joomla

22:15, 19th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус


Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

I. Қоидаҳои умумӣ

1. Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус - воҳиди сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ҳалли вазифаҳои дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истода, дар доираи салоҳияти худ масъул мебошад.

2.Роҳбарии Шуъбаи кадрҳо ба зиммаи роҳбари мақоми давлатӣ ва ё яке аз муовинони ӯ гузошта мешавад.

3. Шуъбаи кадрҳо дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи низоми меҳнат танзим менамояд ва Оинномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба роҳбарӣ мегирад.

 

II. Сохтори шуъба

         4. Сохтор ва теъдоди штатии шуъбаи кадрҳоро тибқи тартиби муқарраргардида роҳбари мақоми давлатӣ тасдиқ мекунад.

       5. Шуъбаи кадрҳо - сохторе мебошад, ки бо назардошти вазифаҳои дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истода ташкил карда мешавад. Шуъбаи кадрҳо  тибқи ҷадвали корӣ аз  4 нафар иборат мебошад: Мудири шуъба, 1 сармутахассис, 2 мутахассиси пешбар.

       6. Мудири шуъбаи кадрҳо бо фармони Президенти АИҶТ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

       7. Ба вазифаи мудири шуъбаи кадрҳо шахсе таъин карда мешавад, ки дорои собиқаи корӣ на камтар аз ду сол ва ё собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз се сол  бошад.

 

III.Вазифаҳои  шуъба

 

8. Ташаккулёбии сифатнок ва истифодаи самараноки иқтидори кадрии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дурнамои инкишофи он.

9. Мувофиқати касбии ҳар як корманд ба он мансабе, ки ишғол кардааст, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ ва имкониятҳои воқеии инкишофи  қобилиятнокӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳар як корманд.

10. Муайян намудани талаботи ҷорӣ ва банақшагирии талаботи дурнамо доир ба кадрҳо, манбаҳои  қонеъ гардонидани онҳо дар асоси омӯзиши сохтори иҷтимоию демографӣ, касбию тахассусии кадрҳои соҳаи илм.

11. Таҳияи низоми ишғоли мансабҳо ва ҷойҳои корӣ, истифодаи усулҳои илмии омӯзиши сифатҳои корӣ ва касбии кормандон ҳангоми интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва банақшагирии пешрафти тахассусии онҳо.

12. Ташкили захираи амалкунандаи кадрҳо дар тамоми зинаҳои идоракунӣ ва мақсаднок тайёр намудани онҳо аз рӯи нақшаи алоҳида.

13. Таҳия ва ҷорӣ намудани низоми илман асосноки пешравии мансабӣ ва тахассусии бо кафолатҳои иҷтимоӣ зич алоқаманд, ки саҳми ҳар як корманд, давомоти кори ӯ ва омилҳои дигарро дар бар мегирад.

14. Нигоҳ доштани сатҳи зарури тахассусии кормандон бо назардошти хусусияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ташкили фаъолияти самараноки низоми муттассили тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси  кадрҳо, фиристонидани кормандон барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин таҷрибаомӯзии ҳайат дар мақомоти пешқадами ҷумҳурӣ ва хориҷа.

15. Иҷрои корҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав, омӯзиши сабабҳои ҷойивазкунии кадрҳо, тамоюли тағйирёбии ҳайати коллектив, таҳияи чораҳо оид ба мӯътадилгардонии кадрҳо.

16. Бо тартиби муқарраргардида гузаронидани  аттестатсияи кормандон, таҳлили натиҷаи он ва пешниҳодҳо оид ба такмили гузаронидани он, ҳамчунин таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазшавии самаранок дар вазифаҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ;

17. Сари вақт (якҷоя бо Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ, банақшагирии молиявӣ ва моликият ва Шуъбаи илмӣ ва ташкилӣ) таҳлил намудани шаклҳои амалкунандаи самаранокии хавасмандгардонии моддию маънавӣ дар муассисаҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо, бахшҳо дар ҳолати зарурӣ таҳияи пешниҳод аз тавсияҳо оид ба пурзӯр намудани таъсири онҳо дар баланд бардоштани фаъолияти касбии меҳнатии кормандон.

18. Истифодабарии васеи тадқиқотҳои илмию методӣ, таъмини иттилоотикунонии кори кадрҳо, истифодаи дастовардҳои сотсиологӣ, психологӣ ва илмҳои дигар дар кор бо кадрҳо.

19. Таҳлили мунтазами ҳолати кори кадрӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва таҳияи тадбиру пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани натиҷаҳои он.

20. Назорати иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаи кадрҳо.

21. Баҳисобгирии ҳайати шахсии кадрҳо ва пешниҳоди ҳисоботҳои муқарраршуда, пешбурди манбаи маълумотҳои захиравии ҳайати шахсӣ.

22. Мустаҳкам намудани интизом, мутташаккилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид, пешгирии муноқишаҳои меҳнатӣ дар воҳидҳои сохтории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

23. Таҳияи пешниҳодҳо дар бораи тадбирҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои ихтисоршавӣ, тағйиротҳои ташкилию штатӣ ва сохторӣ.

24. Таҳияи пешниҳодҳо оид ба гузаронидани озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ ва назорати дуруст гузаронидани онҳо.

 

IV. Самтҳои асосии фаъолияти шуъба

 

       25. Шуъбаи кадрҳо маркази идораи кадрии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсади ниҳоии он фаъолияти муваффақиятноки мақоми мазкур, баланд бардоштани қаноатмандии касбию моддии ҳар корманд, ҳифзи сиҳатӣ ва таъмини бехатарии кормандон мебошад.

       26. Интихоби касбӣ, мутобиқгардонӣ ва муайян намудани коршоямии касбии кормандон.

27. Омӯзонидани кадрҳо (тарбия намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо).

28. Риояи меъёрҳои қонунгузории меҳнат, гузаронидани машваратҳо бо ҳайати шахсӣ оид ба ин масъалаҳо.

29. Арзёбии кадрҳо, бо усули тестӣ, муайян ва рушд намудани имкониятҳои иқтидори онҳо, ташкили захираи кадрҳо ва омӯзиши онҳо.

30. Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирии ҳайати шахсӣ, пешбурди кори ҳуҷҷатгузории кадрӣ ва ҳисоботи кадрӣ.

31. Банақшагирӣ, таҳия ва татбиқи низоми дархостҳои кормандон ва чораҳои системаҳои далеловарии кормандон ва чораҳои инкишофи иҷтимоӣ.

 

V. Ҳуқуқҳои Шуъба

 

 32. Аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи АИҶТ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шуъбаи кадрҳо дохиланд, маълумот талаб намояд.

33. Дар ҳолатҳои зарурӣ кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии АИҶТ ва муассисаҳои тобеи онро бо розигии роҳбаронашон ба иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи Шуъбаи кадрҳо гузошта шудааст, ҷалб намояд.

34. Бо тартиби муқарраршуда маҷлисҳо ва семинарҳо даъват намояд, инчунин дар маҷлисҳое, ки Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар сохторҳои он дар  масъалаҳои  кадрӣ мегузаронанд, иштирок намояд.

35. Лоиҳаи фармонҳо, дастурамалҳо ва дигар санадҳои дахлдорро таҳия менамояд, оид ба масъалаи кадрҳо тафсирҳои иттилоотӣ, дигар санадҳои заруриро нашр ва паҳн намуда, дар доираи салоҳияти Шуъба мукотибаи кориро анҷом диҳад.

36. Аз воҳидҳои сохтории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муқарраргардида, маълумот ва маводҳоеро, ки аз вазифаҳои ба зиммаи Шуъбаи кадрҳо гузошташуда бармеояд, талаб намояд.

37. Тафтиши кори воҳидҳои сохтории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба масъалаҳои ваколатҳои Шуъбаи кадрҳо мансубанд, анҷом диҳад.

38. Ба Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар хусуси ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан ва ё ҳавасмандгардонии кормандон пешниҳод манзур намояд.

(992 37)221-70-80