joomla

01:43, 24th October 2018
Октябр 2018
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
free templates joomla

Шӯъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои илмӣ барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи илмҷои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура таъсис дода шудааст.  Бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва ҷалби бештари ҷавонон ба илм ва корҳои илмию таҳқиқотӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои моддию техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014 №69 дар системаи академии кишвар аз соли таҳсили 2014-2015 зинаи таҳсилоти магистратура ба роҳ монда мешавад.

Дар шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи АИ ҶТ Низомномаи аспирантура ва докторантура, Низомнома оид ба таҳсили шартномавӣ (қарордодӣ), Низомномаи магистратура ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои ҶТ тасдиқ карда шудааст.

Ҳамасола барои қабул ба шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ эълон дода мешавад.

Айни ҳол дар аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 46 ихтисос 272 нафар аспирантон таҳсил менамоянд, ки аз ин 130 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 142 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд. Аз шумораи умумии аспирантон 76 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар докторантура бошад аз рӯйи 5 ихтисос 8 нафар таҳсил доранд, ки аз ин 4 нафар занон мебошанд. Дар давоми 5 соли охир 35 нафар аспирантон рисолаҳои номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. 

Дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани кадрҳои илмии зинаи магистратура ва аспирантура пояи моддӣ-техникӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳамасола ба 9 нафар аспирантони беҳтарини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-33, ошёнаи 2, утоқи 41

Тел: 227-71-95