joomla

22:40, 16th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

Саркотиби илмии АИ ҶТ

 

 

 

Шарҳи ҳол

   Искандаров Қосимшо 27 апрели соли 1953 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1979 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси «Муаррих. Муаллими таърих ва ҷамъиятшиносӣ» хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1979 аз муаллимии кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Филиали дар Қурғонтеппабудаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе оғоз намудааст.

Солҳои 1981-1985 тарҷумони гуруҳи мушовирони КМ ВЛКСМ дар назди Созмони демократии ҷавонони Афғонистон (СДҶА) Афғонистон ифои вазифа намудааст.

Солҳои  1985-1988 дар аспирантураи назди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии           Тоҷикистон таҳсил карда, соли 1989 дар Шӯрои  диссертатсионии Институти Осиё ва Африқои назди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов рисолаи номзадӣ ва соли 2004 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшииосии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи докториашро дифоъ намудааст.

    Солҳои  1988 - 1993 дар Институти  шарқшиносӣ дар вазифаи ходими илмӣ, солҳои 1993-2000 дар Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои ходими пешбари илмӣ ва мудири бахши Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ кор кардааст.

    Аз соли   2000  то 2013-ум ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ гузашта, аввал дар вазифаи ходими пешбари илмӣ ва баъдан мудири шуъбаи таҳқиқи низоъҳои минтақавӣ, мудири шуъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавӣ, аз соли 2013 то соли 2017 дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ мудири шуъбаи Эрон ва Афғонистон фаъолият намудааст.

   Аз моҳи апрели соли 2017 мудири шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо кор карда, аз ноябри ҳамон сол иҷрокунандаи вазифаи саркотиби илмии АИ ҶТ таъйин шудааст.

    Қ. Искандаров - муаллифи беш аз 250 корҳои илмӣ оид ба таърихи Афғонистон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва инчунин ҳаммуаллифи китобҳои дарсӣ аз фанни таърихи умумӣ барои синфҳои 10 ва 11 мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон мебошад.