joomla

21:41, 19th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

Ҳисоботҳо оид ба фаъолияти АИ ҶТ

Ҳисоботи

мухтасар дар бораи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар семоҳаи  аввали  соли 2015

 

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар се моҳи  соли 2015 асосан ба ҷамъбасти натиҷаҳои илмии бадастовардаи олимони муассисаҳои Академияи илмҳо дар соли 2014 ва муайян кардании вазифаҳо дар соли 2015 равона намуд.

 

1. Фаъолияти илмӣ-ташкилии  Раёсати АИ ҶТ

 

Дар семоҳаи аввали соли 2015 Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо 35 қарор ва 66 амр мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Муҳимтарин масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, инҳо мебошанд:

-  дар бораи эълон намудани озмун барои дарёфти ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илму техника дар соли 2015;

-  дар бораи гузаронидани Олимпиадаи ҷумҳуриявии  донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ  барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

-  дар бораи Нақшаи  чорабиниҳои АИ ҶТ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд;

-  дар бораи таъсис додани Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии АИ ҶТ ;

-  дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АИ ҶТ оид ба  таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  дар бораи омодагириҳо ҷиҳати таҷлили Иди Наврўз;

-  дар бораи ҳайати нави Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ;

-  дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Модар;

-  дар бораи лоиҳаи ворид намудани тағйирот дар сохтори баъзе муассисаҳои илмии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Рўзи 9 январи  соли 2015 Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ш. Бобошоҳзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, аъзои АИ ҶТ, директорон ва муовинони муассисаҳои АИ ҶТ, котибони илмӣ ва ходимони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум  иштирок намуданд.

Дар Маҷлиси умумии солона бо гузориш «Оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо дар соли 2015»президенти Академияи илмҳои ҶТ Ф. Раҳимӣ  суханронӣ намуд.

Дар маҷлис мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ш. Бобошоҳзода, академикҳо С.Х.Неъматуллоев ва Н.Ю.Салимов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илми фалсафа А.А.Шамолов, директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбеков, доктори илмҳои биологӣ Д.Наврўзшоев ва раиси Маркази илмии Хатлон Т.Бобоев суханронӣ намуданд.

Сипас, ба аъзои пайваста (академикҳо)-и интихобшудаи АИ ҶТ  дипломҳо супорида шуданд:

Аз Шўъбаи илми физикаю математика, химия, геология ва техникӣ:  Фарҳод Раҳимӣ – президенти АИ ҶТ;  Сафиев Ҳайдар – директори Институти илмӣ-таҳқиқотии металлургии назди Корхонаи воҳиди давлатии «Талко»;

Аз Шўъбаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ: Ҳисориев Ҳикмат-директори Институти ботаника, физиология генетика ва растинии АИ ҶТ; Фелалиев Акрамшо Саидшоевич – сарходими илмии Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков;

Аз Шўъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ: Олимов Кароматулло – ноиби президенти АИ ҶТ; Турсунов Акбар – директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ; Имомов  Маҳмаисуф Сайдалиевич – ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ ба  олимони ҷавоне, ки соҳиби «Ҷоизаҳои АИ ҶТ барои олимони ҷавон» дар соли 2014 гардидаанд, низ дипломҳоро бо маблағҳои муқарраргардида супорид.

Зарипов Сарвар Қаҳрамонович, ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - барои китобҳои дарсӣ «Таҳлили математикӣ ва ҳалли мисолу масъалаҳо, қисми 1, 2» ва дастурҳои таълимӣ (2-китоби дарсӣ, 2-васоити таълимӣ), инчунин силсилаи корҳои илмӣ.

Баротов Бахтиёр Бурҳонович, номзади илмҳои  техникӣ,мудири сектори иҷозатномадиҳии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ - барои силсилаи корҳо дар мавзўи «Асосҳои физикию химиявӣ ва технологияи ҳосил кардани консентратҳои уранӣ аз ашёи хоми маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Кавракова Зубайда Бўрихоновна, номзади илмҳои биологӣ, ходими калони илмии Озмоишгоҳи генетикаи растании Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ- барои силсилаи корҳо дар мавзўи «Полиморфизми ДНК-и эгилопсҳое, ки дар Тоҷикистон месабзанд».

Абдуламонов Аҳмад Қозимамадович, ходими илмии Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растании Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбекови АИ ҶТ - барои силсилаи корҳо дар мавзўи «Гандумҳои Бадахшони Афғонистон ҳамчун маводи аввала барои селексия».

Шамсуллозода Шукрулло, номзади илми иқтисодиёт, мудири шўъбаи иқтисодиёти бахши ҷамъиятӣ ва хизмати Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ - барои монографияи «Проблемы развития страхового рынка и его роль в финансовой безопасности Таджикистана».

Барфиев Қобилҷон Хушвахтович, номзади илми иқтисодёт, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - барои китоби «Таҳлили фаъолияти хоҷагидории корхона».

Каримова Руҳайё Нозимовна,  номзади илми таърих, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ - барои монографияи «Культура Таджикистана в годы независимости (с. 1991-2011)».

Рустам Наботӣ, номзади илми филология, ходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ – барои ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа.

Бобоёров Ҳафиз, номзади илми фалсафа, директори Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ – барои ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа.

Ҳамчунин барои дастовардҳои назарраси илмӣ ва  саҳми арзанда дар ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ бештар аз 40 нафар кормандони АИ ҶТ «Ифтихорномаи АИ ҶТ» сарфароз гардонида шуданд.

Дар охири маҷлис Шартномаи ҳамкорӣ байни  АИ ҶТ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тарафи президенти АИ ҶТ Ф.Раҳимӣ ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Имомов ба имзо расонида шуд.

Раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи  чорабиниҳоро оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, ҳамчунин Нақшаи чорабиниҳоро оид ба тавзеҳи васеи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи  соли 2015 таҳия намуда, иҷрои онҳоро оғоз кард.

Аз ҷумла, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба аҳолии кишвар шарҳу тавзеҳ додани нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати олимони шинохтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 9 гурўҳ, ки ба онҳо 60 нафар шомил буданд, тайи рўзҳои 3-9 феврали соли 2015 ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар карда, бо аҳли ҷамоатчигӣ ва сокинони он мулоқот доир намуданд. Ҳамин гуна вохўриҳо дар чаҳор ноҳияи пойтахт низ сурат гирифтанд. Зимни баргузории вохўриҳо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни мавзўъҳои худшиносию худогоҳӣ, тарбияи ватандорию меҳандўстӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, масъалаҳои оиладорӣ, оқибатҳои зараровари никоҳи хешутаборӣ, вазъи ҷаҳони муосир вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва амсоли инҳо мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём Раёсати АИ ҶТ Нақшаи чорабиниҳоро  ҷиҳати пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ тасдиқ намуд. Вобаста ба ин мавзўъ олимони Шўъбаи илмҳои биологӣ ва тиббии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Асосҳои ташаккули шахсият” ва  варақаи иттилоотии “Солимӣ ва хушбахтии оила аз ту вобаста аст!”-ро ба табъ расонида, оид ба сабаб ва оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ дар рўзномаҳои даврӣ 4 мақола  чоп намуданд, ҳамчунин дар 2 барномаи телевизионӣ оид ба ин мавзўъ иштирок карданд.

11-13 марти соли 2015 дар АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуввум ба мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба омўзиши илмҳои муосир ва муайян намудани донишҷўёни  болаёқат барои минбаъд ба соҳаи илм ҷалб намудани онҳо Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Олимпиада дар ду давр аз рўи 12 соҳаи илм доир карда шуд. Даври якум аз 15 то 1 марти соли 2015  дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва даври дуюм аз 11 то 13 марти соли 2015 дар АИ ҶТ гузаронида шуд. Дар даври дуюм аз 25 муас-сисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ бештар аз 300 нафар донишҷўён иштирок намуданд. Дар натиҷа бо қарори Кумитаи тадорукоти Олим-пиада 12 нафар донишҷўёни беҳтарин ғолиби ҷойи якум бо гирифтани «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 15 нафар ғолибони ҷойи дуюм ва 17 нафар ғолибони ҷойи сеюм бо дипломҳо сарфароз гардонида шудаанд. Бештар аз 70 нафар донишҷўёне, ки ҷойҳои 4 то 5-умро сазовор гардиданд, бо «Ифтихорномаҳои АИ ҶТ» қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

  1. 1.     Муҳимтарин натиҷаҳои илмии муассисаҳои илмии

АИ ҶТ дар  семоҳаи аввали соли 2015

 

Дар семоҳаи аввали  соли 2015  олимони  Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рўйи  65 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва 40  мавзўи амалӣ идома дода, натиҷаҳои зерин ба даст оварданд.

 

Шўъбаи  илмҳои физикаю  математика, химия,

геология ва техникаи  АИ ҶТ

 

Дар Институти математикаи ба номи А.Ҷ.Ҷўраев барои интеграл аз дараҷаи сию дуюми модули суммаҳои тригонометрии кўтоҳи дараҷаи панҷуми Г.Вейл баҳои тартибаш дуруст гирифта шудааст. Натиҷаи гирифташуда теоремаи Хуа-ло Кенро барои суммаҳои тригонометрии кўтоҳи Г. Вейл умумӣ мекунад. Дар маҷмўи нуқтаҳои синфи дуюм баҳои ғайритривиалии суммаҳои тригонометрии кўтоҳи дараҷаи панҷуми Г.Вейл ёфта шудааст.

Барои миқдори тасвирҳои адади кифоя калон ба намуди суммаи сиюсе дараҷаҳои панҷуми ададҳои натуралии қариб баробар формулаи асимптотикӣ исбот карда шудааст.

Баҳои  ғайритривиалии суммаи дукаратаи кўтоҳи кубии дорои суммаи дарози яклухт гирифта шудааст.

Синфи нави бисёртасвираи сеченакаи гомологӣ ва когомологӣ сохта шудааст.

Муаммои Александров-Барсук оид ба наздиккунии ретрактҳои  n-ченакаи мутлақ бо полиэдрҳои n-ченакаи ҳамон синфи гомотопӣ тадқиқ карда шудааст.

Ҳалшавандагии масъалаи берунаи вариатсионии Дирихле  барои як синфи операторҳои эллиптикии таназзулёбанда, ки коэффисиентҳои хурдашон суммиронидашаванда мебошанд, тадқиқ карда шуд.

Теоремаи ҷудошавандагӣ барои як синфи операторҳои дифферен-сиалии ғайрихаттии тартиби дуюм бо коэффисиентҳои матритсавӣ исбот карда шуд.

Бисёршаклаи ҳалҳо бо шартҳои ҳамҷоягии як системаи барзиёд муайяншудаи муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусии тартиби дуюми таназзулёбанда омўхта шуданд.

Алгоритм барои муайян намудани вақти хоси протсесси ҷоивазкунии  об дар маҷрои дарё коркард карда шуд.

Аломати кифоягии мавҷудияти ҳалли даврӣ барои муодилаи Хатчинсон бо диффузия, ки динамикаи миқдори намуди ягонаро тасвир мекунад,  муайян карда шудааст.

Институти астрофизика. Аз мушоҳидаҳои 5-сола зиёда аз 6000 астероидҳои  ба замин наздикшаванда муайян карда шуд,ки аз ин миқдор 3045 астероидҳо мадори Заминро буррида мегузаранд.  Барои ин астероидҳо  критерияи Тиссеран ҳисоб карда шуд ва муайян гардид, ки  326-тои онҳо  аз рўи мадорҳои кометамонанд ҳаракат мекунанд,  чунки маънои критерияи Тиссеран барои онҳо на зиёда аз 3.12 мебошад. Астероидҳои интихобшуда номзадҳо ба ядроҳои хомушшудаи кометаҳо мебошанд.

Ҷустуҷўи  болидҳои базисӣ аз рўи мушоҳидаҳои шабакаи болидӣ ва коркарди астрометрии объектҳои дарёфтгардида иҷро карда шуд.

Мушоҳидаи кометаи C/2014 Q2 (Лавҷой) дар санаи 17-уми январ то  4-ми  феврали соли 2015  гузаронида шуданд. Дар натиҷа 300 аксҳои комета ба даст оварда шуданд. Дар асоси 150 аксҳои кометаи C/2014 Q2 (Лавҷой) координатҳои экваториалӣ ва  элементҳои  мадори  комета  ҳисоб  карда шуданд.

Таъсири майдонҳои электрикӣ ба думҳои плазмагии кометаҳо ва таъсири мавҷҳои заниши баръакси думи плазмагӣ ба ядрои комета омўхта шуда истодааст.  Аз рўи мушоҳидаҳои думи плазмагии кометаҳои C/2013 V5, C/2014 E2 ва C/2014 Q2 градиенти  радиалии суръати шамоли офтобӣ ҳисоб карда шуд.

Шароити пайдошавии думи аномалии кометаҳои статистикӣ омўхта шуд. Суръати  ихроҷи  чангҳои думи аномалии  кометаҳои С/1844 Y1 ва С/1910 А1 ҳисоб карда шуд.

Бо мақсади муайян кардани эффектҳои ғайриодии афканишҳои электромагнитии сатҳи  Замин аз таҷҳизоти қабулкунак-компаратор, ки  зуддиҳояш ба 28-30 КГц мувофиқ аст, 200 соат мушоҳида гузоронида шудааст.

ДарИнститути физикаю техникаи ба номи С.У.Умаровтаҳқиқоти падидаи нақбзанӣ дар наномолекулаҳои магнитӣ идома ёфтанд. Тадқиқоти динамикаи магнитнокӣ ва таъсири ангезишҳои квадруполӣ ба пайдоиши «зинаҳо» дар ҳалқаи гистерезис гузаронида шудааст. Дар чаҳорчўбаи усули инстантонӣ нишон дода шудааст, ки шумораи «зинаҳо»  дар ҳалқаи гистерезис ба теъдоди нуқоти хомўшшавии масирҳои инстантонӣ мувофиқат мекунад. Дар назар гирифтани ангезишҳои квадруполӣ ба мувофиқати хуберо байни назария ва эксперимент нишон медиҳад.

Муҳосиботи квантум-механикии молекулаҳои фуллерен С24, туршии мўрча С2О2Н4 ва димери туршии мўрча гузаронида шудаанд. Муҳосибот дар бастаи нармафзории firefly гузаронида шуда буд ва оптимизатсияи сохтори молекулии молекулаҳои номбурдаро дар бар мегиранд.  Дар натиҷаи ҳисоб геометрияи мувозинатии молекулаҳо ҳосил шуданд. Диаграммаҳои савияҳои энергетикӣ, спектрҳои зичии ҳолатҳои молекулаҳо ҳисоб карда шуданд. Спектрҳои инфрасурх ва пароканиши комбинатсионии лаппишии молекулаҳо дар фосилаи басомадҳои аз 10 то 4500 см-1 ҳисоб карда шуданд. Спектрҳои электронӣ дар соҳаи ултрабунафш ва намоён аз 10 то 1000 нм ҳисоб карда шуданд.

Динамикаи таъсири мутақобилаи сохторҳои доменӣ дар кристаллҳои триглитсинсулфат (ТГС) (NH2CH2COOH)3•H2SO4 ҳангоми гузариши фазагии намуди  «бетартибӣ –тартибӣ» поён аз нуқтаи Кюри (49°С) тавассути бақайдгирии параметрҳои нави эмиссияи акустикӣ (ЭА) – майлшавии миёнаи квадратии амплитудаи ҳодисаи ЭА ва фосилаҳои вақти байни ҳодисаҳои ЭА таҳқиқ карда шуд. Вобастагиҳои ҳароратӣ-вақтии параметрҳои номбурдаи ЭА ҳангоми афзоиши ҳарорат боло аз нуқтаи Кюри ва хунукшавии табиӣ то ҳарорати хона (22°С) ҳосил карда шуданд.

Бо усулҳои спектроскопияи инфрасурх таъсири факторҳои экологии ҷойи сабзиш ба раванди биосинтези хосиятҳои физикавӣ ва химиявии баргҳои растании ҷағ-ҷағ (Capsella-hurst–pastoris (L.Medic.), аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон  (Рўшон, Хоруғ, Душанбе, Турсунзода, Ҷилликўл) ва Белоруссия (вилояти Минск) бо таъсири гуногуни экологияи муҳити сабзиш ва баландии сатҳи баҳр тадқиқот гузаронида шуд. Инчунин тадқиқоти таркибии микроэлементҳо дар баргҳои ин растанӣ бо усули рентгенфлуоресенти гузаронида шуд.

Барои муайян намудани саҳми гурўҳҳои гидро- ва карбоксил дар ташаккули усулҳои спектроскопияи инфрасурх, фурўбарӣ ва омўзиши минтақаи басомад, инчунин муайян намудани энергияи алоқаи байни молекулаҳои гурўҳҳои гидроксили баргҳои растании ҷағ-ҷағ бо иваз намудани катионҳо омўхта шуд.

Инчунин тайфҳои инфрасурхи плазмаи хун дар давраҳои гуногуни сўхт ва герпеси миёнбанд таҳқиқ карда шуданд. Натиҷаҳои ҳосил гардида имконият медиҳанд, ки дар марҳилаҳои ибтидоии беморӣ, ташхиси он, давраҳои он муайян карда шаванд ва ба рафти табобат ислоҳоти саривақтӣ ворид карда шавад.

Хўлаҳои Al-Si-Bi бо консентрасияи гуногуни висмут (0-5%) тайёр карда шуда, намунаҳо барои озмоиши хосиятҳои физикию химиявии онҳо омода карда шуданд. Ин хўлаҳо дорои хосиятҳои махсус буда, ба талаботи истеҳсолот мувофиқ мебошанд.

Кори якҷояи (гибриди) системаи неругоҳи обӣ-офтобӣ тадқиқ карда шуда, шарти истеҳсоли максималии энергия аз неругоҳ баҳо дода шуд. Истифодаи неругоҳи гибридӣ имкон медиҳад, ки манбаъҳои барқароршавандаи энергияи маҳал пурра истифода шаванд ва истеъмолгарон бо нерўи бештар таъмин бошанд.

Дар Институти химияи ба номи В.И.Никитин таҳқиқи таъсири 3α,7β-дигидрокси-5β-туршобаи холонат ба тағйирёбии миқдори туршобаҳои талхадон ҳангоми муолиҷаи беморони гирифтори бемории чарбнокшавии ҷигар бо усули хроматографияи газӣ гузаронида шуд. Инчунин  дар пектинҳои ҳалшаванда ва ҳалнашаванда раванди сорбсияи ионҳои мис, суръати он  ва вобастагии ғунҷоиши сорбат омўхта шуда истодааст.

Бо усули потенсиодинамикӣ  қонуниятҳои зерини  тағийрёбии тавсифи электрохимиявии хўлаи Zn+0.5% Al,  ки  бо галлий, индий ва таллий ҷавҳаронида шудааст, дар муҳити 0.03; 0.3 ва 3%-и NaCl муайян карда шуданд:

- вобастагии потенсиали коррозияи хўлаи Zn+0.5% Al аз консентратсияи элементҳои зергурўҳи галлий ба тавсифи экстеремалӣ мансуб буда, зиёдшавии консентратсияи хлорид-ионҳо дар электролит қобилияти камкунии бузургии потенсиали коррозияро доранд;

- потенсиалҳои питтингҳосилкунӣ ва репассивӣ бо зиёдшавии консентратсияи элементҳои ба хўлаи аввалия илова кардашуда ба тарафи мусбат ва баръакс бо зиёдшавии консентратсияи хлорид-ионҳо дар муҳити электролити NaCl ба  тарафи манфӣ майл дорад;

- суръати коррозияи хўлаи аввалияи  Zn+0.5% Al ҳангоми ба он илова кардани галлий, индий ва таллий то 0.05%-и вазн 3-4 маротиба кам мешавад ва хўлаҳои мазкур ба сифати протектори анодӣ барои ҳифзи ашёҳо ва таҷҳизотҳои пулодӣ аз коррозия истифода шуда метавонанд.

Корҳо оид ба масъалаи  дар ҷинсҳои такшоншудаи пастхамии Тоҷик тақсим шудани калий, рубидий ва цезий давом дода шуданд. Инчунин рафтори руҳ дар электроди графитӣ ва электроди симоб-графитӣ вобаста аз суръати тағйирёбии потенсиал, консентратсияи ионҳои руҳ ва дигар  параметрҳо бо усули волтамперометрия гузаронида шуд.

Таҷзияи каталитикии протопектини (ПП)  сабади офтобпараст дар ҷараёни маҳлули HCl  дар муҳити рН=1.2 ва t=85оС дар экстрактор бо суръати 6 мл/дақ омўхта шуд. Маҳлул-гидролизат, ки пайдарҳам бо ҳаҷми  50 мл ҷамъ карда мешуд дар баромад аз экстрактор бо ҳаҷми 400 мл бо тарзи пештар коркард шуда, ба фраксияҳои микрогел (МГ), моддаи пектинӣ (МП) ваолигосахарид (ОС) тақсим карда шуд.

Натиҷаҳои амалӣ дар асоси муодилаи умумии суръати реаксияи химиявӣ коркард шуданд.

Дар асоси натиҷаҳои таҳлил  оид ба мавҷудияти боқимондаҳои кислотаи галактурон, гидролизи динамикии моддаҳои пектинӣ  коркард шуд. Муайян карда шуд,  ки гидролиз  аз рўи реаксияи зерин мегузарад:

ПП → МГ→ МП. Доимии реаксия ва энергияи фаъолноккунии он муайян карда шуд. Маълумоти мазкур имконият медиҳад, ки механизми аз девори  ҳуҷайрагии  ашёи набототӣҷудо шудани моддаи пектинӣ муайян карда шавад.  

Раванди экстраксияи моддаи пектинӣ аз партовҳои меваю сабзавот ва сабади офтобпараст бо усули гидролиз-экстраксияи тез дар зери фишори баланд ва вақти кўтоҳ дар муқоиса бо усули анъанавӣ омўхта шуд.

Муайян гардид, ки ҳангомиистифодаифишорваҳароратибаланд баромадибаландимаҳсулот  таъмин карда мешавад.

Ташхиси спектрҳо ва исботи сохти 2-бром-6-фторо-7-метил-5-оксо-5Н-1,3,4-тиадиазоло [3,2-а] – пиримидин (2) ва 2-фенил-7-метил-6-фтор-5-оксо-5Н-1,3,4–тиадиазоло [3,2-a] пиримидинро (3) бо воситаи ИК-, масс-, ПМР-спектроскопия гузаронида шуд.

Дар ИК-спектри пайвастаҳо 2 ва 3 хати фурўбарӣ 1700 см-1 бо лаппишиваленти С=О мансуб аст ва ҳастии  гурўҳи карбонилро дар ин пайвастаҳо тасдиқ мекунад. Маълумотҳои ЯМР-спектри ин пайвастаҳо ҳастии гурўҳи карбонилиро инкор намекунанд. Протони гурўҳи метил  дар ҳудуди 2,24 м.д бо константаи таъсири спин-спинии 3,73 Гц дар намуди дублет зоҳир мегардад.

Таҳқиқи таркиби химиявии партовҳои шабакаи гармидиҳӣ-электрикии шарқии шаҳри Душанбе, ки дар раванди газификатсияи ангишт ҳосил мешаванд, давом дода шуд. Муяссар гардид, ки аз ин партовҳо аминҳо ва дигар пайвастагиҳои нитрогендор ҷудо карда шаванд. Миқдори онҳо дар як литр оби техникӣ 3.5 г ташкил медиҳад. Бо усули экстраксия аз як литр оби техникӣ 6.3 г пайвастагиҳои органикӣ ҷудо карда мешавад.

Ҳисобҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки аз партовҳое, ки дар натиҷаи кори якшабонарўзаи шабакаи гармидиҳӣ-барқӣ ҷамъ мешаванд  302 кг пайвастагиҳои органикӣ, 168 кг пайвастагиҳои нитрогендор ва 1 кг сулфури озод ҷудо кардан мумкин аст.

Пайвастагиҳои аз партов ҷудо кардашударо барои таҳқиқи хосиятҳои  фаъоли биологӣ  ва таксикологӣ истифода бурдан мумкин аст. 

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология. Систематикаи нави оилаи  фораминиферҳои палеозой (Parathuramminidae) тартиб дода шуд.

Дар асоси пойгоҳи геоиттилоотӣ баҳодиҳии таъсири сейсмикӣ барои ҳавзаи дарёи Вахш бо воҳиди шитоби спектралӣ барои давраҳои гуногуни такроршавии заминҷунбӣ иҷро карда шуд. Харитаи пешакии қонуниятҳои зоҳиршавии равандҳои ярчфароӣ дар ҳавзаи дарёи Вахш бо назардошти таъсири сейсмикӣ (истифодаи харитаи паҳншавии воҳиди шитоби хок ва нишебии релеф) сохта шуд.

Назарияи аномалияҳои марҳилавии геомагнитӣ ташаккул дода шудааст ва барои ислоҳ намудани моделҳои геодинамикӣ пешниҳод ва тавсияҳо дода шуданд.

Модели ҳаракати мунтазам ва импулсии ҷисмҳои ярчҳо ва пиряхҳо, ки бо натиҷаҳои мушоҳидаҳои саҳроӣ мувофиқ мебошанд сохта шуд.

Дар модели хонаи сангӣ аз масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ сохташуда усули пурқуввати минбаъда бо истифодаи сангҳои бинокорӣ ва порашуда дар озмоиши   статикӣ ва динамикӣ ба охир расонида шуд.

Дар асоси усули мутамарказкунии деформатсияҳо модели математикӣ сохта шуда, чунин натиҷаҳо ба даст омаданд:

- спектри лаппишҳои сейсмикӣ ва спектри ҳар як қабат (ошёна);

- таҳлили қиёсии усулҳои деформатсияи мутамарказшуда ва унсурҳои ниҳоӣ иҷро шуд.

Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология оид ба се намуди тағйирёбии (тренди хаттӣ, лапиши давраӣ ва тағйирёбии тасодуфии) ҳамаи дарёҳои калони Тоҷикистон ва инчунин  дарёи Норини Ҷумҳурии Қирғизистон, ки қисмати асосии дарёи Сирро ташкил мекунад, тадқиқот гузаронида шудааст. Қонуниятҳои мавҷуда  аниқ карда шуда,  таҳлилҳои муқоисавӣ гузаронида мешавад.

Пешниҳодот оид ба дурбинии оперативӣ ва бисёрсолаи ҷараёни об барои истифода дар кори гидроузелҳое, ки барои корҳои комплексӣ муайян гардидаанд, коркард карда шудааст.

Маълумотҳо оид ба обовардҳо ва ҷараёни оби дарёи Вахш таҳлил карда шудааст. Хусусият, самт, шиддатнокӣ, дараҷа ва миқёси ташаккулёбии обовардҳо ва ҷараёни онҳо  муайян карда шудааст.

Дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ таҳлили таркиби химиявии  маъданҳои урандори Тоҷикистони Марказӣ гузаронида шуд. Ҳангоми таҳлили маъданҳои урандор бо воситаи асбоби «Спектрокон» дар таркиби маъдан  ғайр аз уран боз мавҷуд будани Fe2O3,Al2Cl3, MnO,  TiO ва SiO2 муқаррар карда шуд. Хосиятҳои маъдани урандори  Тоҷикистони Марказӣ  бо воситаи ренгент (РФА), дериватограф (ДТА) ва ИК- спектрометр омўхта шуданд.

Таҳияи усулҳои кор доир ба баҳодиҳии вазъи радиатсионии мавзеъҳои назди партовгоҳҳои радиоактивӣ идома дода шуд.  Барои муайянкунии сатҳи олудашавии ҳаво бо радон  дар ш.Истиқлол ва ҳудуди партовгоҳҳои дар ин шаҳр мавҷудбуда, ҳамзамон муайян намудани  коррелятсияи  шабонарўзии радон дар ҳавои утоқҳои ҷамъиятӣ ва корӣ дар ш.Чкаловск ченкунии мувофиқ гузаронида шуд. Таҳлили  натиҷаҳои ченкунӣ ва хулосабардорӣ аз онҳо дар раванди фаъолият қарор доранд.

Такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ  идома ёфт. Айни замон, Феҳристи вожаҳои (глоссарий) Агентии байналмилилии оид ба энергияи атом (МАГАТЭ) дар марҳилаи тарҷума бо забони давлатӣ қарор дорад. Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо назардошти пешниҳодоти вазорату мақомотҳои ваколатдор омода карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ   таҳлили дозаи шуоъхўрии кормандони бо манбаъҳои афканишоти ионофар  фаъолияткунандагони 23 ташкилот

гузаронида шуд.  Шаш аҳднома доир ба «Хизматрасонии дозиметрӣ» бо масссисаҳои гуногун  баста ва аз нав барқарор карда  шуданд.

Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ». Мушоҳидаҳои бефосилаи  сейсмологӣ  оиди бақайдгирии заминҷунбиҳои  Тоҷикистон  ва давлатҳои ҳаммарз идома ёфтанд. Дар муддати 3 моҳ бо ёрии пойгоҳҳои рақамӣ 3621 заминҷунбӣ мушоҳида шуд. Феҳристи  заминҷунбиҳои  Тоҷикистон ва мавзеъҳои  алоҳидаи  Душанбе-Вахш бо К≥5 аз моҳи январ то март тартиб дода шуд. Ҳамагӣ дар ин муддат 1838 заминҷунбӣ бо К ≥ 5 ба қайд гирифта шуд, ки  аз онҳо 635 ларзиш ДВР мебошад. Теъдоди заминларзаҳои бо К ≥ 9 буда 1279-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 1082 заминҷунбиҳои чуқурфокалии азими Помир-Ҳиндукуш ва 194-фокалии хурдро ташкил медиҳанд. Харитаи ҳармоҳаи  маркази заминҷунбиҳо сохта шуд.

Дар Муассисаи давлатии илмӣ–таҷрибавӣ ва истеҳсолӣ      қонуният ва механизми  умумии таъсири металлҳои нодирзаминӣ ба хосияти электрохимиявии  сурб муайян карда  шуд. Нишон дода шуд, ки иловаи металлҳои нодирзаминӣ ба сурб таъсири мусбӣ мерасонад.

Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав. Дастгоҳи офтобии гибридии навъи «модул-коллектори фотоволтӣ» сохта шуд, ки дар айни замон  озмоиши он гузаронида мешавад.

Ду дархост барои ба даст овардани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои «Коллектори гибридӣ» ва «Контроллер барои заряддиҳии аккумулятори дастгоҳи фотоэлектрикӣ» омода карда шудааст.

Бо усули мониторинг ҳарорати дохилӣ ва берунии модели  «Хонаи офтобӣ»,  ҳиссаи манбаи нофаъоли гармии радиатсияи офтоб, ки тариқи тиреза мегузарад, барои гарм кардани ин модел дар фасли зимистон муайян карда шуд. Нишон дода шуд, ки ҷамъи моҳонаи радиатсияи тариқи тиреза гузаранда дар моҳи январи соли 2015  3706,8 Вт. соат ва дар моҳи феврали соли 2015 4015,1 Вт. соат-ро ташкил медиҳад. Муқарррар карда  шудааст, ки ҳиссаи манбаъҳои нофаъоли радиатсияи офтоб ҳангоми гарм кардани модели «Хонаи офтобӣ» 5,6% дар моҳи январи соли 2015  ва 8,2%-ро дар моҳи феврали соли 2015 ташкил медиҳад.

Шартҳои устувории конфигуратсияи об-бўғ дар системаи геотермалӣ ёфта шуданд. Муқаррар карда шудааст, ки ҳангоми тағйирёбии параметрҳои физикӣ мумкин аст, ки бифуркатсияи сатҳи гузариши фазоии нуқтаи гардиш, вақте, ки тавлид ва ё нестшавии бўғҳои сатҳҳо, ки яке аз онҳо бо устувории дарозмавҷӣ тавассути бозустуворгардии ошўб бо адади мавҷии сифрӣ зарар дидааст,  пайдо шавад.

Навъи нави топинамбури «Сарват» барои навъсанҷӣ ба Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзии  назди Вазорати кишоварзии ҶТ супорида шуд.

Дар Маркази озмоишии маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардуми назди Агентии «Тоҷикстандарт» таҳлили намунаҳои топинамбури  «Интерес»,  «Сарват» ва  «Ороишӣ» гузаронида шуд, ки онҳоро олимони Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави назди АИ ҶТ парвариш намудаанд. Муқаррар карда шуд, ки дар ҳамаи намунаҳо зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ ва боқимондаҳои онҳо вуҷуд надоранд. Миқдори радионуклидҳо аз қабили сезий-137 ва стронсий-90  дар ҳамаи намунаҳо на бештар аз 10Б к/кг-ро ташкил медиҳад, ки ин аз меъёри муқарраршуда 4-12 маротиба камтар аст. Миқдори унсурҳои зарарнок: сурб – аз 8.10-4 то 3,5.10-3 мг/кг; кадмий аз  5.10-4  то 1.10-3  мг/кг,  аз меъёри муқарраршуда 2-3 тартиб камтар аст. Дар навъҳои озмоишшудаи топинамбур микотоксинҳо (афлотокам В1, дезоксиваленон ва фуманизин) ошкор нагардиданд.

Дар 3 - моҳи  соли 2015 аз тарафи кормандони муассисаҳои  Шўъба як маҷмўаи мақолаҳо, 61 мақолаи илмӣ,  аз ҷумла 53 мақола дар матбуоти ҷумҳуриявӣ, 2 мақола  дар нашрияҳои давлатҳои ИДМ, 2 мақола дар нашрияҳои хориҷи дур ва 4 фишурдаи мақолаҳо интишор шуда, 6 патенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст.

Муассисаҳои  илмии Шўъба корҳоро аз рўйи 2 грантҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ  барои гузаронидани таҳқиқот  ҳамчун лоиҳа  пешниҳод шудаанд, иҷро намуданд. Воридоти маблағ дар ин семоҳа ба қайд гирифта нашудааст. 

Барои иҷрои корҳои шартномаҳои хоҷагӣ ба суратҳисоби Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология 12581 сомонӣ ворид шудааст.

Дар 3 - моҳаи аввали соли ҳисоботӣ муассисаҳои илмии Шўъба 1симпозиуми байналмилалӣ  доир намуданд.

19 марти соли 2015 дар ш.Душанбе дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АИ ҶТ ва Донишгоҳи шаҳри  Сукубаи Ҷопон Симпозиуми 1-уми Тоҷикистону Ҷопон оид ба илм, технология ва инноватсия ба иштироки доираи васеи олимон ва мутахассисони АИ ҶТ, академияҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳамчунин ҳайати олимону мутахассисони Ҷопон доир гардид.

Дар ифтитоҳи Симпозиум директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АИ ҶТ,  академик М.Илолов, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Такаши Канада суханронӣ намуданд. Бо маърўзаҳо профессор Макамо М.Ватабане – мудири озмоишгоҳи биомассаи обсабзҳо ва системаҳои нерўии Институти биология ва муҳити зисти Донишгоҳи Сукуба, профессор Тойоҳиса Фуҷита - директори Маркази инженерия ва таҳқиқоти артифактҳои факултети системаҳои инноватсионии Донишгоҳи Токио, хонум Гулнора Анварова аз факултети энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.С.Осимӣ, доктор Хирофуми Матсуи аз Шўъбаи гастроэнтерологияи Институти улуми кулли инсонии Донишгоҳи Сукуба, доктор Суёши Канеко аз Шўъбаи гастроэнтеро-логияи Институти улуми кулли инсонии Донишгоҳи Сукуба, доктор Абдусамад  Дўстов аз Институти  гастроэнтерологияи Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон баромад намуданд.

Маърўзаҳо ба мавзўъҳои «Таҳқиқотҳо доир ба биомассаи обсабзҳо дар Донишгоҳи Сукуба», «Коркарди партовҳо, тозакунии муҳити зист ва экстраксияи минералӣ», «Дурнамои истифодаи энергияи партовҳои шаҳр дар системаи нерўи барқи Тоҷикистон», «Доир ба касалиҳои саратон ва муолиҷаи он» бахшида шудаанд. Симпозиум дар сатҳи баланди илмию ташкилӣ доир гардид. Маърўзачиён мавзўъоти таҳқиқоти иҷрошударо  бо маводи зарурӣ хеле хуб баён намуданд ва иштирокчиёни симпозиумро ба шавқ оварданд.

Аз 17 то 26 марти с. 2015 ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров доктор Дитрих Алхаузен ва шогирди ў Юлиан Хоффер аз Институти тадқиқотҳои тропосфераи ба номи Лейбнитс (Лейпсиг, Олмон) ба сафари ҳамкорӣ ташриф оварданд. Ҳадафи асосии сафар – ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи тадқиқоти физикаи атмосфера буд. Дар пойгоҳи (полигони) лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ 19 марти соли 2015 семинар оид ба ҳамкории институт бо Маркази таҳқиқоти илмҳои геофизикии Олмон ба номи Гелмголс (GFZ), Потсдам ва Институти тадқиқотҳои тропосфераи ба номи  Лейбнитс (Лейпсиг) гузаронида шуд, ки дар он доктор Дитрих Алхаузен баромад намуд. Дар доираи лоиҳаи CADEX (Эксперимент оид ба тадқиқоти чангу ғубор дар минтақаи Осёи Марказӣ) дар муддати як сол барномаи мониторинги чанг ва таркиби он дар атмосфераи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. GFZ асбоби бо номи ҳисобкунаки заррачаҳои Гримм  ЭНВАЙРОН 180-ро ба муддати як сол ройгон барои истифодабарӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд. Асбоб имконият медиҳад, ки тақсимоти зарраҳои  чангу ғуборро то баландиҳои 20 км муайян ва  маълумот оид ба суръат ва самти шамолро муайян намояд.

Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ 19-20 январи соли ҷорӣ ҷаласи корӣ оид ба паст кардани хатари химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ анҷом дод, ки дар он зиёда аз 40 нафар кормандони вазорату муассисаҳои ваколатдор иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ  кормандони илмии институтҳои Шўъба дар  симпозиумҳо, конференсияҳо ва семинарҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷўраев З.Х.Раҳмо-нов дар  «Конференсияи байналхалқии ёдбуди А.А.Карасуба оид ба назарияи ададҳо ва татбиқи он» (ш.Москва) иштирок кард.

Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ  тобовар ва сейсмология  Ю.М.Мамадҷонов дар кори конференсияи сеюми байналхалқии Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табии(Сендай,Ҷопон) иштирок намуд.

Доктори илмҳои физикаю математика У.Ҳ.Каримов тими мактаббачагони Тоҷикистонро дар олимпиадаи Жаутиковӣ дар шаҳри Алмато роҳбарӣ намуд.

Директори  Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав М.Илолов ва муовини  директори Марказ Ҳ.М.Ахмедов бо даъвати директори Институти рушди стратегияи илм ва техникаи Вилояти мухтори Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Ню Синмин  аз 24 то 28 январи соли 2015 ба шаҳрҳои Урумчӣ ва Турфан сафар намуданд. Дар ҷараёни сафар вохўриҳо бо директори генералии Департаменти илм ва технологияҳои Ҳукумати вилояти мухтори Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин, президенти бахши Синзяни Академияи илмҳои Чин, профессор Санг Шаолин, директори Институти энергияҳои нави Ширкати Синзяни рушди технологияҳо оид ба энергияи офтоб, доктор Ли Вейхуа, директори Институти экология ва географияи Академияи илмҳои Чин, профессор Чен Хи, муовини директори Институти физика ва химияи Академияи илмҳои Чин, профессор Ҳоҷӣ Акбар Исо доир гардиданд. Дар ин вохўриҳо самтҳои асосии ҳамкориҳои илмӣ байни  Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави назди АИ ҶТ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Вилояти мухтори Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин муайян карда шуданд.

Роҳбарияти Департаменти илм ва технологияҳои Ҳукумати вилояти Мухтори Синзяни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Чин  сафари намояндагони Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави назди АИ ҶТ–ро ҳамчунин ба шаҳри  Турфан,  ба Маркази таҷрибавии истифодаи системаҳои интегратсияшудаи энергетикӣ ташкил намуд. Ғояҳо ва консепсияҳои наве, ки дар шаҳри Турфан муаррифӣ шуданд  оид ба истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия, хосиятҳои физикӣ ва химиявии маводи нав, технологияҳои баландпояи  муосир уфуқҳои нави энергияи ояндаро мекушоянд.

Корманди илмии Марказ С.М.Каримова аз 9 то 15 феврали соли 2015 дар кори семинари таълимии «Сиёсат дар соҳаи таҳқиқот ва инноватсияҳо», ки аз тарафи Маркази инноватсияҳои иҷтимоии Австрия дар шаҳри Вена ташкил шуда буд, иштирок намуд. Семинар ба масъалаҳои муҳими сиёсати илмӣ-инноватсионии давлатҳои  аъзои Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин Осиёи Марказӣ ба мақсади ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ бахшида шуда буд.

Директори Марказиинноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав  М.Илолов ва корманди илмии Марказ Х.Кўчакшоев  аз 11 то 14 марти соли 2015 дар кори Мизи мудаввар, ки онро Маркази инноватсияҳои иҷтимоии Австрия дар шаҳри Вена бо ташаббуси IncoNet CA доир карда буд, иштирок намуданд. Мақсади Мизи мудаввар муаррифӣ намудани он муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Осиёи Марказӣ буд, ки дар соҳаи энергетика кору фаъолият  мекунанд. Дар ҷараёни кори Мизи мудаввар фаъолияти Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави назди АИ ҶТ ва ҳолати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи манбаъҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Дар шўрои диссертатсионии Донишгоҳи федералии Қазон (Россия) ҳимояи рисолаи номзадии аспиранти собиқи Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ  тобовар ва сейсмология Элназаров Сангин, доир гардид.

Ходими калони илмии ИГСЗТС  Ф.С. Салихов дар шўрои дифои рисолаҳои Институти геологияи Академияи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.

Дар назди Институти математикаи ба номи А.Ҷўраев Шўрои диссертатсионии Д 047.007.02 оид  ба дифои рисола барои дарёфти унвони номзад ва доктори илмҳои  физикаю математика ба фаъолият шурўъ намуд. Дар давраи ҳисоботӣ шаш ҷаласаи ин шўро доир ба муҳокима ва тавсияи 4 рисолаҳои унвонҷўён барои дифоъ гузаронида шуд.

Дар назди Институти химияи  ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ 14 ҷаласаи Шўрои диссертатсионии Д 047.003.02 оид ба дифои рисола барои дарёфти унвони номзад ва доктори илмҳо доир карда шуд.

 

Шўъбаи илмҳои биология ва тиб

 

Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ. Дар давраи ҳисоботӣ маводҳои иловагӣ доир ба гуногунии растаниҳои спорадор, намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи растаниҳои рагдор дар ноҳияҳои флоравии камомўхташуда мушаххас карда шуданд. Маводҳои дар охири соли 2014 гирдовардашуда оид ба  растаниҳои спорадор ва гербарияҳо таҳлил гардиданд.

Ба мақсади  таҳия  намудани  тавсияномаи  амалӣ оид  ба  тарзи  муайян намудани  ҳосилнокии  чарогоҳу  алафзори  табиӣ  пеш  аз  чаронидани  чорво  натиҷаи  маводҳои  илмӣ  таҳлил  гардид.

Барои гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ-тадқиқотӣ доир ба омўзиши фотосинтез ва муносибатҳои донорию аксепторӣ дар ниҳоли пахта, коркарди аломат-озмунҳо барои селексияи генотипҳои сермаҳсули пахта, маводҳои тухмӣ бо роҳи аз нах ҷудо кардани чигит (ҷинкунӣ) барои кишт тайёр карда шуданд. Дар асоси генотипҳои интихоб карда шуда кишт тартиб дода шудааст. Қитъаи таҷрибавӣ шудгор карда шуда, ҷиҳати кишти маводҳои эксперименталӣ тайёр карда шудааст.

Дар қитъаи таҷрибавии институти намунаҳои коллексионии картошка  (18 намуна) кишт карда шуд. Дар шароити хоҷагии деҳқонии ба номи Л.Муродови ноҳияи Ҳисор кишти 6 навъи нави картошка гузаронида шуд.

Навъҳои нави  гандум, намунаҳои таҳҷоӣ ва эгилопс дар қитъаи таҷрибавии институт кишт карда шуда ва мушоҳидаҳои фенологии майсаҳои наврустаи гандум гузаронида шуд.

Мувофиқи мавзўъ тадқиқоти навъҳои гуногуни гандуме, ки дар таҷрибаҳо мавриди истифода қарор мегиранд, аз он ҷумла навъи таҳҷоии «Зафар» (ҳамчун стандарт) ва навъҳои аз АКУ Россия овардашудаи «Волжская-100», «Волжская-С3», «Волжская-К» ва ҷав идома ёфт.

Мушоҳидаҳои фенологии кишти тирамоҳии гандум, ки дар қитъаи таҷрибавии  Институт гузаронида шудааст, идома доранд. Растаниҳо айни ҳол дар давраи саросарпанҷзанӣ қарор доранд. Барои омўзиши хусусиятҳои физиологии онҳо (динамикаи ғуншавии биомассаи узвҳои растанӣ, муайян намудани масоҳати баргӣ ва ғайра) дар ин давраи муҳим намуна гирифта шуд.

Бо истифода аз усули дурагакунӣ ва эмбрион-тест барои васеъ истифодабарии объекти моделӣ ва ба даст овардани мутантҳои нави растании арабидопсис тадқиқоти илмӣ идома ёфт.

Дар чоряки якум тухмиҳо аз коллексияи генетикии Arabidopsisthaliana, ки қобилияти сабзиш надоштанд,  партофта шуданд. Мувофиқи нақшаи тақвимӣ барои кишт  90 навъи мутант­ҳо аз синфи chlorine, viridis ва хатҳои мутантии морфологӣ – sid, as ва cla омода карда шуд.

Ба Комиссияи навъсанҷии давлатии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъ»-и назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши васеъи истеҳсолӣ дар шароити вилояти Хатлон панҷ навъи нави картошка (Дўстӣ, Файзобод,  Рашт, Тоҷикистон,  АН-1 ) супорида шуд.

1 монография, 3 мақолаҳои илмӣ (яке аз онҳо дар хориҷи кишвар дар маҷаллаи «Turkish Journal of Botany» дар ҳаҷми 22 саҳифа) чоп гардиданд. Ҳамчунин 2 монография, 7 мақолаи илмӣ ва 4 фишурдаи маколаҳо дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ барои чоп тайёр карда шудаанд.

Мудири  озмоишгоҳ  Мадаминов  А.А. дар ҷаласаи солонаи лоиҳаи  FLERMONECAGIZ  «Платформаи  шабакаи  идоракунии  чарогоҳҳо»  (06.02.2015, ш.Душанбе) иштирок намуд.

Ходимони илмии институт (Алиев К.А., Партоев Қ., М.Шукурова)  дар семинарҳои омўзишии байналмилалӣ дар мавзўъҳои: «Изменение климата и адаптация к ней в условиях Таджикистана»,   «Сохранение лесных ресурсов в Республике Таджикистан» и «Риски и разработки плана мониторинга биобезопасности в рамках Картахенского Протокола в Таджикистане» ширкат варзиданд.

Рисолаи номзадии ходими калони илмии озмоишгох Каримов Изомудин дар мавзўи: «Продукционный потенциал новых сортов картофеля в условиях Джиргитальского района Республики Таджикистан» барои дифоъ тайёр карда шуд.

Дар доираи татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология дар солҳои 2011-2015 дар Институт коркарди ду технология «Селексияи навъҳои нави серҳосили пахтаи миёнанах бо истифода аз технологияи фотосинтетикии интихоби маводи аввалия» ва «Коркард ва татбиқи системаи нави ҳосил кардани тухмии элитаи картошка дар асоси биотехнологияи ҳуҷайравӣ» идома дорад.

Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский АИ ҶТ. Дар давраи ҳисоботӣ коркарди маводҳои қаблан гирдовардашуда оид ба паразитҳои соддатарини ҳайвоноти хонагӣ, паҳнкунандагони барангезандагони касалиҳои паразитҳои хун, паҳнкунандагони касалиҳои парандаҳои хонагӣ (мурғ), гиҷҷаҳои рўдаю-меъдаи гўсфандҳо, ҳашароти хунмаки дубол идома ёфт.

Ҳангоми омўзиш дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисору Дарвоз  ба рўйхати фаунаи кирмҳои ордбадан, ки қаблан 20 намудро ташкил мекарданд боз 5 намуди дигар илова карда шуд.

         Нишондиҳандаҳои сифатии об дар кўлҳои «Бешаи палангон» аз рўи намудҳои индикатории авлоди шапалакҳои якрўза, сўзанакҳо,  моллюскаҳо ва кирминаҳои дуболаҳо баҳогузорӣ карда шуд.

         Таҳлили морфометрии моҳии морсар дар обанбори Қайроққум нишон дод, ки дарозии бадани ин моҳӣ дар обанбор то ба 1 м ва вазнаш то ба 10 кгмерасад.

Аз ҷониби ходимони институт баҳисобгирии саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ (бузи пармашох, гўсфанди Марко Поло) амалӣ карда шуд.

         Дар 3 - моҳи аввали соли ҷорӣ 1 монография ва 1 мақолаи илмии кормандони  институт аз чоп баромад, 7 мақолаи илмӣ ба чоп супорида шуд, 1 брошюра ва 1 мақолаи илмӣ ба чоп омода карда мешавад.

         Ходими калони илмии Институт, номзади илмҳои биология  Қадамов Д.С. дар семинар оид ба «Элиминация малярии и предупреждение её восстановления в европейском регионе ВОЗ (ТУНТ)»  ки 23-25 феврали соли 2015 дар Ҷумҳурии Гурҷистон (ш.Батумӣ) баргузор гардид, иштирок кард. Номбурда ҳамчунин бо ҳамроҳии  ходими  илмӣ  Қурчиев М. аз 1 то 13 марти соли 2015 дар ш.Лондон дар курси таълимӣ  бахшида ба  «Канаҳо ва пашшаҳои хунмак»-ҳо иштирок карданд.

Ходими калони илмии Институт, номзади илмҳои биология  Расулов А.Ҳ. аз тарафи Вазорати кишоварзӣ дар гурўҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи нави  «Рушди моҳипарварӣ дар  солҳои 2016-2020»   иштирок намуд. Лоиҳаи барномаи нав ба Вазорати кишоварзӣ пешниҳод карда шудаст.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони институт варианти ниҳоии маводҳоро оид ба намудҳои нодири ҳайвонот барои «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода намуданд.

Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков.   Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Озмоишгоҳи генетикаю селексияи растаниҳо дар пойгоҳи тадқиқотии ноҳияи Ишқошим таҳлили дурагаҳои гандумро доир ба 10 аломатҳои миқдориашон ба охир расониданд. Ҳоло коркарди омории ин маводҳо идома ёфта истодааст.  Доктори илмҳои кишоварзӣ Абдуламонов Қ. ва номзади илмҳои кишоварзӣ Ҷонгиров Ҷ. китоби "Хусусиятҳои биологии намудҳои ёбоӣ ва навъҳои картошка дар ноҳияҳои кўҳии Помири Ғарбӣ"-ро ба  нашр супориданд.  Кормандони озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо ҳисоботи пурраи солонаро аз рўи мавзўи тадқиқотӣ ба иҷро расониданд. Дар бунгоҳи тадқиқотии ноҳияи  Ишкошим тухмии зироатҳои зеринро ба кишт омода намуданд: гандуми навъҳои «Садирас», «Спияк», «Сафедаки ишкошимӣ», дурагаи «Мд–65», дурагаи «Мд–72», тухмии картошкаи навъи «Полёт» ва тухмии картошкаи ботаникӣ. Ҳоло кормандони озмоишгоҳ ба гузаронидани кишту кори баҳорӣ ва корҳои саҳроӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

          Дар озмоишгоҳи мевапарварии институт корҳо ҷиҳати  ҳифзи коллексияи дарахтони мевадиҳанда дар бунгоҳҳо ва ниҳолхонаҳо идома ёфт. Зиёда аз 12 ҳазор  адад ниҳолҳои мевадиҳанда омода карда шуд. Дар хандақҳои махсус тухми себ, амруд, нок, донаки зардолу ва шафтолу  аз сертификатсия гузаронида шуда, кишт карда шуданд. Барои пайвандкунии баҳорӣ қаламчаи дарахтони мевадиҳанда ҷамъоварӣ карда шуданд. Дар фасли зимистон шохбурии дарахтон, тозакунии ҳудуди боғ ва ҷўйборҳо гузаронида шуданд. Дар бунгоҳи тадқиқотии ноҳияи Ванҷ тухми себ, нок, донаки зардолую шафтолу, дарахтони сўзанбарг барои зиёд намудани  теъдоди ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ кишт карда шуданд.  Барои фурўш дар бунгоҳи  н. Ванҷ  ҳамагӣ 3220 адад ниҳолҳои себ, зардолу ва чормағз тайёр карда шудааст. Ба мақсади зиёд намудани теъдоди ниҳол дар ниҳолхонаҳои институт миқдори зиёди тухми растаниҳои сўзанбарг, себ, нок, чормағз, зардолу аз стратификатсия гузашта, кишт карда шудаанд.

         Дар ниҳолхонаи Варсушчдашт ва бунгоҳҳои Роғаку Ванҷ, кормандон қаламчаҳои навъҳои беҳтарини дарахтони мевадиҳандаро барои пайвандкунӣ ҷамъоварӣ намудаанд.

         Кормандони Боғи набототи Помир дар моҳи феврал барои фурўши тухмии растаниҳои гулдори ороишӣ ба миқдори 1500 дона халтачаҳо тайёр намуданд. Дар оранжереяи боғ, тухмии гулҳои яксола ва бисёрсола кишт  карда шуд. Кормандон ба шинондани тухмии гулҳо шурўъ намуданд.  Инчунин барои бунёди боғҳои нав, ташкил намудани гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ва гузаронидани корҳои кабудизоркунӣ  ва ободонӣ дар ниҳолхонаи институт ниҳоли дарахтони мевадиҳанда дарахтони сўзанбарг, дарахтони паҳнбаргу ороишӣ, инчунин барои фурўш тухмии 17 намуди гулҳо бо теъдоди 1200 адад омода карда шуданд. Ҳоло омодагӣ ба маъракаи  гулшинонӣ ва ташкил намудани кўчати гулҳо идома дорад.

         Боғи наботот бо 25 мамлакатҳои хориҷии дуру наздик мубодилаи тухмиву номгўи растаниҳоро барқарор кард. Моҳи феврал кормандони илмӣ мувофиқи делектус ба 20 суроғаҳои гуногуни давлатҳои хориҷӣ барои тухмиҳо талабнома фиристоданд. Озмоишгоҳҳо аз моҳи март ба кор шурўъ намуданд.

            Кормандони Боғи наботот барои намоиш  15 намуди дарахтони ороишӣ ва буттагӣ, 20 намуд тухмии растаниҳои шифобахш, 3 намуд дарахтони сўзанбарг, 1500 дона халтачаҳои тухмии гулҳои яксола ва 8 намуд  тухмии  гулҳои бисёрсола, мевапарварони бунгоҳи тадқиқотии Роғаки н. Дарвоз 500  дона лимў, 400  дона  анор, 200 дона анҷир, 10 дона бодом, 200  дона садбарг,  200  адад  кипариси яксола ва 500  адад кипариси 8 -сола, бунгоҳи Ванҷ 10 намуд ва ниҳолхонаи Варсушчдашт 15  намуди ниҳолҳои мевадиҳанда, растаниҳои хўроки чорво,  25  намуди тухмиро  пешниҳод намуданд.

Дар  Шўъбаи гуногуннамудии растаниҳо ва ҳайвонот кормандони гурўҳи растаниҳои хўроки чорво сифати тухмӣ ва қобилияти сабзиши ҷавдори бисёрсоларо аз ташхис гузарониданд. Тухми зиёда аз 30 намуд растаниҳои хўроки чорво тоза карда шуда, барои кишт омода карда шудааст.

         Ҳайвонотшиносони институт дар давраи ҳисоботӣ барои паҳн кардани кирмҳои фоиданок дар боғоти ноҳияҳои вилоят, дар шароити биолаборатория се намуди энтомофагҳоро инкишоф ва афзоиш дода истодаанд.

         Тадқиқотҳо оид ба  бузи кўҳӣ дар Сохчарвдара ва ба ҳисобгирии  12 намуди парандагони ҷойдорӣ дар ҳудуди Бадахшон дар ҳудуди вилоят оғоз гардид.

         Ҳоло омўзиши ҳолати зимистонгузаронии ҳашароти зараррасон ва таҳияи чораҳои мубориза бар зидди онҳо идома дорад.

          Кормандони озмоишгоҳи экологияи таҷрибавӣ дар мавзеъи Стансияи агроэкологии Ҷелондеҳ дар гармхонаҳо, ки дар асоси гармии обҳои зеризаминӣ кор мекунанд, растаниҳои полезиро кишт намуданд. Дар гармхона асосан помидор, бодиринг, гулҳои яксола ва бисёрсола  кишт карда шуданд ва парвариши онҳо идома дорад.

Аз рўи натиҷаи тадқиқотҳо дар  озмоишгоҳи экологияи таҷрибавии растаниҳо 2 мақолаҳои илмӣ ва 4 фишурдаи маърўзаҳо ба нашр омода шудаанд ва як  баромад аз тариқи  телевизиони маҳаллӣ  пахш гардид.

         Кормандони институт барои намоиши Иди Наврўз ва гузаронидани ярмаркаи фурўши ниҳол тайёрии ҳаматарафа дида истодаанд.

           Соли равон дар маҷмўъ дар маҷаллаҳои илмии Академияи илмҳо 2 мақолаи илмии кормандони институт нашр гардида, 4 мақолаи дигар барои чоп тайёр карда шудаанд. Инчунин, кормандони институт барои гузарондани чорабиниҳо ба муносибати 90 - солагии ВМКБ ва 75- солагии Боғи наботот  тайёрии ҳаматарафа дида истодаанд.

Маркази инноватсионии  биологӣ ва тиббии АИ ҶТ. Фаъолияти  илмӣ-тадқиқотии Марказ дар 3- моҳи аввали  соли 2015 аз рўи ду мавзўъ: «Меъёрҳои биотехнологии инноватсионие, ки  хусусиятҳои системаҳои зиндаро муайян мекунанд», барои солҳои 2012-2016 ва «Бехатарии биологӣ – равандҳои инноватсионии омўзиши хусусиятҳои системаҳои зинда» барои солҳои 2013-2015 амалӣ мегардад.

Кормандони Марказ дар се моҳи соли ҷорӣ тадқиқотҳои илмию таҷрибавиро дар самтҳои зерин гузарониданд:

- омўзиш ва санҷиши хавфи экологӣ доштани растаниҳои аз ҷиҳати  генетикӣ тағйирдодашуда;

-  омўзиши таъсири омилҳои гуногуни муҳити зист ба ҳосилнокӣ ва сифати дони зироатҳои ғалладонагӣ мутобиқ ба дигаршавии иқлим;

- таҳқиқи растаниҳои шифобахше, ки хусусиятҳои баланд кардани масунияти гепатопротекторӣ ва паст намудани миқдори чарбу холестиринро дар организми одам доранд.

         Вобаста ба ин, маводҳои таҷрибаҳои саҳроие, ки дар соли 2014 дар стансияи илмӣ-таҷрибавии Сиё-Кўҳ (ағбаи Анзоб) ва дар қитъаи замини таҷрибавии Марказ дар Боғи ботаникии ш. Душанбе дар навъ ва намудҳои гандуми мулоимдона (26 навъу намунаҳо) ва растании моделии арабидопсис гузаронида шуда буданд омўхта, ҳисобу китоби аломатҳои миқдорию ҳосилнокӣ давом ёфтаанд. Аз он ҷумла, давраҳои тараққиёт (фенология), баландӣ ва устувории поя, ҳосилнокии дону мева, рақобатпазирӣ ва дигар аломатҳо мушоҳида карда шуданд. Натиҷаҳои ин мушоҳидаҳо дар ҳисоботи нимсола дарҷ меёбанд.

         Инчунин моҳи марти соли 2015 дар қитъаҳои таҷрибавии Марказ дар Боғи ботаникӣ ва заминҳои лалмию обёришавандаи Институти зироаткории АИКТ (мутобиқи шартномаи ҳамкорӣ) дар  6 навъи гандуми мулоимдона 8 варианти таҷрибаҳо бо тарзи гуногуни нуриандозӣ (поруи гўсфанд ва гов,  нурии минералӣ, нурии минерали + биокомпост, биокомпост) вобаста ба минтақа ва  омилҳои гуногуни муҳити зист тадқиқотҳои саҳроӣ оғоз ёфтаанд.

         Рўйхати гиёҳҳо барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва гузаронидани санҷиши кимиёвӣ ва фармакологӣ омода карда шуданд. Аз прополис (таслит), ки аз ноҳияи Ваҳдат ҷамоати Симиганҷ  ҷамъоварӣ гардидааст моддаҳои фаъоли биологӣ бо усули махсус ҷудо карда шуданд ва дар оянда ин моддаҳо дар ҳайвоноти таҷрибавӣ ташхис гузаронида мешаванд.

         Муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Марказ Саидмуродов Ш.Д. дар семинар-машварат «Оид ба санҷиши хавф ва таҳияи нақшаи мониторинги бехатарии биологӣ дар чорчўбаи Протоколи Картахен», ки 12 марти соли ҷорӣ дар ш. Душанбе (ташкилкунанда: Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ) баргузор шуд, иштирок ва бо маърўза баромад кард.

Дар давраи ҳисоботӣ 1 монография (муаллиф М.М.Якубова ва диг.), 1 мақола дар рўзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расида, 1  дастурамали илмӣ-оммавӣ  ва 1 мақолаи илмӣ  ба нашр омода  карда шуд. Инчунин 2 фишурдаи матолиби  маърўзаҳо барои чоп дар  маводҳои конференсияи ш. Петрозаводск (Россия) пешниҳод шуд.

         Мудири озмоишгоҳи биологияи тиббӣ ва биотехнологияи маводи доругии Марказ Қурбонов М. (бо иштироки кормандони Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИТ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ) 1 гувоҳнома (патент №661) «Маводи просинк барои муолиҷаи гепатити музмини вирусӣ ва сирози ҷигар» гирифт.

Маркази илмии Хатлон.        Оид ба мавзўи «Гуногунии биологии растаниҳои эндемикӣ, нодиру маҳвшавандаи мамнўъгoҳи Даштиҷум ва Боғи табиии Сарихосор ва интродуксияи онҳо дар Боғи ботаникии ш. Кўлоб» омўзиши фенологӣ дар Боғи ботаникӣ гузаронида шуда, давраҳои аввали рушди растаниҳо муайян ва мушоҳидаҳо идома дода шуданд. Тухми як қатор намудҳои нодиру маҳвшаванда, аз қабили шибитак (шунук), чукрӣ, рошак, модел, моил, кравчак, пиёзи анзур, пиёзи кўҳӣ ва ғайраҳо баъди аз стратификатсия гузаштан дар ҳаҷми муайян кишт карда шуда, мушоҳидаҳои фенологӣ гузаронида шуда истодааст.

         Оид ба мавзўи «Хусусиятҳои биоэкологии зараррасонҳои асосии дарахтону буттаҳои субтропикии Тоҷикистони Ҷанубу-Ғарбӣ» дар шароити минтақаи Кўлоб аз растаниҳои субтропикӣ - анор, анҷир ва челон парвариш карда мешавад. Мавод барои кори илмӣ аз ноҳияҳои зерини минтақаи Кўлоб: Восеъ, Шурообод ва ш. Кўлоб ҷамъ оварда шудааст. Муқарар карда шудааст, ки ба гурўҳи зараррасонҳои асоситарини растаниҳои субтропикӣ оташаки анҷир, магаси челон, кабўтболаки челон ва кирми анор мансуб мебошанд.

         Барои яке аз зараррасонҳои асоситарини анор – кирми анор ва оташаки анҷир шумора ва макони асосии ҷамъшавии фардҳои зимистона муқарар карда шудааст. Зараррасон дар давраи кирминагӣ дар меваҳои боқимондаи анор зимистон мегузаронад. Шумораи кирмакҳои зимистонгузаронанда дар як мева аз 1-14 фардро ташкил мекунад. Мушоҳидаҳои зимистонгузаронии зараррасонҳо идома дорад.

         Марказ бо Ҳукумати иҷрояи ш. Кўлоб алоқаи зич дошта, дар ҳама чорабиниҳо оид ба ободонию кабудизоркунии шаҳр ва нуқтаҳои аҳолинишини водии Кўлоб фаъолона иштирок менамояд. Барои кабудизоркунии ш. Кўлоб ва ноҳияҳои вилояти Хатлон ба миқдори тақрибан 3500 дарахт, бутта ва гулҳои гуногун дар ҳаҷми 31500 сомонӣ фурўхта шуд. Бо ташаббуси Боғи ботаникӣ 18.02.2015 дар ш. Кўлоб ярмаркаи фурўши дарахтон, буттаҳо ва гулҳо гузаронида шуд ва аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кўлоб бо ифтихорнома мукофотонида шуд. Барои муассисаҳои Академияи илмҳои ҶТ ба миқдори 1000 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан, ба монанди сарви аризонӣ, санавбар, арчаи шарқӣ, арчаи вирҷинӣ, шамшон ва бересклети японӣ ройгон дастрас гардонида шуд.

3 мақолаи илмӣ ба чоп супорида шуд, аз он ҷумла 2 мақола дар нашриёти хориҷа, 3 фишурда барои Конференсияи ҷумҳуриявии Донишгоҳи давлатии Кўлоб равон карда  шудааст.

Оид ба фаъолияи Боғи набототи ш. Кўлоб тавассути телевизион 6 маротиба намоиш ташкил карда шуд. Дар маҷалаҳо 1 мақола оид ба корҳои Боғи ботаникии ш. Кўлоб фаъолиятҳои илмии Марказ ба табъ расонида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Кўлоб, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, коллеҷҳои педагогӣ ва тиббӣ, инчунин миқдори зиёди хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ  мунтазам дар боғ таҷрибаҳои саҳроӣ, корҳои амалӣ ва экскурсияҳо гузаронида, оид ба шиносоии флора ва муҳофизати муҳити атроф донишҳои аниқ ҳосил намуданд.

 

Шўъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ

 

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш. Дар институт корҳои таҳқиқотӣ аз рўи  8 мавзўи илмӣ (бо дарназардошти таълифи асари дастаҷамъии бунёдии «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик», ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад)  идома доранд. Дар 3 моҳи аввали соли 2015 асосан  ҳадафу вазифаҳо, нақшаҳои кор, омўзиши адабиёти назариявӣ ва ҷамъоварии мавод барои таҳлилу таҳқиқи зермавзўъҳои мавзўъҳои асосии нақшавии барои  соли 2015 пешбинишуда муайян карда шуданд.  Мўҳлати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз рўи 7 мавзўи нақшавии институт дар охири соли 2015 ба итмом мерасад. 

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи                                  А. Баҳоваддинов.  Дар институт аз рўи 14 мавзўи илмӣ корҳои таҳқиқотӣ   идома доранд. Дар 3 моҳи аввали соли 2015 асосан  ҳадафу вазифаҳо, нақшаҳои кор, омўзиши адабиёти назариявӣ ва ҷамъоварии мавод барои таҳлилу таҳқиқи зермавзўъҳои мавзўъҳои асосии корҳои илмии  нақшавии барои  соли 2015 пешбинишуда муайян карда шуданд. Аз 14 мавзўи нақшавӣ дар охири соли 2015 мўҳлати иҷрои  4 мавзўъ ба анҷом мерасад. 

Дар натиҷаи омўзиши маводи баъзе аз мавзўъҳо пажўҳишгарон  муқаррар карданд, ки таҳқиқоти минбаъда истифодаи методу методологияи навин ва маҷмўавию бонизом (системанок)-ро тақозо дорад.   

Масъалаҳои марбут ба азнавсозии ҷомеаи Тоҷикистони муосир дар ҳамбастагӣ бо бунёд намудани давлати босубот, демократӣ, иқтисодиёти баландтехнологӣ ва соҳаи иҷтимоии ташаккулёфта таҳлил карда шуданд.

Аз ҷониби муҳаққиқон инчунин масоили назариявӣ-ҳуқуқӣ ва ҷанбаҳои ташкилӣ-ҳуқуқии таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар таъмини амният дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё (СҲЧБО), мисолҳои танзими мусбати байналмилалӣ-ҳуқуқии истифодабарии байналмилалии об ва экология ҳамчун омили амнияти минтақавӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ.   Дар институт корҳои илмӣ аз рўи 12мавзўъ идома доранд. Дар 3 моҳи аввали соли 2015 асосан  ҳадафу вазифаҳо, нақшаҳои кор, омўзиши адабиёти  назариявӣ  ва ҷамъоварии мавод барои таҳлилу таҳқиқи зермавзўъҳои мавзўъҳои асосии нақшавии барои  соли 2015 пешбинишуда муайян карда шуданд. Дар охири соли 2015  аз 12 мавзўи нақшавӣ мўҳлати иҷрои 11 мавзўъ ба анҷом мерасад.   

            Таҳрири ҳарфи И, таҳрири мутақобилаи ҳарфҳои Б ва В, таҳрири аввали ҳарфҳои К ва З, тасҳеҳ ва муқоисаи ҳарфҳои ҷилди 1 – уми “Фарҳанги русӣ ба тоҷикӣ”  иҷро карда шуданд.

Илова, ислоҳ ва таҳрири таҳияи нашри дуюми “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (нашри аввал - соли 1969)  иҷро шуданд. 

           Вижагиҳои грамматикии пасванди – don // - dun  дар забони яғнобӣ таҳлил карда шуданд.

         Тавсифи ниҳоии нусхаҳои хаттӣ, муқоисаи дастнависҳои тавсифшуда бо феҳристҳои дигар,  таҳияи матни электронии “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Исмоили Ҷурҷонӣ, баргардон ва таҳияи феҳристи нусхаҳои хаттии арабӣ ба алифбои тоҷикӣ ва омода намудани аломатҳо-номи муаллифон ба анҷом расиданд.

         Дар натиҷаи таҳқиқот ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон, дурнамои инкишофи тиҷорати миёнмарзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон  таҳлил карда шуданд.          

Институти иқтисодиёт ва демография.  Дар институт аз рўи 6 мавзўъ корҳои таҳқиқотӣ  идома доранд. Дар 3 моҳи аввали соли 2015 асосан  ҳадафу вазифаҳо, нақшаҳои кор, омўзиши адабиёти назариявӣ ва ҷамъоварии мавод барои таҳлилу таҳқиқи зермавзўъҳои мавзўъҳои асосии нақшавии барои  соли 2015 пешбинишуда муайян карда шуданд. Мўҳлати иҷрои 5 мавзўъ  (аз 6 мавзўи нақшавии институт)  дар охири соли 2015 ба охир мерасад.

         Дар натиҷаи таҳқиқот муайян карда шуд, ки иқтисодиёти ҷаҳонӣ батадриҷ  ба марҳилаи рушди постиндустриалӣ гузаштан дорад. Ин тамоюл умумиҷаҳонӣ буда, Тоҷикистон низ бояд аз ин раванд дар канор набошад, зеро ҷумҳурӣ дар фарқият аз дигар кишварҳо аз захираҳои карбогидридӣ бархурдор нест. Дар чунин шароит вазифаи асосӣ ташаккул ва рушди иқтисодиёти инноватсионӣ, яъне иқтисодиёти ба илму дониш такякунанда маҳсуб меёбад.

        Пешниҳод карда мешавад, ки роҳбарияти кишвар  оид ба таҳияи “Барномаи модернизатсияи индустриалию инноватсионии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қарори дахлдор қабул намояд.

        Муайян карда шуд, ки номгўи маҳдуди маҳсулоти содиротӣ ба Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо намояд. Чунин вазъ дар шароити ҷаҳонишавӣ боиси номутаносибии байни содирот ва воридот гашта, тавозуни манфии савдоро ба миён меоварад.

        Тавсия дода мешавад, ки аз ҳисоби коркарди амиқи ашёи хом, бахусус алюминий, нахи пахта ва ғайра дар дохили кишвар номгўи маҳсулот васеъ карда шуда, нерўи содиротии мамлакат таҳким ёбад. Ин чорабинӣ имкон хоҳад дод, ки даҳҳо ва ҳатто садҳо ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд.

         Тавсия карда  мешавад, ки барномаи комплексии воридотивазкунӣ таҳия ва татбиқ карда шавад, то ки вобастагии дохилии бозори истеъмолии мамлакат аз иқтисодиёти дигар кишварҳо паст гардад.

         Институти  илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандаров. Дар институт корҳои таҳқиқотӣ аз рўи  4 мавзўъ идома доранд.  Дар 3 - моҳи аввали соли 2015 асосан  ҳадафу вазифаҳо, нақшаҳои кор, омўзиши адабиёти назариявӣ ва ҷамъоварии мавод барои таҳлилу таҳқиқи зермавзўъҳои мавзўъҳои асосии нақшавии барои соли 2015 пешбинишуда муайян карда шуданд. Мўҳлати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз рўи 4 мавзўи нақшавии институт дар охири соли 2015 ба итмом мерасад. 

 Дар натиҷаи таҳлили дуоҳои мазҳабӣ-мардумӣ онҳо ба гурўҳҳои тематикӣ-семантикӣ тасниф карда шуданд. Бо таҳлили ин гурўҳи дуоҳо муайян карда шуд, ки ба ҷаҳонбинии мардуми кўҳистон робитаи зич дошта, махсусияти психолингвистии онҳоро инъикос менамояд.

 Дар асоси назми забони шуғнонӣ ифодаи фазо ва замон дар матни адабӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

    Омўзиши маводи фолклорӣ нишон дод, ки қиссаву ривоятҳо на танҳо дар бораи шахсиятҳои мушаххаси таърихӣ, балки дар хусуси ашёи муайян ва ҳодисоти табиӣ низ эҷод мешудаанд ва ин ашёву ҳодисоти табиӣ бо қувваҳои ғайритабиӣ вобаста карда шудаанд.

          Муайян карда шуд, ки дар афсонаҳои сеҳромези мардуми Бадахшон қаҳрамонҳои  манфие ҳастанд, ки дар афсонаҳои минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасанд. Ва, ба ақидаи мардум, инчунин қаҳрамонҳои ғайритабиие мавҷуданд, ки дар хонаҳои истиқоматӣ зиндагӣ мекунанд ва вобаста ба рафтори соҳибони хона ба онҳо ё зиён ва ё кўмак мерасонанд.    

          Дар асоси омўзиши махсусияти як деҳаи муайяни ноҳияи Роштқалъа (деҳаи Шувҷев)  муайян карда шуд, ки маскуншавӣ аз ҳисоби мардуми дигар кишварҳо, ба хусус Эрон ва Афғонистон ҷараён гирифтааст. Ҳамчунин дар натиҷаи таҳқиқот муҳоҷирати мардуми таҳҷоӣ ба дигар маҳалҳо низ муқаррар  карда шуд.

          Дар заминаи асарҳои “Пир Сайид Ҷалолшоҳ” ва  “Фазилатнома”               

таҳқиқи муносиботи байни исмоилиёни Бадахшон ва исмоилиёни Ҳиндустон идома дорад. 

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш. Дар семоҳаи аввали соли 2015 дар Шўрои дифои  назди институт 8 ҷаласа баргузор гардид. Дар ин муддат  1 нафар  рисолаи докторӣ ва  3 нафар  рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.   

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи                                  А. Баҳоваддинов.  Дар назди институт 3 шўрои дифоъ фаъолияти худро идома доданд.  Дар семоҳаи аввали соли 2015  4  ҷаласа баргузор гардид. Дар ин муддат  2 нафар аз рўи тахассусҳои “Таърихи фалсафа” ва “Фалсафаи иҷтимоӣ”   рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.

Дар шўрои муттаҳидаи бахши ҳуқуқ (назди ДМТ) 3 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар унвонҷўи институт рисолаи номзадӣ дифоъ кард.

 Дар 3 моҳи  аввали соли 2015 бо ибтикори  муассисаҳои илмию таҳқиқотии Шўъба  ҳамагӣ 7 чорабинӣ (3 конференсия,  3 семинари ҳармоҳа, 1 мизи мудаввари илмӣ) баргузор карда шуданд.

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш. Бо ташаббуси институт ва дастгирии бевоситаи Маркази илму фарҳанги Россия дар Тоҷикистон  27 декабри соли 2014 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии «Саҳми олимони Россия дар омўзиши таърих ва фарҳанги халқи тоҷик» баргузор карда шуд.

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи                                  А. Баҳоваддинов. Дар семоҳаи аввали соли 2015 институт баргузор кардани  ягон ҳамоиши илмиро дар нақша надошт.

Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ. Бо ибтикори шўъбаи забон ва лаҳҷашиносии институт бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ мизи мудаввар дар мавзўи “Омўзиши забони яғнобӣ ва мушкилоти он”  доир карда шуд.

Институти иқтисодиёт ва демография. Дар институт семинари илмии ҳармоҳа таҳти унвони “Масъалаҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он” доир карда мешавад. Дар давоми семоҳаи аввал   тавассути  семинари мазкур 3 маърўзаи илмӣ баррасӣ гардид.

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров. Бо ташаббуси институт 2 конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рўзи забони модарӣ ва ҷашни байналмилалии Наврўз гузаронида шуд.

Дар семоҳаи  аввали  соли 2015 кормандони институтҳои илмию таҳқиқотии Шуъба дар  беш аз 35  чорабинӣ (симпозиум, конференсия, семинар ва мизи мудаввари илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ) иштироку суханронӣ намуданд.

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.  Кормандони институт дар 2 ҳамоиши илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз он ҷумла конференсияи байналмилалии “Межцивили-зационное  взаимодействие на Евразийском пространстве: история, современные тенденции и перспективы” (Душанбе), конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 3000-солагии Ҳисор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи                                  А. Баҳоваддинов. Кормандони институт дар 7 ҳамоиши илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз он ҷумла симпозиуми байналмилалии “Илм ва технология дар тамаддуни исломӣ” (Боку, Озарбойҷон), Муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати корҳои хориҷии ҶТ (Душанбе), конференсияи  ҷумҳуриявӣ бахшида ба  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе), конференсияи ҷумҳуриявии "Тоҷикистон дар низоми манфиатҳои геополитикӣ" (Душанбе), семинари илмии "Наврўз дар тамаддуни мардуми форсу тоҷик" (Душанбе), мизи мудаввар бо ташаббуси Маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди АвруОсиё» (Душанбе),   мизи мудаввар дар мавзўи "Усулҳои амалӣ намудани низоми таълими Болонӣ" (Душанбе) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ.  Кормандони институт дар 9ҳамоиши илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз он ҷумла конференсияи байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз нигоҳи Тоҷикистон” (Вашингтон, ИМА), конференсияи байналмилалӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврўз (Душанбе), семинари байналмилалии” Нақши омилҳои таҳаввулотӣ дар Тоҷикистон ва мақоми ислом” (Вашингтон, ИМА), семинари байналмилалӣ оид ба таҳияи номинатсияи Наврўз (Теҳрон, ҶИЭ), семинар-тренинги” Конвенсияи 2005-уми ЮНЕСКО” (Душанбе), семинари илмӣ-назариявии “Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти тиббӣ дар забони тоҷикӣ” (Душанбе), мизи мудаввар бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ (Душанбе),  мизи мудаввар дар мавзўи “Омўзиши забони яғнобӣ ва мушкилоти он” (Душанбе), мизи мудаввар бахшида ба ҷашни Наврўз (Душанбе) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Институти иқтисодиёт ва демография.  Кормандони институт дар 17 ҳамоиши илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз он ҷумла  конференсияи байналмилалии «Межцивилизационное взаимодействие на евразийском пространстве: история, современные тенденции и перспективы» (Душанбе), конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-амалии  «Паёми сарвари кишвар ба Маҷлиси Олӣ чун омили рушди устувори Тоҷикистон  (Душанбе), «Эҳёи Шоҳроҳи абрешим ва таъсири он ба интихоби геополитикии Тоҷикистон» (Душанбе), форуми байналми-лалии рушд – ҶТ (Душанбе), форуми  донишҷўёни мактабҳои олӣ  «Наш взгляд в будущее: Таджикистан после 2020  года – экономика и социальное развитие» (Душанбе), семинарҳои байналмилалии «Стратегическая экологическая оценка» (Душанбе), «Диалог о неравенстве» (Истамбул, Туркия), семинарҳои ҷумҳуриявии «Стратегияи рушди саноати бофандагию  ресандагии Тоҷикистон» (Душанбе), «Баҳои иқтисоди иҳифзи гуногуниҳои агробиологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» (Душанбе), «Стратегияи рушди саноати бофандагию ресандагии Тоҷикистон» (Душанбе),  «Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбию техникӣ ва наздик шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти касбии ҷаҳонӣ” (Душанбе), ҷаласаи Шўрои машваратии назди Президенти ҶТ «Оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ» (Душанбе), ҷаласаи васеи ҳисоботии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ (Душанбе), ҷаласаи Гурўҳи кории байниидоравии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ  (Душанбе), мизи мудаввари «Энергодефициты и безопасность  гидротехнических сооружений в Таджикистане» (Душанбе) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандаров. Кормандони институт дар 2 ҳамоиши илмӣ-амалии сатҳи вилоятӣ, аз ҷумла конференсияҳои илмӣ-амалӣ бахшида ба Рўзи забони модарӣ (Хоруғ), иди Наврўзи умумиҷаҳонӣ (Хоруғ) иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Дар семоҳаи аввали соли 2015 кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Шўъба  бо мақсади  таблиғи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илмҳои ҷамъиятшиносӣ  тавассути радио ва телевизиони ҷумҳурӣ беш аз  150  маротиба баромад карданд.

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.  Кормандони институт ба воситаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ беш аз 15 маротиба доир ба масъалаҳои рўзмарраи марбут ба таъриху фарҳанги тоҷикон, ҷашни 3000-солагии Ҳисор, тавзеҳи Паёми Президенти ҶТ  ба Маҷлиси Олӣ, саҳми олимони хориҷӣ дар таҳқиқи таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон ва ғ. баромад намуданд.

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи                                  А. Баҳоваддинов. Кормандони институт ба воситаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ беш аз  25 маротиба доир ба масъалаҳои  рўзмарра, аз ҷумла ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он, заминаҳои ташаккули худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон, паёмадҳои номатлуби никоҳи хешутаборӣ ва ғ.  баромад намуданд.

          Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ.  Кормандони институт ба воситаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ беш аз 70 маротиба доир ба масъалаҳои рўзмарра,  аз ҷумла,  вазъи татбиқи Қонуни забони давлатии ҶТ, вожаҳои нави забони тоҷикӣ, фарҳанги миллии мардуми тоҷик, Наврўз- иди миллии тоҷикон ва ғ. баромад намуданд.

         Институти  иқтисодиёт ва демография. Кормандони институт ба воситаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ беш аз 30маротиба доир ба масъалаҳои рўзмарра, ба монанди таъсири низоми муносибатҳои иқтисоди беруна ба соҳаи агросаноатӣ, вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бўҳрони аграрӣ ва стратегияи ислоҳот, оқибатҳои номатлуби никоҳи хешутаборӣ  ва ғ.   баромад намуданд.

        Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандаров.  Кормандони институт ба воситаи радио ва телевизиони вилоятӣ ва ҷумҳурӣ 6 маротиба доир ба  моҳияти Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ, омўзиши гурўҳи забонҳои помирӣ, ҷашни бостонии Наврўз, саҳми олимони рус дар пажўҳиши забону фолклори  Бадахшон ва ғ. баромад намуданд.

          Дар семоҳаи аввали соли 2015 аз тарафи муассисаҳои илмию таҳқиқотии Шўъба 12  китоб ва  126 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ чоп шуданд.

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.  Аз тарафи кормандони институт  4  китоб ба табъ расиданд ва  4 китоби дигар  ба нашр омода гардиданд, инчунин  47 мақолаи илмӣ ва илмӣ –оммавӣ  таълиф ва интишор  шуданд. 

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи                             А. Баҳоваддинов. Аз тарафи кормандони институт  2  китоб ва 27 мақолаи илмӣ ва илмӣ – оммавӣ таълиф ва нашр гардиданд.

         Шумораҳои 2-юм ва 3-юми (соли 2014) маҷаллаи “Ахбор”-и институт низ аз чоп баромаданд.  

Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ. Аз тарафи кормандони институт 4 китоб ва 18  мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таълиф ва нашр шуданд.

         Институти иқтисодиёт ва демография. Аз тарафи кормандони институт 20 мақолаи илмӣ  ва  илмӣ-оммавӣ таълиф ва нашр шуданд.

Институти  илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандаров. Аз тарафи кормандони институт 2 китоб ва  14  мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таълиф ва нашр шуданд.

 

3. Тарбияи кадрҳои  илмӣ

 

То 31 марти  соли 2015  дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ шумораи  умумии аспирантон  266  нафарро ташкил медиҳад.  Аз ин шумора 142 нафар дар шўъбаи рўзона ва 124 нафар дар шўъбаи ғоибонаи аспирантура таҳсил менамоянд. Ба 9 нафар аспирантҳои АИ ҶТ стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

         Аз шумораи умумии аспирантони таҳсили рўзона ва ғоибона 89 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Шумораи  умумии докторантҳо 10  нафар буда, аз онҳо  2 нафар   зан мебошанд.

Айни замон, дар шўъбаи рўзонаи магистратураи Академияи илмҳои ҶТ 145 нафар магистрон таҳсил мекунанд, аз ҷумла:

-дар шўъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ - 25 нафар;

-дар шўъбаи илмҳои биология ва тиб - 17 нафар;

-дар шўъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ - 103 нафар.

Аз шумораи умумии магистрон 59 нафар ё 38,8%-ро духтарон ташкил медиҳанд.

  Дар ин давра дар 5 шўрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 8 рисола, аз ҷумла  1  рисолаи докторӣ ва 7  рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд.

 

4. Ҳамкориҳои байналмилалӣ

 

Дар таърихи 17 феврали соли 2015 вохўрии ноиби президенти АИ ҶТ К.Олимов бо Сафири Озарбойҷон Аббосалӣ Гасанов доир гардид. Зимни ин вохўрӣ масъалаҳои роҷеъ ба ҳамкориҳои илмии байни ду кишвар баррасӣ шуданд. Сипас, академик К.О.Олимов доир ба ҳамкориҳои илмии байни ду кишвар сухан ронда, қайд намуд, ки Созишномаи ба имзорасидаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон як такони наве барои таҳкиму густариши ҳамкории минбаъдаи илмӣ мебошад. Ҷаноби Сафир аз Созишномаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ёдовар шуда, хоҳиш намуд, ки Созишномаи мазкур ҳарчӣ зудтар аз ҷониби тарафҳо амалӣ карда шавад, то ки муносибатҳои байнифарҳангии кишварҳо низ густурдатар гарданд. Дар ин вохўрӣ аз мероси ғании ниёгон сухан ба миён омад ва Ҷаноби Сафир иброз намуд, ки бисёре аз дастхатҳои гаронарзиши фарҳанги ниёгон имрўзҳо дар осорхонаҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон нигоҳдорӣ мешаванд ва агар имкон даст диҳад мо аз дастхатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамкориҳои илмӣ истифода намоему бародарони тоҷик низ аз дастхатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд истифода баранд. Дар охир тарафҳо ба хулосае омаданд, ки барномае барои амалӣ гардидани Созишномаи муштарак тартиб дода шавад.

  Дар таърихи 18 феврали соли 2015 вохўрии президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон Аманлиев Ишонгули сурат гирифт.  Ҳадафи мулоқотро тарафҳо густариш додани робитаҳои илмии байни олимони тоҷик ва туркман арзёбӣ  карданд. Дар рафти мулоқот масъалаи дар моҳи майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани  Рўзҳои фарҳанги Туркманистон бахшида ба 20-солагии дахолатнопазирии Туркманистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки дар доираи баргузории Рўзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ бо иштироки олимони тоҷик ва туркман баргузор намоянд. Ҳамчунин масъалаи дар ноҳияи Ҷилликул, ки туркманҳо истиқомат мекунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шуд.

Дар таърихи 26 феврали соли 2015 вохўрии президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ бо экспертҳои Федератсияи Россия доир гардид. Дар вохўрии мазкур  масъалаҳои тасдиқ кардани Низомномаи Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чакалтой», иҷро кардани қарорҳои 12-уми ҷаласаи байниҳукуматии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории  Марказ  баррасӣ шуданд.    

Намояндаи мухтори Ҳукумати Федератсияи Россия, муовини вазири маориф ва илми Федератсияи Россия А.А.Климов дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чакалтой» ва моддаи 7 Созишномаи мазкур маълумот дод. Президенти АИ ҶТ Ф.Раҳимӣ дар бораи банди 19 Оинномаи Марказ маъдумот дод ва қайд кард, ки дар оянда барои фаъолияти  Марказ тайёр кардани Протокол  зарур аст.  Масъалаи  маблағгузории Марказ, ки аз соли 2008 ба ўҳдаи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта  шудаст, муҳокима гардид.  Қарор шуд, ки ҷаласаи Шўрои Намояндагони мухтори Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чакалтой» 3 марти 2015 соати 800 дар ш. Москва баргузор карда шавад ва қарорҳои мазкур дар ҷаласаи байниҳукуматии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шаванд.

 Дар таърихи 3 марти соли 2015 вохўрии ноиби президенти АИ ҶТ С.Одинаев ва роҳбарияти АИ ҶТ бо намояндагони Комиссияи Аврупои Иқтисодии СММ баргузор гардид. Дар вохўрии мазкур масъалаҳои                                                                                                                                      лоиҳаи «Шарҳи таррақиёти инноватсионии Тоҷикистон» баррасӣ шудаанд. Ноиби президенти АИ ҶТ, директори Маркази инноватсионии биология ва тибби АИ ҶТ М.М.Якубова дар бораи сохтор ва тадқиқотҳои илмии Маркази мазкур маълумот дод.  Директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АИ ҶТ, академик М.И.Илолов  оид ба Стратегияи рушди миллӣ,  Стратегияи дар соҳаи илм ва технологияҳо, Барномаи рушди инноватсионии ҶТ дар солхои 2013-2020  ва оид ба сохтор ва тадқиқотҳои илмии Маркази мазкур маълумот дод. Роҳбари гурўҳи намояндагони Комиссияи Аврупои Иктисодии СММ, доктор  Инзелет Анамария дар бораи мақсади омадани намояндагони Комиссияи Аврупои  Иқтисодии СММ-ро ба Тоҷикистон, вохўриҳо бо намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва лоиҳаи «Шарҳи таррақиёти инноватсионии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Ҷонибҳо паймон карданд, ки равобити доимии илмиро дар оянда идома медиҳанд.

Дар 3 моҳи соли  2015 Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати ҶТ ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ  40 пешниҳод ва хулосаҳоро оид ба ҳамкории байналмилалии илмӣ ва илмию техникӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ, СҲШ, Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё ва давлатҳои хориҷии дур ва наздик омода карда барои баррасӣ пешниҳод намуд.

Дар 3 моҳи соли 2015 барои унвонҷўён ва олимони хориҷӣ 5 раводид  ва 5 нафар дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда ва 10 нафар кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Шўъбаи робитаҳои байналмилалии АИ ҶТ шиносномаи хориҷӣ гирифтанд.

Тавассути Шўъбаи робитаҳои байналмилалии АИ ҶТ 21 нафар корманди АИ ҶТ ба  сафари хизматӣ барои коромўзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба сафарҳои хизматӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристонида шуданд.

Бо даъвати АИ ҶТ 7 намоянда аз Хитой  ба муассисаҳои АИ ҶТ омада, коромўзӣ намуданд ва корҳои муштараки илмӣ анҷом доданд.

 

5. Фаъолияти табъу нашрӣ ва ихтироотӣ

 

Дар се моҳи аввали соли 2015 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 207   корҳои илмӣ, аз ҷумла 15 китобу монография ва  192   мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ,  кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур ба табъ расонида шуд.

Дар ин давра  2 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд.

 

6. Гузаронидани конференсия ва дигар чорабиниҳои илмӣ

 

Дар 3 моҳи  аввали соли 2015 бо ибтикори  муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо ҳамагӣ 8 чорабинӣ, аз ҷумла 1 симпозиуми байналмилалӣ, 3конференсияи ҷумҳуриявӣ,  3  семинари ҳармоҳа, 1мизи мудаввари илмӣ омода ва баргузор карда шуданд.

 

7. Тарғибу ташвиқи донишҳои илмӣ

 

Дар семоҳаи аввали соли 2015 кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳо  бо мақсади  таблиғи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм   тавассути радио ва телевизиони ҷумҳурӣ беш аз  200  маротиба баромад карданд.

 

Мушкилоту душвориҳо

 

Муассисаҳои илмии АИ ҶТ монанди солҳои пешин ба душвориҳо дучор гардиданд, ки асосан ба кам будани маоши кормандон,  норасоии маблағ барои таъмири биноҳои муассисаҳо, харидани лавозимоти зарурии илмӣ, таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ, китобу маҷаллаҳои илмӣ, ташкили сафарҳои илмӣ ва ғайра вобастаанд. Дар иқтисодиёти кишвар коркардҳои илмии олимони АИ ҶТ ба сабаби набудани дархосту фармоишҳо хеле кам татбиқ мешаванд. Заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмии АИ ҶТ то ҳадде ҷавобгўи талаботи замон нест. Ҷалби мутахассисони ҷавон ва хатмкардагони мактабҳои олӣ ба муассисаҳои АИ ҶТ ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ бо вуҷуди он, ки дар соли 2014 нисбатан беҳтар гардид, боз ҳам беҳбудӣ мехоҳад.

Вазифаҳо дар  давоми соли 2015

1. Идома додани корҳои илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ тибқи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқотҳои илмӣ дар доираи Стратегияи  ҶТ дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва 7 барномаи давлатӣ;

2. Коркард ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳое, ки дар “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015”, “Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” ва “Барномаи рушди инноватсионии ҶТ барои солҳои 2011-2020” ба нақша гирифта шудаанд;

3. Андешидани чораҳо барои ҷалби  мутахассисони ҷавон ва хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба муассисаҳои илмӣ, магистратура  ва аспитантураи АИ ҶТ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ тибқи  «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ  дар ҶТ барои солҳои 2009-2015» ва “Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2015”;

4. Таҳқиқи проблемаҳои актуалии илмҳои ҷамъиятшиносӣ оид ба ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ, шуури таърихӣ, ифтихори миллӣ ва муайян кардани  роҳҳои пешгирии равандҳои таҳдидкунанда ба истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ;

5. Ба мақсади ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа гузаронидани  таҳқиқот оид ба экстримизму терроризм, идеологияи бегонапарастӣ  ва аз тариқи васоити ахбори омма (радиою телевизион, маҷаллаву рўзномаҳо) интишор кардани  натиҷаҳои таҳқиқот;

6. Таҳия ва нашр намудани “Атласи Тоҷикистон”;

7. Таъсиси системаи муосири мониторинг дар заминаи пойгоҳҳои зилзила-санҷии рақамӣ барои омўзиши заминҷунбиҳои рухдиҳанда вобаста ба сохтмони НБО-и Роғун;

8. Таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани  лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Консепсияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2050»;

9. Дар сатҳи баланди ташкилӣ ва илмӣ иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АИ ҶТ оид ба ба ҷашнҳои  3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Саид Алии Ҳамадонӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.