техникӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ ва партовҳои саноа-тӣ

Муассисаи дав-латии илмии «Институти ил-миву тадқиқо-тии саноат», Муассисаи дав-латии илмиву таҷрибавӣ ва ис-теҳсолии Ака-демияи илмҳои ҶТ»

2011-2012

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда 1500-3000 т. дар сол-ро ташкил медиҳад, даромаднокӣ 160-300 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, шароити зиндагии аҳолӣ беҳтар меша-вад

Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Корхонаи во-ҳиди давла-тии «Шир-кати алюми-нийи Тоҷи-кистон»

2.

Технологияи ға-нисозии маъдан-ҳои фосфоритии кони «Қаратоғ»

Муассисаи дав-латии илмии «Институти ил-миву тадқиқо-тии саноат», Институти хи-мияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои ҶТ

2011-2013

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда дар давраи аввал 3000 т дар солро ташкил медиҳад, даромаднокӣ 340 ҳазор сомонӣ, қис-мати зиёди эҳтиёҷо-ти соҳаи кишоварзӣ бо нуриҳои фосфо-рӣ таъмин мешавад

Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Вазорати кишоварзии ҶТ, КМ «То-ҷик Азот»

3.

Технологияи ҳо-сил кардани нури-ҳои фосфорӣ (ам-мофос, суперфос-фат) аз орди фос-форитӣ

Муассисаи дав-латии илмии «Институти ил-миву тадқиқо-тии саноат», Институти хи-мияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои ҶТ

2011-2013

Истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ ва таъми-ни соҳаи кишоварзӣ бо нуриҳои фосфо-рӣ ба роҳ монда мешавад

Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Вазорати кишоварзии ҶТ, КМ «То-ҷик Азот»

4.

Технологияи ҳо-сил кардани пек-тин аз партовҳои хӯрокворӣ ва са-ноатӣ

Институти хи-мияи ба номи В.И.Никитини Академияи илм-ҳои ҶТ, Муасси-саи давлатии илмиву таҷриба-вӣ ва истеҳсо-лии Академияи илмҳои ҶТ

2011-2013

Истеҳсоли пектинҳо барои эҳтиёҷи сано-ати дорусозӣ ва хӯ-рокворӣ ба роҳ мон-да мешавад

Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Вазорати тандурустии ҶТ

5.

Технологияи ҳо-сил кардани мас-нуоти сангрехтӣ дар асоси базалт

Муассисаи дав-латии илмии «Институти ил-миву тадқиқо-тии саноат», Муассисаи дав-латии илмиву таҷрибавӣ ва истеҳсолии Ака-демияи илмҳои ҶТ

2011-2012

Истифодаи техно-логияи нав имкон медиҳад қубурҳои оҳанӣ ва дигарро бо қубурҳои сангрехтӣ имкон медиҳад масъалаи дарозум-риву мустаҳкамии қубурҳо ҳал гардад, вазъи экологӣ беҳ-тар шавад

Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, хоҷагиҳои коммуналӣ

6.

Коркарди техно-логияи ҳосил кардани кокс ва маҳсулоти дигари изофӣ аз ангишти кони Фон-Яғноб

Муассисаи дав-латии илмии «Институти илмиву тадқиқотии саноат»

2011-2010

Бо кокс ва маҳсуло-ти дигари корхона-ҳои металлургии ҷумҳурӣ ба роҳ мон-да мешавад. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсол-шаванда дар давраи аввал 1800 т кокс, даромаднокӣ 120 ҳазор сомонӣ дар сол мебошад

Вазорати энергетика ва саноати ҶТ,

7.

Технологияи ҳо-сил кардани хӯла-ҳои чандтаркибаи алюминий бо сох-тори модификат-сияшудаи кафо-латдор

Институти хи-мияи ба номи В.И.Никитини Академияи илм-ҳои ҶТ, Дониш-гоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ

2011-2015

Корхонаҳо бо хӯла-ҳои алюминийи хо-сиятҳои махсусдош-та таъмин карда мешаванд

Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Корхонаи во-ҳиди давла-тии «Ширка-ти алюми-нийи Тоҷи-кистон»

Кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ

1.

Селексияи навъ-ҳои нави серҳоси-ли пахтаи  миёна-нах бо истифодаи технологияи фо-тосинтезии инти-хоби маводи авва-лия 

Институти бота-ника, физиоло-гия ва генетикаи  растании Акаде-мияи илмҳои ҶТ

2011-2015

Навъи нави пахта бо ҳосилнокии 45 с-дар га бо нахи V–тип ва барориши нахи 38-40%

Вазорати ки-шоварзии ҶТ, хоҷагҳои пахтакор

2.

Коркарди систе-маи нави ҳосил кардани маводи яккачини тухмии картошка дар асо-си биотехноло-гияи ҳуҷайравӣ

Институти бота-ника, физиоло-гия ва генетикаи  растании Акаде-мияи илмҳои ҶТ, Институти боғдорӣ ва саб-завоткории Ака-демияи илмҳои кишоварзии То-ҷикистон

2011-2011

Барои татбиқ сис-темаи нави парвари-ши тухми картошка бо даври кӯтоҳкар-дашудаи ҳосил кар-дани маводи якка-чини тухмии кар-тошка (4 сол) кор-кард ва пешниҳод мешавад. Ин систе-ма ҳамчунин имкон медиҳад, ки ба кори селексионии ҳосил кардани навъҳои серҳосил ва ба каса-лиҳову зараррасо-нандаҳо устувори картошка суръат бахшида шавад

Вазорати кишоварзии ҶТ,  хоҷаги-ҳои картош-капарвар

3.

Такмил додан ва дар истеҳсолот татбиқ намудани усулҳои интеграт-сияшудаи мубори-за бар зидди зара-расонандаҳои зи-роатҳои кишовар-зӣ дар шароити нави хоҷагидорӣ

Институти зоо-логия ва парази-тологияи ба но-ми Е.Н. Павлов-скийи Академи-яи илмҳои ҶТ, Институти зиро-аткорӣ, Инсти-тути боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илм-ҳои кишоварзии Тоҷикистон

2011-2015

Татбиқи амалии усулҳои мукаммал-гардонидашудаи интеграсияшудаи мубориза бар зидди зарраррасонанда-ҳои зироатҳои ки-шоварзӣ истифодаи пеститсидҳоро як-бора кам гардони-да, ҳосилнокии зи-роатҳои кишовар-зиро баланд мебар-дорад ва ҳолати экологии муҳити зистро беҳтар ме-гардонад

Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷаги-ҳои мушта-рак ва деҳқо-нӣ

4.

Технологияи барқароркунии ҳосилнокӣ ва ис-тифодаи устувори чарогоҳ ва алаф-зорҳои Тоҷикис-тон

Институти бота-ника, физиоло-гия ва генетикаи растании Акаде-мияи илмҳои ҶТ, Институти чорводории Академияи илм-ҳои кишоварзии Тоҷикистон

2011-2015

Истифодаи техноло-гияи зиёд кардани ҳосилнокии чарогоҳ (кишти иловагии алафҳои хӯрокӣ, по-рузанӣ, нобуд кар-дани алафҳои ғай-риғизоӣ) ва истифо-даи оқилонаи онҳо ҳосилнокии чаро-гоҳҳои табииро 2,5 баробар зиёд меку-над

Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷаги-ҳои мушта-рак ва деҳқо-нӣ

5.

Селексияи навъ-ҳои зироатҳои ғалладонагӣ, лӯ-биёгӣ, равғанди-ҳанда ва хӯроки чорвои  ба каса-лиҳо, зараркунан-даҳо ва омилҳои  ғайриоддии му-ҳити атроф усту-вор

Институти зиро-аткории Акаде-мияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

2011-2015

Зиёда аз 10 навъи нав бо  ҳосилнокии онҳо 20-25 % зиёд-тар аз ҳосилнокии  навъҳои ноҳия-бандишуда ба вуҷуд

оварда шуда, дар истеҳсолот татбиқ карда мешаванд

Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷаги-ҳои кишовар-зӣ

6

Ба вуҷуд овардан ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои нави пах-таҳои маҳиннах ва миёнанах

Институти зиро-аткории Акаде-мияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

2011-2015

Навъҳои нави пах-таи миёнанах бо ҳо-силнокии  40-45 с/га, бо типи нахи IV-V ва ҳосилнокии 37-38 %-и нах, навъҳои пахтаи маҳиннах бо типи нахи I-II,  ҳо-силнокӣ 35-40с/га офарида мешаванд. Зиёдшавии ҳосилно-кии онҳо нисбати навъҳои  нав 20-25 %-ро ташкил меку-над

Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷаги-ҳои пахтакор

7.

Ба вуҷуд овардан ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои серҳоси-ли зироатҳои тухмакдору до-накдор, ситрусӣ, ангур, сабзавот ва картошка

Институти боғ-дорӣ ва сабза-воткории Ака-демияи илмҳои кишоварзии То-ҷикистон

2011-2015

Дар истеҳсолот ҷо-рӣ намудани навъ-ҳои  нави меваю сабзавот, картошка 10-15 %  баланд бар-доштани ҳосилно-кии онҳоро таъмин менамояд

Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷаги-ҳои кишовар-зӣ

8.

Мукаммалгардонии технологияи парвариши ду ҳо-сили дон дар як сол аз заминҳои обёришаванда бо истифодаи зиро-атҳои ғайрианъа-навӣ (лубиёдона-гиҳо, равғанди-ҳанда)

Донишгоҳи аг-рарии Тоҷикис-тон ба номи Ш.Шотемур, Институти зиро-аткории Акаде-мияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

2011-2015

Татбиқи техноло-гияҳои мукаммал барои дар як сол ба даст овардани 80-100 с/га дони зиро-атҳои ғаллагӣ, лӯ-биёдонагӣ, равған-диҳанда, баланд бардоштани ҳосил-хезии хок ва нигоҳ доштани мувозина-ти экологии муҳит шароит фароҳам ме-оварад

Вазорати кишоварзии ҶТ

9.

Ҳосил кардани тухмҳои баланд-сифати навъҳои ноҳиябандишуда ва перспективии зироат

Институти зиро-аткории Акаде-мияи илмҳои ки-шоварзии Тоҷи-кистон, хоҷаги-ҳои тухмипар-варии ба феҳ-ристи хоҷагиҳои тухмипарвар до-хилшуда, ки бо қарори Ҳукума-ти ҶТ аз 28 ию-ли с.2009 №413 ва аз 30 марти с.2010 №170 тас-диқ шудааст

2011-2015

Ҷорӣ кардани ин технология дар хо-ҷагиҳои тухмипар-вар имкон медиҳад, ки хоҷагиҳои ҷум-ҳурӣ бо тухмҳои элита, репродуксия-ҳои 1, 2, 3 таъмин гарданд, ки ин ба-рои баланд бардош-тани ҳосилнокии зи-роати кишоварзӣ имконият фароҳам меорад

Вазорати кишоварзии ҶТ

10.

Ба вуҷуд оварда-ни зоту ҷинсҳои нави чорвои ки-шоварзӣ ва так-мил додани си-фатҳои ирсӣ ва маҳсулнокии онҳо

Институти чор-водории Акаде-мияи илмҳои ки-шоварзии Тоҷи-кистон

2011-2015

Самаранок истифо-да бурдани зоту ҷинсҳои нави сер-маҳсули чорво ба-рои баланд бардош-тани маҳсулнокии онҳо аз 12 то 15 % мусоидат менамояд. Самараи иқтисодӣ 4,5-5,0 млн сомони-ро ташкил медиҳад

Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷаги-ҳои чорводо-рӣ

11.

Такмил додан ва дар амал ҷорӣ намудани техно-логияи самарано-ки гирифтан, ях-

кунонии  нутфаю ҷанини чорвои кишоварзӣ ва ҳайвоноти ёбоӣ

Институти чор-водории Акаде-мияи илмҳои ки-шоварзии Тоҷи-кистон

2011-2015

Бонки нутфаю ҷани-ни чорвои зотҳои сермаҳсул ва ҳайво-ноти нодир, инчу-нин пешбурди кор-ҳои селексионӣ

таъсис дода меша-вад. Самаранокии иқтисодӣ 0,5-1 млн.  сомониро ташкил медиҳад

Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷаги-ҳои чорводо-рӣ

12.

Коркард ва исти-фодабарии  вакси-наҳо ва диагнос-тикумҳо бар зид-ди бемориҳои  си-роятии чорво

Институти  бай-торӣ, Корхонаи илмӣ-истеҳсо-лии «Доруҳои биологӣ»

2011-2015

Истифодабарии   ваксинаҳо самара-нокии табобати     бемориҳои  сироя-тии чорворо ба қад-ри назаррас баланд мебардорад. Сама-раи иқтисодӣ ба 1 сомонии харҷшуда 6-10 сомониро таш-кил медиҳад

Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷаги-ҳои чорводо-рӣ

Тандурустӣ

1.

Коркарди техно-логияи ҳосил кар-дани ҳомилони доруҳои табобатӣ дар асоси модда-ҳои пектинӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот

Институти хи-мияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои ҶТ

2011-2012

Ҳомилони доруҳои табобатӣ дар асоси полимерҳои табиии устувор ба таъсиро-ти ҷузъҳои тракти меъдаву рӯда ба ву-ҷуд оварда меша-ванд ва барои дар истеҳсолот татбиқ кардани онҳо ҳуҷ-ҷатҳои меъёрӣ та-ҳия мегарданд

Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати тандурустии ҶТ

2.

Таҳия ва ворид намудани   техно-логияҳои ташхиси хусусиятҳои гене-тикии гепатитҳои вирусӣ ва такми-ли табобати  гепа-титҳои музмин (хроникӣ) ва сир-розияи ҷигар

Институти гаст-роэнтерологияи Академияи илмҳои тиббӣ

2011-2015

Ба қадри назаррас кам  кардани каса-лиҳои вируси гепа-титдор муяссар ме-гардад

Вазорати тандурустии ҶТ

3.

Коркард ва тат-биқи технология-ҳои радиологӣ ва радиоиммунии ташхиси пешакии касалиҳои узвҳои ҳозима ва каса-лиҳои онкологӣ

Институти гаст-роэнтерологияи

Академияи илмҳои тиббӣ

2011-2015

Системаи ташхиси саривақтӣ ва табо-бати самараноки

беморони гирифто-ри касалиҳои сис-темаи   меъдаву рӯ-да ба роҳ монда мешавад

Вазорати тандурустии ҶТ

4.

Коркард ва тат-биқи усулҳои му-осири самарабах-ши экстракорпо-ралии гемо - ва лимфокоррексия дар ҳолатҳои ба-рои беморон хав-фнок (гемодиализ, гемодиафилтрат-сия, диализи пери-тонеалӣ)

Донишкадаи такмили ихтисо-си баъдидипло-мии кадрҳои тиббии Тоҷи-кистон, Марка-зи илмии шаҳ-рии реанимат-сия ва детокси-катсия

2011-2012

Истифодаи ин усул-ҳо фавт ва маъюб-шавиро ба андозаи 15-20% паст мегар-донад

Вазорати тандурустии ҶТ, шӯъба-ҳои реани-матсия ва терапияи ин-тенсивии муассисаҳои табобатӣ

5.

Ҷарроҳии рентге-но-эндоваскуля-рии  касалиҳои дил ва раг

Кафедраи каса-лиҳои ҷарроҳи-шавандаи №2 Донишгоҳи дав-латии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

2007-2012

Кӯмаки ҷарроҳӣ ба беморон бо патоло-гияи узвҳои гарди-ши хун беҳтар гар-дида, фавт ва маъюбшавии аҳолӣ кам карда мешавад

Вазорати тандурустии ҶТ, Маркази илмии ҷумҳу-риявии ҷар-роҳии дилу раг ва қафаси сина, Марка-зи ҷумҳурия-вии клини-кии кардио-логӣ

6.

Ҷарроҳии эндос-копии касалиҳои узвҳои қафаси сина ва  шикам

Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина

2011-2015

Паст кардани бод-ҳои  баъдиҷарроҳӣ, кам кардани мӯҳ-лати бистаригардо-нии  бемор дар стат-сионар амалӣ меша-вад

Вазорати тандурустии ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии кардиологӣ

 

7.

Истифодаи техно-логияи бордорку-нии экстракорпо-ралӣ ва интиқоли ҷанинҳои занони бемори безурриё-тӣ бо ёрии аго-нистҳо ва антаго-нистҳои гонадо-либерин

Институти мо-модоягӣ, гине-кологӣ ва педи-атрияи Вазора-ти тандурустии ҶТ

2011-2015

Сатҳи безурриётии занон дар ҶТ хеле кам мешавад

Вазорати тандурустии ҶТ

Устуворӣ ва амнияти экологӣ

1.

Таъсиси хадамоти назорати ҳаракат-ҳои қавӣ дар сар-бандҳо дар асоси системаи рақамии бақайдгирӣ

Институти гео-логия ва сейсмо-логияи Акаде-мияи илмҳои ҶТ

2011-2012

Самаранокии балан-ди тайёр кардан ва пешниҳод намудани иттилооти сейсмоло-гӣ оид ба ҳолати сарбандҳои нерӯгоҳ-ҳо ҳангоми замин-ҷунбиҳо барои таъ-мини бехатарии он-ҳо муяссар мегардад

Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶКС «Барқи Тоҷик»,  Ва-зорати ҳолат-ҳои фавқу-лодда ва му-дофиаи шаҳрвандии ҶТ