joomla

22:39, 16th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

Шӯрои олимони ҷавон

САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

Мақсад ва вазифаҳои Шӯро

  • Шӯро бо мақсади беҳтар намудани таркиби синну солии кормандони илмӣ, фаъол намудани ҷалби ҷавонони болаёқат ба муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд АИҶТ) ва ҳиссагузории онҳо дар тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсис дода мешавад.
  • Шӯро риояи ҳуқуқу манфиатҳои олимони ҷавонро назорат намуда, фаъолияти худро дар илм, техника ва иқтисод инкишоф медиҳад.
  • Вазифаҳои асосии Шӯро инҳоянд:

- муттаҳид намудани олимони ҷавони АИ ҶТ ва фаъол намудани фаъолияти онҳо барои иҷроиши мақсадҳои гузошташуда, ба даст овардани донишҳои нав ва якҷоя кардони он бо фаъолияти илмӣ;

- мусоидат намудан ба кори олимони ҷавони АИ ҶТ барои гузаронидани тадқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ;

- дастгирии Шӯроҳои олимони ҷавони Институтҳо дар корҳо бо ҷавонон;

- рӯшди фаъолияти эчодӣ, захирахои ақлонии олимони ҷавон, кӯмак барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги онхо, тайёр намудани кадрҳои заминаашон барои илм ва истеҳсолот, кӯмак барои аз худ намудани шаклҳои тараққикардаи хоҷагидорӣ, фароҳам овардани шароит барои ба амал овардани ташаббусҳои илмӣ, манфиатҳои олимони чавонро дар коллективхои мехнатӣ, шӯроҳои илмӣ, комиссияи аттестатсионӣ муаррифӣ кардан, ҳимояи ҳуқуқҳои олимони ҷавон, таҳлили ҳолати кор бо олимони ҷавон, тайёр намудани пешниҳодҳо оид ба пешравии кор дар ин самт, рӯшди алоқаҳои чумхуриявӣ ва байналмиллалии олимони ҷавони муассисахои илмӣ ва корхонахои саноатӣ, бурдани фаъолияти мақсаднок дар мактабхои олӣ оиди ба кори илмӣ даъват намудани ҷавонони лаёқатманд, ташвиқоти донишҳои илмӣ, дастовардҳои техника ва истеҳсолот, дастовардҳои пешрафта, тарзи ҳаёти солим дар байни меҳнаткашон ва ҷавонон.

 

Шӯрои олимони ҷавон ҳуқуқ дорад:

- ба вазорату ташкилотҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти эчодӣ ва чамъиятӣ, ба тарзи фоидаовар истифода намудани олимони ҷавон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳо пешниҳодҳо ворид кунад;

- дар кори мақомотҳои давлатӣ, хочагӣ ва чамъиятӣ вобаста ба масъалаҳои ҳаёт ва фаъолияти олимони ҷавон иштирок намояд;

- вазифаҳои тахассусӣ - машваратӣ ва методиро дар таҳияи консепсияҳо оид ба корҳои мухталиф ба ҷавонон иҷро намояд, таклиф оид ба ин пешниҳодҳоро ба ташкилот ва кумитаҳо ворид кунад;

- ба Раёсати Академияи илмҳои ҶТ, вазорату ташкилотҳо, корхонаҳо таклифҳо оид ба истифодаи натиҷаҳои корҳои илмӣ - тадқиқотии олимони ҷавоне, ки аҳамияти муҳим доранд, дар хоҷагии халқ пешниҳод кунанд;

- корҳои беҳтарини олимони ҷавонро барои дарёфти ҷоизаҳо дар боби илм ва техника, маориф, ЮНЕСКО ва дигар ҷоизаҳои байналмиллалӣ, давлатӣ, ҷоизаҳои АИ ҶТ, ҷоизаҳои ҷамъиятҳои илмӣ - инженерӣ ва дигар иттиҳодияҳои чамъиятӣ тавсия кунанд;

- аз болои риояи ҳуқуқу манфиатҳои олимони ҷавон ва истифодаи дурусти онҳо назорати чамъиятӣ барад;

Озмунҳо, мактабҳо, конференсияҳо, семинарҳои олимони ҷавонро оид ба масълаҳои актуалии илмӣ ва техникӣ ташкил кунад;

- ба Раёсати АИ ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати ҶТ оид ба чорабиниҳои илмӣ - техникии байналхалкӣ, сафарҳои илмӣ ва бозомӯзӣ равон кардани олимони ҷавон пешниҳодҳо ворид кунад;

- аз беҳтарин олимони ҷавон гурӯҳ барои саёҳати илмӣ ташкил кунад;

- ба тартиби муайяншуда иттилоот дар бораи фаъолияти Шӯроро ба чоп тавсия кунад, инчунин корҳои олимони ҷавонро ба чоп тавсия кунад;

- кори Шӯроҳои Институтҳоро таҳлил намояд ва барои беҳбудии кор ба онҳо тавсиҳо диҳад;

- роҳбарии методиро аз болои маҳфилҳои олимони ҷавон ба ҷо оварад.

- оиди ба сафарҳои хизматӣ равон намудани олимони ҷавон ба корхонаҳои ватанию хориҷӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ ва чуқур аз худ намудани донишҳо пешниҳод ворид кунанд;

- созмонҳои соҳавии олимони ҷавонро таъсис диҳанд;

- рӯйхати мушкилотҳои илмӣ - техникиеро, ки бо қувваи ҷавонон бо розигии маъмурият ҳал мешавад, тартиб диҳанд;

- дар аттестатсия ва ҳалли масъалаҳои мухталиф, тайёр намудани захираҳои кадрӣ, пешниҳоди тавсияҳо ба мансабҳои идоракунӣ, баланд бардоштани музди меҳнат иштирок намоянд;

- Ба шӯроҳои коллективи мехнатй, маъмурият, иттифоқи касаба оид ба ҷудо намудани манзил, беҳсозии вазъи манзилӣ, фароҳам овардани ҷой барои фарзандони олимони ҷавон ва мутахассисон дар муассисаҳои томактабӣ пешниҳодот ворид созанд.

Шӯрои олимони ҷавон ӯҳдадор аст:

 

- пешниҳодот, лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо ва маводҳои маълумотию аналитикиро барои Раёсати АИ ҶТ оиди кор бо ҷавонон вобаста ба ҳамаи масъала ва мушкилотҳои олимони ҷавонон ва кори Шӯро омода намояд;

- дар омодасозӣ ва экспертизаи ҳуҷҷатҳое, ки бо мушкилоти олимони ҷавони АИ ҶТ вобаста аст, иштирок намояд;

- на кам аз як маротиба дар се моҳ маҷлис гузаронад.

 

Ташкили фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон

  • …Фаъолияти Шӯроро бо олимони ҷавон ва кадрҳои инженерӣ - техникӣ Саркотиби илмии AИ ҶТ рохбарӣ менамояд…
  • …Шӯро дар бораи фаъолияти худ дар назди конференсияи олимони ҷавони АИ ҶТ ҳисобот медиҳад.
  • Шӯро роҳбарии методӣ ва ҳамбастагии фаъолияти шӯроҳои поёнии олимони ҷавонро ба ҷо меорад.
  • Шӯро дорои мӯҳр, нишон, бланк, саҳифаи интернетӣ (WEB – сайт) ва дигар нишонаҳо мебошад. Ба аъзоёни Шӯро ҳуҷҷатҳои аъзогӣ дода мешавад.
  • Ба мақсади таъмини шароити зарурӣ баҳри рушди фаъолияти эҷодии олимони ҷавон Шӯро метавонад маҳфилҳо таъсис диҳад, ки онҳо фаъолияти худро мувофиқи қоидаҳои қабулшуда ба роҳ мемонад.
  • Шӯрои олимони ҷавон суратҳисоби худро дорад. Чавобгарӣ барои истифодаи дурусти маблаѓҳои суратҳисоб ба зиммаи Раиси Шӯро гузошта мешавад. Назорат аз болои истифодаи маблаѓҳо аз ҷониби муҳосиботи Раёсати АИ ҶТ бурда мешавад.
  • Барои таъмини фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Раёсат ва Институтҳои АИ ҶТ дар буҷҷаҳои худ маблаѓҳои лозимаро дар сатри алоҳида пешбинӣ мекунанд. Шӯро бо ин мақсад метавонад маблаѓҳои изофавиеро, ки аз гузаронидани чорабиниҳо, корҳо ва хизматрасонӣ ба даст омадааст, истифода намоянд.
  • Ба ѓайр аз ин бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои илмию назаривӣ ва ҳавасмандкунии олимони ҷавон Шӯро метавонад дорои фонди молиявии худ бошад. Назорат аз болои мақсаднок истифода бурдани маблаѓҳои фонд ба зиммаи Раиси олимони ҷавони ва муҳосиботи Раёсати Академияи илмҳо вогузор карда мешавад.

 

Тел. барои тамос:

(992) 933- 71-71-71

Насруллои Юсуф