joomla

16:17, 19th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА "РӮЗИ ИЛМ"

      Айни замон (12.04.19) дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи илм" давом дорад, ки дар он олимон ва намояндагони муассисаҳои давлатӣ иштирок карданд. 
Қабл аз ифтитоҳи ҷаласа кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо дар марқади академикҳои АИ ҶТ чун С. Айнӣ, Б.Ғафуров, М.Осимӣ, С.Умаров, М.Турсунзода, А.Мухторов, Р.Масов, М. Қаноат ва дигарон гулчанбар гузошта, хотираҳои боқимондаро бар олимони ҷавон нақл намуданд. 

2.8.jpg - 133.55 KB
    Дирӯз бошад, бо ибтикори ҷавонони олим қабри олимони мутазаккир аз буттаву партовҳои ҷойдошта тоза карда шуданд.
    Ҷаласаи тантанавиро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, аҳли толор ва минбарбудагонро бо фарорасии "Рӯзи илм" табрик намуд. Номбурда  рисолати олимони тоҷикро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон иқрор карда, хеле бамаврид таъкид намуд, ки дастгирӣ ёфтани паҳлӯҳои гуногуни илму маориф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиашон бахшида ба "Рӯзи илм" инъикос шудааст. 

2.5.jpg - 133.70 KB
    Сипас, филми мустанаде аз ҳаёту фаъолияти илмиву сиёсии академик Бобоҷон Ғафуров ба маърази тамошо гузошта шуд.
    Баъдан, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа паёми табрикии сарвари давлатро қироат намуда, масъалаҳои мухталифи рушд ва такомули илмиро мавриди баррасӣ қарор дод. 

2.6.jpg - 132.30 KB
   Дар анҷоми маҷлиси тантанавӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷоизаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дохили кишварро бар олимоне, ки ин ҷоизаҳои илмиро соҳиб шудаанд, тақдим карда, ҳамагонро, ки дар рушди илми тоҷик саҳми хешро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Ин ҷо мо дар баёни "Рӯзи илм" иктифо мекунем ва таманнои онро дорем, ки ҳаммеҳанон дар такмил додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошанд. Рӯзи илм хуҷаста бод!!!

 2.7.jpg - 118.91 KB

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан