joomla

16:00, 19th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ

      17-уми апрели соли 2019 бахшида ба муносибати Рӯзи илми тоҷик бо ибтикори маъмурияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки олимони ҷавон Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши  илми антропология дар омӯзиши таърихи инсон» баргузор гардид.

    Дар мизи мудаввар 14 нафар, аз он ҷумла  6 магистр, 3 аспирант, 2 докторанти фалсафа аз рӯи ихтисос, 3 нафар олимони ҷавон-ходимони илмӣ фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамзамон олимони шинохтаи институт Фозил Абдурашитов, Зуҳра Мадамидҷонова,  Зиннатмо Юсуфбекова, Мумина Шовалиева, Мубинахон Маҳмудова ва дигарон иштирок намуда, бо олимони ҷавон ва иштирокчиёни он суҳбатҳои судбахш доир намуданд.

2.10.jpg - 144.70 KB

     Дар ҷамъомад перомуни омӯзишу таҳқиқи таърихи Институт ва дастовардҳои он дар даврони истиқлолият  дар самтҳои гуногуни илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби муовини директор оид ба илм ва таълим Фозил Абдурашитов ба олимони ҷавон пешниҳодҳои муфид баён гардид. Доир ба масъалаи ташаккули таърихи Институт ва нахустин тадқиқот перомуни он  баҳсу мунозираҳои илмӣ сурат  гирифт. Дар рафти баҳси илмӣ  олимони ҷавон, аз қабили магистри курси 2, рӯзноманигор Шуҳрат Мирзоев, ходими илмии Шуъбаи бостоншиносӣ Бобомулло Бобомуллоев ва ходими илмии Шуъбаи мардумшиносӣ Маснав Наврӯзбеков фаъолона ширкат варзида, назди ҳозирин бо маърӯзаҳои ҷолиби илмӣ баромад карданд.

2.9.jpg - 50.79 KB

     Аз рӯи мавзӯи асосӣ «Нақши илми  антропология дар омӯзиши таърихи инсон»  ходими илмӣ, антропологи ҷавон  Маснав Наврӯзбеков  баромад намуда, ҳамоиши ҷолиберо намоиш дод, ки аз дастовардҳои илми антропология дар ҷаҳон ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфидро дар бар мегирифт.Инчунин мавсуф иброз дошт, ки таҳқиқоти антропологии аҳолии аҳди бостон ва муосир бо истифодаи методҳои вижагаҳои таҳлилӣ дар маҷмуъ бо маълумоти таърихӣ метавон бисёр хулосаҳои таърихиро имконпазир созанд.Махсусан маводи палеантропологӣ метавонанд  бисёр маълумоти муҳими таърихӣ, аз ҷумла оиди муҳоҷиршавии аҳолӣ, хусусиятҳои ҷисмонии популятсияҳои қадим, шакли нажод ва инкишофи ҷисмонӣ, паҳншавии бемориҳо, рушди донишҳои тиббӣ, шароити зисти одамон, хусусияти ѓизо, нишондиҳандаҳои демографӣ, таносуби ҷинсият, давомнокии умри инсон,фавти кӯдакон ва ҳоказои дигарро баррасӣ мекунанд. Дар баҳси ин мавзӯ аспиранти Шуъбаи бостоншиносӣ Аслиддин Қараев низ хеле фаъол буд.

    Мавзӯи дигари мавриди баррасӣ қарор гирифта дар маҳфили мазкур «Осиёи Марказӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ»  ном дошт, ки аз ҷониби олим-этнологи шинохта Зуҳра Мадамидҷонова ба ҳозирин пешкаш карда шуд.

    Дар ҷамъбасти маҳфил маълум шуд, ки шавқу завқи олимони ҷавон умуман ба илми муосир ва хусусан ба фанни антропология ва этнология дучанд зиёд гардид.

     Лозим ба тазаккур аст,ки  бо ибтикори роҳбарияти  Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ ғайр аз  Мизи мудаввар бо иштироки олимони ҷавон,  бахшида ба Рӯзи  илм (14-уми апрел) «Ҳафтаи илм»  инчунин якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла, суҳбатҳои муфид дар атрофи илми муосир,  тарзи баён намудани афкор дар сатҳи академикӣ ва ғайра гузаронида шуд. Аз ҳама дастоварди назаррас ин буд, ки олимони ҷавон на танҳо дар Рӯзи илм чунин маъракаҳоро баргузор менамоянд, балки дар оянда низ «Маҳфили олимони ҷавон»-ро таҳти унвони «Муаррихи ҷавон» таъсис дода, ҳар моҳ баргузории мизи мудаввар ва баҳсу мунозираҳо ба ҳукми анъана табдил хоҳад ёфт. 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан