Мушкилиҳои бонувон дар муҳити русто

  

joomla

04:00, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

Мушкилиҳои бонувон дар муҳити русто

     Имрӯз дар дунё бо беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ масъалаи сифати зиндагии шаҳрвандон дар шаҳрҳо ва деҳаҳо аҳамияти калоне ба худ касб кардааст. Дар шаҳрҳо ҷамъияти зиёд ва мошину корхонаҳои фаровон фаъолият мекунанд ва як муҳити ҳамеша пуркор бо олудагиҳои ҳаво ва муҳит ҳамроҳ бо сару садоҳо ҳоким бар фазо он аст. Ба ҳамин сабаб доштани як зиндагии солим аз ҷиҳати экологӣ ва равонӣ дар шаҳр хеле душвор мебошад.

    Аз тарафи дигар зиндагӣ дар деҳот аз ин мушкилот азод аст ва хубиҳои дигаре ҳам дорад. Асоситарин бартарии зиндагии деҳотӣ аз шаҳрӣ ин аст, ки мардуми деҳот бо ҳам муттаҳид ва дар оромиши хоссе зиндагӣ мекунад. Албатта дар деҳот сатҳи даромад нисбат ба шаҳр пасттар аст ва мардуми деҳот асосан фақат ба андозае даромад доранд, ки барои гузарондани рӯзгорашон кифоят мекунад. Умуман мардуми деҳот қаноатпешаанд ва ба ҳамин даромадҳои кам ҳам қаноат доранд, барои ҳамин ҳам онҳо байни ҳамдигар рақобатҳои шадиди иқтисодӣ надоранд ва ин боиси оромиши руҳии онҳо ва боиси мутаҳидии онҳо гаштааст. Омилҳои қаноатварзишии мардум деҳот метавон чунин қаламдод намуд, ки асоси қаноатпешагӣ дуруст дарк кардани ниёзҳои воқеъии иҷтимоӣ ва ба андозаи лозимӣ таъмин намудани онҳо мебошад, ки мардуми деҳот маҳз ҳамин хислатро доро мебошад. Яъне онҳо зиндагии сода ва талаботи хеле одӣ дорад, ки таъмин намудани онҳо барояшон муяссар бошад. Онҳо элементҳои зиёдахоҳиеро, ки дар зиндагии шаҳрнишинон боиси эҷоди мушкилот мешавад\

    Аз он ҷиҳат, ки ҷамъиятҳо дар деҳот хурдтар ҳастанд, мардуми деҳот дӯстони бештаре доранд ва тақрибан ҳама ҳамдигарро мешиносанд ва робитаҳои хуб доранд. Яке дигар аз муҳимтарин бартариҳои зиндагии рустоӣ ин аст, ки дар ин муҳити суннатӣ ва асил ҳамеша талош карда мешавад, расму оинҳо ва одатҳову фарҳангашон ҳифз шавад. Ин хсусият дар зиндагии шаҳрӣ бештар таҳти таъсири фарҳангҳои аз хориҷ воридшаванда коҳиш кардааст. Яъне деҳаҳо дар ҳақиқат як навъ музейҳо ва осорхонаҳои ҳифзи осори қадимаи мардум мебошад, ки ба таври зинда ва фаъол вуҷуд доранд.

   Деҳаҳои кишвари куҳистонии мо асосан ҳавои поку муҳити зебо дорад ва аз ташвишҳову сарусадоҳои озордиҳандаи шаҳрӣ ба дур мебошад. Ҳатто аз ҷиҳати ин ки дар деҳот воситаҳои нақлиёт камтар рафту омад доранд, роҳҳои деҳот мебошад.

   Аммо бо вуҷуди ин, зиндагии деҳот мушкилоти хосси худро дорад, ки дар шароити кишвари мо бояд мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор бигирад. Асосан тафовутҳои зиндагии деҳот ва шаҳр аз назари мушкилот ба тарзи зиндагии занон ва сатҳи имкониятҳои иҷтимоии онҳо вобастагӣ дорад, зеро мушкилот пеш аз ҳама ба қишри оскбпазири ҷомеъа мебошад. Осебпазирии занон, махсусан занони рустоӣ аз он сабаб аст, ки илова бар масъулиятҳои муҳимми дохили оила ва берун аз он, ки бар дӯши онҳо қарор дорад, гоҳе дорои вазъияти ҷисмонии хос, аз қбили ҳомиладорӣ ва зоймон, мешавад. Ин хусусияти ҷисмонӣ боис шудааст, ки онҳо осебпазиртар бошанд ва бештар дар маърази хатарҳои ба саломатӣ зараровар қарор гиранд.

   Ба ҳамагон маълум аст, ки корҳои муҳим дар зиндагии деҳот ба уҳдаи занон вогузор шудааст.

   Ин корҳо чӣ дар дохили хона ва чӣ дар берун аз он дар ҳақиқатҳам барои ҳифзи маркази ҳифзи оила ва ҳам барои ҳифзи суботи иқтисодии он хело муҳим мебошанд. Хизмати занони деҳот барои ҳифзи оила ва тарбияи фарзандон имконпазир аст. Фароҳам намудани шароити хуб барои зиндагӣ фаъолияти аъзои оила ба дӯши занону модарон гузошта шудааст. Мардҳо, ки асосан ба корҳои берун аз ҳама машғул мешаванд, корҳои мушахасеро анҷом дода, баъди кор интизор доранд, дар хона шароити хуби истироҳат барои онҳо фароҳам бошад. Фарзандон ҳам ё машғул ба таҳсил ҳастанд ва ё хурдсоланду фақат зери назорати модарон мебошанд, аз назари таъмини шароити мусоиди зиндагӣ ба модарон вогузор шудаанд.

   Аз тарафи дигар занон – модарони деҳот корҳои гуногунеро дар дохили хона анҷом дода, илова бар ин барои беҳтар шудани шароити иқтисодии оила аксаран дар берун аз хона ҳам кор мекунанд. Корҳои саҳроӣ аз қабили кишоварзӣ ва чорводорӣ дар ҳадди зиёд ба нерӯи кории деҳот вобастагӣ дорад. Ба ҳамин сабаб, метавон гуфт дар деҳот хизмати занон барои ҳифзи иқтисоди ва умуман таъмини озуқавории лозим барои кулли кишвар аз мардон дида бештар ва муҳимтар мебошад.

   Аммо мушкилоте, ки дар деҳот вуҷуд доранд, бештар домангири ҳамин қишри заҳматкаш мешавад. Камбуди хизматрасонии тибби, ки имрӯзҳо дар ҳамаи ҷомеъаҳои деҳотӣ дар ҳамаи кишварҳо аз мушкилоти ҳалталаби рӯз ба шумор меравад, бевосита ба зиндагии занони деҳот таъсири калон дорад. Омори фавти модар ва кӯдак дар дунё, ки яке аз нишондиҳандагони асосии рушду суботи ҷомеъаи кишварҳо ба ҳисоб меоянд, маҳз ба сабаби ҳамин қишри осебпазир ҳамчун меъёр дар назар гирифта шудааст. Дастраси надоштан ба хизматрасонии тибби лозимӣ ва саривақтӣ боис мешавад, ки занон ба мушкилоти зиёди саломатӣ рӯ ба рӯ шавад. Аз тарафи дигар, ба сабаби шароити иқтисодии номуносиби деҳот имконияти саривақт ба бемористонҳои марказӣ расондани беморон вуҷуд надоранд, ки боз ҳам боис мешавад беш аз ҳама занону модарон осеб бинанд. Занон ҳамеша оид ба масъалаҳои зоймон ва танзими оила ниёзманди хизматрасониҳои махсус ҳастанд. Аммо ба хотири мушкилоти мавҷуда дар деҳот занони деҳотӣ аз ин хизматрасониҳо аксаран маҳруманд ва бештар ба итилооти қадима ва донишҳои мардумӣ оид ба ин масъалаҳо такя мекунанд, ки ҳам дар бисёр мавридҳо боиси зарар дидани саломатии занон ва кӯдакони онҳо мегардад.

   Духтарони деҳот модарони оянда ва нерӯҳои тарбиятгари насли оянда ва ҳамчунин нерӯҳои коромади рушди иқтисоди деҳот мебошанд. Мушкилоти дастрасӣ ба фарҳангии касбу ҳунар ва ҳамчунин донишҳои махсуси занону духтарон метавонад боиси осебпазиртар шудани онҳо гардад.

   Дар маҷмуъ метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки занони деҳот агарчи асоси таъмин шудани ҷомеъаи кишвар бо озуқавории солим ва нерӯи асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ дар ҷомеъа ҳастанд , аммо ниёз ба беҳтар шудани шароити маишӣ ва тандурустӣ доранд. Зиндагии занони деҳот гарчанде бо содагиву робитаҳои дӯстона ва ҳамдиливу самимият ҳамроҳ аст, ки мушкилотро барои онҳо осон мекунад, аммо нисбати зиндагии занони шаҳр душвортар мебошад.

   Занони деҳот ҳам дар хона ва ҳам дар берун аз он масъулиятҳои калонро ба уҳда доранд ва шабу рӯз барои ҳимояти оила ва беҳтар шудани иқтисодии он талош мекунанд. Дар айни ҳол вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо нисбат ба занони шаҳр дар сатҳи поёнтаре қарор доранд.

   Бинобар ин, бояд заҳмати занони деҳот мавриди таваҷҷуҳи хосси давлат қарор гирад ва кору заҳмати онҳо ҳатто агар дар дохили хона ва барои оила ва тарбияи фарзандон равона шуда бошанд  ҳам, ҳатман ҳамчун кори давлатӣ ба ҳисоб ояд ва дар дафтарчаи меҳнатии онҳо барои таъмини нафақа сабт гардад.      

Наҷотова Х. Аспиранти соли аввали Институти забон ва адабиёти ба номи         

Абӯабдулло Рӯдакии    Академияи           илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан