. Сайёҳӣ-ҳунармандӣ ду самти муҳими рушд ва муарифии миллат

  

joomla

04:01, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

. Сайёҳӣ-ҳунармандӣ ду самти муҳими рушд ва муарифии миллат

   Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муарифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

                                                                                                                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон.

    Истиқлолияти давлатӣ барои инкишофи муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба мамолики дигар шароити мусоид фароҳам сохт. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои гуногунсоҳаву гуногунҷабҳаро кишвари мо бо мамлакатҳои дигар ба роҳ монад. Аз тарафи дигар барои рафту омади хориҷиён ба мамлакати мо шароити хубе фароҳам омад, ки он ба рушди ҳунарҳои халкӣ ва туризму сайёҳӣ мусоидат намуда истодааст.

   Сайёҳӣ-ҳунармандӣ ду самти муҳими рушд ва муарифии миллат ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд. Сайёҳон ба таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвар рӯ меоранд ва тавассути онҳо чунин ҳунарҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ мегарданд. Ҳоло ин ду ҷода дар тамоми давлатҳо дар якҷоягӣ аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ касб менамоянд.

   Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 таҳти №977 соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид”.

   Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ, ба ҳисоб меравад.

   Бо ташаббуси Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»1 таҳия ва қабул гардида буд. Он барои фароҳам овардани шароити сайёҳӣ, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар тафаккури сайёҳон ва дар маҷмӯъ мавқеи хоса пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷиҳати бахши пешрафти туризм дар миқёси олам нақши муҳим хоҳад бозид.

   Ҳадаф аз қабули қонун фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги сайёҳии ҷомеа, бахусус  наврасону ҷавонон оид ба таъриху тамаддун, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва тақвияти рушди инфрасохтори сайёҳӣ мебошад.

   Ҳамзамон 22 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи “Соли рушди сайёҳ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

   Рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доирашакл буда атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

   Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни “2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.

   Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикстон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегардад, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст.

   Рамз обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

   Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” васеъ истифода баранд.

        

Аспиранти Институти химияи ба номи

В.И. Никитини АИ ҶТ, Диловар Муҳиддинов

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан