joomla

01:45, 24th October 2018
Октябр 2018
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
free templates joomla

Самтҳои Афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ

Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

«30» марти соли 2010

                     № 167 тасдиқ шудааст

 

 

Номгӯйи

самтҳои афзалиятдоштаи тахқикоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012

 

1. Илмхои физикию математикӣ, химиявӣ, геологӣ ва техникӣ

1) Математика.

2) Астрофизика: ҷисмхои хурди системаи офтобӣ, объектҳои наздизаминӣ, ситораҳо.

3) Физикаи ядроӣ.

4) Физикаи нурҳои кайҳонии дорои энергияи фавқулбаланд.

5) Физикаи ҳолатҳои конденсӣ.

6) Амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ.

7) Масъалаҳои физикию техникии энергетикаи алтернативӣ.

8) Коркарди маҷмӯии ашёи хом ва партовхои саноатӣ.

9) Металлҳо ва хӯлаҳои дорой хосиятҳои махсус.

 

10) Химияи пайвастхои аз чиҳати биологи фаъоли органикӣ ва калонмолекулавӣ. Коркарди истифодаи доруҳои нави табобатӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми табиӣ ва махсулоти синтези органикӣ.

11) Химияи пайвастҳои координатсионӣ.

12) Петрология ва геохимия. Палеонтология ва стратиграфия.

13) Канданиҳои фоиданок. Маьданҳосилшавӣ ва металлогения.

14) Мониторинги сейсмологӣ ва баҳодиҳии хатари сейсмикӣ. Тартиб додани харитаи пешгӯии оқибатҳои заминҷунбиҳои сахт дар марзи Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои муосир .

15)  Назария ва амалияи ба зилзила тобоварии биноҳо ва
иншоот. Моделсозии ҷараёни сейсмикӣ.

16)Мониторинги захираҳои обӣ ва истифодаи маҷмӯии онҳо.

17)Омӯзиш ва мониторинги тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон.

2. Илмҳои биологӣ

18)   Омӯзиш, ҳифз ва истифодаи устувори гуногуншаклии биологӣ, генофонди растаниву ҳайвонот ва захираҳои биологӣ.

19)   Коркарди асосҳои илмии инкишоф додани шабакаи минтақаҳои махсус ҳифзшавандаи табиат.

20)   Таъсири тағйирёбии иқлим ва омилҳои антропогенӣ ба гуногуншаклии биологи, системахои табиӣ ва агроэкологӣ.

21)  Интродуксия ва ба икдим мутобиқгардонии растаниҳо.

22) Мутобиқгардонии физиологиву биохимиявӣ ва механизмхои танзимкунандаи устувории организмҳои зиёда ба таъсири шароити
номусоиди муҳит (стрессҳо).

23)  Таъсири маҷмӯи омилҳои экологӣ ба ҳаётгузаронии
растаниҳо дар шароити баландкӯҳ.

24)          Фотосинтез ва махсулнокии растаниҳо.

25)     Асосҳои физиологию генетикии селексияи растаниҳои кишоварзӣ.

26)  Такмили системаи интегратсионии ҳимояи зироатхои кишоварзӣ аз зараррасонандаҳо.

27)  Биотехнологияи растаниҳо.

3. Илмҳои тиббӣ

28) Таҳия ва татбики усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобатӣ бемориҳои сироятии иҷтимоии хавфнок (зардпарвин, сил, домана, варақа, зуком, ВНМО/БНММ, хеликобактериозхо ва ғайра).

29) Татбики технологияи муосир дар пешгирӣ, ташхис ва табобатӣ бемориҳои дилу paг, саратон ва бемориҳои узвҳои ҳозима.

30) Омӯзиш ва баҳодиҳии ҳолатҳои санитариву гигиенӣ ва эпидемиологии минтакахои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

31) Такмили системаи дастрасии кумаки фаврии акушерӣ ва перинатологӣ ба ахолӣ. Татбиқи технологияи навини ҳифз ва беҳдошти солимии репродуктивӣ.

32) Омӯзиш ва парвариши ҳуҷайраҳои бунёдӣ. Рушди таҳқиқот ва коркарди усулҳои трансплантатсияи узвҳо ва бофтаҳо.

33) Масъалахои солимии рухии ахолй.

34) Тахия ва татбики технологияхои нав барои бехтар намудани ташхис, табобат ва баркароргардонии беморои дар соҳаи микрочарроҳӣ, генетикаи тиббӣ.

35) Такмили системаи идораи соҳаи тандурустӣ.

36) Коркард ва истифодабарии доруҳои нав.

4. Илмҳои кишоварзӣ

37)    Омӯзиши генофонди миллии растаниву ҳайвоноти
кишоварзӣ, коркарди асосҳои илмии ҳифз ва истифодаи онҳо.

38)          Селексияи навъхои зироатҳои кишоварзии тезпаз, серҳосил, ба касалиҳо тобовар ва ба шароити гуногуни экологи устувор. Коркарди системаи муосири тухмипарварӣ.

39)   Таҳқиқот доир ба рушди богдорӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ.

40) Коркарди усулҳои мубориза бар зидди зараррасонандаҳо ва
касалиҳои зироатҳои кишоварз.

41)  Коркарди агротехнологияҳои наву пурсамари аз ҷихати
экологӣ бехатар.

42)  Коркарди асосҳои илмии аз ҷиҳати экологӣ асоснокшудаи баланд бардоштани ҳосилхезии хок, мубориза бо эрозия, шуршавии хок, баландшавии обҳои зеризаминӣ, корамкунӣ ва ҳосилхезии такрории замин.

43)  Офаридани зот, ҷинс, кросс, гибридҳои нави ҳайвоноти соҳаи кишоварзӣ, парранда, замбури асал, кирмаки пилла ва такмили хосиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои парваришёбанда.

44)    Такмил додани усулҳои биотехнологии афзунгардонн,
технологиям парвариш ва хуронидани ҳайвоноти соҳаи кишоварзӣ.

45) Коркарди усулҳои мубориза бар зидди касалиҳои ҳайвоноти соҳаи кишоварзӣ. Ба вуҷуд овардани доруҳои нави пурсамари бамторӣ.

46) Таҳқиқот доир ба механиконӣ ва иқтисодиёти истеҳсолоти кишоварзӣ.

5. Илмҳои чамъиятшинсӣ ва гуманитарӣ

47) Таърихи халқи тоҷик

48)  Таърихи Тоҷикистони мустақил ва таърихи этникии Осиёи Марказӣ.

49 )Онтологияи фалсафӣ: гносеология ва мантиқ. 

50) Масъалаҳои муосири антропологияи фалсафӣ.

51)  Масъалаҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии рушди ҷомеаи муосири тоҷик.

52) Масъалахои таърихи фалсафа ва дин

53)  Адабиёти тоҷику форс.

54)   Адабиёти тоҷик дар давраи Истиқлолияти давлатии
Тоҷикистон.

55) Забони тоҷикӣ ва фолклор.

56)  Таҳқиқ ва нашри ёдгориҳои хаттии илму фарҳанги  тоҷику форс.

57) Масъалаҳои модернизатсияи иқтисодиёти давраи гузариш дар Тоҷикистон.

58)  Сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

59) Механизмҳои иқтисодии рушди муносибатҳои бозаргонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

60)  Сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

61) Асосхои назариявии хуқуқи муосир ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурин Тоҷикистон.

62)  Назария ва методикаи таълиму тарбия (аз руи фанҳои алоҳида).

63) Омӯзиши вазъи таҳсилот дар мактабҳои муосир ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим.

64) Коркард ва истифодаи технологияи нави таълиму тарбия.

65) Педагогикаи этникӣ ва муосир.