joomla

02:35, 20th May 2019
Май 2019
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

ОЛИМИ МУМТОЗ ВА ИНСОНИ КОМИЛ

1.194.jpg - 60.21 KB

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад

    Олимҷон ҚОСИМОВ  15-уми январи соли 1959 дар шаҳри бостонии  Панҷакент, дар оилаи  зиёӣ  ба дунё омадааст. Дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вадоктори илмҳои филологӣ - яке аз мутахассисони шинохтаи риштаи забоншиносии тољик ба шумор меравад. Аз соли 1982 инҷониб ба омӯзиши масъалаҳои калимасозӣ ва вожашиносии забони тоҷикӣ, маданияти гуфтор, фарҳанги номгузорӣ ва дигар паҳлӯҳои забони адабии тоҷик машғул аст. Номбурда, мувофиқ ба номаш олими маъруф ва инсони комил буда, дар рушди илму фарҳанг ва маорифи кишвар хидматҳои зиёд карда меояд. 

       Қосимов Олимҷон Ҳабибович муаллиф ва мураттиби зиёда аз 300 рисолаву мақолаҳои гуногуни илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Фаъолияти илмии мавсуф аслан масоили муҳим ва мубрами забони тоҷикӣ, вижагиҳои  луғавии  “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, таърихи вожаҳо ва номвожаҳои тоҷикӣ, таҳқиқи меъёрҳои вожагузинӣ ва истилоҳсозии забони тоҷикиро фаро мегирад.

     Нигоштаҳои илмӣ-интиқодии ӯ хусусан роҷеъ ба омӯзиши хусусиятҳои сохториву маъноии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ басо ҷолиби таҳқиқу таваҷҷуҳ мебошанд. Рисолаҳои номзадӣ ва доктории ӯ ба таҳқиқи калимасозӣ ва вожашиносии “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ бахшида шудаанд, ки аз ҷониби аҳли тадқиқ мавриди эътироф қарор гирифтаанд. Мондатарин асарҳои илмии Қосимов О.Ҳ. ба забонҳои руси зери унвонҳои «Деривация в «Шахнаме» Фирдавси» (соли 2006), “Картина животного мира в «Шахнаме» Фирдавси” (с. 2011), “Лексика растений в “Шахнаме” Абулкасима Фирдавси” (с.2011),“Лексика и словообразование в “Шахнаме” Абулкасима Фирдавси” (с.2016)  ва 6 номгӯи китобу беш аз 300 мақолаҳои илмиву таълимӣ дониста шудаанд. Ҳамзамон Қосимов Олимҷон муаллифи китоби дарсии “Забони давлатӣ” барои синфҳои 5-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон (с.2018), муҳаррири масъули  ҷилди 2-юми “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” (ҳарфи Б), яке аз мураттибон ва муҳаррирони “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (с.2008-2010, дар 2 ҷилд), “Фарҳанги русӣ ба тоҷикӣ” (ҷилди 1, с. 2018) мебошад. Бар замми ин муҳаррири чандин асарҳои илмӣ, аз он ҷумла, муҳаррири илмии нашри тоҷикии китоби дарсии «Таърихи фалсафа»-и (муаллифон-олимони норвегӣ Г. Скирбекк ва Н. Гиле, М., 2000 с., 887 с.) аст, ки дар шаҳри Тошканд соли 2004 ба забони тоҷикӣ  ба табъ расидааст.

     Лозим ба тазаккур аст, ки  дар асарҳои худ муаллиф бар асоси матни комили “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва дигар осори насрию назмии адабиёти тоҷикии форсӣ масъалаҳои ташаккул ва таҳаввули вожагони забони тоҷикиро дар мисоли забони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Қосимов О.Ҳ. дар натиҷаи тадқиқоти чандинсолаи худ дар асоси матни “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба хулосае омадааст, ки забон ва  назми Ҳаким Фирдавсӣ намунаи беҳтарини забони адабии тоҷик дар асрҳои IX–X мебошад. Он чун забони бою пурғановат  дорои хусусиятҳои зиёде буда, дар асоси омӯзиши амиқ чандин паҳлӯи забон ва услуби шоирро муайян кардан мумкин аст.

    Муҳаққиқи маъруф ҳамзамон  зимни баррасии вижагиҳои луғавии забони шоир яке аз масоили мубрами забон -баромади таркиби луғавии “Шоҳнома” –ро дар маркази пажӯҳиши худ қарор додааст. Ба андешаи муҳаққиқ асоси таркиби луғавии   “Шоҳнома” -ро бештар калимаҳои аслии тоҷикӣ ташкил мекунанд ва ин шаҳодат бар он аст, ки Абулқосим Фирдавсӣ дар эҷоди асари безаволи  худ ба забони зиндаи мардум ва осори гузаштаи ба забони паҳлавӣ ва форсии қадиму миёна, ки аз таъсироти унсурҳои бегона эмин буд, такя намудааст. Дар натиҷа “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ намунаи барҷастаи забони ноби тоҷикӣ эътибори баландро соҳиб гардидааст.

    Қосимов О.Ҳ. дар асоси чунин  хулосаҳои ҷолиби илмӣ 19-майи соли 1988 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Калимасозии пасвандии исм дар “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ” таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ Шарофиддин Рустамов бомуваффақият  ҳимоя намудааст.

    Зимнан бояд қайд кард, ки Олимҷон Қосимов  дар тарбияи муҳаққиқони ҷавони соҳаи забоншиносӣ низ  саҳми хеле арзандаи худро  гузоштааст. Аллакай, чандин  нафар шогирдони ӯ дар соҳаи мазкур рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Ӯ дар давоми панҷ сол (солҳои 2007-2012) масъулияти котиби илмии Шӯрои ҳимояи Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакиро  ба ӯ уҳда дошт ва дар ин давра ҳимояву танзими санадҳои бештар аз 60 нафар унвонҷӯёнро муваффақона созмон додаву ба анҷом расонидааст.

     Феълан дар корњои љамъиятии якчанд мактабҳои олии кишвар ва институтҳои мухталифи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунад. Бо Шўроњои илмии муассисањои гуногун њамкории қавӣ дорад, чандин экспертизаҳои забоншиносӣ ва коршиносии лоиҳаҳоро анҷом додааст.  Узви сексияҳои забоншиносӣ ва узви Шўрои дифои рисолањои номзадӣ ва доктории ИЗА ба номи Рӯдакӣ, ДМТ ва ДДОТ ба номи С. Айнӣ мебошад.

            Тавре, ки дар фавқ иброз доштем, олими мумтоз  Олимҷон Қосимов солиёни зиёдест, ки ба масъалаҳои калимасозиву вожашиносии забони тоҷикӣ дар заминаи   воҳидҳои луғавии “Шоҳнома”  машғул мебошад ва дар ин бобат  як қатор асару мақолаҳои илмӣ - назариявӣ  ва илмӣ- таҳқиқотӣ низ ба нашр расонидааст.  

Рисолаи доктории мавсуф зери унвони «Лексикаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ», ки мавзӯи он дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ  таҳти суратҷаласаи № 5 аз 18.05.2004 сол               тасдиқ гардида буд,  дар таърихи 22.12.2011 сол аз рӯйи ихтисоси   10.02.22.-“Забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия (забонҳои эронӣ)” бомуваффақият дифоъ гардидааст.

      Олими маъруф дар заминаи вожашиносии “Шоҳнома” даҳҳо мақолаҳои илмӣ роҷеъ ба вожа ва номҳои хоси ин асари безавол таҳия ва нашр кардааст, ки тадқиқот роҷеъ ба шоҳмот ва истилоҳоти он, номҳои бурҷҳои осмон, номи растаниву ҷонварон, номвожаҳои топоними Суғду Бохтар, Марв, Урганҷу Урметан, Хутан, Фароб,  Ҳинд, Ганг, Чину Мочин ва истилоҳоти марбути он ва чандин номҳои дигар дорои иттилооти ҷолиб буда, намунаи беҳтарини мақолаҳои ӯ ба ҳисоб мераванд.

     Олимҷон  Қосимов дар чандин конфронсҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла дар шаҳрҳои Ереван, 1989; Ленинград, 1989; Самарқанд, 2003; Улан-Батор, 2010; Ашқобод, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014; Теҳрон, 2010, 2011; 2012; Қарочӣ 2011; Машҳад, 2011; Табрез, 2014 (Эрон); Урумчӣ, 2014 (Чин); Қизил-Ӯрда (Қазоқистон) (2015), Қазон (Россия, 2017), Деҳлӣ (2018), Душанбе (1985 -2016)  бо гузоришҳои ҷолиби илмӣ тадқиқотии хеш иштирок намудааст, ки маводи онҳо ба шакли маҷмӯа низ ба табъ расидаанд.

     Зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-интиқодии мавсуф ба масъалаҳои назариявиву амалии забоншиносии тоҷик бахшида шуда, дар “Донишномаи Рӯдакӣ” ва дар ҷилдҳои аввали нашри нави “Энсиклопедияи миллии тоҷик” ба чоп расидаанд. Ӯ дар ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ фаъолона ширкат варзида, роҷеъ ба вожашиносии  осори Рӯдакӣ беш аз 60 мақола ба нашр расонида,  дар таҳрири мақолаҳои ба масоили забони осори Рӯдакӣ бахшидаи “Донишномаи Рӯдакӣ” саҳми бориз гузоштааст. Мақолаи ӯ бо номи “Юсуф дар шеъри устод Рӯдакӣ”, “Вожаи “бӯй” дар шеъри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Шайх Камоли Хуҷандӣ” дар маҷмӯаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидаанд. Номбурда инчунин дар ҳамоишҳои байналмилаливу ҷумҳуриявие, ки ба масоили забони шеъри Рӯдакӣ ва даврони ӯ бахшида шудаанд, бо гузоришҳои илмӣ фаъолона  иштирок намудааст. 

     Қосимов О. дорои чандин ифтихорномаҳои Вазоратҳои маориф, илм, фарҳанг, саноат, Ҳукумати шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент  мебошад. Ӯ дабири масъули маҷаллаи илмии “Ахбори Академияи илмҳои ҶТ, Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ”, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи  Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ “Суханшиносӣ”, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Маҷмӯаи таҳқиқотҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ”-и Донишгоҳи Кангнами Ҷумҳурии Корея мебошад.   

      Мавсуф  ҳамчунин узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии журналистон, Ҳаками (судяи) ҷумҳуриявии судҳои ҳакамӣ ва  узви Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти ИДМ  буда, соҳиби медалҳои “Ветерани амалиёти низомӣ”, медали ҷашнии 5-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, ифтихорномаҳои КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1987), Кумитаи иқтисодиёт ва саноат (1994), Вазорати маориф (1997), Вазорати фарҳанг (1998), Академияи  илмҳои ҶТ (2017), Ҳукумати шаҳри  Панҷакент (1998, 2000)  мебошад. Инчунин муддати мадиде сардабирии нашрияи бонуфузи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент – рӯзномаи шаҳрии “Зарафшон”-ро ба уҳда дошт.

   Аз тањќиќоти ў маълум аст, ки дар соњаи лексикология имрўз дар ҷумњурӣ яке аз мутахассисони варзида маҳсуб ёфта,  нигоштаҳои ӯ барои рушду таблиғи забони давлатӣ ва эҳёи арзишҳои асили он нақши муҳим доранд. Фаъолияти ӯ чун олими сермаҳсули соҳаи забоншиносӣ сазовори эътироф аст,  дар ин самт рисолаву мақолаи арзишманд дар маљаллањои илмии муътабар ба табъ расонидааст.

     Таълифоту мақолаҳои, ки ӯ ба забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, кореягӣ ва забонҳои туркӣ тарҷума шудаанд, барои муаррифии арзишҳои асили забони миллӣ, хусусан, забони “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ  ва паҳлӯҳои фарҳангии он нақши муҳим мебозанд.

     Соли 1997 моҳи апрел аз рӯи барномаи мубодилаи мутахассисони Авруосиё дар Донишгоҳи Небраскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳи гурӯҳи устодон машғули коромӯзӣ будааст.

     Дар тӯли понздаҳ соли охир дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои гуногуни ватаниву байналхалқӣ дар рушди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ сохтани бисёр барномаҳои омӯзишӣ, аз қабили “Усулҳои фаъоли таълим” ва “Усулҳои таълими калонсолон” дар ҳамкорӣ бо созмонҳои номбаршуда ҳиссаи сазовори худро гузоштааст.

     Аз соли 1985 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи илму маорифу фарҳанг фаъолияти густурда  намуда, аз моҳи октябри соли  2006 вазифаи мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, аз соли 2017 вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба уҳда дорад.

      Фаъолияти омўзгории Қосимов Олимҷон низ васеъ буда, дар давраҳои гуногун дар вазифаҳои мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, сардори Департаменти фанҳои башарӣ, декани факултет (Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат), мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ, ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи озоди Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент кор кардааст.  Айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои магистрҳо ва аспирантҳо аз фанҳои гуногуни соҳаи забоншиносӣ дарс мегӯяд. Инчунин   дар ДМТ (2013-2014), ДДОТ (2017) ва Донишгоҳи давлатии Данғара (с.2018) ба ҳайси раиси Комиссияи имтиҳони хатм фаъолият кардааст.

     Меҳнатдӯстӣ, рушди мунтазами маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва муносибати некбинона бо ҳамкорону ҳамкасбон заминаи обрўю эњтироми ӯ дар байни ҷомеа гаштааст. Дар тарбияи оила ва фарзандон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад, ки ҳамаи 4 нафар фарзандаш таҳсилкардаи макотиби олӣ ва пайрави падари хеш ҳастанд.

     Олимҷон Қосимов аз ҷумлаи шахсонест, ки сифатҳои шарифи инсонӣ насибаш гаштаанд.  Ӯ бо шарофати фитрати азалӣ ва хислатҳои илмдӯстию заҳматкашии хеш ба қуллаҳои баланди илми забоншиносии тоҷик расида, пайваста машғули таҳияи осори гаронбаҳои илмию таълимӣ буда, дар баробари сертараддуд буданаш дар қалби шогирдону ҳампешагони худ ҳамчун инсони комил ва намунаи ибрату пайравӣ маъво гирифтааст.

    Ӯ фардест, ки дорои сифатҳои шоистаи инсонӣ, аз қабили ҳалимию фурӯтанӣ, хоксорию дақиқкорӣ, серталабӣ, эҳтироми инсон, новобаста аз миллату маҳаллу  мазҳаб ва амсоли инҳост, ки манзалату эътиборашро дар байни шогирдону ҳамкасбони сершумораш мақому нуфузи ӯро боз ҳам афзун менамоянд.

    Дар анҷом мо нигорандагони ин сатрҳо, ки бо ӯ насиби ҳамкорӣ дорем зиёд сабақ омӯхтаему аз маслиҳату раҳнамоиҳои беғаразонааш зимни иҷрои корҳои илмӣ баҳравар гардидаем, аз мавриди муносиб истифода бурда ҷашни зодрӯзашро самимона шодбош менамоем:

                              Эй дӯст таваллудат муборак бодо,

                              Шодӣ ба ману худат муборак бодо.

                              Хуршед ба хидмати ту бархостааст,

                              Ҳар лаҳза буду шудат муборак бодо!

Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,

                                                                                                                                                                                                                                                                Шодиҷони РАМАЗОН

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан