Вакт чист?

  

joomla

04:01, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

Вакт чист?

     Вақтро ҳар фард аз рӯи фаҳмиши худ қабул ва эҳсос мекунад. Ба ақидаи механик, вақт ин ҳаракат аст. Биолог бошад вақтро ҳаёт медонад. Таърихшинос баръакси ин ду мегӯяд “вақт ин ченаке ҳаст, ки моро ба анҷом (ё марг)  наздик месозад ва воқеан ҳар яки онхо дуруст  мегӯянд. Замоне хушҳолӣ мекунем, ки имрӯз ҳам паси сар шуд. Вақт бебозгашт  мегузарад,  вале  чи тавр гузаштани он саволе мебошад, ки бояд аз худамон бипурсем ва  ғофил набошем,  ки имрӯз, ҳарчанд ба хушҳолӣ ҳам бошад гузашт ва боз намегардад. Ҳатто бо доштани ҳаёти хубу гуворо ва мавқеи хуби иқтисодӣ, набояд нисбат ба гузашти вақт ғофилу бепарво бошем. Зеро ҳар дақиқа, рӯз ва соли пасисаршуда моро ба пирӣ наздик месозад. Аз ин ҷиҳат хеле бояд  эҳтиёткор бошем. Чун ҳар  рӯзе ки сипарӣ мешавад, агар пурбор набошад, афсус бояд хӯрд ва агар пурбор буд, бояд дар фикри он бошем, ки фардоямонро аз имрӯз ҳам пурбортар гардонда, барои беҳтар кардани ҳаёти худу атрофиён кӯшиш ба харҷ диҳем. Инсони бозаковат ҳамеша дар зиндагиаш барномае дорад, чун зиндагӣ абадӣ нест. Барои ҳар кори неке, ки мо хоҳиш ва ирода бикунем фурсат ёфт мешавад. Муҳим ин, ки хоҳиш ва боварӣ ба анҷоми пурмаҳсули он кор бошад. Набояд худро бо суханоне мисли “ман вақт надорам” фиреб диҳем, зеро мо ҳам ҳар рӯз  айнан  ҳамон миқдори соатро дорем, ки Абӯалӣ Сино, Умари Хайём, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигар фарзонагони миллат доштанд. Ҳамчунин, онҳое, ки мегӯянд ман синну солам рафт ва дигар ба ин ё он кор машғул шуда наметавонам ғофиланд, чун барои анҷом додани кори хайр ҳеҷ вақт дер нест. Баъзе афрод дар синни чиҳил солагӣ ба дастовардҳои бузурге муяссар мегарданд, аммо баъзеи дигар дар синни пирӣ корҳои бузургтаре анҷом медиҳанд. Одам, агар хоҳиш дошта бошад, фурсат ва тавоноӣ барои анҷоми кори пешгирифтааш меёбад ва анҷом медиҳад. Борҳо шунидаам, ки ин ё он дӯстам орзӯ мекунад ин ё он ҳунар ё донишро дошта бошад, аммо аз набудани вақт барои азхудкунии он шикоят мекунад. Махсусан омӯзиш ҳеҷ гоҳ дерӣ ё зудӣ надорад. Чунон, ки ҳадиси паёмбари исломро шоире ба назм оварда, гуфта буд:

Бигуфто паёмбари ростгӯй,

Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй.

   Инсон на танҳо барои корҳои худ, балки барои кӯмак ба дигарон низ фурсат пайдо карда метавонад. Агар ӯ чизеро омӯзад атрофиён аз ӯ ибрат ва илҳом мегиранд. Беҳӯда нагуфтаанд:

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,

 Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.

   Бо анҷоми кори нек, фоидаовар ва ободкорона ҳар фард ба атрофиёни худ нерӯе, илҳоме ва хоҳише медиҳад, ки онҳоро низ ба ин роҳи созанда мебаранд.

    Агар дар бораи гузаштагонамон ҳарф бизанем,  шахсони ба монанди Хайём ва Сино инсонҳое буданд, ки ҳам худ илм меандӯхтанд ва ҳам ба дигарон ғановати илмӣ медоданд. Он қадар инсонҳои бузург буданд, ки аз дунё рафтаанду, аммо имрӯз ҳам дар зиндагии мо муассир ва илҳомбахш мебошанд. Агар инсон худхоҳ ва танбал набошад, ҳаёти худро барои беҳбудии ҳаёти мардумон, барои равшан кардани зиндагии роҳмондагон ва барои кӯмак ба ниёзмандон бахшад, пас аз ҳазорсолаҳо низ ӯро аз рӯи кори накуаш ёд ва посдошт хоҳанд кард.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

 

Аспиранти  Институти геология,

сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар

   ва сейсмологияи АИ  ҶТ, Ашуралиев С. Б

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан