joomla

19:28, 19th July 2019
Июл 2019
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
free templates joomla

РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

      Имрӯз дар таърихи 21 - уми июни соли 2019 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо 80 - солагии академик Фозил Тоҳиров Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони "Рушди илми ҳуқуқ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон" баргузор шуд, ки дар он олимони соҳавӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар .иштирок намуданд. 

2.33.jpg - 100.22 KB
Конференсияро ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Ҳикмат Муъминов ифтитоҳ намуда, саҳми академик Фозил Тоҳировро дар рушди илми ҳуқуқ қайд кард. Номбурда зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт, ки ҷиҳати рушди соҳавии илми мазкур таъсиси Институти ҷудогона бо номгузории "давлат ва ҳуқуқ" дар нақшаи Ҳукумати кишвар мавҷуд аст, чунки барои баррасии масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандон ва таҳияи ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ фаъолият намудани чунин Пажуҳишгоҳ айни муддаост.
    Намояндаи бахши масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдуллозода таъсири мусбати академик Фозил Тоҳировро дар такмилёбии илми давлатдории тоҷикон, махсусан дар замони истиқлолияти давлатӣ мутазаккир шуд. 
Сипас, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат соҳибҷашнро бо фарорасии 80 - умин солгарди ҳаёт табрик намуда, ба ӯ дар корҳои илмиаш муваффақиятҳои нав таманно кард.

2.34.jpg - 114.20 KB
    Ректори ДМТ, академик Маҳмадюсуф Имомзода мавзӯро дар Конференсия баррасӣ намуда, академик Фозил Тоҳировро ҳамчун собиқ ректори Донишгоҳи мазкур аз номи ҳамаи омӯзгорони ДМТ табрику таҳният гуфт.
    Дар бахши муҳокимаи мавзӯи Конференсия докторҳои илми ҳуқуқ Зариф Ализода, Ҷ.З.Маҷидзода ва академик М.А.Маҳмудзода, олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад Наврӯз, Назар Муъмин Абдуҷалол иштирок намуда, ҷиҳати баррасии мавзӯъ суханронӣ карданд.
    Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва ҳуқуқшиносон аз кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати нақши академик Фозил Тоиров дар илми ҳуқуқшиносии собиқ Шӯравӣ андешаронӣ намуданд. 
   Соҳибҷашн Фозил Тоиров нисбат ба тасмими АИ ҶТ ҷиҳати барпо намудани Конференсияи илмӣ бахшида ба 80 - солагии ӯ изҳори сипос намуда, дар иртибот бо мавзӯи Конференсия фикри хешро баён кард. 

2.35.jpg - 151.38 KB

   Сипас, кори Конференсия дар бахшҳо идома ёфта, олимони ҳуқуқшинос барои баррасии мавзӯъ талош намуданд.

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан