Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

  

joomla

04:00, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

   Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон шунавонида мешавад. Мардум ин паёмро бесаброна интизор мешаванд, зеро ҳар як Паёми Пешвои муҳтарами мо ба некуаҳволии халқу миллат нигаронида шуда, тамоми ҷабҳаҳоро фарогир аст ва дар он навигариҳоои зиёде дида мешаванд.

   Чунончӣ, соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардида буд ва дар ин сол ва солҳои баъдина низ ба ҷавонон имкониятҳои васеъ дода шуд, то ки онҳо қувваю нерӯи худро ба илмомӯзӣ, забономӯзиву касбомӯзӣ равона намоянд, ҷаҳонбинияшонро васеъ намоянд ва дар иҷроиши ҳамаи ин корҳо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Президенти маҳбуби мо, беҳадду канор аст.

   Имсол низ Паёми Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 декабри соли 2017 танинандоз гардид ва чун ҳамасола дар он навигариҳои зиёде, ки баҳри беҳбудии зиндагонии мардум нигаронида шуда буданд, ҷой доштанд. Яке аз қисматҳои асосии ин Паём – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 буд. Оилае нест, ки аъзои он бо ягон ҳунар машғул набошад, ҳатто маҳалҳое буданд, ки бо ягон касбашон маълуму машҳур буданд. Ба монанди маҳаллаҳои кулолгарон, мисгарон, оҳангарон ва ғайра. Бо мурури замон ва тараққиёти техника ҳама касбҳо қариб  аз хотираҳо  зудуда шуда шуданд, аммо паёми имсолаи Президенти кишвар ҳамаро ҳушдор намудд, ки набояд мо касбҳои гуаштагонамонро аз хотир барорем, балки онро ривоҷу равнақ бояд диҳем, ки ин хеле оқилонаву саривақтӣ аст. Оид ба ҳунар ва ҳунармандӣ дар асарҳои гузаштагонамон ҳикояву ривоятҳои бисёре гуфта шудааст. Ҳикояҳое ҳастанд, ки мард ё зани камбағале бо ҳунармандии худ то ба ҳадди подшоҳӣ расидааст. Беҳуда ҳам нагуфтаанд, ки:

          Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,

          Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Ва ё:

Ҳунар – симу зар.

   Ҳар яке аз ин гуфтаҳо беҷо нестанд ва ҳаққанду рост. Ҳоло кам нестанд шахсоне, ки бо ҳукми тақдир ягон нуқси чисмонӣ насибашон гаштааст, аммо онҳо ба тақдир тан надодаву бекор нанишаста касберо аз худ намудаанд ва бо ин роҳ луқмаи нони ҳалоли худро пайдо мекунанд. Ин, албатта, шоистаи аҳсан аст, аммо вақте мебинӣ зан ё марди ҷавоне, ки қувваи коргарӣ дорад, солим аст, аммо дар сари роҳе истодаву талбандагӣ менамояд, ҳайфат меояд. Ин ҷавон метавонист аз шахсоне, ки онҳо маъюбанду роҳ рафта наметавонанд, аммо бо ҳаёт муборизаи доимӣ мебаранду мехоҳанд ба иқтисодиёти оилавиашон манфиате расонида бошанд, бояд дарси ибрат бигиранд, ба дасту пои равоне, ки Худованд ба онҳо хушбахтона ато намудааст, шукрона намуда, бо коре шуғл варзанд. Ва ё мебинӣ ҷавоне, ки метавонад бо илмомўзиву ҳунаромӯзӣ машғул шавад, бо корҳои ношоиста, ба монанди дўздиву ғоратгарӣ, нашъаҷаллобӣ машғул асту даври ҷавонии худро, ки давраи беҳтарини зиндагӣ номвариаш менамоянд, беҳуда мегузаронанд, ҳайфат меояд. Ва ё мебинӣ, ки духтаре ё ҷавонзане, ки ӯро чароғи хонадону ободкунандаи зиндагиаш меноманд, ба ҷои ҳунар омӯхтану кулбаеро обод намудан бо корҳои ба шаъни зан-модар нозебанда машғул аст, ҳайфат меояд.

  Шукри беҳад, ки ҳоло дар ҷумҳурии мо сулҳу осоиш танинандоз аст. Шароит барои ҳам илмомӯзиву ҳунаромӯзӣ дар ҳама ҷой ҳам дар шаҳру ҳам дар деҳотҳои дурдаст фарогир аст.

   Бо дастгирии бевоситаи Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷой курсҳои касбомӯзӣ кушода шудааст. Барои шахсоне, ки шароити оилавиашон на он қадар хуб аст, курсҳои омӯзишии ройгон дарҳои худро боз намудааст.

   Ҳар яки моро шарт ва зарур аст, ки ба қадри ҳамаи ин шароитҳо расида бошему кӯшиш намоем, ки ҳунареро аз худ намоем ва дар паҳлӯи  Пешвои миллат якҷо истода, баҳри ин кишвари биҳиштосоямон кӯшишу ғайрат намоем.

          Ахмедов Фаррух,

унвонҷӯи курси 1-и

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи

ба номи А. Баҳоваддинови 

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан